Вақте чорае ҷуз нишастан сари мизи музокира бо “теруристҳо” надоранд (тасовир)
Рӯзи ҷумъаи гузашта дар Маскав, пойтахти Русия, нишасте бо ҳузури раҳбарони гурӯҳи Толибон баргузор гардид. Дар ин нишаст, ки ба “Сулҳи Маскав” номгузорӣ шуд, чаҳор нафар аз Шӯроии олии сулҳи Афғонистон ва панҷ тан аз аъзои гурӯҳи Толибон ширкат карданд. Ҳадафи Маскав аз ин нишаст, барқарории оштии миллӣ буд.
Дар нишасти Маскав, илова бар Шӯроии олии сулҳи Афғонистон ва раҳбарони Толибон, намояндагони кишварҳои минтақа аз ҷумла Эрон, Покистон, Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ва ҳамчунин сафироне аз Чин, Ҳинд ва кишварҳои Шӯравии собиқ — Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон низ ҳузур доштанд.
Нахустин талоши Русия барои баргузории ин нишаст, дар моҳи сентябр анҷом гирифт, ки мақомоти сиёсии афғон бо ин нишаст ба мухолифат пардохтанд. Ба гуфтаи Толибон низ чун мақомоти сиёсии Афғонистон дастнишондаи Иёлоти Муттаҳида ҳастанд, нишасти сентябрро рад карда буданд.
Натиҷаи ин нишаст бар асоси гузоришҳои расонаҳо ин буд, ки Русия ваъда додааст, ки дар ояндаи наздик барои баргузории музокироти мустақим байни гурӯҳи Толибон ва давлати Афғонистон талош хоҳад кард.
Тасовире аз ин нишаст ба нақл аз хабаргузориҳои мухталифи Русия ба хусус Спутник:
Изҳори назарҳо