Перейти к содержимому

Фалсафа чист // Ба баҳонаи Рӯзи ҷаҳонии фалсафа

Созмони илмӣ ва фарҳангии СММ (ЮНЕСКО) севвумин панҷшанбе аз моҳи ноябрро ҳар сола барои таҷлил аз андеша ва аҳаммияти он дар зиндагии башарӣ, Рӯзи ҷаҳонии фалсафа ном гузоштааст.

Ба ҳамин баҳона, ба манзури муаррифӣ ва баёни чистии фалсафа, матолибе аз китоби “Илм чист? Фаласафа чист?”, таълифи дуктур Абдулкарим Суруш, файласуфи муосири Эрон, ки ин китоб бо кӯшиши Маҳмудхон Бурҳонов талхис шудааст, барои азизони хонанда пешкаш мекунем.

* * *

Фалсафа аз ақсоми илм ба маънои васеъи он аст. Яъне навъе огоҳӣ аз ҷаҳон, аммо ин огоҳӣ бо огоҳие, ки аз тариқи ҳиссу таҷрибаи мустақим ба даст меояд, фарқ мекунад. Ба ҳамин сабаб, фалсафа дар баробари илм ба маънои хосси он (яъне илми таҷрибӣ) қарор мегирад.

* * *

Корбурдҳои вожаи фалсафа

а) Фалсафа ба маънои омм:

Аз замонҳои қадим, калимаи фалсафаро тақрибан мутародиф бо илм ба кор мебурданд. Нютон, Коплер ва Голилей ковишҳои илмии худро дар қаламрави “фалсафаи табиӣ” медонистанд; ҳамон ки мо имрӯз “улуми физик” мехонем. Ҳанӯз ҳам бахшҳое дар баъзе донишгоҳҳо вуҷуд дорад, ки номашон “бахши тадриси фалсафаи табиӣ“ аст ва манзур аз он, таълими улуми табиӣ мебошад.

Фалсафа назди Арасту бар ду қисм буд: ҳикмати назарӣ ва ҳикмати амалӣ. Ҳикмати назарӣ худ се қисмат дошт:

1- ҳикмати табиӣ;

2- ҳикмати риёзӣ;

3- ҳикмати мобаъди табиӣ.

Ва ҳикмати амалӣ ҳам се бахш дошт:

1- ахлоқ;

2- тадбири манзил;

3- кишвардорӣ (яъне илми сиёсат).

Ин маънои омми калимаи фалсафа аст.

* * *

б) Фалсафа ба маънои хосс (метафизика):

Фалсафа ба маънои хосс, фақат бар “ҳикмати мобаъдитабиӣ” ба кор меравад, ки дар забонҳои ғарбӣ “метафизика” номида мешавад. Дар ҳақиқат, ҳамин бахш буд, ки рушди бисёр ёфт ва файласуфон ҳар ҷо калимаи фалсафаро бидуни қайд ба кор мебурданд, ҳамин “ҳикмати мобаъди табиат”-ро манзур доштанд. Файласуф касе буд, ки мобаъди табиатро ба хубӣ бидонад, яъне файласуф будан ва ҳаким номида шудан, ба хотири риёзидон будан ва ё физикдон будани касе набуд, балки ба хотири огоҳии ӯ бар мобаъди табиат буд.

Инки мегӯянд, улуми таҷрибӣ тадриҷан аз фалсафа ҷудо шудаанд ва истиқлол ёфтаанд, бисёр сухани гумроҳкунанда аст; зеро агар манзур аз фалсафа, фалсафа ба маънои омми он бошад, улум ҳанӯз ҳам ҷузъе аз фалсафаанд, яъне фалсафа номест барои ҳамаи огоҳиҳои башар, аз ҷумла улуми таҷрибӣ. Ва агар манзур аз он, фалсафа ба маънои хосси он бошад, яъне мобаъди табиат, дар ин сурат, улуми таҷрибӣ ҳеч гоҳ ҷузъе аз он набудаанд, то аз он ҷудо шаванд ва истиқлол ёбанд.

Бинобар ин, вақте фалсафаро дар баробари илми таҷрибӣ қарор медиҳем, манзур ҳамон дониши мобаъди табиат аст; вагарна фалсафа ба маънои омми он баробар аст бо илм ба маънои аввал, яъне мутлақи дониши башарӣ.

* * *

в) Фалсафа ба маънои илми илм:

Вожаи фалсафа имрӯз дар фарҳанги ғарбиён як корбурди дигаре ҳам дорад. Имрӯза донишҳое чун фалсафаи таърих, фалсафаи ахлоқ, фалсафаи забон ва ғайра ба вуҷуд омадааст. Дар ин маворид, бояд бо диққат ба маънои ин вожа ва корбурдҳои он таваҷҷӯҳ дошт.

Фалсафа дар ин корбурд, ба маънои “илми илм” аст. Масалан, физика илмест, ки аз таҳаввулоти модда ва энержӣ ва робитаҳои ҷирм, нерӯ, шитоб, фишор, ҳаҷм ва ғайра сӯҳбат мекунад, яъне воқеияте, ки дар физика мавриди таҳқиқ аст, табиати хориҷӣ мебошад. Баъд аз ин ки мо аз табиати хориҷӣ огоҳӣ ба даст овардем ва дониши физика таваллуд ёфт, ҳол худи ин дониши физика ба унвони як мавзӯи мустақил, мавриди мутолеа қарор мегирад. Яъне аз чигунагии таҳаввул ва рушди илми физика, аз абзор ва равиши таҳқиқ дар он, аз навъи теорияҳои он, аз дараҷаи воқеънамоии он, аз робитаҳои қонунҳои он ва ғайра суол мекунанд ва ба дунболи посух мегарданд. Ин ҷост, ки “фалсафаи илми физика” ба вуҷуд меояд. Пас, фалсафаи илми физика илмест, ки дар он, худи илми физика мавзӯи таҳқиқу баррасӣ қарор мегирад.

Фалсафаи илми физика ва илми физика ду дониши рақиби ҳам нестанд, ки бо омадани яке, аз арзиши дигарӣ коста шавад, балки он ду дар тӯли ҳаманд, на дар арзи ҳам. Ҳамчунин аст илми таърих ва фалсафаи илми таърих. Илми таърих илм ба ҳодисаҳои гузашта ва таҳлилу нақди он аст, аммо фалсафаи илми таърих илмест, ки дар он аз чигунагӣ, тавоноӣ, марзҳои илми таърих, қонунманд будан ё набудани таърих ва монанди он сухан меравад. Суолоте, ки дар илми таърих матраҳ аст, аз ин қабил аст: масалан Инқилоби Кабири Фаронса чӣ гуна сурат гирифт? Иллатҳояш чӣ буд? Ба чӣ натиҷаҳое мунҷар шуд? Таъсири он ба санъат чӣ буд? Дар сиёсат чӣ таъсире дошт? Чӣ таъсире бар кишварҳои дигар дошт ва ғайра?

Аммо пурсишҳое, ки дар фалсафаи илми таърих матраҳ аст, аз ин қабил мебошад: чӣ гуна метавон дар таърих пешбинӣ кард? Оё илми таърих, як илми таҷрибӣ аст? Оё равиши таҳқиқ дар таърих, равиши таҷрибӣ аст? Оё метавон барои таърих қонунҳои куллӣ ва собит қоил шуд ва монанди он?

Ба хубӣ метавон дид, ки навъи пурсишҳо дар илми таърих ва фалсафаи илми таърих бо ҳам фарқ мекунад. Дар илми таърих, пурсишҳо нозир ба ҳаводиси хориҷианд, яъне худи руйдодҳои таърихӣ, вале дар фалсафаи илми таърих суолҳо нозир ба илмест ба номи илми таърих.

Дар ин корбурд дар воқеъ фаслафа таркибест аз мантиқ ва равишшиносӣ (методология) ва ба ҳеч ваҷҳ бо фалсафа ба маънои мобаъди табиат ё фалсафа ба маънои васеъи огоҳӣ шабоҳате надорад ва ин ду корбурд ҳаргиз набояд ба як маъно гирифта шавад.

* * *

Мавзӯъи фалсафа (метафизика)

Фалсафа ба маънои хосс, яъне ҳамон мобаъди табиат, маърифатест, ки дар он аз ин ё он мавҷуди хосс баҳс намешавад, яъне сифатҳо, вежагиҳо ва ҳолатҳои хосси мавҷудот ва ё дастае аз сифатҳои хосси мавҷудот мавриди ковишу баррасӣ қарор намегирад; балки мобаъди табиат маърифатест, ки аз худи “будан” ва аҳкому лозимаҳои он гуфтугӯ мекунад. Ба сухани дигар, мобаъди табиат ё ҳамон метафизика, яъне ҳастишиносӣ (онтология).

Метафизика на инсоншиносӣ аст, на ҷонваршиносӣ, на гиёҳшиносӣ, на ситорашиносӣ ва на ҳатто Худошиносӣ ва монанди он; балки метафизика нигарише аст ба ҳастӣ пеш аз он ки дар қолабе рехта шавад. Ҷонваршиносӣ илмест мутаъаллиқ ба ҷонварон, яъне ҳастиҳои ҷондор, ҳар чӣ берун аз ҷондор бимонад, аз ҷонваршиносӣ ҳам берун мемонад. Гиёҳшиносӣ низ ба ғайри гиёҳон намепардозад, ҳамчунин ҳар илми дигар. Ҳеч кадом аз ин улум, ба худи “ҳастӣ” намепардозад, балки бо ҳастиҳои хосс ва қолабгирифта сару кор дорад. Вақте ҳастӣ ҷомаи гиёҳ мепӯшад, гиёҳшинос ба суроғаш меравад, вақте ҷомаи булӯр ба тан мекунад, булӯршинос ба он мепардозад, вақте ҳам ки шакли адад пайдо кунад, риёзидон аз он сухан мекунад.

Аммо ҳанӯз “ҳастӣ” ҷомае бар тан накарда бошад ва урёну беранг, озод аз ҳар қолабу шакле дар назар гирифта шавад, чӣ касе аз он хабар хоҳад гирифт ва чӣ касе аз он сухан хоҳад кард? Файласуф ва метафизик.

Гиёҳшинос аз сифатҳо ва вежагиҳои гиёҳон ва қонунҳои ҳоким бар рушду рафтори он ковиш мекунад, ва риёзидон аз ададҳо ва муъодилот ва шаклҳои ҳандасӣ ва робитаҳои гуногуни шаклҳо ва ададҳо ҷустуҷӯ мекунад. Файласуф ва ҳастишинос ҳам, дар аҳком ва вежагиҳои “ҳастӣ” таҳқиқу таъаммул мекунад ва ба ёфтан ва табйини онҳо мепардозад.

Аз ин рӯ, мавзӯи маърифати фалсафа ва мобаъди табиат “ҳастии мутлақ” аст; чунон ки масалан мавзӯи шимӣ “аносур” (элементҳо) ва мавзӯи зистшиносӣ “мавҷуди ҷондор” аст.

* * *

Аз тавзеҳоти боло ду нуктаи муҳим ва гаронбаҳо равшан мешавад:

1) Мобаъди табиат ё метафизика маърифат аст, на ҷаҳон, яъне мобаъди табиат ба маънои ҷаҳоне бартар аз табиат нест ва ё моварои табиат нест, ҳамон тавре ки баъзе пиндоштаанд. Мобаъди табиат донише аст, ки аз манзари баланд маҷмӯи ҳастиро наззора мекунад ва дар ин наззора пастиҳоеро мебинад ва мешиносад ва қуллаҳову доманаҳои ҳастиро шиносоӣ мекунад ва робитаҳо ва аҳкоми онҳоро тавсифу тафсир мекунад.

2) Мобаъди табиат ба таври яксон, ҳам ба мавҷудоти маҳсус ва табиӣ таъаллуқ мегирад, ҳам ба мавҷудоти номаҳсус ва моварои табиӣ. Мобаъди табиат мунҳасир ба дониши шинохти мавҷудоти моварои табиӣ наст, балки чун ба маҷмӯи ҳастӣ таъаллуқ дорад ва аҳкоми вуҷудро шиносоӣ мекунад, ҳар ҷо пойи ҳастӣ боз шавад ва вуҷуд ҳар ҷома ва қолабе ба худ бигирад ва ба ҳар сурате таҷаллӣ намояд (холиқ ё махлуқ, иллат ё маълул, табиӣ ё моварои табиӣ, ҳодис ё қадим, инсон ё ҷамод, фаришта ё ҳайвон, замон, макон, басит, мураккаб, билқувва, билфеъл, собит, мутағайир ва дигару дигар) мобаъди табиат дар он ҷо сухан ва ҳукме дорад.

Сухани Ибни Сино (раҳматуллоҳ алайҳ) дар китоби “Шифо” дар ин маврид бисёр равшангар аст. Ӯ мегӯяд, ба ин маърифат (яъне мобаъди табиат), ҳам дониши “моқабли табиат” метавон гуфт ва ҳам “мобаъди табиат”. Моқабли табиат аст, ба ин хотир, ки ба ҳастӣ таъаллуқ мегирад вақте ки озод аз қайди табиист. Ва мобаъди табиат аст ба хотири ин ки донишомӯз барои шинохтани ҳастӣ, ибтидо аз шинохти табиат оғоз мекунад ва пас аз омодагии зеҳнӣ ва ошноӣ бо ҳастиҳои табиат, ба шинохти ҳастии урён мепардозад.

Аз ин рӯ, дар ҳамин ҷаҳони маҳсус ва табиӣ ва дар бораи ҳар падидаи моддӣ ду гуна тавсиф ва тафсир метавон дошт: яке тафсири илмӣ, дигарӣ тафсири метафизикӣ.

Тафсири илмӣ ба хусусиёти падида дар дохили марзҳои хосси он мепардозад, дар ҳоле ки тафсири метафизикӣ ба тафсири ҳамон падида аз назари ҷойгоҳи он дар маҷмӯи ҳастӣ ва аз назари ин ки дар он падидаи хосс бар бистари ҳастӣ чӣ мегузарад, мепардозад.

Инак, ошкор мешавад, ки фалсафа ва илми таҷрибӣ ду маърифатанд, ки рақиби якдигар нестанд, балки дар тӯли ҳаманд. Фалсафа зидди илм нест, балки ёвари илм аст ва масоили фалсафӣ на зидди илманд ва на фақат мутаъаллиқ ба мавҷудоти берун аз ин ҷаҳон. Ин ду маърифат яке дар шиками дигарист. Маърифати илмӣ дар шиками маърифати метафизикӣ қарор мегирад.

Инки умуман моддигароён метафизикро душмани илм медонанд ва баъзе аз онон барои беэътибор кардани сухане, ба он лақаби метафизикӣ медиҳанд, матлабест, ки дар диёри ҳақиқат ҷойгоҳ ва арзише барои он намениҳанд.

* * *

Муҳтавои фалсафа

Ҳол бояд дид, метафизика аз чӣ роҳе ва бар асоси чӣ пояҳое, ҳастиро тавсифу тафсир мекунад. Инҷо лозим аст нигоҳи кӯтоҳе ба сохтмони маърифати башарӣ биандозем.

Ҳар маърифат дастгоҳе аст аз тақсимбандиҳо ва зикри робитаҳои мобайни бахшҳои ин дастгоҳ. Масалан: дар шимӣ ҳамаи маводдро ба моддаи содда ва мураккаб тақсим мекунанд, мураккабҳо ҳам худ аз моддаҳои содда сохта мешаванд, моддаҳои содда (унсурҳо) низ ба навбати худ ба саду чанд унсур тақсим мешаванд, байни ин тақсимоти гуногун робитаҳое барқарор аст. Шинохтани робитаҳои мобайни ин тақсимот қонунҳои шимиро меомӯзонад.

Вақте мо бо ҷаҳон, бо таърих, бо инсон ва ғайра, ки тӯдаҳои парокандае аз воқеиятҳо ва ҳодисаҳо ва нерӯҳо ҳастанд рӯ ба рӯ мешавем, агар натавонем ба кӯмаки тақсимбандиҳои гуногун аҷзо ва аъзои мухталифи онҳоро аз ҳам ҷудо кунем ва ҳукми ҳар якро ба даст оварем, то абад дар ҳайрат ва зулмат боқӣ хоҳем монд. Ин тақсимбандиҳо (класификатция) оғози илм, ҳамроҳи илм ва ҳадафи илм аст. Дар ҳар маърифате аз тақсимбандиҳое шурӯъ мекунем ва дар охир ҳам ба тақсимбандиҳои дигаре даст меёбем. Ҳар маърифат то ҷое пеш меравад, ки битавонад табақабандӣ ва тақсимбандии наве нишон диҳад ва ҳамин ки аз ин кор оҷиз монд, аз рушд низ боз истодааст.

Барои ҳамин, метафизика ҳам, ки як низоми маърифатӣ аст, устухонбандии он бар асоси як дастгоҳи муназзам тақсимбандӣ мешавад. Тафовути метафизика бо илми таҷрибӣ дар қаламрави тақсимбандии онҳост. Метафизика дар маҷмӯи ҳастӣ даст ба табақабандӣ мезанад, дар ҳоле ки илми таҷрибӣ дар қаламрави маҳсусоти таҷрибапазир тақсимбандӣ мекунад. Метафизика ҳастии урёну беқайдро ба иллиату маълул, воҷибу мумкин, ҷавҳару араз, воҳиду касир, айну зеҳн, билфеълу билқувва, моддаву ғайри модда тақсим мекунад. Илми таҷрибӣ ҳастиҳои маҳсус ва моддиро ба мавҷу зарра, мусбату манфӣ, ҷирму энержӣ, гозу мойеъу ҷомид, соддаву мураккаб, атому молекула ва ғайра тақсим мекунад.

Қонунҳои илмӣ қазияҳои куллӣ ҳастанд, ки робитаҳои каммӣ ё кайфии тақсимоти мухталифро баён мекунанд, масалан, робитаи ҷирм ва энержӣ ва табдили ин ду ба якдигар ва ё ҳамроҳии зарра бо мавҷи хосс, намунаҳое аз қонуни илмӣ аст. Қонунҳои метафизикӣ робитаҳои кайфии (на каммӣ) тақсимоти мухталифи дастгоҳи метафизикро табйин мекунанд, қонунҳои зер намунае аз қавонини метафизикаанд:

Ҳамеша ҳузури иллати томм, пайдоиши маълулро боис мешавад.

Ҳамеша вуҷуди ҳар маълуле вобаста ба иллати хосси худаш аст.

Ҳеч амре, ки тамоман билқувва бошад, вуҷуди мустақил пайдо нахоҳад кард.

Ҳаргиз аз як шайъи холис, ду намуна вуҷуд нахоҳад дошт.

Ҳеч мавҷуди ғайримоддӣ, машмули замон нест.

Ҳамон тавре ки мебинед, метафизика як дастгоҳи маърифатӣ аст, ҳамон қадре ки илми таҷрибӣ як дастгоҳи маърифатист. Аз назари маърифат будан, байни ин ду тафовуте нест, тафовути онҳо дар қаламрави онҳо ва дар равиш ва ҳадафи онҳост.

Қаламрави фалсафа ва метафизика маҷмӯи ҳастӣ аст вақте ки ҳастиро урёну бе омехтагӣ дар назар бигирем. Равиши фалсафа равиши таъаққулӣ ва мантиқӣ аст, на равиши таҷрибӣ. Роҳе, ки як файласуф мепаймояд, чунин аст, ки аз тани падидаҳо ҷомаҳои хосси онҳоро барканад ва решаи ҳамаи намудҳоро дар асли ҳастӣ ҷустуҷӯ кунад. Ба сухани дигар, кори файласуф ин аст, ки тақсимбандиҳои танги илмӣ ва ҳиссиро пора кунад ва ба фарохтарин тақсимбандиҳои мумкин даст ёбад, ки чизе аз он берун намонад.

Масалан: гарм шудани об падидаест дарбардорандаи тағйири ҳолат, пухтани себи хом низ падидаест дар тағйири ҳолат, парвози тир низ падидаест дарбардорандаи тағйири макон. Ҳар як аз ин падидаҳо, дар илм ҷойи хоссе доранд. Аввалиро физик ва термодинамик баррасӣ мекунанд, дуввумиро дар шимӣ ва биошимӣ ва севвумиро дар меконик.

Аммо агар вежагиҳои ин падидаҳоро як сӯ гузорем ва таваҷҷӯҳ кунем, ки дар ҳамаи ин маворид тағйир рух медиҳад ва он гоҳ аз худ бипурсем, ки тағйир агар мутаъаллиқ ба вуҷуд шавад, чӣ ҳукме хоҳад ёфт? Асосан ин тасаввур саҳеҳ аст, ки ҳастӣ дигаргунӣ пазирад? Ин ҷост, ки ковиши фалсафӣ мекунем, таъаллуқи тағйир ба об ё себ ва масофати парвози тир, умуре ҳастанд, ки табйини онҳо бар ӯҳдаи илми таҷрибӣ аст. Аммо таъаллуқи тағйир ба “ҳастӣ” пеш аз ин ки либоси себ ё об ё ҷисми мутаҳаррик бар тан кунад, амрест, ки тавзеҳаш шаън ва кори фалсафа аст.

Бинобар ин, файласуф аз ҳар амре то онҷо решаёбӣ мекунад, ки ба вуҷуди урён мунтаҳӣ шавад ва ҳукмашро дар ин паҳнои фарох ба даст биёрад.

Сармо дар баробари гармо, хомӣ дар баробари пухтагӣ ва ҳаракат дар баробари сукун, намунае аз тақсимбандиҳои илмианд. Аммо тағйир дар баробари субот, як тақсимбандии фалсафӣ аст, ки аз ҳамаи тақсимбандиҳои илмии боло фарохтар ва фарогиртар аст. Суботу тағйир ду сифатанд, ки ба тамоми мавҷудияти падида мутаъаллиқ мешаванд, яъне як мавҷуди мутағаййир (бо мафҳуми фалсафӣ) саропо мутағаййир аст ва як мавҷуди собит саропо собит аст. Суботу тағйир вақте ба мафҳуми фалсафӣ ба кор мераванд, ба сурати сифате дар канори сифатҳои дигари падида қарор намегиранд, балки нишондиҳандаи ҳамаи ҳувияти шайъанд.

Аз ин рӯст, ки мегӯем, тақсимоти фалсафӣ, ки ба равиши таъаққулӣ ба даст меояд, чунон густарда ва фарогиранд, ки ҳеч ҷанба аз ҷанбаҳои шайъ аз он берун намемонад.

Ба таври хулоса, равиши метафизикӣ бар ин мубтанӣ аст, ки сифатҳои падидаҳои хоссро дар назар гирад ва бибинад, оё онҳо аз вежагии падида бармехезанд, монанди туршӣ ва ширинӣ ва ё метавонанд ба худи ҳастӣ ҳам мутаъаллиқ шаванд? Ва агар ба ҳастӣ мутаъаллиқ шуданд, чӣ чеҳрае аз ҳастӣ нишон хоҳанд дод?

Натиҷаи суханони фавқ ин аст, ки фалсафа ва илми таҷрибӣ ду маърифатанд, бо ду равиш ва ду ҳадаф. Фалсафа он гуна ки ҷамъе ҷоҳил гумон кардаанд, илми ноқис нест. Фалсафа даврони кӯдакии илм нест ва илм даврони булуғи ин кӯдак намебошад. Ин ду маърифат аз ҳам мустақил ҳастанд, ба маънои ин ки набояд яке аз ин дуро мартабаи поинтари дигарӣ пиндошт.

* * *

Оё метавон аз фалсафа бениёз буд?

Ҳақиқат ин аст, ки ҳеч касро аз ба кор гирифтани навъе фалсафа дар гуфторҳо ва довариҳо гурезе нест. Худи ҳамин суолро, ки аз бениёзӣ аз фалсафа мепурсад, таҳлил кунем. Бениёзӣ яъне чӣ? Ниёз чист? Куҷо чизеро ба чизи дигаре ниёзманд медонем ва куҷо онро бениёз? Гунаҳои ниёзмандиҳо кадоманд? Оё ду мафҳум, ки ба ҳам ниёзманданд, ниёзашон монанди ду мавҷуди хориҷӣ аст? Оё байни ду мавҷуд, ки яке ниёзманд ба дигарист, робитаи тавлид барқарор аст?

Равшан аст, ки посух ба ин суол муяссар нест, магар ин ки суолоти дигарро посух диҳем ва рӯшан кунем, ки ниёз чист ва чӣ гуна робитаест? Ҳамин матлаб худаш як амри метафизикист ва дарбардорандаи ковишест дар бораи робитаи ҳастиҳо ба таври куллӣ, ки яке аз он робитаҳо шакли ниёз ба худ мегирад. Яъне, чӣ бихоҳем бениёзӣ аз фалсафаро исбот кунем ва чӣ бихоҳем онро инкор кунем, дар ҳар ду сурат мӯҳтоҷ ба фалсафа ҳастем.

Ин ҷост, ки сухани Арасту ба дил менишинад, ки гуфт: “Агар бояд файласуфӣ кард, бояд файласуфӣ кард, ва агар набояд файласуфӣ кард, боз бояд файласуфӣ кард.” Яъне радди фалсафа ҳам фақат бо фалсафа имкон дорад.

* * *

Масоили муҳимми фалсафӣ

Гуфтем, ки вақте ҷомаҳои махсуси падидаҳоро бармеканем ва решаи сифатеро дар ҳастии холис ва урён ҷустуҷӯ мекунем, машғули ковиши фалсафӣ шудаем. Аз падидаҳои табиӣ чӣ мебинем? Мебинем, ки баргҳо зард мешаванд, ҷавонҳо пир мешаванд, чӯбҳо месӯзанд ва хокистар мешаванд (таҳаввул).

Мебинем, ки бе оташ обро наметавон гарм кард, бе ғизо зиндагӣ наметавон кард, бе нерӯ дарро боз наметавон кард (вобастагӣ).

Мебинем, ки бо буридани як қитъа чӯб, ду қитъа хоҳем дошт, барои рафтан ба бом чандин пилларо мепаймоем (таъаддуд — чандтоӣ).

Мебинем, ки ҳам санг ҳаст, ҳам чӯб, ҳам тилло ва ҳам мис ва ҳам алкул, ҳам инсон ва ҳам ҳайвон (танаввуъ — чандгунагӣ).

Мебинем, ки санг вуҷуд дорад, об вуҷуд дорад, замин вуҷуд дорад, осмон вуҷуд дорад, фикри мо вуҷуд дорад (вуҷуд — будан).

Саккуи париши метафизика ҳамин падидаҳои табиист, аммо фаротар аз он меравад ва авҷ мегирад. Дар метафизика аз сангу чӯбу тиллову мис ба таври хосс сухан намеравад, аммо вақте аз таҳаввул ё танаввуъ, аз он назар, ки ба ҳастӣ таъаллуқ мегирад сухан мегӯем, аҳкоми ҳосил аз он, ба ҳама чиз аз ҷумла сангу чӯб ҳам таъаллуқ мегирад.

Дар падидаҳои табиӣ танаввуъ дида мешавад, вобастагии падидае ба падидаи дигар дида мешавад, таҳаввул ёфт мешавад, вуҷуди воқеӣ дарк мегардад. Бо дидани ин падидаҳо, суолҳои як файласуф ин гуна аст: вуҷуд чӣ гуна чизест, ки метавонад дар мартабае пазирои таҳаввул шавад?

Чӣ гуна танаввуъ бар вуҷуд ориз мегардад?

Решаи танаввуъ ва таъаддуд чист?

Оё метавон минтақаеро дар ҳастӣ пайдо кард, ки дар он танаввуъ ва таъаддуд набошад?

Вобастагии ду мавҷуд ба ҳам, чӣ маъние дорад?

Иллият оё дар мутлақи ҳастӣ ҷорист?

Вуҷуди маълул чӣ гуна вуҷудест, ки ниёзманди иллат шуда аст?

Чаро маълул наметавонад бидуни иллат ба вуҷуд биёяд?

Асосан вуҷуд худаш чист?

Чаро ба ҷойи ин ки чизе набошад, чизе ҳаст?

Чаро ҷаҳон холӣ нест?

Чӣ шуда, ки ҳастиҳо зуҳур кардаанд?

Маншаи ин ҳастиву зуҳур куҷост?

Оё асосан метавон маншаи ҳастиро пайдо кард?

Оё асосан лозим аст, ки ҳастӣ маншаъ ва мабдаъ дошта бошад?

Оё ҳастӣ ҳар ҷо ёфт шавад, каммиятпазир аст, ё каммият махсуси дастае аз ҳастиҳост?

Дар ин сурат хусусияти ин дастаи хосс чист?

Оё маълумоти мо худ навъе вуҷуд нестанд?

Чи навъе аз вуҷуд?

Тафовуташон бо мавҷутоти дигар чист?

Чӣ шуда, ки як мавҷуд аз ҷинси огоҳист ва мавҷудоти дигар чунин нестанд?

Оё ҳар мавҷуде, ки аз ҷинси огоҳӣ бошад, лузуман дар зеҳн аст, ё дар хориҷ аз зеҳн ҳам метавон чунон мавҷудотеро ёфт?

Оё асосан ҳастӣ ҳамеша дар ҷомаи модда зуҳур мекунад, ё метавон мавҷуди ғайри моддӣ ҳам пайдо кард?

Ин суолҳо ва даҳҳо суоли аз ин қабил, навъи суолҳои фалсафиро равшан месозанд, барои посух ба тамоми ин суолҳо саъй мешавад, ки аҳком ва хислатҳои худи ҳастӣ ёфт шавад ва бар мабнои онҳо қазоват сурат гирад.

Масалан: дар посух ба ин суоли муҳим, ки чаро ба ҷойи ин ки чизе набошад, чизе ҳаст?, кӯшиш мешавад, ки парда аз рози ҳастӣ бардоранд, ки оё ҳастӣ худ ба худ фаварон мекунад ва ё фавворае дорад? Агар ин сифати аслии ҳастӣ кашф шавад, посухи он пурсиш ёфт хоҳад шуд.

Дар посух ба суоли муҳимми моддӣ будани ҳамаи ҳастӣ ё набудани он, ибтидо бояд равшан гардад, ки оё иқтизои вуҷуд моддӣ будан аст ва ё ин ки ҳастӣ фақат дар мартабае аз маротиби худ ҷомаи моддият мепушад? Бар ҳамин минвол аст ҳалли соири пурсишҳо ва кашфи ҷавоби онҳо.

* * *

Масоили муҳимми метафизикиро инак метавон ҳадс зад кадоманд:

1) Маншаи ҳастӣ (Худованд);

2) Ғояти ҳастӣ;

3) Қаламравҳои ҳастӣ (модда ва моварои модда);

4) Решаи таҳаввулпазирӣ (ҳаракати ҷавҳарӣ);

5) Решаи танаввуъ (маротиби ҳастӣ, ташкик дар ҳастӣ, иллият, ҷавҳару араз, ваҳдату касрат);

6) Иллият (иллату маълул, воҷибу мумкин);

7) Вуҷуд (асолати вуҷуд, асолати моҳият, пучгароӣ, воқеъгароӣ);

8) Ҳақиқат (дуруст, нодуруст, огоҳӣ, идрок, вуҷуди зеҳнӣ);

9) Табиати модда ва ҷисм (қувва, феъл, моддатул-мавод, миқдор);

10) Иртиботи бахшҳои мухталифи ҳастӣ (руҳу ҷисм, Худо ва ҷаҳон, имкони ашраф, ваҳй, илҳом, ирода ва феъл).

* * *

Иртиботи илм ва фалсафа

1) Аввалин сухан ин аст, ки ин иртибот тӯлӣ аст, на арзӣ, яъне метафизика фарохтар аз илми таҷрибӣ аст ва минтақаи илм тамоман дар дохили минтақаи мобаъди табиат қарор мегирад. Ба сухани дигар, тақсимбандиҳои метафизика чунон фарох аст, ки ҳамаи тақсимбандиҳои илмро дарбар мегирад, на баръакс. Боз ҳам бояд таъкид кард, ки аҳкоми метафизикӣ нозир ба ҳамаи ҳастианд. Ба ҳамин лиҳоз аҳкоми илмиро наметавон аз аҳкоми метафизикӣ ба даст овард. Барои мисол: агар хусусиятҳои марбут ба ҳандаса (геометрия)-ро баён кунем, сарфи назар аз чандкунҷа будан ё мунҳанӣ (кривая) будан, ин хусусиятҳои ҳандаса барои шакли чоркунҷа содиқ хоҳад буд, ҳамон гуна ки барои секунҷа ва шаклҳои дигар ҳам содиқ аст. Агар ҳар мавҷудеро шакли хоссе дар сатҳи ҳастӣ бидонем, метафизика масоҳати ин сатҳ ва хусусиятҳои онро медиҳад ва ба ҳеч ваҷҳ ба маҳдудаи он шакл кор надорад.

2) Нукта дуввум ин ки қонунҳои илмӣ ба кори метафизика меоянд. Яъне метафизика онҳоро барои исботи мақсадҳои худ истифода мекунад. Барои мисол: ҳамин ки дар ҷаҳон таҳаввуле рух медиҳад (чӯбҳо хокистар ва ҷавонҳо пир мешаванд), муқаддимае мешавад дар дасти як файласуф. Ин муқаддима илмӣ ва таҷрибӣ аст. Муқаддимаи дуввум аз метафизика меояд ва тавзеҳ медиҳад, ки таҳаввул беиллат намешавад. Муқаддимаи севвумро ҳам боз метафизика медиҳад, ки ҷисм наметавонад иллат (ба маънои фалсафӣ) воқеъ шавад. Ин маҷмӯа нишон медиҳад, ки иллате бар болои ҷаҳони моддӣ ҳаст, ки ҳамаи ҷаҳони модда дар тасхири ӯст ва ҳамаи таҳаввулот ба ифозаи ӯ ва аз тариқи ҷисмҳо (ҳамчун васила) сурат мегирад.

Ин мисол нишон медиҳад, ки ҳеч назария ё сухани илмӣ агар бо сухани фалсафӣ ҳамроҳ нашавад, худ ба танҳоӣ наметавонад натиҷаи фалсафӣ диҳад. Ба иборати дигар: ҳеч матлаби илмӣ мустақиллан ҳеч матлаби фалсафӣ нест. Ва боз ба сухани дигар: ҳеч сухани илмӣ ба танҳоӣ посухи ҳеч пурсиши фалсафӣ нест. Акси ин матлаб низ саҳеҳ аст. Яъне, ҳеч посухи фалсафӣ нозир ба як пурсиши хосси илмӣ нест ва бо ҳеч матлаби фалсафӣ наметавон мустақиман як масъалаи илмиро натиҷа гирифт ва ё онро ҳал кард.

Инҳо аз муҳимтарин нукоти тафаккуранд ва бетаваҷҷуҳӣ ба онҳо мояи хатоҳои бисёре будааст ва даромехтани аҳкоми илму фалсафа ва бо абзори илм ба ковишҳои фалсафӣ пардохтан ва ё бо абзори фалсафӣ дар ҷустуҷӯи посухи пурсишҳои илмӣ будан, чӣ осебҳо ва гумроҳиҳои зиёде ба ҳамроҳ доштааст.

3) Илм наметавонад ҳеч масъалаи фалсафиро ҳал намояд, инро омӯхтем. Аммо илм метавонад барои фалсафа масъалаофарин бошад. Як кашфи илмӣ, як кашфи фалсафӣ нест, аммо метавонад ангезаи як кашфи фалсафӣ шавад, яъне метавонад файласуфро раҳнамун шавад, ки дар бораи он кашфи нав таъаммул кунад ва решаи хоссияти ҷадидро дар вуҷуд ҷустуҷӯ кунад.

4) Ҳамчунин, кашфҳои илмӣ гоҳе баъзе аз иштибоҳҳои фалсафиро мумкин аст равшан созад. Ба иборати саҳеҳтар: як кашфи илмӣ мумкин аст нишон диҳад, ки мисдоқе, ки як файласуф барои сухани худ дар назар гирифтааст, мисдоқи воқеӣ набудаааст. Масалан: Ибни Сино дар баробари мутакаллимон исрор меварзад, ки ҷисм як чизи мунқатеъ ва бурида-бурида нест, балки як ҳақиқати якпорчаи мумтадд ва дорои буъд аст. Ин сухан саҳеҳ аст, яъне дуруст аст, ки ҷисм воқеан дорои имтидод аст ва наметавонад аз аҷзои бебуъд ва беимтидод ба вуҷуд омада бошад. Аммо сухани баъдии Ибни Сино дуруст нест, ки мегӯяд, ҳамин ҷисмҳои маҳсус, ҳамин гуна ки назди ҳисс тикка-тикка нестанд, дар воқеъ ҳам тикка-тикка нестанд. Назариям атомӣ нишон медиҳад, ки ҷисмҳои маҳсус воқеан дорои мафосиланд, яъне бурида-буридаанд. Он ки имрӯз мисдоқи сухани Ибни Сино аст, электронҳо ва протонҳо ҳастанд. Ба иборати дигар: ин дуруст аст, ки ҷисм билохира имтидоддор аст ва дар он зотан буридагӣ нест, аммо мисдоқи ин ҳукм ин ҷисмҳои зоҳирӣ нестанд, балки инҳо худ мураккаб аз он аҷзои дорои буъди бебуридагианд. Намунаи ахир намунаест аз мавориди бисёре, ки дахолати номуҷози фалсафаро дар илм ошкор мекунад, ки бояд ҳушмандона ва файласуфона аз он парҳез кард.

* * *

Фарқи қонунҳои илмӣ ва фалсафӣ

1) Ҳеч қонуни метафизикӣ каммӣ нест, дар ҳоле ки бештари қонунҳои илмӣ каммианд.

2) Ҳеч қонуни метафизикиро наметавон аз роҳи таҷриба ботил кард, аммо қонунҳои илмӣ аз роҳи таҷриба қобили ибтоланд, яъне фарзи ибтоли онҳо аз роҳи таҷриба маъқул аст.

3) Қонунҳои илмӣ гузинишӣ мебошанд, яъне ба яке аз чеҳраҳои мавҷудот ва ҳодисаҳо нозиранд, на ба кулли онҳо ва табиати онҳо. Дар ҳоле, ки қонунҳои метафизикӣ нозир ба кулли падидаҳо ва ба табиати як мавҷуданд.

4) Бо қонунҳои илмӣ метавон ҳодисаи хоссеро пешбинӣ кард, аммо бо қонунҳои метафизикӣ пешбении амалӣ муяссар нест.

5) Нафйи як қонуни метафизикӣ мусталзими як маҳоли ақлист, аммо нафйи як қонуни илмӣ мусталзими маҳол нест. Барои мисол: қонуни бақои энержиро дар назар мегирем. Касоне ки тасаввур кардаанд, ки ин қонун чун омм аст ва барои ҳамаи ҷаҳон аст, пас аз қабили қонунҳои метафизикӣ мебошад ва аз он натиҷаҳои метафизикӣ гирифтаанд. Ва ҳатто касоне дар радди ин матлаб, ки қонунҳои омми метафизикӣ қодир ба пешбинӣ нестанд, қонуни бақои энержиро мисол овардаанд. Барои ҳамин ҳам ин қонунро баррасӣ мекунем:

а) Ошкор аст, ки ин қонун каммӣ аст, яъне асосан дар бораи бақои каммияти энержӣ аст.

б) Метавон тасаввур кард, ки ин қонун ибтол шавад, яъне метавон таҷрибаеро дар назар овард, ки агар воқеъ шавад, қонуни бақои энержӣ ботил хоҳад шуд. Кофист дар як системаи изолированный дар ҷое миқдоре энержӣ сарф шавад, вале дар ҷои дигар муъодилаи он эҷод нашавад, то бутлони ин қонун маълум гардад.

в) Ин қонун фақат нозир ба каммияти хоссе аст, ки энержӣ ном дорад, дар бораи ҳамаи абъоди падидаҳо нест, намегӯяд вақте энержӣ ҳифз шуд, ҳама чиз ҳифз мешавад. Равшан аст, ки ҳифзи энержии кулли як система мулозимае бо ҳифзи шитоб, ҳифзи суръат, ҳифзи ранг, ҳифзи фишор, ҳифзи ҳаҷм ва ғайри он система надорад, барои ҳамин ин қонун як қонуни гузинишӣ аст.

г) Қодир ба пешбинии ҳодисаҳои хосс аст, метавон миқдоре яхро сойид ва аз рӯи энержии масрафшуда ҳисоб кард, ки чӣ қадр об бояд тавлид шавад.

д) Адами бақои каммияти энержӣ амре нест, ки ақлан маҳол бошад, он чӣ маҳол аст, маъдум шудани як мавҷудест дар ҳамон замони мавҷуд буданаш. Аммо каммияти хоссе бо таърифи хос агар маҳфуз намонад, бо ҳеч қоъидам ақлие таноқуз надорад. Яъне қонуни ақлие ба номи асли бақои нерӯ, ё асли бақои шитоб ҳам дар ҷаҳон нест ва мусталзими маҳоле ҳам нест. Аз ин рӯ асли бақои энержӣ як асли илмист.

Аз он тараф, ин қонуни фалсафиро дар назар бигиред: “Бо ҳузури иллати томм, маълул заруратан вуҷуд хоҳад дошт.”

а) Ин қонун каммӣ нест.

б) Ибтолпазир ҳам нест, чун агар иллат ҳозир буд ва маълул ҳозир набуд, намегӯем қонун ботил аст, балки мегӯем иллат ҳануз томм нашудааст ва агар маълул ҳозир буд ва иллатро наёбем, мегӯем иллат ҳозир аст, вале мо пайдо накардем.

в) Маълулият сифате аз маълул нест, балки ҳама чизи маълул аст. Маълул чизе надорад ҷуз маълулият. Ба иборати дигар: маълулият саропои шайъро дарбар мегирад, на фақат ҷанбае аз онро. Иллати томма эҷодкунандаи ҳамаи вуҷуҳ ва ҷанбаҳо ва ҳамаи сифот ва осори маълул аст, на баъзе аз вуҷуҳи он (ба мафҳуми дақиқи фалсафии иллият таваҷҷӯҳ шавад).

в) Бо ин қонуни куллӣ наметавон пешбинӣ кард, ки дар як мавриди хосс чӣ пеш хоҳад омад. Агар обро бар болои оташ ниҳем, ин қонун мегӯяд: агар оташ иллати томмаи гарм шудани об бошад, об гарм мешавад, вагарна, намешавад.

г) Тахаллуф аз қонунҳои фалсафӣ маҳол аст. Масалан: агар вуҷуди чизе вобаста ба иллате бошад, маҳол аст, ки бидуни он иллат ба вуҷуд ояд. Чун ки дар ин сурат як мавҷуди вобаста истиқлол пайдо мекунад, (яъне мавҷуде, ки аз назари вуҷудӣ ба иллате вобаста буд, аз он иллат бениёз мешавад), ин айни таноқуз ва хилофи фарз аст.

Фарқҳои зикршуда фарқҳое ҳастанд, ки метавон онҳоро ба унвони озмун ба кор баст ва дар таъйини илмӣ будан ё метофизкӣ будани як сухан ё як қонун аз онҳо кӯмак гирифт. Аммо бояд донист, ки тафовути қонунҳои илмӣ ва метафизикӣ фақат инҳо нест, фарқҳои дигаре ҳам ҳастанд, ки баъзе аз онҳо дар зимни бархе матлабҳои гузашта баён шуд.

6) Роҳи дастёбӣ ба қонунҳои фалсафӣ ақл ва таъаққули сирф аст, дар ҳоле ки роҳи кашфи қонунҳои илмӣ таҷрибаи мустақим мебошад.

7) Қонунҳои фалсафӣ ба ҳастии маҳз ва урён тааллуқ мегирад, дар ҳоле ки қонунҳои илмӣ ба ҳастиҳои моддӣ таъаллуқ дорад.

8) Қонунҳои фалсафӣ бар пояи куллитарин тақсимбандиҳо бино мешавад, аммо тақсимбандиҳои илмӣ, ки худ пояи қонунҳои илмӣ ба шумор мераванд, дар шиками тақсимбандиҳои фалсафӣ қарор мегиранд.

9) Ҳеч сухани илмӣ посухи ҳеч пурсиши фалсафӣ нест ва ҳеч сухани фалсафӣ ҳам посухи ҳеч пурсиши илмӣ.

10) На илму таҷриба мустақиман ва мустақиллан як қонуни фалсафӣ меофарад ва на таъаққулу ковиши мантиқии маҳз як қонуни илмӣ бавуҷуд меоварад.

11) Илм аз фалсафа чорчӯби фикрӣ ва ҷаҳонбинӣ меомӯзад ва дар муқобил, барои фалсафа метавонад масъалаи ҷадид пешниҳод кунад.

Бо таваҷҷӯҳ ба суханони боло ва бо тамрини кофӣ, метавон ба ҳадафи тафкик (ҷудо кардани) аҳкоми илм аз фалсафа наздик шуд ва зеҳнро аз осеби хато ва дар ҳам омехтани ин ду гуна маърифат нигоҳ дошт. Чун ки ин халт ва хато бештари вақтҳо домангирӣ афрод шуда ва мешавад ва дар натиҷа сабаби иштибоҳот ва лағзишҳои бузурге гашта ва хоҳад гашт.

* * *

Талхис аз китоби «Илм чист? Фалсафа чист?» таълифи дуктур Абдулкарими Суруш

Талхискунанда: Маҳмудхон Бурҳонов

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: