Перейти к содержимому

Дилам ба ин миллат месӯзад

Ёддошти Ҳумайро Бахтиёр

Дилам барои ояндаи он миллате месӯзад, ки вазиру кабир, озодандешу хабарнигораш бо ҳар баҳонае, амалҳои ҳукумату раисиҷумҳурашро тавсиф мекунад!

Дилам ба ҳамон миллате месӯзад, ки мардумаш ҳатто дар ғурбат дар талоши шикасти ҳамдигар камар бастааст. Мудоме, ки тавони эътироз бар низом надорад, қасдашро аз ҳамватанонаш меситонад.

Дилам бар он муҳите месӯзад, ки аксари рӯшанфикрон ва намояндаҳои донишгоҳаш нақши – обсофкунакро иҷро мекунанд…

Ҳоло аз худ суол бикунем, ки ҳаст нафаре ё гурӯҳе, ки мавриди хашматон бошаду дар орзуи дидани шикасташ ҳастед?

Ҳаст шахсият ё гурӯҳе, ки огоҳонаву ноогоҳона барои сиёҳ карданаш камар мебандем?

Агар ҳа, пас мо ҳанӯз ба шинохти озодандешиву ҳамдигарфаҳмӣ нарасидаем. Агар мову шумо нарасида бошем, чӣ гуна дар мавриди Тоҷикистони озод ҳарф мезанем ё андеша дорем?

* дар кишваре, ки ҳаққу ҳуқуқ тибқи сарқонун таъмин намешаванд;

* дар кишваре, ки фасоди давлатӣ дар авҷ аст ва аслан мардумаш фасодро ҷузъе аз зиндагиву табиат қабул кардааст;

* дар кишваре, ки маъмурони қудратияш ҳокимияти мутлақ бар истибдоди мардум доранд;

* дар кишваре, ки уламояш, чӣ дунявиву чӣ мазҳабӣ, ҳарфи ҳукуматро таблиғ мекунанд;

* дар кишваре, ки расонаҳо баръало дурӯғ менависанд;

* дар кишваре, ки ҳукумат ба номус ва шарафи шаҳрвандон бепарда таҷовуз мекунад;

* дар кишваре, ки меъёри шинохти тероризму ифротгароӣ — саркашӣ аз тавсифи ҳукумат аст;

* дар кишваре, ки аъзои хонавода ба хотири ақидаи як нафар, ба шиддат шиканҷа мешаванд;

* дар кишваре, ҳама қатлу ваҳшонияту ҳаросро дидаву эҳсос мекунанд, аммо сухане намегӯянд, зеро, мунтазири замони муносиб барои интиқод ҳастанд.

Дар чунин авзоъ, тавсиф аз ҳар як кори «бузурги масъулин», ки вазифаи ҷониаш ҳаст, бозгӯи ғуломхӯӣ мебошад.

Мо ҳанӯз дар оғози роҳи озод андешидан нестем. Он роҳе, ки падидаҳои нахустинаш ин эҳтирому эътирофи дигарон аст, на худхоҳиву манфиатҷӯйӣ.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: