Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (336)

Кабудӣ задани қазвинӣ бар шонагоҳ сурати шер ва пушаймон шудани ӯ ба сабаби захми сӯзан (1)

* * *

Хулосаи достон

Қазвиниён расм доштанд, ки қисматҳое аз бадани худро холкӯбӣ (татуировка) кунанд. Марде бар сурати паҳлавонон ва на бар сирати эшон, назди даллоке рафт, то нақше бар баданаш бикӯбад. Устоди холкӯб аз ӯ пурсид: чӣ нақше бизанам? Паҳлавон гуфт: нақши шерро тасвир кун. Вақте, ки даллок неши сӯзанро бар пӯсти ӯ фурӯ кард, дарду сӯзи шадиде бар он паҳлавони бетоб ғолиб шуд ва фарёде дардолуд баровард ва аз даллок пурсид: кадом як аз аъзои шерро нақш мезанӣ? Гуфт: думи ӯро. Паҳлавон гуфт: думро раҳо кун ва аз ҷойи дигараш оғоз кун. Даллок шурӯъ кард ва ҳамин, ки неши сӯзанро бар пӯсташ халонд, ин бор низ фарёди паҳлавон баланд шуд ва гуфт: ин дигар кадом узви шер аст? Даллок гуфт: аз гӯши ӯ шурӯъ кардаам. Паҳлавон, ки тоқати неши сӯзан надошт, гуфт: гӯши ӯро низ раҳо кун ва корро файсала бидеҳ. Дубора даллок кори холкӯбиро шурӯъ кард ва боз он паҳлавон нолид ва гуфт: ҳоло дигар кадом узви шерро нақш мезанӣ? Гуфт: нақши шиками шерро. Паҳлавон гуфт: шиками шерро ҳам раҳо кун, ки дарду сӯзи он бисёр аст. Саранҷом, даллоки бенаво бетоб шуд ва аз сари хашму дилтангӣ, басоти холкӯбиро бар замин кӯфт ва гуфт: охир, дар ин дунё оё касе ҳам шери бидуни думу сару шикам дидааст? Чунин шереро Худо ҳам наёфаридааст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.869)

* * *

Аммо дар боби маъхази ин достон, Устод Фурӯзонфар менависад: “Маъхази ин ҳикояти зарифро ба даст наёвардам ва далели он ки Мавлоно холкӯбиро роҳу расми мардуми Қазвин мешуморад ҳам намедонам. Зоҳиран, ҳамон гуна, ки аз қиссагӯён шунида ба назм овардааст.” (Шарҳи Маснавии шариф, ҷ.3, с.1232)

* * *

Ба ҳар ҳол, Мавлоно дар ин достон мехоҳад бигӯяд, ҳар ки хоҳони ҳамроҳӣ бо анбиёву авлиёи бузургвор аст ва мехоҳад ба мадориҷи болои руҳонӣ ва маъолии волои ахлоқӣ бирасад, бояд бар сӯзишу дарди риёзат собир бошад ва аз ҳирмони нафси аммора наҳаросад.

بقدر الكد تُكتسب المعالي

ومن طلب العلى سهر الليالي

Ҳар кас ба андозаи ранҷе, ки мебарад, камолоти волои маънавиро ба даст меоварад. Ва ҳар кас хоҳони баландмартибагӣ аст, бояд ранҷи бедории шабонаро бар худ ҳамвор созад.” (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.870)

* * *

Ин ҳикоят бишнав аз соҳиббаён

Дар тариқу одати қазвиниён,

Бар тану дасту катифҳо бегазанд

Аз сари сӯзан кабудиҳо зананд.

Ин ҳикоятро, ки дар бораи шева ва одати мардуми Қазвин аст, аз қиссагӯе бишнав. Мардуми ин шаҳр бар тану дасту шонаи худ, бе он ки нороҳат шаванд, хол мекӯбанд.

Соҳиббаён: қиссагӯ. Катиф: шона, дӯш. Кабудӣ задан: хол кӯбидан, холкӯбӣ (татуировка).

Сӯйи даллоке бишуд қазвиние,

Ки кабудам зан, бикун шириние.

Гуфт: чӣ сурат занам, эй паҳлавон?

Гуфт: барзан сурати шери жаён,

Толеъам шер аст, нақши шер зан,

Ҷаҳд кун, ранги кабудӣ сер зан.

Марди қазвинӣ назди даллоке рафт ва ба ӯ гуфт: аз роҳи ширинкорӣ ва лутф, маро холкӯбӣ кун. Даллок гуфт: эй паҳлавон! Чӣ нақше бар баданат бинигорам? Қазвинӣ гуфт: нақши як шери жаёнро бизан.

Даллок: кисакаши ҳаммом. Дар рӯзгори пешин, вазифаи даллок фақат киса кашидан набуд, балки корҳои дигаре аз қабили хатна кардан ва ҳиҷомат ва ғайраро бар ӯҳда дошт. Шери жаён: шери хашмгин.

Нукта: Толеъ ба маънои бароянда, тулӯъкунанда аст, вале дар истилоҳи нуҷумӣ, “ҷузъе аст дар минтақаи бурҷҳо, ки дар вақти мафруз ба уфуқи шарқӣ бошад.” Агар он вақт замони вилодати шахсе буд, онро толеъи мавлуд ё толеъи он шахс гӯянд. Ва агар дар аввали соли шамсӣ бошад, онро толеъи сол гӯянд. Толеъ машҳуртарин вожаи нуҷуми аҳкомӣ аст. Дар нуҷуми аҳкомӣ барои анҷоми ҳар кор (ба ҷуз корҳои оддӣ ва рӯзмарра) муроҷеа ба тақвим ва ёфтани толеъ ва ихтиёри вақти муносиб тавсия шудааст. Барои хатна, никоҳ, сафар кардан, зироат, дидори подшоҳ, ҷулус бар тахт, оғози ҷанг, шурӯъ ба таълим, сафари дарё, ҳаммом рафтан, ҳиҷомат кардан, чаҳорпо харидан, дарахт нишондан ва ғайра… (Фарҳанги истилоҳоти нуҷумӣ, с.486-487)

Гуфт: бар чи мавзеъат сурат занам?

Гуфт: бар шона зан он рақми санам.

Даллок гуфт: бар кадом қисмат аз баданат ин нақшро бикӯбам? Посух дод: бар шонаам.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: