Перейти к содержимому

Модари Эҳсон: “Қалбам гувоҳӣ медиҳад, ки писарам зинда аст”

Сарафрози Оламафрӯз номе ошно барои тоҷикон ба хусус корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аст. Эҳсон Одинаев маъруф ба “Сарафрози Оламафрӯз”, фаъоли ҷавони тоҷик, моҳи майи соли 2015 нопадид шуд ва бино ба гуфтаи модар ва бародари ӯ, Эҳсон тавассути муздурони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рабуда ва ба Тоҷикистон бурда шуд; ба ҳамон равише, ки Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва Мақсуд Иброҳимов рабуда шуда буданд, бо ин тафовут, ки бурда шудани ин ду фаъоли сиёсӣ эълом гардид ва имрӯз дар зиндон қарор доранд, вале дар бораи сарнавишти Эҳсон Одинаев ҳукумат то ҳанӯз ҳарфе ба миён наёварда.

Пойгоҳи Кимиёи саодат гуфтугӯе бо Шоира Одинаева, модари Эҳсон Одинаев тартиб додааст, ки ба ин шарҳ аст:

— Аз нопадид шудани писари азизатон, Эҳсонҷон тақрибан се сол мегузарад, оё то ҳанӯз ҳеч хабаре нашудааст дар бораи сарнавишти Эҳсон, ки куҷост ва чӣ афроде ӯро рабудаанд?

— Ҳама медонад ва ин аниқу дақиқ аст, ки Эҳсонҷони моро ин режими худкома рабуд. Аммо то ба ҳанӯз хомӯшанд, дар даҳон об гирифтаанд. Ҳамон замони гармии кор ҳатто адвокате гуфта буд, ки фарзанди шуморо ба Тоҷикистон бурдаанд. Худи баъзе амниятиҳо ҳам ба бародараш гуфта буданд, ки Эҳсон соқу саломат аст, рабуда шуда. Барои ин ки ба ин амниятиҳо осебе нарасад, номашонро нагӯем беҳтар аст.

— Яъне шумо ҳанӯз ноумед нестед ва умедворед, ки Эҳсонҷон дар қайди ҳаёт аст ва ӯро мебинед.

— Бале, ҳамчун модар аз Парвардигорам умед дорам, ки Эҳсонамро бармегардонад ба ман, ин шӯълаи умед дар қалбам ҳаст. Худованд ба қалби он рабояндагон ҳам меҳри худро ҷой кунаду хабари хуше ба ин модари чашмбароҳ расонанд ва ӯро шод гардонанд! Эҳсонҷон зинда аст. Ҳамчун модар қалбам гувоҳӣ медиҳад, ки фарзандам дар қайди ҳаёт аст.

— Иншоаллоҳ. То ҷое, ки медонам, шумо дар ҳоли ҳозир ҳамроҳи фарзанди худ дар берун аз Тоҷикистон зиндагӣ мекунед? Барои чӣ аз Тоҷикистон муҳоҷират кардед? Оё болои шумо ҳам фишор меоварданд?

— Фарзандони ман ҳама дар муҳоҷират калон шудаанд. Мушкилии зиндагии баъди ҷанги шаҳрвандӣ моро водор ба муҳоҷират карда буд. Хеле зиндагиям бо фарзандонам ширину нотакрор буд. Дар пеши чашмам рӯз ба рӯз бузургу ҷасур шуданашон маро хушҳол мекард ва аз бозиҳои онҳо лаззат мебурдам.

Бале, фишор баъди он ки Эҳсонҷон рабуда шуд, болоям бештар шуд. Ва ин фишор ҳатто то ҷое расид, ки бадани Вайсиддинро бо корд захмӣ карданд. Барои ҳамин, маҷбур шудем, ки аз Маскав бароем. Ҳар замон, ки дар расонаҳо чизе мегуфтем ё менавиштем, фишор зиёд шудан мегирифт.

— Оё баъди муҳоҷират, ҳеч пешниҳоде аз сӯи мақомот ба шумо нашуда барои баргаштан ба ватан?

— Бале буд, вақте раҳматии модарам зинда буд, ба пеши модарам омада аз пеши ӯ занг мезаданд, ки ба духтарат гӯ, ки бо фарзандҳояш баргардад, хамаи хостаҳояшон иҷро хоҳад шуд. Эҳсонҷон ҳам ин пешниҳодҳоро рад карда буд.

Ростӣ, маро Худованд бибахшад, хеле модарам аз ин бобат ранҷ кашиданд, ба ӯ зиёд фишор меоварданд.

— Тақсири шумо, ки нест. Бояд касоне аз Худо бахшоиш бихоҳанд, ки рӯи як модари пир фишор меоварданд.

— Бале, албатта.

Вайсиддин Одинаев

— Писари дуввуми шумо, Вайсиддин низ мисли бародараш як ҷавони бисёр фаъолу пурталош аст, роҳи бародари худро идома медиҳад. Оё байни ин ду писаратон ҳеч фарқе ҳаст, ба унвони модар назари шумо чист дар ин хусус?

— Эҳсонҷонам дили нарм дорад, зудбовар ҳам ҳаст. Рабуда шуданаш ҳам ба хотири ҳамин зудбовариаш буд, ба номардон боварӣ кард. Аммо писари дуввумиам Вайсиддин ҳушёртар аст. Хурд ҳам, ки буд, гоҳе ба Эҳсон мегуфт, акаҷон! Эҳтиёт кунед, рӯзе пешпоят медиҳанд. Ҳарчанд дастгирӣ мекард Эҳсонҷонро, менавист. Бале бо Эҳсонҷон ҳамфикр буд, аммо аз беэҳтиётии Эҳсонҷонам зиқ мешуд. Ба ҷасурии Вайсиддинам шубҳае надорам. Иншоаллоҳ боварӣ дорам, ки Худованд умракашро дароз кунад, дар муборизааш кӯмак кунад, ҳамчун модар дуогӯяш ҳастам.

— Дар поён, агар боз сухане доред, бифармоед!

— Умедворам, мо аз ин имтиҳони илоҳӣ ба сари баланд бигзарем. Бо рабудан, ба ҳадафашон ҳаргиз намерасанд ва чи хеле ки Эҳсонҷонам мегуфт, моро агар кушанд, боз садҳо мисли мо пайдо мешавад! Ин мубориза то пирӯзӣ тамомшуданӣ нест.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: