Перейти к содержимому

Посухи кӯбандаи муқовимат ба саҳюнистҳо // Шиллики 400 мушак ба “Исроил”

Даргириҳои ҷадид байни режими саҳюнистӣ ва нерӯҳои муқовимати Фаластин дар навори Ғазза, дар ҳоле вориди дуввумин рӯзи худ мешавад, ки ба эътирофи артиши саҳюнистӣ, тайи 14 соати гузашта, беш аз 400 рокет ба самти сарзаминҳои ишғолӣ шиллик шудааст.

Сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ субҳи имрӯз (сешанбе, 13.11.2018) эълом кард, ки гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ дар вокуниш ба ҳамалоти ҳавопаймоҳои ҷангии исроилӣ, беш аз 400 мушак ва рокет ба самти шаҳракҳои саҳюнистнишин дар манотиқи марзии наздики Ғазза шиллик кардаанд.

Ба гузориши расонаҳои исроилӣ, се сохтмони чандтабақа дар шаҳракҳои саҳюнистнишини Асқалон ва Нитют бар асари бархӯрди мустақими рокетҳои муқовимат, ба таври комил нобуд шуданд. Як утубуси ҳомили низомиёни саҳюнист низ, ки аз шаҳраки Сидирут дар ҳоли ҳаракат ба самти марзи Ғазза буд, ба васила як мушаки зидди тонки муқовимат, мунҳадим шуд.

Утубуси саҳюнистҳо дар оташ

Дар ҳоле, ки артиши режими саҳюнистӣ аз ироаи омори талафоти инҳидоми ин утубус худдорӣ мекунад, аммо расонаҳои мустақар дар Фаластини ишғолӣ мегӯянд, то кунун 3 шаҳракнишини саҳюнист бар асари посухи мушакии муқовимат кушта шуда ва ҳаддиақал 85 нафари дигар низ захмӣ шуданд.

Кобинаи амниятии режими саҳюнистӣ низ, ки қарор буд рӯзи гузашта ҷаласаи изтирорӣ барои баррасии вазъият дар Ғаззаро баргузор кунад, баъд аз мувоҷеҳ шудан бо ҳаҷми густурдаи посухи мушакии муқовимат, ин ҷаласаро ба имрӯз мавкул кард.

Ба навиштаи расонаҳои исроилӣ, Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири ин режим низ баъд аз машваратҳои амниятии 4 соатае, ки бо Овигдур Либерман, вазири ҷанг ва Годи Ойзенкут, раиси ситоди кулли артиши режими саҳюнистӣ дошт, чароғи сабз ба артиш барои ташдиди ҳамалот ба Ғазза дод.

Артиши режими саҳюнистӣ баъд аз ин дастур, теъдоди зиёде нерӯи пуштибонӣ шомили чандин дастгоҳи тонк ва худрави зиреҳӣ ва чанд гурдон нерӯи заминӣ ба манотиқи марзӣ бо Ғазза эъзом кард.

Сухангӯи артиши ин режим бо судури баёнияе, иддао кард, ки тайи ҳамалоти рӯзи гузашта то имрӯз, ба беш аз 150 ҳадафи мутаъаллиқ ба ҷунбиши муқовимати исломӣ (Ҳамос) ҳамла кардаанд.

Ин даргириҳо пас аз он шурӯъ шуд, ки шаби якшанбе гурӯҳе аз низомиёни вежаи режими саҳюнистӣ дар либоси занона ва бо истифода аз як худрави комилан мишкӣ ба навори Ғазза нуфуз карда ва бо нерӯҳои ҷунбиши муқовимати исломӣ (Ҳамос) даргир шуданд. Дар пайи ин амалиёт, ҳашт фаластинӣ аз ҷумла Нур Барака, як фармондеҳи Ҳамос ба шаҳодат расида ва як афсари олирутбаи саҳюнист, ки фармондеҳи ин амалиёт буд низ кушта шуд.

* * *

Ҳамлаи саҳюнистҳо ба сохтмони шабакаи Алақсо

Ҳамлаи саҳюнистҳо ба сохтмони шабакаи Алақсо

Режими саҳюнистӣ дар вокуниш ба ҳамалоти мушакии нерӯҳои муқовимат ба сарзаминҳои ишғолӣ, мақарри шабакаи моҳвораии Алақсо, мутаъаллиқ ба Ҳамос дар Ғаззаро ҳадафи ҳамалоти ҳавоии худ қарор дод.

Манобеъи хабарӣ мегӯянд, ки ҳавопаймоҳои ҷангии F-16-и режими саҳюнистӣ бо шиллики чаҳор мушак, ин шабакаи наздик ба Ҳамосро ҳадаф қарор доданд.

Иброҳим Зоҳир, мудири шабакаи Алақсо пас аз қатъи барномаҳои ин шабакаи телевизиюнӣ дар пайи ҳамалоти режими саҳюнистӣ гуфт, ки пахши ин шабака то дақоиқе дигар идома хоҳад ёфт.

* * *

Эрон: “Режими саҳюнистӣ таҷассуми айнии теруризми давлатӣ аст”

Баҳром Қосимӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон шаби гузашта бо ишора ба терури яке аз фармондеҳони муқовимати исломии Фаластин ва шаҳодати ҷамъе дигар аз муборизони фаластинӣ тавассути низомиёни режими саҳюнистӣ дар Ғазза, зимни маҳкум кардани ин ҷиноёт, режими саҳюнистиро “таҷассуми айнии теруризми давлатӣ” дар минтақа тавсиф кард.

Баҳром Қосимӣ афзуд: “Сериёли теруру ҷинояту таҷовузи режими ишғолгари Қудс бо ҳимоят ва ташвиқи давлати Омрико ва сукут ва ҳамроҳии бархе аз кишварҳои минтақа ҳамчунон идома дорад.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамчунин бомбборони сохтмони телевизиюни Алақсо дар маркази Ғаззаро низ ба шиддат маҳкум кард.

Баҳроми Қосимӣ гуфт: “Зиддияти режими саффоки саҳюнистӣ бо доноӣ, огоҳибахшӣ ва равшангарии асҳоби расона, масбуқ ба собиқа аст ва ифшои ҷиноятҳои фаҷеъи онон дар 70 соли гузашта ҳамвора аз кобусҳои ин режими ишғолгар буда, ки чунин бемуҳобо даст ба ин ҷинояти ҳавлнок задаанд.”

Ҳамлаи ҳавопаймоҳои ҷангии саҳюнистӣ ҳамчунин аз сӯи Ҳизбуллоҳи Лубнон ва Ансоруллоҳи Яман, Туркия, Қатар ва давлати Ӯрдун низ маҳкум шуд.

* * *

Ҳизбуллоҳ: “Размандагони фаластинӣ ба душман ёд доданд, ки қабл аз ҳамла фикр кунад”

Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳамалоти мудовими режими саҳюнистӣ ба Ғазза ва амалиёти шанеъи низомиёни саҳюнист барои терури яке аз фармондеҳони муқовимат ва шумори дигаре аз размандагони фаластиниро маҳкум кард.

Ба гузориши Алманор, дар ин баёния “аз бедории муқовимати Фаластин ва муқобила бо ҳамалоти саҳюнистҳо”, ки ба кушта ва захмӣ шудани теъдоде аз онҳо мунҷар шуд, тамҷид шудааст.

Ҳизбуллоҳ афзуд: “Размандагоне, ки шуҷоъона бо низомиёни ишғолгар дар Хонюнус мубориза карданд, ба душман ёд додаанд, ки қабл аз ҳар гуна ҳамлае фикр кунад.”

Дар идомаи баёния омадааст: “Посухи мушакии нерӯҳои муқовимати Фаластин, баёни содиқонаи азму иродаи миллати Фаластин ва пойбандии онҳо ба дифоъ аз сарзаминҳо ва муқаддасоташон буд.”

Ҳизбуллоҳи Лубнон бо баёни ин ки миллати шуҷоъи Фаластин қодир ба дифоъ аз худ дар баробари ҳар гуна таҷовузоти душман ва хунсо кардани тавтиаҳои онҳост, аз миллатҳои арабӣ ва исломӣ хост, ки содиқона ва шуҷоъона дар канори ин миллат ва гурӯҳҳои муқовимат қарор бигиранд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: