Перейти к содержимому

Паёми сардабири “Ахбор” ба як полковник ва тамоми “фабрикаи ҷавоб”

Ба қалами Мирзо Салимпур, сардабири сойти Ахбор

Рӯзҳои охир сомонаи “Ахбор” таҳти фишори афзояндаи мақомоти Тоҷикистон ва гурӯҳҳои наздик ба ин мақомот, аз ҷумла ба ном “фабрикаи ҷавоб” қарор гирифтааст.

Ман, ростӣ, ба ин ки Бег Сабур, роҳбари худхоҳу фасодзадаи Хадамоти алоқа қариб як сол боз дастрасӣ ба сомонаи “Ахбор”-ро масдуд карда, се моҳ пеш дастгоҳҳои боз қавитар шинонд, ки касе матлабҳои интиқодӣ дар бораи ӯро хонда натавонад, одат карда будам.

Ба ин ҳам, ки шашак (шестёрка)-ҳои бешумори “фабрикаи ҷавоб” ба сомонаи “Ахбор” ва шахсан ба худи ман ҳамла мекунанд ва бо мантиқи заифу лаҳни номардонаашон ҳарчӣ пеш омад, менависанду мегӯянд, низ одат кардаам. Насиҳат ба онҳое, ки мутаассифона, ба фарқи байни забон ва унитаз намераванд ва мағзашон ҳам тиҳисту аз ҳадди адаб бӯе набурдаанд, коре мисли ба ҳован об кӯбидан беҳуда аст ва ман ҳам кӯшиш мекунам, то ба баду носазогӯиҳои ин шашакҳо аз ҳамин манораи “гапи туву …и ман” бархӯрд кунам.

Аммо мебинам, ки ин ҳамлаҳо ташаббуси шахсии ин ё он шашак нест, балки дар пушти он гӯшҳои нафароне намудор мешавад, ки дар мақомоти расмӣ кор мекунанд ва бадбахтона, умури таъмини амнияти давлату миллат ба дасти онҳо афтодааст. Бадбахтӣ ин аст, ки ин афрод таъмини амнияти як давлату миллатро дар кирдорҳои касифу пасте, чун бадном кардан (мисолаш секси муллоҳо), ҳамла ба нафарони мавриди ҳадаф тавассути ин ниҳоди шармандаи “фабрикаи ҷавоб” ва ҳатто расонаҳои расмӣ ва фишори боз ҳам разилонатар ба наздикони онҳое мебинанд, ки ин “масъулони амният” аз дили сиёҳ ва мағзи холиашон барои худ “душману хоини миллат” ҳукм кардаанд.

Ҳатто “Ховар”, ки хабаргузории расмии ҳукумати Тоҷикистон аст, аз нашри тавтологияҳои шашакҳои “фабрикаи ҷавоб” ба зидди сомонаи “Ахбор” парҳез накард ва билофосила як ҷавоби сазовор гирифт.

Инак, сомонаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки ҳизби ҳоким асту раисаш ҳам – президент Эмомалӣ Раҳмон, тавтологияи як шашаки тиҳимағзи дигарро бо номи яқинан сохтаи “Парвизи Мирзо, таҳлилгар” чоп кардааст. Ин ба ном “таҳлилгар” сомонаи “Ахбор”-ро “ифротӣ” ва маро “мисли террористони наҳзатӣ” ва “бо наҳзатиҳо ҳаммаслаку ҳамақида” ба қалам додаааст. Барои онки мо хабар додем, ки ошӯб дар зиндони Хуҷанд бераҳмона саркӯб карда шуд ва зери 50 маҳбуси кушташударо бе намози ҷаноза гӯр карданд. Ба ақидаи муаллиф, “Ахбор” мебоист ин нирӯҳоро ҳамчун қаҳрамон ситоиш мекард. Вале онки нирӯҳои вижа даромада, маҳбусонро мисли мурғ куштанд, ягон ҷои қаҳрамонӣ надорад, ҷиноят аст. Ман инро омодаам даҳҳо бори дигар такрор кунам, ки роҳҳои дигари бидуни чунин қурбонии зиёд ҳал кардани ин буҳрон вуҷуд дошт ва инки аз ин ҳама роҳҳо чунин як шеваи хунинро интихоб карданд, баракс сатҳи пасти омодагӣ, балки ноомодагии нирӯҳои вижаи моро намоиш дод. Кӣ итминон медиҳад, ки фардо, агар хатари дар воқеъ ҷиддие ба амнияти кишвар таҳдид кунад, ин нирӯҳо бо чунин сатҳ қодир ба хунсо кардани он таҳдид ҳастанд.

Аммо гилаи ман аз ин “таҳлилгар” нест, аз Ҳизби халқии демократӣ аст, ки наход ҳизби ҳоким бо як журналист ва як сомонаи мустақили хабарӣ дастбагиребон шавад? Ва он ҳам бо чунин як матлаби пур аз сафсата ва таҳқир? Мутаассифона, дар Тоҷикистон як додгоҳи мустақил намонда, вагарна дар ҳар додгоҳе, ки ақалан як дарсад мустақил бошад, метавонистам ҳизби ҳокимро барои ин таҳқирҳояш товони миёншикан бандам.

Аммо ҳатто ба бозӣ ба муқобили “Ахбор” кашидани “Ховар” ва ҳизби ҳоким ҳам, тавре мебинам, ниҳояти ин бозии аҳмақона набудааст.

Қаблан вақте фаъолони тоҷик шикоят мекарданд, ки ба наздиконашон фишор меоранд ва мақомот инро рад мекарданд, дар дилам шакке вуҷуд дошт, ки шояд дар ҳақиқат ҷониби шикоятгар муболиға мекунад ё ба қавли дӯстдоштаи он тарафи дигар, аз паша фил месозад? Вале вақте айни ҳол ба сари худам омад, яқин ҳосил кардам, ки ин раддияҳо ҳама як риёкорӣ будаанд. Зеро вақте ба намояндагони расмии КДАМ мегуфтам, ки одамони шумо бародари маро дар Русия ғам дода истодаанд, ҳамин гуна рад мекарданд, ки онҳо одамони мо нестанд. Чанд вақт боз як додарам, ки дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор дорад, шиква мекард, ки ӯро барои сомонаи ман шуда намояндагони КДАМ дар Маскав даъват мекунанд ва фишораш оварда истодаанд. Ахиран ӯ ҳатто маҷбур шудааст бо фишори гуруҳи полковник Н. ба зидди ман чизе бинависад. Ва дар даруни он ба ман чанд паём ҳам фиристодаанд:

1) доим бо ДАВЛАТ бози мекунад. ин ДАВЛАТ аст як руз мегирад авлодата нест мекунад он ка зур хасти рав дар ДУШАНБЕ навис дар ПРАГА пинхон шуда менависи як руз гусфанд барин медузанад дар кунчи турма мепартоянд.

2) то кай бозичаи дасти дигархо мешави акл дори ба ту шухрат даркор бошад ман шахсан хайкалатро месозам ё интизори ки мисли ДОДОЧОН халтаи пулро гири ва ором шави ман шахсан ба ЧАНОБИ ОЛИ менависам ки ба ту хам аз фонди давлати халтаи пулро чудо кунанд ва ту ором шави.

Ин бебасарон аз гуруҳи полковник Н. худашон эътироф мекунанд, ки метавонанд “авлодата нест кунанд”, “як рӯз гӯсфанд барин бидузданду дар кунҷи турма партоянд.” Дар айни замон баробари калтак ширинӣ ҳам дар даст доранд, ки мегӯянд, омодаанд, то “мисли Додоҷон” “ҷаноби олӣ аз фонди давлат халтаи пулро ҷудо кунанд.”

Ман, албатта, ба масъалаи Додоҷон Атовуллоев, ки ба ман ҳаққи устодӣ доранд, коре надорам, ҳисоби акои Додоҷон бо худаш аст.

Вале ба ин полковник Н. ва командааш, ки дар назди истгоҳи Савёловская ҳуҷраеро гӯё барои ширкати тиҷоратӣ иҷора гирифтаву муҳоҷирони бечораро онҷо бурда, истинтоқ ва таҳдид мекунанд, ҳушдор медиҳам: Даст аз хешу табори ман бардоред! Бас кунед фишору таҳдидро!

Аввалан, ҳамчун ҳомии қонун бояд бидонед, ки ин амалатон нақзи ошкор ва дидаву донистаи қонунҳои Тоҷикистон ва ҳуқуқи инсонии мардум аст! Аз тарафи дигар, шумо бо ин фишору таҳдиду зӯрӣ ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонед сомонаи “Ахбор”-ро аз байн баред ё маҷрои онро тағйир диҳед. Зӯри беҳуда назанед, ки зӯри беҳуда миён мешиканад!

Сомонаи “Ахбор” ҳамчун як минбари мустақил, бетараф, холис ва ҳақгӯ буд, ҳаст, мемонад, чунки ҷомеа ва мардуми Тоҷикистон ба он эҳтиёҷ дорад! Фишорҳои шумо боиси ин ҳам намешаванд, ки сомона мавқеи тундтаре нисбат ба ҳукумат бигирад ва ин барои бархе далел шавад, ки бигӯянд, мо гуфта будем-ку, ки ин “Ахбор” як сомонаи ифротӣ аст. Вале сомонаи “Ахбор” ба ҳеҷ ваҷҳ, дар ҳеҷ шароит ва таҳти ягон фишор зери қаноти ягон гуруҳ ҳам нахоҳад рафт: на фабрикаи ҷавоб, на оппозитсия ва на ҳукумат. Мо обрӯи худро аз мустақилият ва холисӣ ба даст овардаем ва бо ин обрӯ бозӣ намекунем.

Вазифаи матбуот чаппа кардани ҳукуматҳо нест, балки холисона гуфтани воқеиятҳои ҷомиа ва мусоидат ба ислоҳи ҳукуматҳо ба сӯи беҳбудист. На аз паша фил месозем ва дар айни замон, на чизеро пинҳон мекунем. Воқеиятҳо бояд гуфта шаванд, то масъулон дар бораи вазъи аслӣ тасаввуроти дуруст дошта бошанд ва бо он манзараҳои “қишлоқи тилоӣ”, ки матбуоти расмӣ мехоҳад тасвир бикунад, хушу хурсанд ва фориғбол нашаванд.

Касе ки мехоҳад ин воқеиятҳоро пинҳон бидорад ва дар зеҳни масъулон – аз президент то раиси ҷамоат – тасаввуроти бардурӯғе ҳосил кунонад, ки ҳама гулай, душмани миллат дар воқеъ ӯст, хоин ӯст! Чунки маҳз чунинҳо рушди кишварро ақиб мезананд, маҳз чунинҳо до душмантарошӣ теша ба решаи миллати мо мезананд!

Бори дигар такрор мекунам, ки вазифаи сомонаи “Ахбор” барандохтани ягон ҳукумат ваё кумак ба мухолифонаш нест. Мо фақат хабарҳоро пайгирӣ мекунем ва дарди дили мардумро мегӯем.

Мо тарафдори ислоҳоти фарогир дар кишвар ҳастем, то Тоҷикистон ба як давлати дар воқеъ озод, демократӣ ва гулгулшукуфо ва ба Ватани ҳар зодаи ин хок табдил биёбад. Ин Ватан моли хусусии ягон нафар нест, ки дар музояда харида бошад. Ҳар кадоми мо ҳаққи комиле ба ин Ватан дорем ва ин ҳақро ягон нафар – на полковник Н., на Бег Сабур, на шашакҳои “фабрикаи ҷавоб” — наметавонанд аз дасти касе бигиранд.

Ман мӯътақидам, ки дар бадани ҳукумати Тоҷикистон нирӯҳои солимфикр ҳастанд ва нерӯву нуфузи кофие доранд, ки билохира ташаббусро аз дасти ин ҷиноҳи ҷангталаби иртиҷоӣ бигиранд ва Тоҷикистонро дар роҳи ислоҳот рост кунанд. Дар воқеъ, ҳама хаста шуд аз ин душмантарошӣ, фишору таъқибу таадӣ, аз ин ҳама Бег Сабуру дигару дигараш, ки Тоҷикистонро моли хусусии худ ва мансабро дар ҳукумат танҳо василаи ҷамъ кардану ҷамъ кардану ҷамъ кардани миллионҳои нав ба нав мебинанд.

Бас аст дигар! Ин ҷиноҳи иртиҷоиёни ҷангталабро бо “фабрикаи ҷавоб”-аш, ки (диққат кунед!) аз буҷа, яъне аз пули халқ барои мақолаҳои пӯчаш миллионҳо доллар харҷ мешавад, ҳар қадар зудтар ба дасти таърих бисупоранд, ҳамон қадар зудтар кишвар оҳи сабук хоҳад кашид ва ба шонси пешрафт билохира даст хоҳад ёфт.

Ахбор

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: