Перейти к содержимому

Ғазза бори дигар пирӯз шуд…

Ёддошти Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюл-явм

Ғазза бори дигар пирӯз шуд… Оё ҳамлаи ягонҳои вежаи “Исроил” бо ҳадафи рабудани як раҳбари аршади Ҳамос назири Ассинвор сурат гирифт? Чӣ чизе сарони “Исроил”-ро аз натоиҷи фоҷеабор ва ғайриқобили интизори ин ҳамла тарсондааст? Ожирҳои хатар ба садо даромада ва паноҳгоҳҳо муҷаддадан боз шуданд… Талафоти аввалия дар саффи ишғолгарон дар ҳоли афзоиш аст. Ин, нуқтае нуронӣ дар долони торики оддисозии аъроб аст.

Вақте утоқи амалиёти муштараки гурӯҳҳои муқовимат дар Ғазза тасмим мегирад ба ҷинояти режими ишғолгари саҳюнистӣ дар терури шаҳид Нур Барака посух бидиҳад, бо шиллики 200 мушак ба шаҳракҳои саҳюнистнишин дар наздикии марз бо Ғазза тасмим худро амалӣ мекунад; амалиёте, ки барои нахустин бор дар чанд моҳи гузашта бо захмӣ шудани даҳҳо шаҳракнишин ҳамроҳ шуд ва мақомоти расмии режими саҳюнистиро ба судури дастури бозгушоии паноҳгоҳҳо водор кард.

Бозуҳои муқовимат бе диранг ва ба шакле якпорча посух доданд. Ин режими “Исроил” буд, ки оташбасро нақз кард ва нерӯҳои вежаи худро ба як амалиёти намоишии ноком савқ дод, бинобар ин, бояд паёмадҳои кори худро бипазирад, чун муқовимати имрӯз бо дирӯз фарқ мекунад, муқовимати имрӯз қавитар аз гузашта аст ва сомонаҳои “Гунбади оҳанин”-е, ки милёрдҳо барои “Исроил” ҳазина бардоштанд, тақрибан дар баробари мушакҳои пешрафтатари муқовимат, нокоромад ҳастанд.

Алорағми ибҳоме, ки дар амалиёти низомии бомдоди душанбеи “Исроил” дар навори Ғазза вуҷуд дорад — амалиёте, ки бо кушта шудани як сарҳанги нерӯҳои вежаи “Исроил” ва шаҳодати ҳафт узви гурдонҳои Алқассом, шохаи низомии Ҳамос ҳамроҳ буд — чизе, ки возеҳ ба назар мерасад мизони тавсиъаи тавонмандии низомии муқовимати Фаластин дар ҳоли ҳозир аст; масъалае, ки сарони “Исроил”-ро аз иқдом барои ҳамла ба навори Ғазза боздоштааст, ба рағми ин ки таҳдидҳои мукарраре дар ин замина доштаанд.

* * *

Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири “Исроил” дар таъйиди ин воқеият шаффоф будааст. Воқеият ин аст, ки “Исроил” аз натоиҷи сангини моддӣ, инсонӣ ва равонии таҷовуз ба Ғазза ҳарос дорад, чаро ки Натонёҳу дар нишасте хабарӣ дар Порис гуфт: “Ман дар баробари ҷанги шадид ақиб наменишинам, аммо талош мекунам агар ҷанге зарурӣ набошад, аз он худдорӣ кунам.”

Тавсиъаи тавонмандии низомии муқовимат дар навори Ғаззаро метавон дар ду мавзӯи аслӣ расад кард:

1) Нахуст ин ки: ягони вежае, ки бо се дастгоҳи худрави ғайринизомӣ ба шарқи шаҳри Хонюнус дар навори Ғазза нуфуз кард, дар баробари нерӯҳои фаластинӣ, ки муваффақ ба шиносоии онҳо шуданд, натавонистанд муқовимат кунанд ва ба даргирӣ ва тирандозӣ мунҷар шуд, ки дар ҷараёни он як сарҳанги режими саҳюнисӣ кушта ва як низомии дигар захмӣ шуд. Аммо агар дахолати низомии ҳавоии “Исроил” анҷом нашуда буд, ки бо бомбборони ҳавоии шадиди ҳавопаймоҳои ҷангӣ, паҳподҳо ва болгардҳояшон ин ягонро аз Ғазза берун кашонд, талафоти инсонии онҳо бисёр бештар буд.

2) Дуввум ин ки: гурдонҳои Алқассом ба интиқоми амалиёти саҳюнистҳо, 200 мушак ба шаҳракҳои саҳюнистнишин воқеъ дар ҷануби сарзаминҳои ишғолӣ шиллик карданд ва “Гунбадҳои оҳанини Исроил” танҳо тавонистанд 60 мушакро соқит кунанд ва бақия ба аҳдофи манзур исобат карданд; мавзӯе, ки нигаронии аслии сарони сиёсӣ ва низомии “Исроил”-ро дар пай хоҳад дошт.

Аҳдофи ин амалиёти саҳюнистҳо ҳамчунон мубҳам аст. Мутмаиннан терури шаҳид Нуруддин Муҳаммад Салома Барака, яке аз фармондеҳони майдонии Алқассом, ҳадафи ин амалиёт набудааст; касе, ки ба гуфтаи сухангӯи Алқассом, дар ҳоле, ки бо ҳамроҳонаш ягони вежаи саҳюнистро таъқиб мекард, ба шаҳодат расид, бинобар ин, дар ин ҷо чанд эҳтимол матраҳ мешавад:

1) Нахустин эҳтимол ин аст, ки: ҳадафи аслии амалиёти “Исроил”, рабудани шахсияти баландпояе аз Ҳамос буда, ки бархе эҳтимол медиҳанд Яҳё Ассинвор, раҳбари Ҳамос дар Ғазза буда бошад, ки аз аҳолии минтақаи маҳалли амалиёти “Исроил” аст, ё як раҳбари дигари Ҳамос, то аз он ба унвони аҳруми фишоре бар Ҳамос дар музокироти табодули асирон истифода кунад;

2) Дуввумин эҳтимол, талош барои ҷамъоварии иттилоот ё озодии ду асири исроилии ҳозир назди Ҳамос ё ҷамъоварии иттилоот дар бораи онҳост;

3) Севвумин эҳтимол, тахриби тафоҳумҳое аст, ки то кунун миёни Ҳамос ва “Исроил” бо миёнҷигарии Миср ва Қатар барои дастёбӣ ба тавофуқи оташбас ҳосил шудааст. Ва назарияи дигар, аз муноқишаи дохили ниҳоди қудрати “Исроил” дар байни ҳомиёни ин тавофуқ ва мухолифони он хабар медиҳад.

* * *

Аммо амри қатъӣ ин аст, ки амалкарди қавӣ ва барҷастаи Фаластин дар бархӯрд бо ин амалиёт ва ноком гузоштани маъмурияти ин амалиёт, “Исроил” ва раҳбарони онро дучори тарсу ваҳшат кардааст, то ҷое, ки Натонёҳу сафари худ ба Порисро ниматамом гузошт ва фавран ба Телавив бозгашт ва нишасти фаврии кобинаи “Исроил”-ро баргузор кард.

Мардони муқовимат дар Ғазза, ки барои интиқоми шарофатмандона аз ишғолгарон муттаҳид шуданд, бори дигар ва барои ҳазорумин бор собит мекунанд, ки бар сари аҳду паймони худ ҳастанд ва барои муқобила бо ҳар таҷовузи “Исроил” аз омодабоши болое бархӯрдоранд ва ҳамзамон тавонмандии дифоъӣ ва ҳуҷумии худро тақвият мекунанд.

Ин як посухи қавӣ аз сӯи муҳимтарин узви меҳвари муқовимат яъне фаластиниҳо, ба ҳаҷмаи оддисозии расмии кишварҳои арабӣ бо режими ишғолгари “Исроил” буд ва ёдоварӣ кард, ки муқовимат ҳанӯз зинда ва қавӣ аст ва метавонад ҳамаи муодилотро барҳам бизанад.

“Муомилаи қарн” амалӣ нахоҳад шуд ва мардони муқовимат дар Фаластини ишғоли ҳанӯз бар аҳди худ ҳастанд; сулҳи иқтисодӣ ва инсонӣ онҳоро фиреб нахоҳад дод ва онҳо ба ҳамроҳи ҳамаи арабҳо ва мусулмонони сарбаланд қатори оддисозӣ бо ишғолгароне, ки дасташон ба хуни миллати Фаластин ва мудофеъони муқаддасоти исломӣ дар Қудси ишғолӣ оғишта аст, аз ҳаракат мутаваққиф хоҳанд кард.

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: