Перейти к содержимому

Ислом ва талаботи замона (20)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Назарияи нисбияти адолат

لَقَدْ أَرْسَلْنَا رُسُلَنَا بِالْبَيِّنَاتِ وَأَنزَلْنَا مَعَهُمُ الْكِتَابَ وَالْمِيزَانَ لِيَقُومَ النَّاسُ بِالْقِسْطِ

Ба ростӣ мо паёмбарони худро бо далоили ошкор равона кардем ва бо онҳо китобу тарозуро фурӯ овардем, то мардум ба адолат бархезанд…” (Сураи Ҳадид, ояти 25)

Баҳси имшаби мо дар атрофи адолат аст, ки оё адолат нисбӣ аст ё мутлақ? Аввал, иртиботи ин баҳсро бо баҳси худамон дар шабҳои гузашта арз бикунам, баъд вориди матлаб бишавам. Ароизе, ки мо дар шабҳои пеш арз кардем ин буд, ки дар иртибот бо муқтазаёти замон, баъзе умур тақозоҳои мухталиф доранд. Инҳо ҳамон умуре ҳастанд, ки тағйирпазиранд. Вале як силсила тақозоҳо ва эҳтиёҷот ҳастанд, ки собит ва лоятағайяранд; умуре нестанд, ки дар замонҳои мухталиф тағйир бипазиранд, балки онҳоро бояд ҳифз кард. Инҳирофи замон аз инҳо, далел бар инҳирофу фасоди замон аст. Ба иборати дигар, эҳтиёҷоти фардӣ ва иҷтимоии башар бар ду қисм аст: баъзе собит аст ва баъзе мутағайир. Мо дар ин замина бояд дар ду ҷабҳа биҷангем ва бо ду даста тараф ҳастем: як даста касоне ҳастанд, ки ба эҳтиёҷоти мутағайир эътиқод надоранд ва ҳамаи эҳтиёҷоти башарро дар тамоми замонҳо собит фарз мекунанд, ки мо номи онҳоро ҷомидҳо мегузорем. Дастаи дигар афроде ҳастанд, ки мо ононро ҷоҳил мегӯем. Инҳо ҳама чизро тағйирпазир медонанд. Бино ба фарзи ҷомидҳо, дар муқтазаёти замон, чизе, ки бояд вазъи худашро ба табаъи замон тағйир бидиҳад вуҷуд надорад, ва тибқи назари ҷоҳилҳо, ҳеч чизе дар олам вуҷуд надорад, ки дар ҳамаи замонҳо якнавохт ва собит бошад. Ин, усули матолибе буд, ки шабҳои қабл рӯи онҳо баҳс мекардем.

Табақаи ҷоҳилҳо ду фарзияи нимафалсафӣ доранд. (1) Ду фарзия аст, ки агар касе онҳоро бипазирад, бояд ҳарфи ҷоҳилҳоро бипазирад, ки ҳеч асли собите вуҷуд надорад. Ин ду фарзия яке нисбияти ахлоқ аст, ва дигаре нисбияти адолат. Ахлоқ марбут ба ҳолати шахс ва низом додан ба ғароизи шахсӣ аст. Адолат марбут ба низоми иҷтимоӣ аст. Фарзияи нисбияти ахлоқ мегӯяд, ҳеч ахлоқи собите наметавонад вуҷуд дошта бошад, пас ҳеч мактаби ахлоқӣ наметавонад ҳамеша барои башар барқарор бошад. Фарзияи нисбияти адолат мегӯяд, адолат як амри нисбӣ аст, бинобар ин, адолати ҳеч мактабе наметавонад барои ҳамеша барқарор бошад. Ҳоло мо бояд ҳар дуи инҳоро ташреҳ бикунем.

* * *

Маънии нисбият

Аммо масъалаи нисбияти адолат. Аввалан, калимаи “нисбият” яъне чӣ? Баъзе аз умурро нисбӣ мегӯянд, ва он, сифат ё ҳолате аст, ки онро бо муқоиса бо як шайъи муайян мешавад ба чизе нисбат дод. Масалан, бузургӣ ва кучакӣ аз умури нисбӣ аст. Агар аз шумо бипурсанд, бузургӣ чӣ қадр аст ва кучакӣ чӣ қадр, оё метавонед ҳадде барои он муайян кунед? Як вақт шумо мегӯед, ман имрӯз як гӯсфанди бузурге дидам. Хеле ҳам муболиға мекунед, мегӯед, ба андозаи як гӯсола буд. Гӯсфанд, ки як ҳадди мутавассите дорад, агар ба андозаи як гӯсолаи яксола бошад, хеле бузург ҷилва мекунад. Аммо шумо агар шутуреро бибинед ба андозаи як гов, мегӯед, чӣ шутури кучаке аст! Гӯсфанд агар дар ҳадди гӯсола бошад, мегӯед бузург аст, вале шутур агар дар ҳадди гов бошад, мегӯед кучак аст. Чӣ тавр аст, ки як шайъ дар ҳадди гӯсола, бузург аст, ва шайъи дигар дар ҳадди гов, кучак, бо он ки гов аз гӯсола бузургтар аст?

Дурӣ ва наздикӣ низ аз умури нисбӣ аст. Як вақт мегӯед, хонаи мо нерӯи ҳавоӣ аст. Мегӯянд, хонаи шумо чӣ қадр дур аст! Як вақт ҳам мегӯянд, Қум наздики Теҳрон аст. Агар бо миқёси фосилаи шаҳрҳо андоза бигиранд, Қумро наздик фарз мекунанд. Аммо агар ба миқёси фосилаи хонаҳо ҳисоб кунанд, аз ин ҷо то нерӯи ҳавоӣ дур аст. Ин аст, ки мегӯем, дурӣ ва наздикӣ як амри нисбӣ аст. Яъне намешавад ба таври куллӣ гуфт, дурӣ фалон миқдор аст ва наздикӣ фалон миқдор, балки бояд гуфт, дурӣ ва наздикӣ нисбат ба чист ва дар чӣ миқёсе аст. Ин умурро, ки ба нисбатҳо фарқ мекунанд, умури нисбӣ мегӯянд ва ба таври куллӣ намешавад рӯи онҳо ҳукм кард. Яъне то ду шайъро муқоиса накунанд ва бо миқёси муайяне андоза нагиранд, намешавад рӯи ин мафоҳим ҳукм кард. Вале баъзе аз умур, мутлақ аст. Албатта бархе ин матлабро инкор мекунанд ва мегӯянд, амри мутлақ вуҷуд надорад, ки ин ҳам ҳарфи ғалате аст. Дар ҳар ҳол, баъзе аз умур, умури мутлақ аст мисли ададҳо ва ҳамчунин миқдорҳо. Оё адади 20 нисбат ба ашё фарқ мекунад? Яъне агар бигӯед, 20 гирду, ё бигӯед, 20 ситора, инҳо дар адад бо ҳам фарқ мекунад? На, адади онҳо яке аст, аз лиҳози камийят бо ҳам фарқе надоранд. Миқдорҳо низ ҳамин тавр аст. Ҳатто дар бораи замон ҳам ин гуна аст. Миқдорҳо мутлақ аст. Масалан, порчаро бо метр месанҷанд. Агар миқдори порчаро муайян кунанд, масалан бигӯянд 1/80 метр ва ё бигӯянд инсон тӯлаш 1/80 метр аст, дар ин ҷо 1/80 нисбат ба ҳама ҷо ва ҳама кас фарқ намекунад, дар сурате, ки дар бузургӣ ва кучакӣ инҳо хеле фарқ мекард.

Маълум шуд, ки баъзе умур нисбӣ ҳастанд ва баъзе дигар мутлақ.

Роҷеъ ба хеле аз умур ин баҳс пеш омадааст, ки оё нисбӣ ҳастанд ё мутлақ, аз ҷумла дар боби худи илм, худи ҳақиқат. Оё ҳақиқат нисбӣ аст ё мутлақ? Оё илм нисбӣ аст ё мутлақ, ки намехоҳем вориди ин баҳс бишавем.

Ҳол мехоҳем бибинем, оё адолат нисбӣ аст ё мутлақ? Агар адолат нисбӣ бошад, он вақт ҳарфи он ҷоҳилҳо ба курсӣ менишинад, ки адолат нисбӣ аст, дар натиҷа дар ҳар ҷомеае як ҷур аст, дар ҳар замон ҳам як ҷур аст. Пас, адолат наметавонад як дастури мутлақ дошта бошад ва бинобар ин ҳеч мактабе наметавонад як дастури мутлақ бидиҳад ва бигӯяд, ин адолат аст ва бояд ҳамеша ва ҳама ҷо иҷро шавад. Ҳаддиаксар метавонад барои замону макони худаш дастури адолат бидиҳад. Имкон надорад, ки адолат барои ҳамаи замонҳо ва маконҳо як ҷур бишавад, ҳамин тавр, ки имкон надорад бузургӣ ва кучакӣ барои ҳамаи ашё як ҷур бошад. Агар ин ҳарф дуруст бошад, ки адолат нисбӣ аст, он вақт ҳарфи онҳо дуруст аст. Вале агар адолат мутлақ бошад, он гоҳ ҳарфи мо дуруст аст.

* * *

Таърифи адолат

Мо бояд адолатро таъриф кунем, ки адолат чист? Аз рӯи таърифи он метавонем бифаҳмем, ки адолат ҷузъи умури мутлақ аст ё нисбӣ. Ончунон, ки ман маҷмӯан ёфтаам, адолатро се ҷур мешавад таъриф кард: яке ин ки адолат яъне мусовот, чун аз моддаи адл аст ва адл яъне баробарӣ. Як маънои адолат баробарӣ аст, балки аслан маъно ва решаи аслии адолат ҳамон баробарӣ аст. Дар Қуръон ҳам ин модда баъзе ҷоҳо маънои баробарӣ медиҳад, назири он ҷо, ки мефармояд:

ثُمَّ الَّذِينَ كَفَرُواْ بِرَبِّهِم يَعْدِلُونَ

(Сураи Анъом, ояти 1) Куффор ғайри Худоро бо Худо баробар мекунанд, мусовӣ қарор медиҳанд. Як вақт ҳаст, ки мо адолатро ба маънои мусовот ва баробарӣ таъриф мекунем. Оё дуруст аст ё на? Ҷавоб ин аст, ки то мақсудамон аз мусовот чӣ бошад? Мусовот дар чӣ? Баъзеҳо адолатро мусовот таъриф мекунанд ва мусовотро ҳам ин медонанд, ки тамоми афроди башар аз лиҳози тамоми неъматҳое, ки дода шудааст, дар як сатҳ зиндагӣ кунанд, яъне маънои мусовот ин аст, ки ҳамаи афрод як ҷур ғизо гирашон биёяд ва ҳама як ҷур сарват дошта бошанд, ҳамаи мардум як ҷур хона ва маскан дошта бошанд, ҳама як ҷур маркаб дошта бошанд, ҳамаи мардум аз чизе, ки онҳо мӯҷиби саодат меноманд ба таври мусовӣ баҳраманд шаванд. (Масалан, молу сарват яке аз мӯҷиботи саодат аст, хона ва зиндагӣ аз мӯҷиботи саодат аст.) Адолат яъне ҳамаи мардум аз чизҳое, ки мӯҷиботи саодат аст, баробар дошта бошанд. Агар мо адолатро ин ҷур маънӣ кунем, дуруст нест ва ин адолат зулм аст, чаро?

Аввалан, ин гуна адолат имконпазир нест, аз ин назар, ки баъзе аз мӯҷиботи саодат чизҳое аст, ки дар ихтиёри мост ва баъзе дигар дар ихтиёри мо нест ва наметавонем онҳоро баробар кунем, барои ин ки ҳамаи мӯҷиботи саодат сарвату маркабу ғизову ин навъ чизҳо нест. Инҳо қисмате аз мӯҷиботи саодат аст. Арасту мегӯяд: мӯҷиботи саодат нӯҳ чиз аст (бо ин ки аз нӯҳ чиз бештар аст). Се чиз аз мӯҷиботи саодат дар бадан аст, се чиз дар руҳи инсон аст ва се чиз дар хориҷ аз бадану руҳ яъне хориҷ аз вуҷуди инсон аст. Он се чиз, ки дар бадани инсон аст, яке саломат аст, дигаре қудрату нерӯмандӣ ва севвум ҷамолу зебоӣ махсусан барои зан. Он се чиз аз мӯҷиботи саодат, ки дар руҳи инсон аст, яке адолат аст, дигаре ҳикмату дониш аст — ки одами доно ва нодон дар як сатҳ аз саодат нестанд — ва севвум шуҷоат аст. Шуҷоате, ки онҳо мегӯянд, ба маънои зӯри бозу нест, балки ба маънии қуввати қалб аст. Аммо се чизе, ки дар хориҷ аз вуҷуди инсон аст, ки на дар бадан аст ва на дар руҳ, яке молу сарват аст, дигар мансабу мақом аст — ки инсон як мақоме дар иҷтимоъ дошта бошад — ва севвум аз назари қабила ва фомил аст, ки арзиши ин мӯҷиботи саодат ҳама ба як сурат нест.

Пас агар бихоҳем адолатро яъне мӯҷиботи саодатро ба сурати баробар байни мардум тақсим кунем, дар баъзе маворид имконпазир нест. Масалан, молу сарват ва он чизҳоеро, ки аз молу сарват ба даст меояд, метавон ба таври мусовӣ тақсим кард, аммо ҳама, ки инҳо нест. Ба унвони мисол, оё мақомҳоро метавон ба сурати баробар тақсим кард? Дар як кишвар ҳарчанд сусиёлистӣ мисли Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ё Чин, мақомҳои мухталифе аст. Билохира як нафар Моу Тсе Тунг ё Чуин Лой хоҳад буд, як нафар аст, ки аз неъмати шӯҳрати ҷаҳонӣ баҳраманд аст. Тамоми мардум, ки наметавонанд ба сурати баробар дорои мақомҳои мусовӣ бошанд. Ё ин ки эҳтиромро намешавад баробар тақсим кард, маҳбубиятро намешавад баробар қисмат намуд. Фарзанд доштанро оё мешавад тақсим кард? На.

Ин эродро метавон ба гунае рад кард, ва он ин ки бигӯем, мусовотро лоақал дар умуре, ки дар ихтиёри башар аст барқарор мекунем, яъне дар масоили иқтисодӣ ва дар ҳар чиз, ки марбут ба ҷанбаҳои иқтисодӣ аст, мусовот бошад. Боз ҷавобаш ин аст, ки ин худаш айни беадолатӣ аст. Оё дар хилқат, ҳамаи афрод аз лиҳози истеъдоду имконот, мусовӣ офарида шудаанд? Дорои истеъдоди фикрӣ ва мағзии мушобеҳ ҳастанд? Оё ҳама, истеъдоди ҳунариашон мисли якдигар аст? Чӣ расад ба истеъдоди фикрӣ ва мағзӣ дар анвоъи улум, ки шояд наметавон ду нафарро пайдо кард, ки аз ин ҷиҳат комилан мисли ҳам бошанд, ҳамон тавр, ки мо наметавонем ду нафарро пайдо кунем, ки аз лиҳози шакли зоҳирӣ як ҷур бошанд. Ҳатто ду нафари дуқулуро наметавон гуфт, комилан шабеҳи якдигар ҳастанд. Ҳамин тавр аст аз лиҳози ҳолоти руҳӣ. Ҳатто ду бародари дуқулу аз лиҳози руҳӣ мушобеҳ нестанд, боз бо ҳам ихтилоф доранд. Оё афроди башар аз лиҳози қудрати баданӣ бо ҳам мусовӣ офарида шудаанд? Аз лиҳози эҳсосоту авотиф мусовӣ офарида шудаанд? Аз лиҳози тамоюлоти завқӣ як ҷур офарида шудаанд? Дар яке завқи тиҷорат аст, дар яке завқи қазо аст, дар яке завқи сиёсат аст ва дар дигаре завқи таҳсил. Ҳол, ки афрод, мутафовит офарида шудаанд, пас маҳсули кори афрод бо якдигар мусовӣ нест. Яъне дар як нафар қудрати кору кӯшиш бештар аст ва дар дигаре камтар. Дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ҳам ҳамаи афрод, он нубуғи Хрушефро надоранд. Ҳоло, ки афрод аз лиҳози нубуғу қудрати кору ибтикор мусовӣ нестанд, оё бояд алорағми ин тафовуташон, ба онҳо ба сурати баробар подош бидиҳем? Яъне агар мо ду баччаро ба мадраса фиристодем, яке пуркор буд ва дигаре танбал, оё охири сол ҳангоми нумра додан, ба онҳо як ҷур нумра бидиҳем ва бигӯем, кишварамон кишвари мусовот аст ва мо ин тафовутҳоро қоил нестем?! Охири сол бибинем он шогирди заранг нумрааш 20 аст ва дигаре нумрааш 5 аст, биёем байни ин ду муъаддил бигирем ва ба ҳар кадом нумраи 12/5 бидиҳем, ки мусовӣ бишаванд! Ин хилофи адолат ва айни зулм аст, ки яке кор кунад ва дигаре танбал бошад, маҳсули кори зарангро ба танбал бидиҳем. Гузашта аз ин ки хилофи адолат аст, хилофи маслиҳати иҷтимоъ ҳам ҳаст, зеро бо ин кор танбал ҳеч вақт заранг намешавад ва зарангҳо ҳам танбал хоҳанд шуд. Чун агар маҳсули кори маро ба дигаре бидиҳанд, ман, чӣ кор бикунам ва чӣ кор накунам, бо дигаре баробар ҳастам. Ман, ки девона нестам, ки кор бикунам! Яке қудрати ибтикораш бештар аз дигаре аст. Яке қудрати ихтироъ дорад, яке надорад. Агар он ки қудрати ихтироъ дорад, бибинад саҳмаш бо дигаре баробар аст, пуле, ки ба ӯ медиҳанд мусовӣ аст бо он чи ба дигаре медиҳанд ва дар муаррифӣ ва шӯҳрат ҳам — ки подоши дигаре аст — исми фардро намебаранд ва мегӯянд, иҷтимоъ ин корро кардааст, аслан ин фард завқаш таҳрик намешавад, ки ба дунболи ихтироъ биравад. Завқи фард вақте ба дунболи ибтикору ихтироъ меравад, ки ба номи худаш дар таърих сабт бишавад. Ва аз ин рӯ башарият ҷуръат накарда, ки то ин ҳадд дунболи мусовот биравад.

Бинобар ин, агар мо адолатро ба маънои мусовот бигирем ва мусовотро ба маънои баробар кардани афрод дар подошҳо ва неъматҳо, аввалан шуданӣ нест. Сониян, зулму таҷовуз аст ва адолат нест. Солисан, иҷтимоъхаробкун аст, чаро ки дар табиат миёни афрод тафовут аст.

* * *

Посух ба як шубҳа

Ҳол мумкин аст шумо суоли дигаре бикунед; бигӯед, чаро дар хилқат афрод мутасовӣ офарида нашудаанд? Чаро Худо дар асл, ин адолатро — алаёзу биллоҳ! — амал накард, ки ҳамаи мардумро аз ҳар ҷиҳат мутасовӣ офарида бошад? Шаклҳо ҳама мутасовӣ, андомҳо мутасовӣ, рангҳо мутасовӣ, истеъдодҳо мутасовӣ, завқҳо мутасовӣ, дуруст мисли аҷноси фобрик!

Камол аз ихтилоф пайдо мешавад. Ин ихтилофи сатҳҳои мухталиф аст, ки ҳаракатҳоро ба вуҷуд овардааст. Аслан, агар ману шумо ҳама ҳамшакл будем, ҳамфикр будем, ҳамистеъдод будем, ҳамзавқ будем, ман дунболи ҳамон коре мерафтам, ки шумо рафтаед ва шумо дунболи ҳамон коре мерафтед, ки ман рафтаам, ҳайкалу қиёфаи ман ҳамон буд, ки шумо доред ва ҳайкалу қиёфаи шумо ҳамон буд, ки ман дорам, ҳар чӣ ман дорам, шумо доштед ва ҳар чӣ шумо доред, ман доштам, ман ин ҷо чӣ кор мекардам ва шумо ин ҷо чӣ кор мекардед? Аслан чаро шумо рафтед дунболи тиҷорат ва ман рафтам дунболи таҳсили илм? Ҳар ду аз як роҳ мерафтем. Аз ихтилофу тафовут аст. Ин ихтилофу тафовут, нақсу камол нест. Намешавад гуфт, яке ноқистар аст ва дигаре комилтар. Ҳар кас дар роҳи худаш комил аст, вале ҳама ноқисанд. Иҷтимоъ комил аст, маҷмӯъ комил аст. Гуфт: абрӯи каҷ ар рост будӣ, каҷ будӣ. Бинӣ бояд бошад, абрӯ ҳам бояд бошад. Бинӣ бояд рост бошад, абрӯ бояд каҷ бошад. Бинӣ агар мисли абрӯ каҷ буд, бад буд. Абрӯ ҳам агар мисли бинӣ рост буд, бад буд. Абрӯ ҳамон каҷаш матлуб аст, бинӣ ҳамон росташ матлуб аст.

Ҷаҳон чун чашму холу хатту абрӯст,

Ки ҳар чизе ба ҷойи хеш некӯст.

Дар асари ихтилофи сатҳҳост, ки ҳаракат пайдо мешавад. То касе чизеро надонад ва дигаре он чизро фоқид набошад, аслан таълиму таъаллум сурат намегирад. Ҳаминҳост, ки сабаб шуда афрод якдигарро ҷазб кунанд. Иллати ин ки афроди иҷтимоъ якдигарро ҷазб карда ва дафъ намекунанд, ҳамин аст. Агар ҳама баробар буданд, имкон надошт, ки афроди иҷтимоъ якдигарро ҷазб кунанд. Ҳамин тавр аст, ки сангҳо ҳамдигарро ҷазб намекунанд ва ба истилоҳ, даври якдигар ҷамъ намешаванд. Афроди башар агар ҳама ҳамон чизеро дошта бошанд, ки дигарон доранд, имкон надорад, ки якдигарро ҷазб кунанд.

Ин ихтилофе, ки миёни зану мард ҳаст ва миёни занҳо бо якдигар ва мардҳо бо якдигар нест, тадбири бузурге аст дар хилқат барои ин ки конуни хонаводагӣ ташкил бишавад, то ин ки марде занеро ба ҳамсарӣ ва зане мардеро ба ҳамсарӣ интихоб кунад ва қонунҳои ташкили конуни хонаводагӣ сурат бигирад. Чун мард чизҳое дорад, ки зан надорад, ва зан чизҳое дорад, ки мард надорад, ин таҷозуб миёни онҳо вуҷуд дорад. Занҳо ҳамдигарро ҷазб намекунанд, мардҳо низ ҳамдигарро ҷазб намекунанд, вале занҳо мардҳоро ҷазб мекунанд ва мардҳо занҳоро. Иллаташ ҳамин ихтилоф аст. Пас, хаёл накунед, ки зану мард дар хилқат баробар бошанд.

Аслан Қуръон ҳамин ихтилофро яке аз оятҳои қудрати парвардигор зикр мекунад:

وَمِنْ آيَاتِهِ خَلْقُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَاخْتِلَافُ أَلْسِنَتِكُمْ وَأَلْوَانِكُمْ

Яке аз оятҳои ҳикмати парвардигор офариниши осмонҳо ва замин ва низ ин аст, ки ҳамаи шумо якзабон нестед, якранг нестед, қиёфаҳоятон ва он чи доред мухталиф аст.” (Сураи Рум, ояти 22)  Иҷтимоъот ҳам ҳамин тавр аст:

كَانَ النَّاسُ أُمَّةً وَاحِدَةً فَبَعَثَ اللّهُ النَّبِيِّينَ مُبَشِّرِينَ وَمُنذِرِينَ

(Сураи Бақара, ояти 213) Он ҳадис ҳам ҳаст, ки фармуд:

اختلاف أمّتي رحمة

— ки дар баъзе ривоятҳо ворид шуда на манзур ҷангу ҷидол аст, балки тафовут аст. Ин ки як тафовутҳое миёнашон бошад, худаш раҳмат аст.

Пас, агар бихоҳем адолатро ба маънои мусовот таъриф кунем ва мусовотро ҳам мусовот дар мавҳибатҳои иҷтимоӣ фарз кунем, ғалат аст.

* * *

Маънии дигари адолат

Вале адолатро ба як маънои дигар мешавад маънӣ кард, ки агар ба он таваҷҷӯҳ шавад, метавон гуфт, он ҳам мусовот аст, аммо мусовот ба шакли дигар. Маъное, ки қудамо барои адолат зикр мекунанд ин аст:

إعطاء كلّ ذي حقٍّ حقَّه

Яъне, ҳар чизе ва ҳар шахсе дар матни хилқат бо як шоистагии махсус ба худ ба дунё омадааст. Ҳуқуқ ҳам аз ҳамин ҷо яъне аз сохтмони зотии ашё пайдо мешавад. Мо бояд ҳар чизеро дар зоташ мутолеа кунем, баъд бибинем, ки ӯ шоистагии чӣ чизеро дорад ва чӣ истеъдоде дар вуҷуди ӯ ҳаст, яъне табиаташ чӣ тақозое дорад. Масалан, дар бадани инсон чашм ҳаққе дорад ва даст ҳаққе дигар. Агар ҳаққи чашмро ба даст бидиҳем, на танҳо ба даст хидмат накардаем, балки онро аз кор андохтаем. Ҳар чизе истеҳқоқе дорад ва маншаъи он ҳам худи хилқат аст. Ду бачча, ки ба мадраса мераванд, яке шоистагии нумраи 20-ро дорад ва дигаре нумраи 5. Агар ба ӯ аз 20 камтар бидиҳем, зулм кардаем, ва агар ба ин аз 5 бештар бидиҳем низ зулм кардаем.

Барои мисол, агар аз ҳамонҳое, ки дам аз иштироку мусовот мезананд, бипурсем, чаро Зайд дар миёни милюнҳо мардум нахуствазир шуд, мегӯянд, шоистагӣ нишон дод. Аввал, як коргари содда буд, масалан дар сандико ширкат кард ва ба намояндагӣ дар ҳайъати болотаре интихоб шуд ва баъд дар ҳайъати болотар, ва ҳамин тавр силсиламаротибро тай кард ва чун лиёқату шоистагӣ дошт, ба нахуствазирӣ расид. Ин ҳамон адолат аст. Пас, маълум мешавад, ки асос, лиёқат аст. Албатта агар яке лиёқат дорад ва дигаре надорад, чунончи он чиро, ки бояд ба лоиқ бидиҳем, ба нолоиқ бидиҳем, беадолатӣ кардаем.

Он ки ҳафт иқлими оламро ниҳод,

Ҳар касеро он чи лоиқ буд дод.

Зулми иҷтимоъ вақте аст, ки ин ҷур набошад. Саъдӣ мегӯяд:

Вақте афтод фитнае дар Шом,

Ҳар як аз гӯшае фаро рафтанд.

Рустозодагони донишманд

Ба вазирии подшо рафтанд.

Писарони вазири ноқисақл

Ба гадоӣ ба русто рафтанд.

Маънои адолат ин аст. Мусовот дар бораи қонун метавонад маънӣ пайдо кунад, яъне қонун афродро ба як чашм нигоҳ кунад, қонун худаш миёни афрод табъиз қоил нашавад, балки риояти истеҳқоқро бикунад. Ба иборати дигар, афроде, ки аз лиҳози хилқат дар шароити мусовӣ ҳастанд, қонун бояд бо онҳо ба мусовот рафтор кунад, аммо афроде, ки худашон дар шароити мусовӣ нестанд, қонун ҳам набояд бо онҳо мусовӣ рафтор кунад, балки бояд мутобиқ шароити худашон бо онҳо рафтор кунад. Ин ҳам маънои дуввуми адолат аст. Маънои севвуме ҳам дорад, ки онро фардошаб арз мекунам. Дар ин ҷо ба ароизи худам хотима медиҳам.

* * *

Понавишт:

(1) Чун дар миёни донишмандон ин ҳарфҳо вуҷуд дорад. Мо пешопеш онҳоро унвон мекунем, то мусалмонон мутаваҷҷеҳ бошанд ва қабл аз он ки афроди ҷоҳил онҳоро унвон кунанд, ҷавоби омода дошта бошанд.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: