Перейти к содержимому

Артиши “Исроил” як фармондеҳи Ҳамосро дар Фаластин терур кард

Шуморе аз нерӯҳои вежаи артиши саҳюнист якшанбешаб дар як амалиёт, яке аз фармондеҳони Алқассом — шохаи низомии Ҳамосро терур карданд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Алқудс, дар пайи даргириҳои дишаб (якшанбешаб)-и низомиёни режими саҳюнистӣ ва гурдонҳои Алқассом — шохаи низомии Ҳамос дар шарқи Хонюнус воқеъ дар ҷануби навори Ғазза, ҳамчунин ҳафт фаластинӣ ба шаҳодат расиданд. Ҳамчунин як афсари саҳюнистӣ кушта ва як низомии дигари ин режим захмӣ шудааст.

Нуруддин Муҳаммад Салома Барака

Номи фармондеҳи ба шаҳодат расидаи Ҳамос, Нуруддин Муҳаммад Салома Баракаи 37-сола будааст.

Бар асоси ин гузориш, гурдонҳои Алқассом — шохаи низомии Ҳамос, дар тавзеҳи ин ҳодиса эълом кард, гурӯҳе аз нерӯҳои вежаи режими саҳюнистӣ бо як худрави ғайринизомӣ ба минтақаи масҷиди шаҳид Исмоил Абушанаб дар умқи се километрии Хонюнус нуфуз карданд ва Нуруддин Барака, аз фармондеҳони Алқассомро терур карданд.

Артиши режими саҳюнистӣ мехоста ин корро бе сару садо анҷом диҳад, аммо нерӯҳои муқовимат мутаваҷҷеҳи мавзӯъ мешаванд ва онҳоро таъқиб мекунанд. Бар асоси баёнияи Алқассом, замоне, ки нерӯҳои ин ҷунбиш даст ба таъқиби нерӯҳои вежаи саҳюнистӣ мезананд, нерӯи ҳавоии режими саҳюнистӣ иқдом ба бомбборони минтақа мекунад, то низомиёни худро наҷот диҳад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: