Перейти к содержимому

Гулен дар муқобили наҷоти Бен Салмон?

Ёддошти Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюл-явм

Ба назар мерасад, ки фаҳми табиати равобити Туркия ва Омрико ва тағйироти он дар ин рӯзҳо бисёр душвор шудааст. Дар ҳоле, ки ба назар мерасад ҳамоҳангӣ миёни ду кишвар дар парвандаи терури Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори арабистонӣ, бо таваҷҷӯҳ ба сафарҳои густурдаи масъулони омрикоӣ ба Онкоро тайи чаҳор ҳафтаи гузашта дар ҳамин замина дар авҷи худ аст, ҳавопаймоҳои ҷангии Туркия мавозеъи ягонҳои “Ҳимояти мардумии курд”-ро, ки Вошингтун аз онҳо ҳимоят мекунад, дар шарқи Фурот (дар Сурия) бомбборон мекунанд, ҳоло чӣ гуна ин таноқузро метавон фаҳмид?

Эй кош масоил дар ҳамин ҳадд аз печидагӣ боқӣ мемонд! Имрӯз (ҷумъа) шабакаи телевизиюнии NBC-и Омрико ҳамаро ғофилгир кард, ки боис шуд аломати суолҳои зиёде ба вуҷуд биёяд замоне, ки дар як гузориши хабарии худ эълом кард: “Вошингтун имкони таҳвили Фатҳуллоҳ Гулен — руҳонии турк, ки вай ва ҷунбишаш (Ҷунбиши Хидмат) муттаҳами аслии даст доштан дар кудетои низомии нофарҷоми Туркия дар тобистони соли 2016 ҳастанд, ба давлати Туркия аз роҳи қонунӣ ба манзури розӣ кардани Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия ва дар чорчӯби заду банди марбут бо ҷинояти терури Хошуқҷӣ дар дохили консулгарии Арабистон дар Истинбулро баррасӣ мекунад.”

Ин иттилооти дарзкарда ба берун, бозтоби густурдае дар Туркия ва дигар кишварҳо дошт, зеро озодии Ондру Брунсун, кашиши омрикоӣ тавассути давлати Туркия “ба шеваи қонунӣ”-ро ёдоварӣ кард; фарде, ки Туркия доиман исрор мекард дар ҳимоят аз гурӯҳҳои теруристӣ даст дорад. Ин дар ҳолест, ки ахборе қатъӣ вуҷуд дошт, ки таъкид мекард боздошти вай бар асоси табодулаш бо Гулен, муқим дар Иёлоти Муттаҳида сурат гирифт.

Ҳизер Ноуэрс, сухангӯи Вазорати хориҷаи Омрико, ин масъаларо такзиб кард, ки давлаташ қасд дорад Гуленро ба Туркия ба манзури розӣ кардани ин кишвар ба далели парвандаи қатли Хошуқҷӣ, рӯзноманигори арабистонӣ таҳвил диҳад ва таъкид кард: “Ин ду масъала аз ҳам ҷудо ҳастанд.” Ва низ гуфт: “Вазорати додгустарии Омрико ҳамчунон мадорикеро, ки Туркия ба манзури истирдоди Гулен дар пайи кудетои нофарҷом таҳвил дода аст, баррасӣ мекунад ва ин парванда ба ӯҳдаи Вазорати додгустарӣ аст.”

Ҳеч дуде бидуни оташ нест… Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, “султон”-и қарордодҳо ва заду бандҳост ва баъид нест, ки вай талош кунад, ки дар амалиёти заду банд бо Туркия ворид шавад, ки унвони боризи он, таҳвил додани Гулен, руҳонии турк дар муқобили бастани парвандаи терури Хошуқҷӣ ва чашмпӯшии Туркия аз дархостҳояш барои анҷоми таҳқиқоти байналмилалӣ аст; амре, ки дар хидмати истротежии Тромп барои наҷоти шоҳзода Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ ва сутуни фақароти истротежии аслиаш дар Ховари Миёна аст.

То ин лаҳза Туркия ҳамчунон хостори анҷоми таҳқиқоти байналмилалӣ аст ва ҷадидтарин ривояти Арабистони Саудӣ, ки ҳодисаи терурро маҳдуд ба 5 нафар мекунад, ки боризтарини онҳо Аҳмад Алъасирӣ, муовини раиси Созмони истихбороти Арабистон аст, ки Риёз эълом кард, вай дастури иҷрои терурро додааст ва ҳар гуна иртиботи шоҳзода Муҳаммад бен Салмонро бо ин терур намепазирад, ҳамон тавр, ки оқои Одил Алҷубайр рӯзи гузашта дар конфронси матбуотӣ мавриди таъкид қарор дод.

Пурсише, ки дар ин ҷо матраҳ мешавад ин аст: оё талош барои таҳвили Фатҳуллоҳ Гулен, руҳонии турк дар чорчӯби қарордоди озодии Брунсун, кашиши омрикоӣ аст яъне табодули мубаллиғи исломӣ бо кашиши омрикоӣ аст ба вежа он ки ду нафар ба гунае “муттаҳам” ба теруризм ҳастанд, ё он ки дар чорчӯби масъалаи муҳимтар ва хатарноктаре аст, ки барои ду кишвар садҳо милёрд дулор ба армуғон меоварад, яъне дар чорчӯби ҷинояти терури Хошуқҷӣ ва бастани ин парванда?

Тромп борҳо таъкид кард, ки Хошуқҷӣ шаҳрванди Омрико нест ва дар замини Омрико кушта нашудааст ва қарордоди фурӯши силоҳҳои омрикоӣ ба арзиши 110 милёрд дулор вуҷуд дорад, ки вай намехоҳад ба Русия ё Чин биравад. Дар сояи тақаддуми қарордодҳо ва милёрдҳо дулор бар арзишҳои ҳуқуқи башар ва адолат, ҳеч чизро баъид намедонем. Албатта, Ардуғон беҳтар медонад!

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: