Перейти к содержимому

Як ҳикояти бисёр дарсомӯз аз Саъдӣ дар Бӯстон

Саъдӣ дар Бӯстон ҳикояте оварда бад-ин шарҳ, ки шабе дар Бағдод оташсӯзӣ рух дод ва ниме аз шаҳрро ба коми оташ бурд ва нобуд кард.

Як нафар аз аҳли ин шаҳрро диданд, ки шукр мегуфт, ки дар миёни ин ҳама оташу дуд, дӯкони маро зарару осебе нарасида.

Яке аз мардони дунёдида ба ӯ гуфт: эй булҳавас, ту танҳо ғами худатро мехӯрӣ?! Оё ин хуб аст, ки як шаҳр ба оташ бисӯзад ва хонаи ту солим бимонад? Фақат инсони сангдил аст, ки вақте атрофиёнаш аз гуруснагӣ ба шиками худ санг бастаанд, ӯ шикамашро пур кунад.

Сарватманд чӣ гуна метавонад луқмаро ба роҳатӣ бихӯрад дар ҳоле, ки дар пеши чашмонаш фақирон хун мехӯранд?!

Касеро, ки беморӣ дорад, солиму тандуруст гумон накун, зеро ӯ дар даруни худаш аз ғусса мисли мор мепечад.

Ёрони сабукдил ба манзил ҳам расанд, то ақибмондагон ба онҳо мулҳақ нашаванд, наметавонанд роҳат бихобанд.

Агар подшоҳони одил бибинанд, ки хари хоркаш дар гил мондааст, эҳсоси нороҳатӣ мекунанд.

Агар дар сарои саодат кас аст,

Зи гуфтори Саъдӣ ҳарфе бас аст.

* * *

Шабе дуди халқ оташе барфурӯхт,

Шунидам, ки Бағдод ниме бисӯхт.

Яке шукр гуфт андар он хоку дуд,

Ки дуккони моро газанде набуд.

Ҷаҳондидае гуфташ: эй булҳавас,

Туро худ ғами хештан буду бас?

Писандӣ, ки шаҳре бисӯзад ба нор,

Агарчи сароят бувад бар канор?

Ба ҷуз сангдил нокунад меъда танг,

Чу бинад касон бар шикам баста санг.

Тавонгар худ он луқма чун мехӯрад,

Чу бинад, ки дарвеш хун мехӯрад.

Магӯ, тандуруст аст ранҷурдор,

Ки мепечад аз ғусса ранҷурвор.

Тунукдил чу ёрон ба манзил расанд,

Нахусбад, ки вомондагон аз пасанд.

Дили подшоҳон шавад боркаш,

Чу бинанд дар гил хари хоркаш.

Агар дар саройи саодат кас аст,

Зи гуфтори Саъдиш ҳарфе бас аст.

Ҳаминат басанда-ст, агар бишнавӣ,

Ки гар хор корӣ, суман надравӣ.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: