Перейти к содержимому

Рӯзномаи New York Times аз қасди саудиҳо барои терури мақомоти аршади Эрон парда бардошт

Мақомоти Созмони истихбороти Арабистони Саудӣ, ки ба Муҳаммад бен Салмон,  валиаҳди ин кишвар наздик ҳастанд, соли гузашта тарҳҳое барои терури бархе мақомоти аршади Эрон ва мунтақидони ҳукумати Арабистон аз ҷумла Ҷамол Хошуқҷиро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Рӯзномаи New York Times бо интишори гузорише дар ин бора ба нақл аз 3 манбаъи огоҳ навиштааст: “Бархе мақомоти наздик ба Муҳаммад бен Салмон, як сол пеш тавтиаи терури бархе душманон ва мунтақидони ҳукумати Арабистони Саудӣ аз ҷумла женерол Қосим Сулаймонӣ ва Ҷамол Хошуқҷиро мавриди баррасӣ қарор додаанд.”

Яке аз ин мақомоти аршади саудӣ, женерол Аҳмад Алъасирӣ, муовини барканоршудаи Созмони истихбороти Арабистони Саудӣ будааст. Алъасирӣ пас аз қатли Хошуқҷӣ ду ҳафта пеш ба ҳамроҳи ҷамъи дигаре аз мақомоти низомӣ ва амниятии саудӣ, бо ҳукми подшоҳи Арабистон аз симати худ барканор шуд.

Сардор Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон, акс аз New York Times

Бар асоси гузориши New York Times, женерол Аҳмад Алъасирӣ, мушовири вақти Муҳаммад бен Салмон, дар моҳи марти соли гузашта дар нишасте дар Риёз ҳузур доштааст. Мавзӯи ин нишаст, ки бо ҳузури чанд тоҷири хидматкунанда барои давлати саудӣ буда, имкони истифода аз ширкатҳои хусусӣ барои терури мақомоти аршади эронӣ аз ҷумла сардор Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон ва низ тарҳҳои ин ширкатҳои хусусӣ барои зарба задан ба иқтисоди Эрон будааст.

Бархе мушовирони Алъасирӣ дар ин ҷаласа пешниҳоди терури Қосим Сулаймониро ба ду бозаргони ҳозир дар ҷаласа ироа додаанд. Ин ду бозаргон аз тоҷирони лоббикунанда барои давлати саудӣ ҳастанд, ки яке аз онҳо Ҷорҷ Нодир (George Nader), бозаргони лубнонӣ-омрикоӣ, ва дигарӣ Ҷуил Зомил (Joel Zamel), бозаргони исроилӣ аст.

Гуфтанӣ аст, номи ин ду бозаргон дар листи афроди мазнуни Роберт Мулер, бозраси вежаи расидагӣ ба иртиботи корзори интихоботии Тромп бо давлати Русия, аст.

Ҷорҷ Нодир, бозаргони лубнонӣ-омрикоӣ дар дафтари кори Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди саудӣ, акс аз New York Times

Ба навиштаи  New York Times, ин ду бозаргон дар даврони интиқоли қудрат аз давлати Убомо ба давлати Тромп, бо ҳайъати саудӣ ба риёсати женерол Алъасирӣ дар табақаи болоии ҳутели Mandarin Oriental-и  Ню-йорк мулоқот кардаанд. Мавзӯъи ин мулоқот низ шарҳи тарҳи ин ду бозаргон дар бораи чигунагии харобкорӣ дар иқтисоди Эрон будааст. Ин ду бозаргон барои иҷрои ин тарҳи худ маблағи 2 милёрд дулор аз саудиҳо талаб мекунанд, аммо саудиҳо дар ин ҷаласа зимни ибрози алоқа ба барномаи онҳо, тарҳи онҳоро таҳрикомез ва бесуботкунанда медонанд ва пардохти ҳар навъ пул бобати иҷрои онро вобаста ба гирифтани иҷоза аз давлати Тромп мекунанд.

Ҳамчунин ба навиштаи New York Times, ҷаласаи марти соли гузашта дар Риёз, ба пешниҳоди Ҷорҷ Нодир ташкил шудааст. Ӯ пештар бо Муҳаммад бен Салмон дидор карда ва тарҳи худ барои Эронро бо Кохи сафед низ дар миён гузошта буд.

New York Times навишт, дар бораи ин ҷаласа, аз як сухангӯи давлати саудӣ ва вакилони ду бозаргон – Нодир ва Зомил — пурсиш карда, аммо посухе дарёфт накардааст.

Дар ҷараёни ҷаласаи маҳрамонаи марти 2017, ва пас аз он ки саудиҳо дар хусуси амалиёти терури эрониҳо тақозо мекунанд, ин ду тоҷир посух ба ин мавзӯъро вобаста ба машварат бо вакилони худ мекунанд, аммо пас аз муддате ва машварат бо вакилонашон, ин ду бозаргон дархости саудиҳоро рад мекунанд, аммо Ҷорҷ Нодир як ширкати хусусии ангилисиро барои амалиёти терури сардор Қосим Сулаймонӣ, ба саудиҳо пешниҳод медиҳад. Ин ширкат, ки номе аз ӯ бурда нашуда, аз сӯи нерӯҳои низомӣ-амниятии вежаи собиқи бритониёӣ идора мешавад.

Дар ин ҷаласа ҳамчунин тарҳи 2 милёрд дулорӣ барои харобкориҳои амниятӣ ба манзури осеб расондан ба иқтисоди Эрон мавриди баҳс қарор гирифтааст.

New York Times навиштааст, бо вуҷуде, ки мақомоти давлати саудӣ бо барканории чанд мақоми наздик ба Муҳаммад бен Салмон, тавтиаи ахири қатли Ҷамол Хошуқҷиро ба гардани “омилҳои худсар” меандозанд, аммо тарҳ ва барномарезӣ барои терури бархе мунтақидон ва мухолифони ҳукумати саудӣ аз ҷумла Хошуқҷӣ, аз ҳамон ибтидои ба қудрат расидани Муҳаммад бен Салмон, дар байни ҷамъе аз мақомоти аршади наздик ба валиаҳди ҷавони саудӣ, мавриди баҳс будааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: