Перейти к содержимому

Роҳандозии петитсия барои ташкили як кумисиюни мустақил барои таҳқиқи қатли омми зиндониёни зиндони Хуҷанд

Фаъолони тоҷик додхосте (петитсия) дар сойти Change.org барои ташкили як кумисиюни мустақил барои таҳқиқи қатли омми зиндониёни зиндони шумораи 3 Хуҷанд, ки дар 7 ноябри соли ҷорӣ иттифоқ афтод, роҳ андохтаанд.

Матни ин додхост бад-ин шарҳ аст:

Дар шоми 7 ноябри соли 2018 дар Тоҷикистон, як рӯз пас аз ҷашни Рӯзи Конститутсия, яке аз хунинтарин ҷиноятҳо бар башарият дар замони мо сурат гирифт.

Дар колонияи низомаш сангини Хуҷанд (ИTK-3/3), тавассути нерӯҳои ОМОН-и Вазорати корҳои дохилӣ ва гурӯҳи “Алфа”-и вобаста ба Кумитаи давлатии амниятии миллии Тоҷикистон (КДАМ), қатли омми маҳбусони ғайримусаллаҳ анҷом гирифт.

Дар натиҷаи ин қатли омм, тибқи охирин гузоришҳо, камаш 53 нафар кушта ва 186 нафар захмӣ гардиданд.

Манбаъҳои номбарнашуда дар сохторҳои давлатӣ, ин қатли оммро чораандешии зарурӣ ҷиҳати саркӯби ошӯби зиндониён, “ором кардан”-и зиндониёне, ки ба нозирон ҳамла кардаанд мехонанд.

Дар ҳоле, ки ҳеч маълумоти дақиқ дар бораи захмиҳо ва тирхӯрдаҳои кормандони Вазорати адлия, ОМОН ва “Алфа” ба воситаи силоҳи гарм, вуҷуд надорад. Мутаассифона, ду нафар аз кормандони зиндон дар ин задухӯрд кушта шудаанд. Тибқи шаҳодати хешовандон, онҳо ба сабаби лату кӯб тавассути маҳбусон фавтидаанд.

Бар ҳамин асос, ин ҳодиса чизе нест ҷуз паррондани афроди ғайримусаллаҳ, ҷазои оммавии бидуни додгоҳ, истифодаи нодуруст ва ғайриқонунии қувва дар як кишвари қонунӣ.

Бо ин ҳол, то кунун (14 ноябр) ва пас аз гузаштани як ҳафта аз ин фоҷеа, ҳанӯз ҳеч манбаъи расмӣ ҳеч гуна шарҳу тавзеҳе дар бораи ин ҳодисаи хунин надодаанд. Иззатулло Шарифзода, сардори Раёсати зиндонҳои Тоҷикистон, пас аз ду рӯзи вуқӯи ин ҳодиса дар ниҳоди таҳти назараш, дар 9-уми ноябр дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ бо баҳонаи ин ки ӯ дар Душанбе будааст, гуфта, ки аз чизе хабар надорад ва аз шарҳи ҳодиса худдорӣ кардааст.
Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ гуфтааст: “Ин ҳодиса мавзӯе нест, ки шабакаҳои давлатӣ ба баррасии он рӯ оваранд.” Як мақоми дигари ҳукуматӣ, ки Радиои Озодӣ бо ӯ масъалаи хомӯшиии мақомотро матраҳ кардааст, гуфта: “Дар пеш ҳодисаи бисёр муҳим — оғози кори чархаи аввали нирӯгоҳи Роғун аст ва эълони ин ҳодисаи нохуш ба оғози кори ин таҳаввулоти таърихӣ соя меафканад.”

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, хабарҳо дар бораи истифодаи воҳидҳои вежаи вазоратҳои дигар дар саркӯб кардани ошӯбро рад намуда, гуфтааст, маҳбасҳо барои истифода дар чунин ҳолатҳо нирӯҳои вежаи худро доранд. (Радиои Озодӣ)

Кумитаи оид ба корҳои динӣ, дар навбати худ, мақолае дар вебсайташ мунташир карда, зимни эътироф ба ин қатли омм, онро тавҷеҳ намуда, навиштааст, ки ин маҳкумшудаҳо на ҳеч ҳуқуқе барои шаҳрванд номида шудан доранд ва на ҳуқуқе барои ҳаёт.

Хотиррасон мекунем, ки Тоҷикистон, ҳам ба мораторияи лағви ҳукми қатл пайвастааст ва ҳам ба “Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф”, ки бо қатъномаи 39/46 Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шуда ва 26 июни соли 1987 ба қувваи қонунӣ даромадааст. Аммо бо ин ҳол, шиканҷа ва таҳқири маҳбусон идома доранд ва ба як амали оддӣ ва рӯзмарра ва роиҷ дар зиндонҳои Тоҷикистон табдил гардида ва ҳатто бо ташвиқ ва фармони шахси Иззатулло Шарифзода, сардори Раёсати зиндонҳои Тоҷикистон ва бо огоҳии комили мақомоти радаи боло сурат мегиранд.

Комитети ҳуқуқи башари СММ низ ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия карда, то шиканҷаҳоро бас кунад ва маҳкумшудагони ғайриқонуниро дар навбати аввал Муҳаммалӣ Ҳаитов ва Зайд Саидовро озод намояд. Ҳукумат дархостҳои Созмони байналмилалии Салиби Сурх ва САҲА мабнӣ бар азназаргузаронии ҷойҳои ҳабс ва мулоқот бо маҳкумшудагонро чандин маротиба рад кардааст.

Тибқи гузориши манбаъҳои мустақил бо такя бар кормандони зиндон, ошӯб дар зиндони низомаш сангини рақми 3/3-и Хуҷанд (ИТК-3/3) дар натиҷаи поймол карда шудани ҳуқуқи маҳбусон, шиканҷа ва таҳқири онҳо аз ҷониби нозирон сурат гирифтааст. Маҳбусон, тибқи гузориши манбаъҳои гуногун, пас он ки яке аз онҳо урён карда шуда ва чанд соат зери борон нигоҳ дошта мешавад, ба нозирон ҳамла мекунанд.

Мо қотеъона талаб мекунем, ки рӯйхати пурраи кушташудаҳо ва захмиҳо мунташир карда шаванд. Мо мехоҳем бидонем, ки чӣ касе дастури қатли шаҳрвандони моро дода ва масъули ин ҷинояти зидди башарӣ мебошад.

Мо инчунин аз Прокуратураи генералии Тоҷикистон талаб менамеом, ки дар хусуси мавридҳои зерин парвандаи ҷиноятӣ оғоз кунад:

1) оид ба истифодаи шиканҷа нисбати шаҳрванди маҳкумшуда дар зиндони рақами 3/3 Хуҷанд (ИTK-3/3), ки боиси вокуниши шадиди маҳбусон шуд;

2) оид ба созмондиҳии ошӯб ва ҳамдастии кормандони ниҳодҳои қудратӣ, зеро қатъи қувваи барқ тибқи баъзе гузоришҳо, аз ҷониби маҳбусон сурат нагирифтааст;

3) оид ба додани ихтиёроти комил ба кормандони Вазорати адлия, Вазорати корҳои дохилӣ ва КДАМ;

4) оид ба қатли омми шаҳрвандони зиндонӣ, ки Конститутсия ва давлат онҳоро ҷиҳати ислоҳ баъд ҷиноятҳои содиркарда ё сордирнакардаашон, муҳофизат мекунад;

5) ва инчунин оид ба пинҳон кардани ин қатли омм.

Ҷасади кушташудаҳоро ба хешавондани онҳо бе он ки ба онҳо иҷозат диҳанд, ки баданро тафтиш кунанд ва тибқи расми мусулмонӣ ғуслу кафан намоянд, медиҳанд. Додани ҷасад ва дафни он таҳти назорати шадиди ниҳодҳои амниятӣ сурат мегирад.

Мо аз ҳукуматҳои давлатҳои демократӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, созмонҳои ҳуқуқи башарӣ даъват ба амал меоварем, ки таҳқиқот дар бораи қатли омми маҳбусон дар Тоҷикистонро шурӯъ кунанд ва аз ҳукумати Тоҷикистон талаб намоянд, то комисияе ҷиҳати таҳқиқ ва баррасии ин ҷинояти ҳавлнок бо иштироки Омбудсмен, дигар мақомоти давлатӣ, инчунин намояндагони созмонҳои ҳуқуқи башари Тоҷикистон ва байналмилалӣ, хешовандони қурбониҳо ва захмиҳо ва васоити ахбори омма ташкил намояд. Мақомоти Тоҷикистон бояд дар бораи сабабҳо, ҳолатҳо, гунаҳгорон ва муҷозошудаҳои ин қатли омми шаҳравандонамон, ҳисобот диҳанд.

Эътиқоди мо ин аст, ки давлатҳои демократӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ки барои ислоҳот дар зиндонҳо, Вазорати корҳои дохилӣ ва мустаҳкам кардани қувваҳои амниятӣ кӯмак мекунанд, кӯмакҳояшон на барои ҳуқуқвайронкуниҳои шаҳрвандӣ, шиканҷа ва қатли оммҳо дар Тоҷикистон аст. Сукут ва хомӯшии шумо дар муқобили ин ҷиноят, ҳамчун таъйид ва ташвиқи хушунат ва зӯроварӣ, ки ба шаҳрвандони мо ва кишварамон таҳдидҳои ҷиддиеро дар пай дорад, қабул хоҳад гардид.

Мо мехоҳем, ки дар як кишвари воқеан ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ зиндагӣ кунем, ки чунин зуҳуроте дар он ғайримумкин аст.

* * *

Азизоне, ки бо матни ин петитсия мувофиқанд, метавонанд дар ин ду ҷо имзои худро гузоранд:

1) Гузинаи русии петитсия.

2) Гузинаи тоҷикии петитсия.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: