Перейти к содержимому

Арабистон: “Бале, ҷасади Хошуқҷӣ дар консулгарӣ тикка-тикка шуд!”

Додситонии Арабистони Саудӣ саранҷом эътироф кард, ки ҷасади Хошуқҷӣ дар консулгарии Арабистон тикка-тикка сипас ба берун интиқол дода шудааст.

Додситонии Арабистони Саудӣ имрӯз (панҷшанбе, 15 ноябр) дар баёнияе эълом кард: “Бар асоси иттилооти тими муштараки таҳқиқоти саудӣ-туркӣ ва таҳқиқоте, ки додситонӣ аз боздоштшудагон дар парвандаи Хошуқҷӣ, ки 21 нафар ҳастанд анҷом дод, 11 нафар муттаҳам шуда ва алайҳи онҳо кайфархост содир шуда ва ба додгоҳ ирҷоъ дода шудаанд ва таҳқиқот бо соири боздоштиҳо то равшан шудани нақшашон дар қатл идома дорад.”

Тибқи гузориши хабаргузории расмии Арабистон, дар ин баёния омадааст, ки додситонӣ хостори “қатли (эъдоми) омир ва муҷриёни ҷиноят шуда, ки теъдодашон 5 нафар аст” ва ҳамчунин хостори иҷрои ҳукми шаръӣ дар хусуси соири афрод шудааст.

Додситонии Арабистон дар ин баёния овардааст, ки аз Туркия дархост карда, ки далелҳо ва шавоҳид аз ҷумла асли ҳамаи фойлҳои савтии муртабит бо парвандаро дар ихтиёри тарафи саудӣ қарор бидиҳад.

Пас аз он ки Ҷамол Хошуқҷӣ, тибқи гузоришҳои хабарӣ, дар Туркия дар 2 октябри гузашта дар консулгарии Арабистон дар Истонбул кушта шуд ва манобеъи амниятӣ хабар доданд, ки тикка-тикка шудааст, Арабистон дар ибтидо ҳар гуна иттилоъ аз моҷароро такзиб кард ва вазири хориҷаи Арабистон муддаӣ шуд, ки Хошуқҷӣ аз консулгарӣ хориҷ шудааст, аммо чанд рӯз баъд ночор шуд таҳти фишори байналмилалӣ, ба кушта шудани Хошуқҷӣ дар консулгарӣ эътироф кунад.

Аҳмад Алъасирӣ

Сухангӯи додситонии Арабистон ҳамчунин дар конфронси хабарии имрӯз, тавзеҳоти такмилӣ дар ин хусус мунташир ва эълом кард, ки омири аслии ин парванда, ноиби раиси собиқи Созмони истихборот (Аҳмад Алъасирӣ) аст, ки дар 29 сентябр ба фармондеҳи маъмурият дастур дода буд, то Хошуқҷиро ба Арабистон бозгардонанд ва агар мутақоъид нашуд, бо зӯр бозгардонда шавад.

Сухангӯи додситонӣ дар идома тавзеҳ дод: “Як тими 15-нафара, барои маҳор ва бозгардондани шаҳрванди мазкур ташкил дод, ки шомили се гурӯҳ буд; гурӯҳи музокиракунанда, амниятӣ ва омодасозӣ. Фармондеҳи тим ба ноиби раиси собиқи истихборот (Аҳмад Алъасирӣ) пешниҳод карда, ки яке аз ҳамкорони собиқи ӯ ва мушовири собиқ (Сауд Алқаҳтонӣ) маъмур шавад, то риёсати тими музокиракунандаро қабул кунад, чун қурбониро аз қабл мешинохтааст.”

Сауд Алқаҳтонӣ

Ба гуфтаи сухангӯи додситонӣ, “ноиби раиси истихборот (Алъасирӣ) бо мушовир (Алқаҳтонӣ) тамос гирифта то як нафарро раиси тими музокиракунанда қарор бидиҳад. Мушовири собиқ низ пазируфта ва ҷаласаи муштарак бо фармондеҳи маъмурият баргузор кардааст.” Мушовир дар ин ҷаласа иттилооте аз Хошуқҷӣ дар ихтиёри тими саудӣ қарор дода ва ақида дошта, ки дастгоҳҳои иттилоотии хориҷӣ ӯро таҳти таъсир қарор додаанд ва ҳузури ӯ дар хориҷ аз Арабистон, хатаре барои амнияти миллии Арабистон буда ва муваффақият дар ин маъмурият, муваффақияти бузурге маҳсуб мешудааст.

Сухангӯи додситонӣ ҳатто масъулияти дахолати дастгоҳи пизишки қонуниро рад кард ва дар тавзеҳоти худ гуфт: “Фармондеҳи маъмурият бо мутахассиси умури ҷиноӣ тамос гирифта то агар мутавассил ба зӯр шуд, шавоҳидро пок кунад. Ин кор ба шакли фардӣ (худсарона) анҷом шуда бидуни он ки мутахассис дар ҷараён қарор бигирад.”

Ба гуфтаи ин масъули саудӣ, “фармондеҳи маъмурият бо як фарди маҳаллӣ дар Туркия тамос гирифта то агар ба зӯр мутавассил шуданд, макони амнро омода кунад.” Ӯ тавзеҳ дод, ки “раиси тими музокиракунанда баъд аз огоҳӣ аз вазъияти дохилии консулгарӣ дарёфта, ки агар музокира шикаст бихӯрад, интиқоли шахси қурбонӣ ба макони амн сахт хоҳад буд. Бинобар ин тасмим гирифт, ки агар музокира шикаст хӯрд, ӯро бикушанд ва ҳодиса саранҷом ба қатл мунтаҳӣ шуд.”

Сухангӯи додситонӣ дар бораи шеваи қатл низ тавзеҳ дод, ки дар таҳқиқот “ин иттилоъ ҳосил шуд, ки мушоҷира, даргирӣ, бастани дастҳо ва тазриқи миқдори зиёди моддаи беҳушкунанда рух дода, ки ба марги қурбонӣ мунҷар шудааст.”

Сухангӯи додситонӣ хабар аз боздошти омир ва муҷрии қатл дод ва гуфт: “Омир ва муҷриён, ки теъдодашон 5 нафар аст, шиносоӣ шуданд ва эътироф кардаанд. Ҷасади қурбонӣ баъд аз қатл, тикка-тикка шуда ва ба хориҷ аз сохтмони консулгарӣ интиқол дода шудааст. Касоне, ки ҷасадро ба хориҷ аз сохтмон мунтақил кардаанд, 5 нафаранд. Ва касе, ки ҷасадро ба фарди маҳаллӣ таҳвил дода, 1 нафар аст. Ҳамчунин тасвире тақрибӣ аз ҳамкори маҳаллӣ ба даст омада тибқи тавзеҳе, ки он як фард додааст.”

Ин мақоми саудӣ дар идома гуфт, касоне, ки либоси қурбониро пӯшида ва аз сохтмони консулгарӣ хориҷ шуда ва либосҳоро ба сатли ошғол андохтаанд, 2 нафаранд ва касе, ки дурбинҳои мадорбастаро аз кор андохта 1 нафар будааст ва касоне, ки ҳимоят кардаанд, 4 нафар буданд.

Сухангӯи додситонӣ дар поён муддаӣ шуд: “Фармондеҳи тими маъмурият бо гурӯҳи музокиракунанда ва раиси он, ки тасмими қатлро гирифтанд ва иҷро карданд, ба ин тавофуқ расиданд, ки гузориши дурӯғ ба ноиби раиси истихборот бидиҳанд ва бигӯянд, ки баъд аз шикасти амалиёти музокира ва бозгардондани ӯ бо зӯр, қурбонӣ аз сохтмони консулгарӣ хориҷ шудааст.”

* * *

Туркия: “Изҳороти Риёз дар бораи қатли Хошуқҷӣ кофӣ нест”

Мавлуд Човушуғлу, вазири хориҷаи Туркия

Дар ҳамин росто, Мавлуд Човушуғлу, вазири хориҷаи Туркия гуфт: “Аз назари мо, ин изҳорот мусбат буд, аммо кофӣ набуд. Тарафи саудӣ бояд ҷузъиёти таҳқиқоти худро бо дафтари додситонии Туркия ба иштирок бигузорад.”

Човушуғлу афзуд: “Мо медонем, ки ин қатл тарҳрезишуда буда ва ин хабарнигор кушта ва сипас ҷасадаш қитъа-қитъа шудааст.”

Вай гуфт: “Наҳваи кушта шудан ва нобуд кардани ҷасад низ тарҳрезишуда буда абзорҳои хоссе ба консулгарӣ бурда шуда буд.”

Човушуғлу таъкид кард: “Мазнунони дастгиршуда дар Арабистон бояд дар Туркия муҳокима шаванд, Онкори мехоҳад Риёз маълум кунад, ки чӣ касе 2 октябр дастури қатли Хошуқҷиро содир кардааст. Ман мехоҳам бигӯям, бархе изҳорот розикунанда набуд, ҳанӯз омири аслии қатл ва омилони аслӣ мушаххас нашудаанд. Раванди баррасӣ ва таҳқиқот набояд дар ин марҳила баста шавад.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: