Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (337)

Кабудӣ задани қазвинӣ бар шонагоҳ сурати шер ва пушаймон шудани ӯ ба сабаби захми сӯзан (2)

* * *

Чунки ӯ сӯзан фурӯ бурдан гирифт,

Дарди он дар шонагаҳ маскан гирифт.

Ҳамин ки даллок неши сӯзанро бар пӯсти паҳлавони қазвинӣ фурӯ бурд, аз халидани сари сӯзан бар пӯсти баданаш эҳсоси дарду сӯзиш кард.

Паҳлавон дар нола омад, к-эй санӣ!

Мар маро куштӣ, чӣ сурат мезанӣ?

Он паҳлавони қазвинӣ нолиду гуфт: эй бузургвор! Ту, ки маро куштӣ, чӣ кор мекунӣ? Чӣ нақше мезанӣ?

Санӣ: равшан, баланд, маҷозан баландпоя, бузургвор.

Гуфт: охир шер фармудӣ маро.

Гуфт: аз чӣ андом кардӣ ибтидо?

Даллок гуфт: шумо фармудед, ки нақши шер бизанам. Паҳлавони қазвинӣ гуфт: аз кадом як аз аъзои бадани шер оғоз ба холкӯбӣ кардаӣ?

Гуфт: аз думгоҳ оғозидаам.

Гуфт: дум бигзор, эй ду дидаам!

Даллок гуфт: аз думи шер шурӯъ кардаам. Паҳлавони қазвинӣ гуфт: эй азизи ман! Думро раҳо кун, лозим нест думашро нақш бизанӣ.

Аз думу думгоҳи шерам дам гирифт,

Думгаҳи ӯ дамгаҳам муҳкам гирифт.

Зеро аз думу думгоҳи шер нафасам банд омад ва ҷонам ба лаб расид. Думгоҳи шер маҷрои танаффуси маро банд овард.

Дам гирифтан: танг омадани нафас.

Шери бедум бош, гӯ, эй шерсоз!

Ки дилам сустӣ гирифт аз захми гоз.

Эй, ки нақши шерро бар баданам месозӣ! Бигӯ, шери бедум бошад, зеро дилам аз захми гозу халидани сӯзан аз ҳол рафт ва дучори заъф шудам.

Ҷониби дигар гирифт он шахс захм,

Бемуҳобо, бемувосо, бе зи раҳм.

Даллок вақте бетобии он паҳлавонро дид, аз ҷойи дигари шер шурӯъ ба кор кард, бе он ки нармишу мудоро нишон диҳад сӯзанро бар тани ӯ кӯбид.

Муҳобо: тарафдорӣ кардан, маҷозан мудоро ва нармиш. Мувосо: ёрӣ додан, кӯмак кардан, маҷозан ҳамроҳӣ ва нармиш.

Бонг кард ӯ, к-ин чӣ андом аст аз ӯ?

Гуфт: ин гӯш аст, эй марди накӯ!

Боз паҳлавони қазвинӣ фарёд баланд кард, ки: ин дигар кадом узви шер аст? Даллок ҷавоб дод: эй марди накӯкор! Ин гӯши шер аст.

Гуфт: то гӯшаш набошад, эй ҳаким,

Гӯшро бигзору кӯтаҳ кун гилем.

Паҳлавон гуфт: гӯшашро низ раҳо кун, эй марди хирадманд! Гӯшро нақш назан ва корро мухтасар кун.

Кӯтаҳ кардани гилем: маҷозан мухтасар кардан.

Ҷониби дигар халиш оғоз кард,

Боз қазвинӣ фиғонро соз кард.

Даллок аз қисмати дигари бадани ӯ сӯзанро фурӯ кард. Боз қазвинӣ нолаву фиғон сар дод.

Халиш: фурӯ бурдани нӯки тез бар чизе.

К-ин севум ҷониб чӣ андом аст низ?

Гуфт: ин аст ишками шер, эй азиз!

Қазвинӣ гуфт: ин севвумин ҷо дигар кадом узв аст? Даллок гуфт: эй азизи ман! Ин, шиками шер аст.

Гуфт: то ишкам набошад шерро,

Чӣ шикам бояд нигори серро.

Қазвинӣ гуфт: аз ин қисмат низ сарфи назар кун ва шикам барои шер нақш накун.

Хира шуд даллоку бас ҳайрон бимонд,

То ба дер ангушт дар дандон бимонд.

Даллок аз ин кори қазвинӣ шигифтзада шуд ва аз шиддати ҳайрат то дер замоне ангушт дар дандон ниҳод. Яъне сахт шигифтзада шуд, ки чаро ин мард, ки муддаии паҳлавонӣ аст, аз неши сӯзане оҷизу дармонда шудааст!

Бар замин зад сӯзан он дам устод,

Гуфт: дар олам касеро ин фитод?

Устоди холкӯб аз рӯи хашм сӯзанро бар замин кӯфт ва гуфт: оё дар ҷаҳон то кунун чунин чизе рух додааст?!

Шери бедумму сару ишкам кӣ дид?

Инчунин шере Худо худ н-офарид.

Даллок гуфт: шери бидуни думу сару шикамро кӣ дидааст?! Ин гуна шерро Худо ҳам наёфаридааст.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: