Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (338)

Кабудӣ задани қазвинӣ бар шонагоҳ сурати шер ва пушаймон шудани ӯ ба сабаби захми сӯзан (3)

* * *

Натиҷагирии ин достонро Мавлоно ин гуна баён медорад:

Эй бародар, сабр кун бар дарди неш,

То раҳӣ аз неши нафси габри хеш.

Эй бародар! Бар дарди неши риёзату сӯзи ибодат сабр кун, то аз нешу газанди нафси кофират раҳоӣ ёбӣ!

Нукта: “Дарди неш” киноя аз муҷоҳидаи бо нафс ва риёзат аст. Ҷиҳод бо нафс, ки дар фармоиши ҳазрати Хатмимартибат (с) ба “ҷиҳоди акбар” таъбир шуда, аз муҳимтарин шарти сулук аст. Зеро нафс хоссияти талаввун дорад, яъне ба рангҳои мухталиф дармеояд. Мумкин аст касеро дар марҳилаи ҷоҳ гумроҳ кунад ва дигареро бо ғурур бар тоату ибодат ва якеро бо илм ва дигареро бо шаҳавоти пасти ҳайвонӣ ва ғайра. Аз ин рӯ, ҷиҳод бо нафс, ки муҳимтарин вазифа ва риёзат аст, иборат аз таҳзиби ахлоқ аст. (Маҷмаъул-баҳрайн, с.486) Дар Қуръони Карим мукарраран ба ҷиҳод бо нафс ва муқобила бо ҳавову ҳавас таъкид шудааст, аз ҷумла:

فَلاَ تَتَّبِعُواْ الْهَوَى أَن تَعْدِلُواْ

Аз ҳавои нафс пайравӣ накунед, мабод, ки аз роҳи адл каж равед…” (Сураи Нисо, ояти 135)

Урафо ҷиҳоду риёзатро яке аз муҳимтарин шарти сулук донистаанд ва дар аҳаммияти он гуфтаанд: “Ниҳоди одамӣ онгаҳ пок шавад, ки дар дарёи муҷоҳидат афтад. Касе, ки дари муҷоҳидат бар худ баста дорад, лашкари ҳаво вайро ба ғорат бардорад ва бар вай ғолиб шавад… ва ё бар аҳволи ӯ муставлӣ шавад, то ҳарчи кунад, барои халқ кунад.” (Маноқибул-сӯфия, с.53)

Мавлоно дар тавсифи риёзату муҷоҳидати нафс гӯяд:

Эй хунук он к-ӯ ҷиҳоде мекунад,

Бар бадан заҷреву доде мекунад.

То зи ранҷи онҷаҳонӣ вораҳад,

Бар худ ин ранҷи ибодат мениҳад.

* * *

Ҷаҳд кун, то метавонӣ, эй киё!

Дар тариқи анбиёву авлиё…

Кофирам ман, гар зиён кардаст кас

Дар раҳи имону тоат як нафас.

* * *

Ҷон сипар кун, теғ бигзор, эй писар!

Ҳар кӣ бесар буд, аз ин шаҳ бурд сар.

* * * 

К-он гурӯҳе, ки раҳиданд аз вуҷуд,

Чарху меҳру моҳашон орад суҷуд.

Зеро он гурӯҳе, ки аз ҳастии башарӣ ва авсофи моддии худ раҳиданду халос шуданд, сипеҳри гардону хуршеди тобону моҳи фурӯзон дар баробари азамату бузургии эшон ба саҷда даромадааст.

Ҳар кӣ мурд андар тани ӯ нафси габр,

Мар варо фармон барад хуршеду абр.

Ҳар он кас, ки нафси саркаш дар ӯ бимирад, хуршеду абру куллан ҳамаи коинот мутеъу фармонбардори ӯ мешаванд. (Одамӣ бо таҳзиби худ, амири ҷаҳон мешавад ва дар таквин тасарруф мекунад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.874))

Чун дилаш омӯхт шамъ афрӯхтан,

Офтоб ӯро наёрад сӯхтан.

Ҳар он кас, ки шӯълаи ишқи ҳақиқӣ дар ботинаш забона кашад, хуршеду авомили табиӣ наметавонад бар ӯ газанде расонад.

Гуфт Ҳақ дар офтоби мунтаҷим,

Зикри “Таззовар казо ан каҳфиҳим.”

Худованд дар Қуръон (сураи Каҳф, ояти 17) дар ҳаққи инон фармуд:

وَتَرَى الشَّمْسَ إِذَا طَلَعَت تَّزَاوَرُ عَن كَهْفِهِمْ ذَاتَ الْيَمِينِ وَإِذَا غَرَبَت تَّقْرِضُهُمْ ذَاتَ الشِّمَالِ وَهُمْ فِي فَجْوَةٍ مِّنْهُ

Ва офтобро мебинӣ, ки чун бармеояд аз ғорашон, ба самти рост моил аст, ва чун фурӯ мешавад, аз самти чап доман бармечинад, дар ҳоле, ки онон дар ҷойе фарох аз он ғор қарор гирифтаанд…”

Мунтаҷим: дорои тулӯъу ғуруби муназзам, тобон.

Нукта: Аксари муфассирон гуфтаанд, ки дари ғор ба сӯи шимол ва рӯ ба рӯи банотуннаъш будааст ва офтоб бад-ин гуна метофт, то шуоъи он ба даруни ғор нафятад ва аҷсоди ҷавонмардони Каҳфро насӯзонад. (Шарҳи ҷомеи Маснави маънавӣ, ҷ.1, с.875)

Хор, ҷумла лутф чун гул мешавад,

Пеши ҷузве, к-ӯ суйи кул меравад.

Хор монанди гул, саросар лутфу зебоӣ мешавад, ҳарчанд ҷузъ аст, вале ба сӯи кулл меравад ва ба самти мартибаи улуҳият, ки ҷомеи ҷамиъи маротиби ҳастӣ аст меравад.

Чист таъзими Худо? Афроштан

Хештанро хору хокӣ доштан.

Таъзиму бузургдошти Ҳақ Таъоло чист? Мусалламан хешро ҳамонанди хок беарзишу хору бемиқдор донистан, таъзими Худонванд аст.

Чист тавҳиди Худо? Омӯхтан

Хештанро пеши Воҳид сӯхтан.

Тавҳиди Худо чист? Омӯхтани илми маъно ва сипас хешро назди Воҳиди ҳақиқӣ сӯзондан аст. Яъне вуҷуди мавҳумро соқит кардан ва сӯзондани он дар кӯраи ишқи илоҳӣ ва расидан ба мақоми фано.

Нукта: Асоси дини мубини Ислом ва ҳамаи адёни осмонӣ, тавҳид аст. Дар Қуръони Карим оятҳои фаровоне бар ин маъно далолат мекунад, ки яке аз машҳуртарини он, сураи Тавҳид ё Ихлос аст, ки мефармояд:

قُلْ هُوَ اللَّهُ أَحَدٌ

(то охир…) Урафо бо илҳом аз оятҳои қуръонӣ, тавҳидро охирин мақом аз мақомоти сулук медонанд. Тавҳидро иборат аз нафйи ҳамаи мавҷудоти маҷозӣ ва исботи Ҳақ донистаанд: “Тавҳид, афкандани изофат бувад аз хештан. Нагӯяд: маро ва ба ман ва аз ман.” (Рисолаи Қушайрия, с.519) Тавҳидро чаҳор қисм донистаанд: 1) тавҳиди имтисолӣ; 2) тавҳиди истидлолӣ; 3) тавҳиди ҳолӣ; 4) тавҳиди зулҷалолӣ.

Тавҳиди имтисолӣ дар воқеъ ҳамон тавҳиди тақлидӣ аст ва дар ин тавҳид, фақат ширки ҷалӣ (ошкор) нафй мешавад.

Аммо тавҳиди истидлолӣ ё илмӣ он аст, ки бандаи солик бо бурҳонҳо ва далелҳо вуҷуди Худоро исбот кунад. Дар ин марҳила, ширки ҷалӣ бартараф мешавад ва ба илова, порае аз ширкҳои хафӣ (пинҳон). Зеро дар ин марҳила, солик ҳанӯз аз каманди “ман”-у “моӣ” нарасидааст.

Аммо тавҳиди ҳолӣ ончунон бошад, ки ҳоли тавҳид васфи лозими муваҳҳид гардад ва ҷумлаи зулумоти русуми вуҷуди ӯ илло андак, бо ишроқи нури тавҳид фонӣ шавад, ва ӯ қатравор дар тасарруфи талотуми амвоҷи баҳри тавҳид афтад.

Тавҳиди зулҷалолӣ, волотарин марҳилаи тавҳид аст, ки ҳамаи рангҳо беранг шавад ва ҳамаи чунҳо бечун гардад ва ҳама чиз ба асли худ бозгардад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.875-876)

Гар ҳамехоҳӣ, ки бифрӯзӣ чу рӯз,

Ҳастии ҳамчун шаби худро бисӯз.

Агар мехоҳӣ, ки ҳамонанди рӯз фурӯзону шӯълавар шавӣ, вуҷуди ҳамчун шаби тираву торатро бисӯзон, то ҳеч асаре аз мавҷудоти табиият, ки асири занҷири шаҳавот аст намонад.

Ҳастият дар ҳасти он ҳастинавоз,

Ҳамчу мис дар кимиё андаргудоз.

Эй солик! Мавҷудияти хешро дар вуҷуди он бахшандаи ҳастӣ бигудозон, ҳамонанди гудохтани мис дар кимиё.

Ҳастинавоз: манзур Ҳақ Таъолост.

Нукта: Ҳамон тавр, ки мис мегудозад ва дар кимиё ба зари ноб мубаддал мешавад, ту низ миси вуҷудатро дар кимиёи вуҷуди Ҳақ Таъоло фонӣ кун, то ба бақои ҳақиқӣ бирасӣ; чунон ки достони баъдӣ низ гӯёи ҳамин матлаб аст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.876)

Дар ману мо сахт кардастӣ ду даст,

Ҳаст ин ҷумла харобӣ аз ду ҳаст.

Ту ба “ман”-у “моӣ” сахт часпидаӣ, яъне ҳамчунон дар қайду банди ҳувияти козиб ба сар мебарӣ. Вале хабар надорӣ, ки ҳамаи ин табоҳиҳо ва вайрониҳои руҳӣ ва ахлоқӣ, аз дугонагӣ ҳосил мешавад. Инки ту худро дар муқобили ҳазрати Ҳақ касе бидонӣ, ошёнаи зиштиҳо ва уммулфасод аст.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: