Перейти к содержимому

Кадом як хиҷолатовартар аст?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ҳафтаи ҷорӣ шоҳиди ду ҳодиса дар кишвар будем: яке, қатли омми зиндониён дар Хуҷанд — ки бино бар охирин гузоришҳо, ҳудуди 50 нафар кушта ва беш аз 100 нафар захмӣ барҷой гузоштааст — ва ҳодисаи дигар, пухтани як тонн ош дар пойтахт ва баргузории маросими бисёр бошукӯҳи “ошхӯрӣ” бо ҳузури ҷамъе аз мақомот, ки билофосила баъд аз ҳодисаи аввал баргузор шуд.

Дишаб, як навори кӯтоҳ аз маросими “ошхӯрӣ” дар фазои маҷозӣ мунташир шуд, ки нишон медод, мардум болои дег ҳуҷум оварда ва ҳар як мехост миқдоре аз он ош бардорад ва бихӯрад!

Зоҳиран, ин саҳна, барои бисёре аз мо, тоҷикҳо мояи хиҷолат ва шармсорӣ будааст, ки зуд вокуниш нишон додем ва ин рафтори “ғайримутамаддинона”-ро ба боди интиқод гирифтем. Аз вокунишҳоямон маълум буд, мо аз интишори якчунин манзарае дар фазои маҷозӣ, ки боиси обрӯрезии тоҷикон мешавад, гӯӣ ин ки аз хиҷолати зиёд ба худ мепечем.

Хуб, ҳоло чаро ин саҳна, мояи хиҷолат ва шармсории мо буд?! Посухаш равшан аст. Чун намехоҳем, дар фазои маҷозӣ ва куллан дар ҷаҳон ва дар назди дигарон, аз мо чеҳрае “гурусна”, “нодида”, “бефарҳанг” ва “ғайримутамаддин” тарсим шавад, балки агар қарор аст чеҳрае аз мо нишон дода шавад, бояд он чеҳра, як чеҳраи “бофарҳанг”, “чашмсер”, “дида” ва “мутамаддин” бошад.

* * *

Инки инсон дорои чунин руҳие бошад, ки дигарон ӯро як одами “азиз” ва “бофарҳанг” бишносанд, на як одами “паст” ва дур аз фарҳанг, ин руҳия, руҳияи писандида ва матлубе аст, зеро инсон фитратан чунин сиришта шуда, ки намехоҳад эътибораш лаккадор шавад.

Аммо инҷо як масъала аст, ки дар ин ёддошт мехоҳам андаке ба тафсил роҷеъ ба он баҳс бикунам. Ва он ин ки: оё азиз будан, бофарҳанг будан, мутамаддин будан ва хулоса як инсони комилу бе айбу нақс будан, фақат ба ин аст, ки танҳо “чеҳраи намоён”-и мо азизу бофарҳангу мутамаддину бе айбу нақс ҷилва кунад?

Инки моро дигарон одамони сер бибинанд, на гурусна, одамони шику ороста бибинанд, на чиркину олуда ва инки масалан дар ҳангоми бардоштани ғизо аз ҷойе, дар сафф биистем ва ҳаёҳу бапо накунем ва ғайра, инҳо ҳама танҳо нишондиҳандаи “чеҳраи намоён”-и мо ва зоҳири мост, на тамоми ҷиҳоти мо.

Тавзеҳ ин ки: инсони воқеан бофарҳанг, мутамаддин, азизу сарбаланд ва як инсони бе нақсу айб, касе аст, ки на танҳо зоҳираш ва “чеҳраи намоён”-аш ороста ба фарҳанг аст, балки пеш аз он ва балки муҳимтар аз он, ботини ӯ ороста ба фарҳанги инсоният аст, ӯ ботинан азизу сарбаланд аст, ботинан комил аст, ботини ӯ аз ҳар гуна айбу нақс поку барист.

Агар ҷомеаеро дидед, ки афродаш ҳавои якдигарро доранд, ҳамдарди якдигаранд, нисбат ба ҳам бетафовут нестанд ва вақте мусибате домангири яке аз онҳо бишавад, ҳама ҳамдарди ӯ мешаванд ва ӯро танҳо намегузоранд, пас бидонед, афроди он ҷомеа одамони бофарҳанг, воқеан азизу сарбаланд ва мутамаддин будаанд. Саъдӣ, ки мегӯяд:

Банӣ Одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

— пеш аз ин ки аз як “бояд” бигӯяд, аз як “ҳаст” мегӯяд. Яъне, Саъдӣ дар ин шеър, пеш аз ин ки бихоҳад бигӯяд инсон “бояд” чунин бошад, мехоҳад бигӯяд, “як инсони комил ва як инсоне, ки дарунаш ороста ба фарҳанги инсоният аст”, ӯ инсоне аст, ки бо “ба дард омадани узве аз ӯ”, ӯ ҳам дигар қарор намегирад.

Бинобар ин, агар ҷомеаеро дидед, ки афродаш фақат ба фикри худашон ҳастанд ва коре ба кори ҳамсояву ҳамшаҳриву ҳамватани хеш надоранд ва агар хонаи ҳамсоя ва ё як ҳамдиёрашон бисӯзад, мижаашон такон намехӯрад ва мегӯянд, хонаи ман солим аст ва афроде бошанд, ки заррае аз отифаи инсонӣ дар онҳо вуҷуд надорад, пас, бидонед, ин ҷомеа як ҷомеаи бефарҳангу ғайримутамаддину ваҳшӣ будааст, ҳарчанд ба зоҳир афродаш шику ороста ва шикамашон ҳам сер бошад.

Ин ҷост, ки одам бояд хиҷолат бикашад! Хиҷолат бикашад, ки чаро ин мардум – ва ҳатто худаш — беотифа шудааст, чаро ботину дарунаш аз фарҳанги инсоният холӣ шудааст!

* * *

Афроде, ки имрӯз аз саҳнаи издиҳому ҳуҷуми ҳамдиёронашон ба деги ош ва наҳваи рафтори онҳо хиҷолат мекашанд, шоиста буд аз саҳнаи сукуту хомӯшӣ ва бетафовутии худашон ва ҳамдиёронашон аз қатли омми ҳамватанонашон хиҷолат бикашанд! Ин ҷост ҷойи хиҷолат, на он ҷо!

Коре ба кори мақомоти кишварамон, ки на танҳо мижаашон аз мурдани шаҳрвандонашон такон намехӯрад, балки чи басо хушҳол ҳам бошанд, надорам! Бе таъоруф мегӯям, хеле вақт аст, ки онҳо аз феҳристи одамизод хат зада шудаанд. Аммо чаро дигарон сокиту хомӯшанд?! Чаро бетафовутанд?! Оё ин, ҷойи хиҷолат ва шармсорӣ надорад?!

Шояд гуфта бишавад, инҳо, ки кушта шудаанд, доъишӣ буданд, терурист буданд, ҷинояткор буданд ва ғайра… Хуб, аммо инҳо, ҳар як, падару модар доранд, зану бачча доранд, хоҳару бародар доранд. Алъон, хонаи ҳар як аз ин кушташудаҳо – ва ба илова, зиндонбонҳои кушташуда – мотам аст. Оё барои ин падару модарон, ин хоҳару бародарон ва ин зану баччаҳо, шоиста набуд барояшон ҳамдардӣ мекардем?! Аз мақомот тақозо мекардем, ки як хӯрда аз ҷашну сурурашон бикоҳанд, намак болои захми доғдидаҳо нагузоранд?!

Ин аст як ҷомеаи бефарҳанг, як ҷомеаи ғайримутамаддин, як ҷомеаи ваҳшӣ, ки аз инсоният дар ӯ хабаре нест.

Афроде, ки ба “ош” ҳуҷум меоваранд, шояд аз сари гуруснагӣ бошад, ки қобили ҷуброн аст, шикамаш, ки сер шуд, такрор намекунад, аз ин рӯ рафтори гурусна мояи хиҷолат нест, аммо рафтори серҳо ва ба зоҳир бофарҳангу матамаддинҳо, ки шарики ғами хоҳарону бародарони худ нестанд ва мижаашон такон намехӯрад, мояи хиҷолат ва шамсорӣ аст!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: