Перейти к содержимому

Онг Сон Су Ҷи, барандаи дирӯз ва бозандаи имрӯзи ҳуқуқи башар

Онг Сон Су Ҷи, раҳбари маънавии Миёнмор, дар чанд соли ахир, амалкарди бисёр зишту нописанде дар қиболи бӯҳрони куштор ва оворагии садҳо ҳазор руҳингиёӣ доштааст ва аз ин рӯ таҳти фишори рӯзафзуни ниҳодҳои ҳуқуқи башарии байналмилалӣ қарор дорад, ки рӯзе қаҳрамони онҳо буд.

Су Ҷии 72-сола дар моҳҳои ахир дуввумин ҷоизаи байналмилалиро, ки барои фаъолиятҳои пешини худ дар арсаи ҳуқуқи башар ва озодихоҳӣ анҷом дода буд, аз даст дод.

Су Ҷи, ки илова бар мақоми мушовири олии давлат ва мансаби вазири умури хориҷа, нақши калидӣ дар давлати Миёнмор дорад, то кунун иқдомҳояш ризояти афкори умумӣ, гурӯҳҳои ҳуқуқи башарӣ ва нозирони байналмилалиро ҷалб накарда ва ба таври рӯзафзун бар мухолифони вай афзуда мешавад.

Мухолифони Су Ҷи мегӯянд, вай бо доштани ҷоизаи сулҳи Нубел, ба намоде барои сулҳу демукросӣ табдил шуда буд, аммо на танҳо дар дастёбӣ ба сулҳ дар бӯҳрони куштор ва саркӯби мусалмонони руҳингиёӣ иқдоме анҷом надода, балки бо сукут ва пас аз он таъйиди низомиён, шӯълаҳои наслкушӣ алайҳи руҳингиёиҳоро зинда нигаҳ доштааст.

Созмони афви байналмилал се рӯз пеш дар баёнияе эълом кард, ҷоизаи мӯътабари “Сафири виҷдон”-ро аз Онг Сон Су Ҷи, раҳбари маънавии Миёнмор пасгирифтааст.

Ин иқдом пас аз тадовуми ҳамалоти ваҳшиёнаи артиши Миёнмор алайҳи мусулмонони Руҳингиё дар устони Рохин дар ғарби ин кишвар, сурат мегирад.

Дар баёнияи Созмони афви байналмилал омадааст: “Су Ҷи дар муқобили ҷиноятҳои артиши Миёнмор сукут карда ва иҷоза намедиҳад маъмурони артиши ин кишвар ҳисоб пасдиҳанд.” Ин баёния, рафтори Су Ҷиро “хиёнат” ба арзишҳое муаррифӣ карда, ки рӯзе вай намоди онҳо будааст.

Пеш аз ин низ Ангилис нишони “Озодии Оксфурд”-и раҳбари маънавии Миёнморро пасгирифта буд. Ин нишон ба афроди шохисе эъто мешавад, ки бино ба эътиқоди Шӯрои ин шаҳр, корҳои шоистае барои ин шаҳр анҷом додаанд.

Донишгоҳи Оксфурди Ландан низ тоблуи наққоширо, ки тасвири Су Ҷи рӯи он нақш баста буд, аз сари дари вурудии ин донишгоҳ поин кашид.

Су Ҷи дар солҳои 1964 то 1967 дар риштаҳои улуми сиёсӣ, фалсафа ва иқтисод дар Оксфурд таҳсил карда буд ва дар соли 2012 муваффақ ба дарёфти дуктурои ифтихорӣ аз ин донишгоҳ шуда буд.

* * *

Су Ҷи ва бӯҳрони Руҳингиё

Онг Сон Су Ҷи дар қиболи муҳимтарин бӯҳрони Миёнмор, амалкарди бисёр зишту нописанде аз худ ба ҷой гузошт. Вай моҳҳо пас аз куштори соли гузашта сукут кард ва пас аз он низ тавҷеҳкунандаи аъмоли саркӯбгароёнаи артиш ва будоиёни ифротӣ буд, ки Созмони Милал онро наслкушӣ хонда ва низомиёнро ба сароҳат омили он муаррифӣ кардааст.

Беш аз 750 ҳазор руҳингиёӣ аз охирҳои августи 2017 пас аз саркӯби шадиди низомиёни Миёнмор, аз вилояти Рохини ин кишвар ба Банглодеш гурехтанд ва дар навори марзӣ миёни Миёнмор ва Банглодеш дар шароити бисёр сахту душворе искони иҷборӣ ёфтаанд.

Бозрасони Созмони Милал дар моҳи гузашта бо интишори як гузориши 444-сафҳаӣ ҳамчунин зимни масъул шинохтани фармондеҳони аршади низомии Миёнмор дар қиболи наслкушии ақаллияти мусалмони руҳингиёӣ, хостори пайгирӣ ва маҳкумияти қазоии женерол Мин Онг Ҳоин — фармондеҳи артиш ва 5 нафари дигар аз фармондеҳони низомӣ шуданд.

Давлати Су Ҷи аммо дар қиболи ин гузоришҳо ҳамвора аз низомиёни Миёнмор иттиҳомзудоӣ карда ва мавзеъи низомиёнро мавриди таъйид қарор дода, ки ин иқдомот гӯё барои муқобила бо ҳамалоти ситезаҷӯён ва шибҳинизомиёни Рохин ва барои муҳофизат аз Миёнмор анҷомшудааст.

Амалкарди нописанди Су Ҷи дар қиболи бӯҳрони Руҳингиё ба гунае ғайриқобили қабул буда, ки бисёре аз дарёфткунандагони ҷоизаи сулҳи Нубел монанди Таваккул Кирмон — барандаи сулҳи Нубели 2011, аз ӯ хостанд саркӯби мусалмонони руҳингиёӣ тавассути артиши ин кишварро мутаваққиф кунад ва ё ин ки истеъфо диҳад.

Су Ҷи, ки худ барандаи сулҳи Нубел дар соли 1991 буд, пас аз пирӯзӣ дар интихоботи 2016, муваффақ ба эҷоди як давлати ғайринизомӣ дар Миёнмор шуд, аммо дар муқобила бо амалиёти ҳадафманд ва саркӯби руҳингиёиҳо тавассути артиши ин кишвар, коре накард.

Акнун Девони байналмилалии кайфарӣ масъулияти пайгирии парвандаи куштори мусалмонони Руҳингиёро бар ӯҳда гирифта ва Фоту Бенсудо (Fatou Bensouda), додситони аршади Девонии байналмилалии кайфарӣ гуфтааст, ки таҳқиқоти муқаддамотӣ дар робита бо ин парвандаро оғоз кардааст.

* * *

Су Ҷи ва озодии баён

Онг Сон Су Ҷи, ки дар соли 2016 дар Миёнморро қудратро ба даст гирифт, ҳамзамон бо рақобатҳои интихоботӣ, ваъда дод, ки барномаҳоеро барои густариши озодиҳои маданӣ, озодии баён ва озодии расонаҳо дар ин кишвар мавриди пайгирӣ қарор хоҳад дод.

Вай, ки худ аз зиндониёни сиёсии як даҳаи ахири Миёнмор маҳсуб мешавад аммо дар ду соли гузашта дар Миёнмор ваъдаҳои худро барои густариши озодиҳо дар ин кишвар амалӣ насохт.

Бархе ниҳодҳои ҳуқуқи башарии Миёнмор ҳатто мӯътақиданд, давлати Су Ҷи, ки қудратро дар Миёнмор дар даст дорад, ба таври қобили таваҷҷӯҳе бо тӯҳмат алайҳи мунтақидон, фаъолони маданӣ ва расонаҳо, озодии баёнро дар ин кишвар ба шиддат маҳдуд кардааст.

Ин дар ҳолест, ки ин интизор вуҷуд дошт, ки Су Ҷи, ки худ барои озодӣ мубориза карда ва ҳатто собиқаи 15 сол ҳабси хонагиро низ дошта чашмандози беҳтаре дар ин замина барои Миёнмор фароҳам созад ва боиси афзоиши озодии баён дар кишваре шавад, ки беш аз ним қарн зери султаи низомиён қарор доштааст.

Тибқи гузориши гурӯҳи ҳуқуқи башари Миёнмор, 97 нафар аз мунтақидон тибқи қонунҳои ин кишвар аз моҳи марти соли гузашта то кунун мавриди бозхост қарор гирифтаанд, дар ҳоле, ки ин рақам барои як давраи мушобеҳ дар даврони ҳукумати низомиён дар Миёнмор 11 маврид будааст.

Бар ин асос, Су Ҷи ва ҳизби сиёсии вай — Ҷабҳаи миллӣ барои демукросӣ, аз ҳамкорӣ бо таҳқиқоти Созмони Милал худдорӣ карда, дастрасии рӯзноманигоронро низ масдуд карда ва афзоиши хушунатҳо алайҳи руҳингиёиҳоро наззорагар будааст.

* * *

Су Ҷи ва боздошти хабарнигорон

Онг Сон Су Ҷи ҳамчунин дар се соли ахир заъифтарин амалкардро дар қиболи дастгирӣ ва боздошти рӯзафзуни хабарнигорон дар ин кишвар дошта ва ҳамин амр умедҳо барои уфуқи беҳтари озодии расонаӣ дар ин кишварро ноумед кардааст.

Миёнмор ҳатто дар як соли ахир бо интиқодоти густурдаи байналмилалӣ муртабит бо саркӯби хабарнигорон ва рӯзноманигорон рӯ ба рӯ будааст.

Расонаҳои байналмилалӣ ҳамвора аз Миёнмор ба унвони яке аз бадномтарин кишварҳо дар ҷануби шарқи Осиё ба далели саркӯб ва муқобила бо расонаҳо ва хабарнигорон ном мебаранд.

Созмони Милал дар сентябри соли ҷорӣ бо интишори гузорише таъкид кард, ки давлати Миёнмор монеъ аз фаъолияти рӯзноманигорони мустақил дар ин кишвар барои инъикоси вақойеъ ва саркӯбҳо алайҳи мардуми Руҳингиё шудааст.

Дар соли ҷорӣ ду хабарнигори миёнморӣ, ки воқеаҳои муртабит бо куштори мусалмонони руҳингиёиро пӯшиши хабарӣ медоданд, дар додгоҳ ба иттиҳоми интишори асноди давлатӣ муҷрим шинохта шуда ва ба 7 сол зиндон маҳкум шуданд.

Тибқи гузориши Созмони хабарнигорони бидуни марз, беш аз 20 нафар аз хабарнигорон ва рӯзноманигорон дар соли 2017 дар Миёнмор дастгир ва таҳти пайгарди қазоӣ қарор гирифтанд.

Дар маҷмӯъ метавонад гуфт, раванди фазояндаи норизоятиҳои дохилӣ ва хориҷӣ аз амалкарди Онг Сон Су Ҷи дар бӯҳронҳои мухталифи ҳуқуқи башарӣ ва инсонӣ дар ин кишвар, дар сурате, ки посухи муносибе наёбад, ояндаи сиёсии мубҳамеро барои вай рақам хоҳад зад.

Irna

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: