Перейти к содержимому

ПМТ: “Мо шарики шодии кулли мардуми Тоҷикистон ҳастем”

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) бо судури баёнияе, хотирнишон кардааст: “Паймони Миллии Тоҷикистон, ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи миллат, дар шодии кулли мардуми Тоҷикистон шарик аст ва аз ба фаъолият шурӯъ намудани нерӯгоҳи Роғун истиқбол мекунад.”

ПМТ, дар ин баёния, ки имрӯз (16 ноябр) мунташир кард, бо баёни ин ки “мардуми Тоҷикистон тайи солҳои тӯлонӣ дар интизори эъмор ва ба кор даровардани нерӯгоҳи обии барқии Роғун буд” ёдовар шудааст: “Бо вуҷуди доштани чандин нерӯгоҳ, норасоии барқ яке аз мушкилоти калони мардуми Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Солҳои тӯлонӣ ҳукумати Тоҷикистон мардуми ҷумҳурӣ ва ҷомеаи байналмилалиро бовар мекунонд, ки мушкилоти кишвар: тақсири ҳамсоякишвар, мухолифин ва норасоии барқ мебошанд. Ҳоло бо бартараф шудани монеъаи охирин, яъне мушкилоти бебарқӣ бояд, ки на фақат хонаҳои мардум чароғон гардад, балки садҳо ҳазор муҳоҷир ба кишвар баргашта, шароити мусоид барои зиндагӣ, кору фаъолияташон муҳайё шавад.”

ПМТ, дар идома бо ишора ба ин ки “дар бунёди ин иншооти муҳими кишвар, тамоми мардуми Тоҷикистон саҳм доранд” афзудааст: “Паймони Миллии Тоҷикистон, ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи миллат, дар шодии кулли мардуми Тоҷикистон шарик аст ва аз ба фаъолият шурӯъ намудани нерӯгоҳи Роғун истиқбол мекунад.”

Дар поён хотирнишон кардааст: “Паймони Миллии Тоҷикистон умед дорад, ки бо гардиши чархи аввал, гардиши наве дар рӯзгори тоҷикистониён гашта, хонаи торики модари тоҷик фурӯзон шуда, чашми интизори ӯ бо баргаштани фарзанди муҳоҷираш мунаввар мегардад.”

* * *

Гуфтанист, дар ҳамин соатҳо, дар Тоҷикистон чархаи аввали нерӯгоҳи Роғун бо ҳузури меҳмонони зиёди дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла аз Ӯзбекистону Русия, дар ҳоли роҳандозӣ аст.

Гуфта мешавад, нерӯгоҳи Роғун бузургтарин нирӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ ба шумор меояд, ки — ба гузориши Родию Озодӣ — мумкин аст, дар оянда на танҳо хонаҳои мардуми кишвар, балки манотиқи бузурги Покистону Афғонистонро бо барқ таъмин кунад.

Дар таъмини маболиғи ин нерӯгоҳ, яко-яки шаҳрвандони Тоҷикистон саҳим ҳастанд. Аз як даҳа пеш аксари шаҳрвандон ба хусус тоҷирон, аҳзоб ва гурӯҳҳои мухталифи кишвар бо харидани саҳмия, саҳми худро дар такмили ин нерӯгоҳ гузоштаанд.

Нерӯгоҳи Роғун аз 6 чарха иборат аст ва дар сурати такмили он, солона то 17 милёрд киловот-соат нерӯи барқ тавлид хоҳад кард, ки ба қавли мақомоти кишвар, на танҳо барои истифода дар дохили кишвар, балки барои минтақаҳои васеъ дар Афғонистону Покистон ҳам кофӣ хоҳад буд. Сарбанди нирӯгоҳи Роғун, ки баландиаш 335 метрро ташкил медиҳад, дар ҷаҳон баландтарин садд ба ҳисоб меравад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: