Перейти к содержимому

Оё ҷанги Яман ба поёни роҳ наздик шудааст?

Шабакаи Алҷазира гузориш дод, Вазорати хориҷаи Ангилис аз омодагии Арабистон барои талош ба манзури поён додан ба ҷанги Яман хабар дода; ин дар ҳолест, ки ба рағми ин хушбинӣ, даргирӣ дар шаҳри бандарии Алҳадида байни Ҳусиҳо ва Арабистону Аморот идома дорад.

Бо таваҷҷӯҳ ба хушбинии Вазири хориҷаи Ангилис пас аз дидор бо Малик Салмон дар Риёз ва гуфтугӯҳои вай бо масъулони аморотӣ ба унвони яке аз кишварҳои ширкаткунанда дар ҳамалот алайҳи Яман, оё ҷанги Яман ба поёни роҳ наздик шудааст? Ангилис шоҳиди мухолифатҳои густурдаи мардумӣ бо ҷанги Яман аст, ба хусус пас аз он ки ҳимоятҳои иттилоотӣ ва таслиҳотии Ангилис аз Арабистон ва муттаҳидони он дар ин ҷанг бармало шуд. Ин дар ҳолест, ки ҷаҳониён бими он доранд, ки Яман ба сабаби ин ҷанг, шоҳиди фаҷеътарин бӯҳрони инсонии таърих бошад.

Ким Шараф, аз фаъолони ҷунбиши “Ҳимоят аз ҳуқуқи башар дар Яман” гуфт: “Иттифоқоте, ки акнун дар Яман меафтад, аз наслкушиҳо дар ҷанги ҷаҳонии дуввум бадтар аст; зеро ин ҷиноятҳо дар муқобили дидагони ҷаҳониён ва Созмони Милал иттифоқ меафтад. Онҳо ба тамошои ҷиноятҳо алайҳи кӯдакони Яман нишастаанд, ки ба таври миёнгин рӯзона 130 нафар аз онҳо кушта мешаванд.

Дар айни ҳол, хушбиниҳо барои оғози музокирот барои ҳаллу фасли сиёсии бӯҳрони Яман тақвият шудааст.

Дар гуфтугӯҳои мақомоти Ангилис ва Арабистон, илова бар ҷанги Яман, ҷинояти қатли Ҷамол Хошуқҷӣ низ матраҳ шуд ба хусус пас аз он ки давлати Ангилис наворҳои савтии марбут ба лаҳзаҳои иртикоби ин ҷиноятро аз Созмони иттилооти Туркия дарёфт кард. Бар ҳамин асос, Терезо Мей, нахуствазири Ангилис дар суханронии солонаи худ, хостори таҳқиқоти шаффоф барои равшан шудани ҳақиқат шуд ва аз мақомоти саудӣ хост, дар ин хусус ҳамкорӣ кунанд.

Аз соли 2015 Арабистони Саудӣ бо ташкили эътилофе аз шуморе аз кишварҳои араб, ба ҳимоят аз давлати барканоршудаи Яман, ба Яман таҷовуз кард. Амалиёти эътилоф ба раҳбарии Арабистон, умдатан шомили ҳамалоти ҳавоӣ будааст.

Ба гуфтаи манобеъи байналмилалӣ, дар ҷараёни ҷанги дохилии Яман чанд ҳазор ғайринизомӣ кушта шудаанд, ки бисёре аз онон дар натиҷаи ҳамалоти ҳавоии эътилоф ҷони худро аз даст додаанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: