Перейти к содержимому

Ислом ва талаботи замона (21)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Радди назарияи нисбияти адолат (1)

لَقَدْ أَرْسَلْنَا رُسُلَنَا بِالْبَيِّنَاتِ وَأَنزَلْنَا مَعَهُمُ الْكِتَابَ وَالْمِيزَانَ لِيَقُومَ النَّاسُ بِالْقِسْطِ

Ба ростӣ мо паёмбарони худро бо далоили ошкор равона кардем ва бо онҳо китобу тарозуро фурӯ овардем, то мардум ба адолат бархезанд…” (Сураи Ҳадид, ояти 25)

Масъалаи нисбияти адолат, бо асоси хотамият ва абадияти дин бастагӣ дорад, чун дин мегӯяд, адолат ҳадафе аз ҳадафҳои анбиёст. Агар адолат дар ҳар замон як ҷур бошад, кадом қонун аст, ки метавонад абадият дошта бошад? Аз ин рӯ, ночор шудем аввал маънои нисбиятро зикр кунем, баъд маънои адолатро, то бибинем, оё ин ҳарф, ки бар сари забонҳо андохтаанд, ки адолат як амри нисбӣ аст, дуруст аст ё на?

Роҷеъ ба таърифи адолат, ба ин ҷо расидем, ки баъзе гуфтаанд, адолат яъне риояти тавозун дар иҷтимоъ, яъне ҳар ҳолате, ки ба салоҳи иҷтимоъ бошад ва беҳтар битавонад иҷтимоъро ҳифз кунад ва ҷилав бибарад, адолат аст.

Баъзе аз афроде, ки чунин назария медиҳанд, дар боби ҳуқуқ як ҳарфи хоссе доранд. Мегӯянд, асосан афрод ҳуқуқе надоранд. Ҳақ моли иҷтимоъ асту бас. Риояти ҳуқуқи афрод маънӣ надорад. Ҳақ моли фард нест. Фард ҳақ надорад. Яке аз донишмандон мегӯяд: “Ҳақ моли иҷтимоъ аст ва таклиф моли афрод. Афрод фақат бояд ба таклиф амал кунанд, мукаллафанд, вазифа доранд. Аммо иҷтимоъ аст, ки соҳиби ҳуқуқ аст.” Ҳоло мехоҳем бибинем, оё воқеан ин матлаб дуруст аст ё на.

* * *

Масъалаи ҳақ ва таклиф

Хутбае аст дар “Наҳҷул-балоға”, ки зоҳиран Алӣ (а) дар рӯзҳои аввали хилофат эрод кардаанд. Ин хутба роҷеъ ба ҳаққу ҳуқуқ аст ва бисёр хутбаи боарзишу пурмаъное аст. Яке аз ҷумлаҳои он, ин ҷумлаи нисбатан маъруф аст:

الحقّ أوسعُ الأشياء في التواصف وأضيقُها في التناصف

Ҳақ аз ҳамаи ашё майдони васеътаре барои тавсиф дорад…” Яъне ҳангоми гуфтан, ҳангоми дифоъ кардан ва ҳарф задан, ҳеч чизе ба андозаи ҳақ майдон надорад. Аммо он ҷо, ки пойи амалу инсоф дар кор меояд, “майдони ҳақ аз ҳар майдони дигаре тангтар аст…” ва ҳамон касе, ки доди сухан барои ҳақ медиҳад, дар мақоми амал аз зери бори ҳақ дармеравад. Баъд ҷумлаи дигаре дорад, мефармояд:

لا يجري لأحدٍ الاّ جرى عليه، ولا يجري عليه الاّ جرى له

Ба нафъи ҳеч кас ҷараён пайдо намекунад, магар ин ки алайҳи ӯ ҳам ҷараён пайдо мекунад…” Яъне ҳар фарде бар дигарон ҳақ дорад ва мутақобилан дигарон ҳам бар ӯ ҳаққ доранд. Шумо аҳадеро пайдо намекунед, ки ӯ бар дигарон ҳақ дошта бошад, вале дигарон бар ӯ ҳақ надошта бошанд, камо ин ки аҳадеро дар дунё пайдо нахоҳед кард, ки ӯ фақат масъулият дошта бошад ва ҳақ бар ӯҳдаи ӯ таъаллуқ бигирад, вале ӯ ҳаққе бар дигарон надошта бошад. Яъне ҳақ, мутақобил аст ва аз умуре аст, ки вақте ба нафъи касе ҷараён пайдо мекунад, алайҳи ӯ ҳам ҳаст. Яъне қаҳран ҳеч кас бар дигарон зиҳақ (ҳақдор) намешавад магар ин ки дигарон ҳам бар ӯ зиҳаққ мегарданд.

Ин, ҳамин масъалаи ҳаққу таклиф ва радди ин назарияе аст, ки бархе гуфтаанд: фақат иҷтимоъ бар афрод ҳақ пайдо мекунад, аммо афрод дар муқобили иҷтимоъ фақат таклиф доранд, яъне ҳақ бар афрод таъаллуқ мегирад (ки маънояш ҳамон таклиф аст), аммо афрод бар иҷтимоъ ҳақ пайдо намекунанд. Амирулмӯъминин мефармояд: ин тавр нест, ҳар ҷо, ки ба нафъи касе ҳақ пайдо мешавад, алайҳи ӯ ҳам ҳақ пайдо мешавад. Баъд ин ҷумларо мефармояд: агар дар дунё касе пайдо бишавад, ки ӯ бар дигарон ҳақ дорад, вале ҳеч кас бар ӯ ҳақ надорад, мунҳасиран Худованди Таборак ва Таъолост:

ولو كان لأحدٍ أن يجريَ له ولا يجريَ عليه لكان ذلك خالصاً لله سبحانه

(Наҳҷул-балоға, хутбаи 214) Мазмун ҳамин аст: агар як нафар пайдо бишавад, ки ҳақ ба нафъи ӯ ҷараён дорад, вале алайҳи ӯ ҷараён надорад, яъне ӯ бар дигарон зиҳақ ҳаст ва ҳеч кас бар ӯ зиҳақ нест, ӯ Худост. Ва ин, матлаби бисёр дурусте аст.

Иллати ин ки ҳақ дар мавриди Худованд мутақобил нест, ин аст, ки ҳаққе, ки Худо бар дигарон ё бар ашё дорад, фарқ мекунад бо ҳаққе, ки дигарон доранд. Ҳаққе, ки дигарон доранд, маънояш ин аст, ки метавонанд фоидае бибаранд, аммо ҳаққе, ки Худованд дорад, маънояш фоида бурдани ӯ нест; маънояш фақат ин аст, ки дигарон дар муқобили Худо таклифу масъулият доранд ва ҳеч кас бар Худо ҳақ пайдо намекунад. Ақли мо кучактар аз он аст, ки бовар кунад, ки аҳаде бар Худо ҳаққе пайдо намекунад, ҳатто Хотамуланбиё (с), яъне ҳеч кас аз Худо талабкор намешавад. Дар дунё ҳеч кас нест, ки ӯ як қалам талабкорӣ аз Худо дошта бошад, ҳарчанд он ки ибодати сақалайнро анҷом бидиҳад. Оё касе дар дунё пайдо мешавад, ки бар Худо ҳақ пайдо кунад, аз ӯ талабкор бишавад ба тавре, ки агар Худо он ҳақро ба вай надиҳад, ҳаққи ӯро помол карда ва ба ӯ зулм намуда бошад? На. Имкон надорад чунин касе вуҷуд дошта бошад. Дар мазмуни баъзе аз дуоҳо хондаед:

إلهي عاملْنا بفضلك ولا تعاملْنا بعدلك

Худоё! Бо фазли худат бо мо рафтор кун, бо адлат бо мо рафтор накун!” Яъне бо гузашти худат, бо тафаззули худат бо мо рафтор кун. Он чи ба мо медиҳӣ, аз ҷониби ту ҷуду карам бошад. Мо аз ту фақат ҷуду карамро тақозо дорем. Худоё! Бо мо бо адли худат рафтор накун. Адл, риояти истеҳқоқҳост, риояти ҳуқуқ аст. Худоё! Агар ту бихоҳӣ риояти истеҳқоқро бикунӣ, яъне ҳуқуқи ҳамаи моро ба мо бидиҳӣ, ҳеч намемонад. Навкаре, ки дар хонаи касе хидмат карда ё шогирде, ки дар мағозаи фарде кор кардааст, вақте бихоҳад аз ӯ ҷудо бишавад, метавонад бигӯяд: оқо! Ҳуқуқи маро бидеҳ! Ду нафар башар бар якдигар ҳақ пайдо мекунанд, аммо касе бар Худо ҳақ пайдо намекунад, ҳарчанд он ки ибодати сақалайнро анҷом бидиҳад, ҳарчанд он ки аз лиҳози хулуси ният дар ҳадди аъло бошад, ҳарчанд он ки касе бошад, ки дар борааш гуфта бошанд:

ضربة عليٍّ يومَ الخندق أفضلُ من عبادة الثقلَين

Боз ҳам ӯ бар Худо зиҳаққ намешавад, барои ин ки банда дар муқобили Худо аз хештан чизе надорад. Агар бандагонро бо якдигар муқоиса кунем, ин чизе дорад ва он чизи дигар. Аммо агар бандагонро дар муқобили Худо дар назар бигирем, ҳеч бандае ҳеч чизе аз худаш надорад. Он чи дорад аз ӯст.

* * *

Як мисол

Як мисоли кучак: падаре дорои ду фарзанд аст. Барои яке аз он ду кафш мехарад, барои дигаре ҳам кафш мехарад. Барои ин либос мехарад, барои ӯ ҳам мехарад. Ба ин пул медиҳад, ба ӯ ҳам пул медиҳад. Ин баччаҳо вақте худашон дар муқобили ҳамдигар бошанд, метавонанд байни худашон марз таъйин кунанд. Ин мегӯяд, ин полту моли ман аст, моли ту нест, ва воқеан ин полту моли ин аст, чун падараш барои ӯ харида. Ҳамчунин он полту моли он бачча аст ва моли ин нест, зеро падараш барои ӯ харида, на барои ин. Яъне ду бачча дар муқобили якдигар метавонанд байни худашон марз ба вуҷуд биёваранд. Аммо оё ҳамин баччаҳо дар муқобили падарашон метавонанд марз ба вуҷуд биёваранд, бигӯянд, ин полту моли ту нест, моли ман аст? Аз назари дигарон, ин амр музҳик (хандадор) аст. Аз назари касе, ки бидонад падар чӣ нисбате бо онҳо дорад, ин ҳарф музҳик аст. Ту ҳар чӣ дорӣ, аз ноҳияи падар дорӣ. Яъне дар он чи ки милки падар аст, ту аз он фарзанди дигар авлавият дорӣ. Алъон ин полту милки падар аст. Дар он чи ки ҷузъи сарвати падар аст, ин фарзанд аз он фарзанд авлавият дорад, на ин ки моли ин фарзанд аст ва моли падар нест.

Нисбати банда дар муқобили Худо, аз нисбати фарзанд ва падар бениҳоят дараҷа қавитар ва шадидтар аст. Яъне банда ҳар чӣ дошта бошад — аъам аз нерӯи баданӣ ва нерӯи руҳӣ — дар айни ин ки моли ин банда аст, моли Худост, аз ноҳияи Худо ба ӯ расидааст. Тавфиқи амалаш аз ноҳияи Худост. Агар бандае ҳар чӣ амал мекунад, бихоҳад фақат шукри Худоро баҷо биёварад, оё имкон дорад? Маҳол аст, ки банда ташаккурро дар муқобили Худо анҷом бидиҳад.

Як касе ба шумо эҳсон мекунад. Шумо метавонед дар муқобили эҳсони ӯ ташаккур кунед, чӣ забонӣ ва чӣ амалӣ. Чун эҳсони ӯ як амал аст, ташаккур моли шумост. Вале дар муқобили Худо агар инсон ташаккур кунад, худи ҳамин ташаккур як тавфиқи илоҳӣ аст ва шукре мехоҳад. Агар барои ҳар неъмате бихоҳад ташаккур кунад, яке аз неъматҳо ҳамин шукр аст. Боз барои ҳамин “муташаккирам”, ҳамин “илоҳӣ шукр” ҳам бояд як “муташаккирам”-и дигар бигӯяд.

Ин аст, ки башар аз шукри Худо оҷиз аст. Аз куҷо фурсат пайдо мекунад, ки неъмати ӯро шукр кунад? Чӣ расад ба ин ки фаразан вазифаашро аз лиҳози шукр анҷом дод, як кори илова ҳам бикунад ва ба хотири он аз ӯ талабкор бишавад! Саъдӣ мегӯяд:

Миннат Худойро ъазза ва ҷалла, ки тоаташ мӯҷиби қурбат аст ва ба шукр андараш мазиди неъмат. Ҳар нафасе, ки фурӯ меравад, мумидди ҳаёт аст, ва чун бармеояд, муфарриҳи зот. Пас, дар ҳар нафасе ду неъмат мавҷуд аст, ва бар ҳар неъмате шукре воҷиб…

Ҳамин баёне, ки арз кардам, баёни яке аз имомон аст, ки мефармуд: “Ҳеч бандае қодир ба шукри Худо нест, чун ҳар чиро бихоҳад шукр кунад, барои ҳамон шукр шукре мехоҳад.” Инсон ҳамин қудрати шукр бар неъмати шукрро надорад, то чӣ расад ба неъмати нафас кашидан (ба қавли Саъдӣ).

Зайнулобидин (а) дар дуои Абӯҳамза хитоб ба Худованд мефармояд:

أفَبلساني هذا الكالّ أشكرك

Инро таваҷҷӯҳ дошта бошед, ки дар бораи эшон навиштаанд:

كان يصلّي عامّة الليل

Ҳамаи шабро ба намоз мепардохт.” Саҳар, ки мешуд ин дуоро мехонд. Худи ин дуо намунаи бузурге аз забоноварии башар аст, намунаи бузурге аз балоғату суханварии башар аст. Дар муқобили Худо мегӯяд: “Оё ман бо ин забони гунге туро шукр кунам?!

Ин аст, ки Амирулмӯъминин (а) мефармояд: агар касе бошад, ки ӯ бар дигарон ҳаққе дорад — агарчи мефармояд ин ҳақ, аз навъи ҳаққе, ки бандагон бар якдигар доранд нест, яъне агар номи инро ҳақ бигузорем — ва ҳеч кас бар вай ҳақ надорад, ӯ Худой Таборак ва Таъолост. Он гоҳ ҳазрат ин ҷумларо муқаддам зикр мефармояд:

فقد جعل الله لي عليكم حقًّا بولاية أمركم ولكم عليّ من الحقّ مثلُ الذي لي عليكم

(Наҳҷул-балоға, хутбаи 214). Мазмун чунин аст: ман ба ҳукми ин ки волӣ ва ҳокими шумо ҳастам, ҳаққе бар шумо дорам ва ҳар волӣ бар раъият ҳақ дорад, камо ин ки раъият ҳам бар волӣ ҳақ дорад. Акнун ман, ба мӯҷиби ин ки халифа ҳастам, ҳаққе бар шумо дорам ва шумо, ба мӯҷиби ин ки шаҳрванд ҳастед ва ман волии шумо ҳастам, бар ман ҳаққе доред. Он муқаддимаро барои ин зикр кард, ки касе фикр накунад волӣ бар мардум ҳақ дорад ва мардум бар ӯ ҳақ надоранд.

Вақте инсон гуфтори бархе аз касонеро, ки дар фалсафаҳои ҳуқуқ мутолеа мекарданд, мутолеа мекунад, мебинад дар онҳо як афкори парту палое, ки зидду нақиз аст вуҷуд дорад. Баъзеҳо буданд, ки роҷеъ ба ҳаққи султону подшоҳ ақидаашон ин буд, ки фақат ӯ бар мардум ҳақ дорад, вале мардум бар ӯ ҳақ надоранд. Дар миёни фалосифаи ҷадиди Урупо ин фикр зиёд тарафдор дошт. Дар Эрони қадим ҳам ҳамин ҳарф будааст. Амирулмӯъминин (а) мефармояд, ин ҳарф дуруст нест. Ҳоким ва шаҳрванд машмули ин қонуни куллӣ ҳастанд, ки ҳуқуқ мутақобил аст. Ҳаққе, ки ҳоким бар раъият дорад ин аст, ки салоҳи онҳоро дар назар бигирад, дар роҳи масолеҳи онон кӯшиш кунад. Баъд як иборати аҷибе дорад, мефармояд:

Истиқомат пайдо намекунад амри ҳоким, магар ба истиқомати раъият, ва истиқомат пайдо намекунад амри раъият, магар ба истиқомати ҳоким.”

Пас ин матлаб роҷеъ ба иҷтимоъ ва афрод дуруст нест, ки аз як тараф ҳақ аст ва аз тарафи дигар таклиф. На. Ин ҷур нест. Ҳар ҷо дар дунё ҳақ бошад, таклиф ҳам вуҷуд дорад.

* * *

Ҳуқуқи фард ва иҷтимоъ

Ваъда додем имшаб назари исломро дар боби ҳуқуқи фарду иҷтимоъ арз кунем, бибинем, аз назари ислом оё фард зиҳақ (ҳақдор) аст ё иҷтимоъ, ё ҳар ду зиҳақ ҳастанд? Аз назари ислом, ҳар ду зиҳақ ҳастанд, ҳам фард зиҳақ аст, ҳам иҷтимоъ. Чаро? Дишаб арз шуд асолатифардиҳо мегӯянд, иҷтимоъ амри эътиборӣ аст, фард асолат дорад, ва асолатииҷтимоиҳо мегӯянд, иҷтимоъ асолат дорад, фард эътиборӣ аст. Ҳар ду нодуруст аст. Ҳам фард асолат дорад ва ҳам иҷтимоъ. Чаро? Мо дишаб ҳарфи асолатифардиҳоро, ки мегӯянд иҷтимоъ амре эътиборӣ аст, ин тавр таъбир кардем, ки иҷтимоъ вуҷуд надорад. (1) Яъне чӣ?! Афрод вуҷуд надоранд?! Онҳо вуҷуд доранд, ки роҳ мераванд, ғизо мехӯранд, ҳарф мезананд. Мегӯянд, иҷтимоъ ҳамон афрод аст, чизе нест. Мо дар мавриди як идда афрод, ки дар якҷо ҷамъ шудаанд, исме барои маҷмӯъ мегузорем, вагарна ҳеч вақт маҷмӯъ вуҷуд надорад. Пас, иҷтимоъ амре эътиборӣ аст.

Як масъалаи фиқҳӣ аст, ки дар мавриди он акнун дар миёни фуқаҳои мо ихтилоф аст, ва он ин аст, ки оё давлат молик мешавад ё на? Баҳс ин аст, ки оё давлат ҳар чӣ дорад милки шаръии ӯст ё на? Оё давлат салоҳияти моликият дорад ё на? Яъне агар давлат як кори машрӯъеро анҷом бидиҳад, он вақт шаръан худи давлат молик мешавад ё на? Агар давлат мисли фард тиҷорат ва корҳои умумӣ бикунад, оё аз ин роҳ молик мешавад ё на? Мисли посту телегроф: шумо як нома доред, агар ду риёл ба сандуқи давлат бидиҳед, давлат дар ин ҷо як кор барои шумо анҷом медиҳад. Кораш ин аст, ки номаи шуморо аз як нуқтаи кишвар ба нуқтаи дигар мерасонад. Агар ин корро давлат анҷом намедод, балки як муассиса анҷом медод, ба ин тартиб, ки як муассисаи миллӣ эълом мекард ман ҳозирам ба изои ҳар номае чаҳор риёл бигирам ва онро аз як нуқтаи кишвар ба нуқтаи дигар бирасонам, ин муомила мусалламан шаръӣ буд. Ҳоло агар ин корро давлат бикунад оё дуруст аст ё на? Алъон ақидаи уламо дар ин бора мухталиф аст. Бисёре аз уламо ва шояд бештарашон мегӯянд, давлат молик мешавад, яъне салоҳияти моликият дорад. Агар давлат моли ҳалол дошта бошад, мисли як фард метавонад кор кунад ва пуле ҳам, ки аз ин роҳ ба даст меоварад, моли худи давлат аст. Пуле, ки давлат аз роҳи номашрӯъ ба даст меоварад, номашрӯъ аст.

Фатвои дигар дар заминаи муомилот мегӯяд, агар касе муомила кард, муомилаи ӯ саҳеҳ аст, ҳарчанд он ки пуле, ки дар мақоми адо медиҳад, ҳаром бошад. Масалан, агар касе пуле, ки дар даст дорад, пули ҳаром бошад, вале муомила, ки мекунад, пулашро ба миён намеоварад, масалан мехоҳад хонае бихарад ва пули ҳароме дорад, вале пулро аввал ба миён намеоварад, ки ба фурӯшанда ироа бидиҳад ва бигӯяд, ман хонаро мехарам дар изои ҳамин пуле, ки алъон ба ту нишон медиҳам (ки дар ин сурат муомила ботил аст), балки муомиларо ба шакле куллӣ анҷом медиҳад, яъне пулро ироа намедиҳад ва масалан мегӯяд ин хонаро ман аз ту ба маблағи 20 ҳазор тумон мехарам, ки пули онро фардо бидиҳам (як пули мушаххас ба миён намеоварад), муомила мунъақид мешавад рӯи 20 ҳазор тумон, ки он 20 ҳазор тумон ба зиммаи харидор меояд ва он вақт харидор муваззаф аст биравад пули ҳалол пайдо кунад ва ин дайнашро бипардозад. Ин корро намекунад ва аз пули ҳаром ин дайнро мепардозад. Албатта дайнаш пардохта нашуда, аммо молики хона ҳаст. Инро ағлаби уламо фатво медодаанд магар — он тавр, ки ман шунидаам — марҳум Ҳоҷ Шайх Абдулкарими Ҳоирӣ.

Агар ин фатвои дигарро замима кунем, ки агар муомила сурати куллӣ пайдо кунад — ҳарчанд он ки дар мақоми адои он, харидор аз пули ҳаром истифода кунад — муомила дуруст аст, дар ин сурат ин ки давлат меояд локомотиву вагону релу лавозими дигари роҳи оҳанро ба таври куллӣ аз ҳар фурӯшандае, ки бихоҳад мехарад, ба зиммаи давлат меояд, ки дайнашро адо кунад. Ҳоло бар фарзи ин ки аз пули ҳаромаш адо кард, муомилааш дуруст аст.

Бинобар ин, давлат молики шаръии локомотив ё вагонҳо мешавад. Вақте молики шаръӣ шуд, шумо бояд бо ӯ дуруст муомилаи молики шаръӣ бикунед. Дигар, дуздидан, тақаллуб кардан (ҳар гуна тақаллубе) хилофи шаръ аст. Яъне агар шумо масалан 5 кело изофабор доштед ва онро махфӣ кардед, мадюн ҳастед, мисли ин ки ба як фард мадюн мешавед. Агар ӯ эълом кардааст ман баччаи камтар аз 12 солро маҷҷонӣ мебарам, аммо баччаи бузургтарро маҷҷонӣ намебарам, чунончи шумо баччаатон 12 сол дорад, вале бигӯед 11-сола аст, гузашта аз ин ки дурӯғ гуфта ва феъли ҳароме муртакиб шудаед, мадюни ӯ ҳам ҳастед.

Ин масъала, ки оё давлат молик мешавад ё на, як масъалаи фиқҳӣ аст, ки бо баҳси мо — ки як масъалаи фалсафӣ ва иҷтимоӣ аст — хеле наздик мебошад. Бар тибқи ин назар, ки фард вуҷуд дорад ва иҷтимоъ як амри эътиборӣ аст, чун амри эътиборӣ аслан вуҷуд надорад, моликият ҳам барои иҷтимоъ ғалат аст. Аммо ҳақ бо он касоне аст, ки мегӯянд, иҷтимоъ вуҷуд дорад ва салоҳияти моликият ҳам дорад, ки аз роҳи машрӯъ молик бишавад. Мо ҳоло ба ин масъалаи фиқҳӣ, ки оё давлат молик мешавад ё на, коре надорем. Ин як масъалаи туфайлӣ буд, ки арз шуд. Ҳол бибинем чаро иҷтимоъ вуҷуд дорад.

* * *

Понавишт:

(1) Гӯё қабл аз ин ҷаласа, ҷаласаи дигаре будааст, ки матни суханони устоди шаҳид дар он ҷаласа дар даст нест.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: