Перейти к содержимому

Ислом ва талаботи замона (22)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Радди назарияи нисбияти адолат (2)

Иҷтимоъ як амри ҳақиқӣ аст

Ин ҳарфи дуруст нест, ки иҷтимоъ фақат маҷмӯъи афрод аст. Иҷтимоъ беш аз маҷмӯи афрод аст. Ин ҷо ман бояд матлаберо тавзеҳ бидиҳам. Инро шояд дар китобҳои дабиристонӣ ҳам хонда бошед, ки мегӯянд, фарқ аст миёни махлут ва мураккаб. Махлут, маҷмӯи умуре аст, ки фақат паҳлӯи якдигар қарор гирифта бошанд ва беш аз ин чизе нест, мисли ин ки шумо миқдоре нахӯду лӯбиёро бо ҳам махлут мекунед, яъне нахӯд ба ҳолати нахӯдӣ боқӣ аст, лӯбиё ҳам ба ҳолати лӯбиёӣ боқӣ аст, фақат бо ҳам махлут шудаанд. Ҳаворо махлут мегӯянд, чун аз оксижену озут, ки паҳлӯи ҳам қарор гирифтаанд ташкил шудааст. Аммо мураккаб ин ҷур нест. Вақте, ки ду ё чанд унсур паҳлӯи якдигар қарор гирифтанд, дар ҳам асар мегузоранд ва як шайъи севвум ба вуҷуд меояд. Масалан, об як мураккаб аст, ки аз ду унсури оксижен ва ҳидружен, ки ҳар ду гозанд, ташкил шудааст. Вақте, ки ин ду паҳлӯи якдигар қарор гирифтанд, мойеъе ба вуҷуд меояд, ки хоссияте дорад муғойир бо хоссияти ҳар як аз аҷзоъ. Ва дар ин олам, мураккабот зиёданд. Илми шимӣ илми таркибот аст.

Ҳоло афроди инсон, ки бо якдигар зиндагӣ мекунанд, оё инҳо назири махлутҳо ҳастанд, ё назири мураккабҳо? Назири мураккабҳо ҳастанд, яъне ба мураккабҳо наздиктаранд то ба махлутҳо. Чаро? Агар мо дар биёбоне сад ҳазор сангро сад ҳазор сол паҳлӯи якдигар қарор бидиҳем, бар якдигар асар намегузоранд. Дар як боғ агар мо сад ҳазор дарахт бикорем, мисли ин аст, ки ҳар дарахте танҳо зиндагӣ мекунад, яъне ҳар дарахте сару кораш фақат бо об асту замину нуру ҳарорат. Вале афроди инсон шахсияти худашонро аз якдигар касб мекунанд, яъне ҳар як аз мо ва шумо, ки дар ин ҷо нишастаем, тамоми шахсияти худамонро аз иҷтимоъ дорем ва иҷтимоъ аз мо дорад. Мо алъон ин ҷо нишастаем бо як эҳсосоти бахусус, бо як ақоиду афкори махсус. Дуруст аст, ки мо худамон дорои ақлу ирода ҳастем, интихоб мекунем ва иҷборе дар кор нест, вале он чи дорем, аз иҷтимоъ дорем. Шумо, ки алъон ин ҷо нишастаед, бо як хулқи покизаи хоссе нишастаед. Хулқатон ин аст, ки одами ростгӯе ҳастед. Ин ростгӯиро аз куҷо овардаед? Агар хуб фикрашро бикунед, мебинед онро ҳамин иҷтимоъ ба шумо додааст. Шумо дорои ақидаву имон ба ислом ҳастед. Инро аз куҷо пайдо кардаед? Оё замин ба шумо дод? Оё ҳаво ё об дод? Ё ин ки ин ақидаро ҳамин иҷтимоъ ба шумо дод? Албатта, ки онро аз ноҳияи иҷтимоъ гирифтаед. Иҷтимоъ мисли як махлут нест. Албатта он шиддати ҳолати таркибе, ки дар об мисол задем-ро ҳам надорад, вале шабеҳи мураккабҳост.

* * *

Назари Аллома Таботабоӣ

Иҷтимоъ рӯи фард асар мегузорад ва фард рӯи иҷтимоъ. Иҷтимоъ воқеан маҷмӯаш як воҳид аст, худаш руҳ дорад, умр дорад. Ин як матлаби аҷибе аст, ки албатта касе, ки онро хуб истинбот карда ва парварондааст, Аллома Таботабоӣ аст. Эшон дар камоли вузуҳ аз Қуръон истинбот мекунад, ки Қуръон барои иҷтимоъ шахсият қоил аст, барои иҷтимоъ умр қоил аст:

وَلِكُلِّ أُمَّةٍ أَجَلٌ فَإِذَا جَاء أَجَلُهُمْ لاَ يَسْتَأْخِرُونَ سَاعَةً وَلاَ يَسْتَقْدِمُونَ

(“Ва барои ҳар уммате аҷале аст, пас чун аҷалашон фаро расад, на метавонанд соате онро пас андозанд ва на пеш.” (Сураи Аъроф, ояти 34)), барои иҷтимоъ бемориву саломат қоил аст, барои иҷтимоъ саодату шақоват қоил аст, барои иҷтимоъ ширкат дар масъулият қоил аст.

Гоҳе афроде мепурсанд, чаро агар аксарияти як қавме гуноҳ карда, ақаллияти солеҳе, ки дар миёни он қавм аст ҳам ба азоби он қавм муаззаб мешаванд? Намедонанд, ки афроди иҷтимоъ ҳукми аъзои як пайкарро доранд. Вақте, ки дар узве аз як пайкар саратон пайдо бишавад, аъзои дигар наметавонанд бигӯянд, чаро мо ҳам бояд аз байн биравем?! Ба ҳамон далел, ки шумо бо якдигар иттисолу ҳамрешагӣ ва пайванд доред, ба ҳамон далел, ки аз саодати ӯ баҳраманд ҳастед, ба ҳамон далел аз бадбахтии ӯ ҳам бояд дар иҷтимоъ мутазаррир бошед. Фақат он дунёст, ки дунёи ҷудоӣ аст. Дар ин дунё афроди иҷтимоъ воқеан ба якдигар муттасиланд, воқеан дар нохушиву хушии якдигар шариканд, воқеан дар азобу саодати якдигар шарик ҳастанд. Дунёи имтиёз он дунёст:

وَامْتَازُوا الْيَوْمَ أَيُّهَا الْمُجْرِمُونَ

(“Ва эй гуноҳкорон! Имрӯз аз бегонуҳон ҷудо шавед.”(Сураи Ёсин, ояти 59)) Дар ин дунё сӯҳбати “ҷудо шавед” нест. Дар ин дунё қонуну қоъидаи илмӣ ҳам эҷоб мекунад, ки агар воқеан ҷиноҳе аз иҷтимоъ он қадр фосид шуд, ки тавонист балоеро ба сӯи иҷтимоъ бикашад, ин бало шомили афроди дигар ҳам бишавад, солиму носолимро бо ҳам бигирад. Дар ин дунё тару хушк бо ҳам месӯзад. Мунтаҳо, аз назари онҳо, ки ба истилоҳ, хушканд яъне омодаи сӯхтан ҳастанд, азоби илоҳӣ аст ва шояд дар он дунё ҳам дунбола дошта бошад, вале аз назари онҳо, ки шахсан истеҳқоқ надоштаанд, мусибат аст, ибтилост ва дар он дунё ба онҳо аҷр дода мешавад. Ба ҳар ҳол, дар ин дунё тафкикпазир нест.

* * *

Як шоҳид аз Қуръон

Пас, ба далели ин ки иҷтимоъ, худаш вуҷуд дорад чун таркиб вуҷуд дорад, ва ба далели ин ки иҷтимоъ ваҳдат дорад ва ба далели ин ки иҷтимоъ масиру хатти сайр дорад, такомул дорад, умр дорад, ҳаёту мавт дорад ва наметавонад надошта бошад, иҷтимоъ ҳуқуқ дорад. Пас, ҳарфи асолатифардиҳо, ки ба куллӣ иҷтимоъро амре эътиборӣ медонанд ғалат аст. Мо дар Қуръон ояте дорем:

النَّبِيُّ أَوْلَى بِالْمُؤْمِنِينَ مِنْ أَنفُسِهِمْ

(“Паёмбар ба мӯъминон аз худашон авло (сазовортар ва наздиктар) аст…” (Сураи Аҳзоб, ояти 6) Пайғамбар авло бар мӯъминин аст аз худашон, яъне Пайғамбар бар мӯъминин ҳаққе дорад, ки аз ҳаққи худи мӯъминин бар мӯъминин бештар аст. Яъне шумо молики нафси худатон ҳастед, молики сарвати худатон ҳастед, молики эҳтирому обрӯи худатон ҳастед, вале Пайғамбар як моликияте дорад бар нафсу молу ҳайсияти шумо, ки аз моликияти шумо бар худи шумо қавитар аст. Чаро? Барои ин ки шумо молики нафс ё сарвати худатон нестед, ки ҳар ҷо бихоҳед, дар он тасарруф кунед, ҳатто молики ҳақиқати худатон ҳам нестед. Дар ҳадис аст, ки мӯъмин ъирзаш (обрӯяш) дар ихтиёри худаш нест. Вале Пайғамбар молики нафси мӯъминин ҳам ҳаст, яъне он ҷо, ки маслиҳат бидонад, нафси мӯъмининро ҳам метавонад фидо кунад.

Аммо ин ки Пайғамбар авлавият дорад бар мӯъминин аз нафси худашон, яъне чӣ? Ин ҳаққе, ки дорад, бар кӣ дорад ва ба нафъи кӣ? Ин ҳаққе, ки Худо барои Пайғамбар қоил шудааст, ба нафъи чӣ касе қоил шудааст? Оё ба нафъи шахси Пайғамбар қоил шудааст? Яъне Худо барои Пайғамбар ин ҳақро қоил шудааст, ки ӯ ҳамаи мӯъмининро фидои нафси худаш бикунад? На. Пайғамбар аз он ҷиҳат, ки валии амри мусалмонон аст, аз он ҷиҳат, ки сарпарасти иҷтимоъи мусалмонон аст, аз он ҷиҳат, ки намояндаи комили масолеҳи иҷтимоъ аст, Худо ин ҳақро ба ӯ додааст, ки дар он ҷо, ки маслиҳати иҷтимоъ бидонад, фардро фидои иҷтимоъ кунад. Ҳеч кас чунин ҳарфе назадааст, ки Пайғамбар ин ҳақро ба нафъи шахси худаш дорад; маънӣ надорад. Аввалан, Пайғамбар аз назари шахси худаш эҳтиёҷе ба мардум надошт, ки бихоҳад мардумро фидои зиндагии шахсии худаш бикунад. Ва сониян, аҳаде чунин ҳарфе намезанад.

Оё ин ҳаққе, ки Пайғамбар дорад, фақат моли шахси Пайғамбар аст? На. Ба Имом ҳам мунтақил мешавад. Яъне Имом ҳам баъд аз Пайғамбар сарпараст ва намояндаи иҷтимоъ мешавад ва ин ҳақ ба ӯ мунтақил мегардад. Оё ин ҳақ мунҳасир ба Пайғамбару Имом аст ё ба ҳар касе, ки аз ноҳияи Худо ҳукумати шаръӣ дошта бошад, ба ниёбат аз Пайғамбару Имом мунтақил мешавад? Ин ҳақ ба ӯ ҳам мунтақил мешавад. Инҳо далел бар ин аст, ки ислом барои иҷтимоъ ҳақ қоил аст, чун барои иҷтимоъ асолат ва ҳаёт қоил аст, ва воқеан иҷтимоъ як ваҳдате дорад ва эътибори мутлақ нест.

* * *

Ҳуқуқ, танҳо бо мактаби илоҳӣ қобили тавҷеҳ аст

Гоҳе масоиле пеш меояд, ки ҳал кардани онҳо аз назари фалсафаҳои дигарон мушкил аст. Масалан, ман аз шумо мепурсам: оё ҳар насле нисбат ба насли оянда, таклифу масъулияте дорад ё на? Мо алъон насле ҳастем мавҷуд. Насле дар оянда мехоҳад ба вуҷуд биёяд ва то ин соат ба вуҷуд наёмадааст. Оё мо дар муқобили онҳо масъулият дорем ё на? Агар бигӯед, масъулият дорем, маънояш ин аст, ки ояндагон бар мо ҳақ доранд. Ояндагоне, ки наёмада ва ҳанӯз вуҷуд пайдо накардаанд, бар мо, ки алъон мавҷуд ҳастем, ҳаққе доранд. Агар бигӯед на, ҳеч ҳаққе надоранд, пас ин ҳарфе, ки имрӯз тамоми мардуми дунё мезананд, ки мо масъули наслҳои оянда ҳастем яъне чӣ? Аслан маънои ин ҳарф чист? Ман аз касоне, ки мехоҳанд ҳуқуқро бо ғайри мактаби илоҳӣ тавҷеҳ кунанд, мепурсам, аслан ин ҳарфҳояшон чӣ маънӣ медиҳад, ки мегӯянд, мо масъули насли оянда ҳастем? Насли оянда ба гардани мо ҳақ дорад яъне чӣ? Ӯ, ки ҳанӯз ба дунё наёмада, аз куҷо ин ҳақро пайдо кардааст? Маншаъи ин ҳарф чист? Ҳама ҳам қабул доранд, ки ҳар насле нисбат ба наслҳои ояндааш масъул аст. Як вақт ҳам касе асосан зери ин ҳарф мезанад, мегӯяд: аслан масъулият яъне чӣ?! Мо нисбат ба насли оянда ҳеч масъулияте надорем, монанди Абулъалои Маъаррӣ, ки мегӯяд: аслан мо чаро насли ояндаро ба вуҷуд меоварем?! Гуноҳи мо ин аст, ки онҳоро ба вуҷуд меоварем. Мегӯяд: аслан ҳаёту зиндагӣ лағв аст, шарр аст. Бинобар ин, ҳар кас амале анҷом бидиҳад, ки насле ба вуҷуд биёяд, нисбат ба ӯ муртакиби ҷиноят шудааст. Хайём ҳам тақрибан ҳамин ҳарфро мезанад. Худи Абулъало то зинда буд, зан нагирифт ва дастур дода буд, ки вақте мурд, рӯи қабраш ин ҷумларо бинависанд:

هذا الّذي جنى عليه أبوه ولم يجنِ على أحدٍ

Яъне, “Ин, касе аст, ки падараш ба ӯ ҷиноят кард ва ӯро ба ин дунё овард, аммо ӯ бар аҳаде ҷинояте накарда ва баччае ба дунё наёвардааст.” Ҳоло як касе ин ҳарфро мезанад, ки бачча ба дунё оварданро ҷиноят медонад. Дар ин ҷо дигар сӯҳбат аз ин ки мо масъули насли оянда ҳастем ва ё бояд заминаро барои насли оянда фароҳам кунем, ғалат аст. Аммо касе, ки мегӯяд, мо масъули насли оянда ҳастем, бояд ҳаққи насли оянда бар моро тавзеҳ бидиҳад, ки ин ҳақ чист?

Ҳуқуқ аз ин ҷо ношӣ мешавад, ки дунё Худо дорад ва ҷараёне, ки дар дунё ҳаст, ба сӯи як ғояту ҳадафе аст, яъне хилқат ба сӯи ҳадафе пеш меравад. Агар дунё дунёи тасодуф бошад, ҳамаи ҳарфҳо ғалат аст. Инҳо аз як тараф мегӯянд дунё дунёи тасодуф аст, афроди башар, ки ба вуҷуд омадаанд, бо тағйироти тасодуфӣ ба вуҷуд омадаанд, ва вақте мепурсем оё хилқату табиат рӯ ба як ҳадафе ҷилав меравад? Мегӯянд, на, аслан ҳадаф яъне чӣ?! Асосан, иллати ғоӣ дар дунё нест. Ва аз тарафи дигар мегӯянд, мо масъули насли оянда ҳастем, дар сурате, ки масъулияти насли оянда ва ин ҳарфҳо ҳама бар ин асос аст, ки дунё низоми ҳакимонае дорад ва ин хилқат ба сӯи ҳадафҳое пеш меравад; ба ин тартиб, ки чун дунё ба сӯи ҳадафҳое пеш меравад, ҳақро худи хилқат ба вуҷуд овардааст. Он вақт мо дар муқобили хилқат масъулият дорем. Хилқат ба мо мегӯяд, ба ҳамон далеле, ки дар ту ҷиҳозоти таносулӣ вуҷуд дорад, ба ҳамон далел, ки дар ту рағбати табиӣ ба ҷинси мухолиф вуҷуд дорад, туро сохтаам барои ин ки насли оянда ба вуҷуд биёяд, яъне ман ҳаққе аз насли оянда бар ту қарор додаам. Вагарна, агар ин матлаб набошад, пас насли оянда бар мо ҳақ дорад яъне чӣ?!

Тоза, ман ба насли оянда коре надорам, насли ҳозирро дар назар мегирам. Падару фарзанди кучакашро дар назар мегирам. Оё фарзанди кучак бар падар ҳақ дорад ё на? Оё шумо метавонед дар дунё касеро пайдо кунед, ки бигӯяд ин баччаи кучак бар ин падару модар ҳаққе надорад? Балки ҳама мегӯянд, ҳоло, ки ин баччаро ба вуҷуд овардаӣ, маҷбурӣ, ки ӯро бузург кунӣ. Пас, ин бачча ҳақ дорад. Баъд ин суол пеш меояд, ки ҳаққи ин бачча аз куҷо пайдо шуд? Оё ҷуз ин аст, ки бигӯем, дастгоҳи хилқат афродро ба ҳам марбут карда, ва ин ҳаққе аст, ки Худованди олам дар матни хилқат дар миёни афрод бар ӯҳдаи якдигар қарор додааст? Гӯӣ Худо мегӯяд, ба ҳамон далеле, ки дар вуҷуди ту як отифаи падарӣ ва дар вуҷуди ҳамсарат як отифаи модарӣ қарор додаам, як авлавияте миёни шумо ва ин фарзанд вуҷуд дорад. Дар натиҷа, ин бачча ба гардани шумо ҳақ дорад. Ин ҳақро матни хилқат қарор додааст.

Бинобар ин, иҷтимоъ ба таври куллӣ ҳаққ дорад.

Аммо он фарзияи дигар, ки мегӯяд, иҷтимоъ вуҷуд дорад, фард вуҷуд надорад. Ман фикр мекунам ин фарзия, сухане аст, ки аслан эҳтиёҷ надорад, ки касе онро рад кунад. Ин қадр муҳмалу номарбут аст, ки қобили баҳс нест. Фард вуҷуд надорад яъне чӣ?! Ҳаддиаксар ин аст, ки бигӯем, иҷтимоъ вуҷуд дорад, иҷтимоъ ҳам аз афрод таркиб шудааст. Он вақт оё мешавад гуфт, фард аслан вуҷуд надорад ва амрест эътиборӣ? Агар фард амрест эътиборӣ, пас ин мураккаб аз куҷо ба вуҷуд омадааст?! Дар ин ҷо мо метавонем матлаберо, ки дар ин ду се шаб арз кардем ва як матлаби илмӣ буд, поён бидиҳем.

Адолат агар маънояш тавозун бошад, боз аз он маънои:

إعطاء كلِّ ذي حقٍّ حقَّه

берун нест. Чаро? Чун ҳеч вақт иҷтимоъ мутавозин намешавад ба ин ки ҳуқуқи афрод поймол бишавад. Тавозуни иҷтимоъ ба ин аст, ки ҳуқуқи ҳамаи афрод риоят бишавад, ҳаққи иҷтимоъ ҳам риоят бишавад. Аз он фарзия низ, ки асосан ҳуқуқи афрод ба куллӣ маъдум бишавад, ҳаргиз тавозуни иҷтимоъ ба вуҷуд намеояд. Бале, дар тавозун пеш меояд, ки афрод бояд ҳуқуқи худашонро фидои иҷтимоъ бикунанд, аммо ин дуруст намешавад магар ба ин ки хилқат ҳадаф дошта ва ҳаққи ин фард дар ҷойи дигар таъмину тазмин шуда бошад. Чӣ тавр? Ба як фард таклиф кунанд бирав ҷиҳод кун, бирав сарбозӣ кун, бирав ҷони худро фидо кун. Дар ин ҷо ҳаққи фард ба куллӣ фидои иҷтимоъ мешавад. Рӯи чӣ мантиқе ин фард ин корро бикунад? Оё ин фард нисбат ба ҷони худаш ҳақ надорад ё ҳақ дорад? Ҳоло, ки ҳақ дорад, чаро худашро фидои иҷтимоъ кунад, дар сурате, ки баъд аз кушта шудан, ҳеч фоидае аз иҷтимоъ намебарад? Мегӯем, дунёву охират, мавту ҳаёт, ба якдигар иттисолу иртибот дорад. Ҷиҳод кардани ту, сарбозӣ кардани ту маънояш ин нест, ки ҳаққи ту ба куллӣ маъдум мешавад, балки ҳаққи ту дар ҷаҳони дигаре ба шакли дигаре эҳё мешавад. Агар иртиботи дунёву охират муҳраз набошад ва агар порае аз ҳуқуқ, ки қаҳран дар иҷтимоъ маъдуми мутлақ мешавад (яъне ҳуқуқе аз фард, ки фидои иҷтимоъ мешавад) дар ҷойи дигар таъмин нашавад, ҷиҳод, сарбозӣ ва таклиф кардан ба фидокорӣ асосан ҳеч пояе пайдо намекунад; зулм аст, он ҳам зулми мутлақ.

Пас, билохира маълум шуд, ки пояи адолат, ҳуқуқи воқеӣ аст, ки вуҷуд дорад. Адолат маънояш мусовот — ба он маънӣ, ки онҳо гуфтаанд — нест. Адолат маънояш мувозина ба шакле, ки пойи ҳуқуқ дар кор набошад нест, балки адолат бар пояи ҳуқуқи воқеӣ ва фитрӣ устувор аст. Фард ҳақ дорад, иҷтимоъ ҳам ҳақ дорад. Адолат аз ин ҷо пайдо мешавад, ки ҳаққи ҳар фарде ба ӯ дода шавад. Адолат риояти ҳамин ҳуқуқ аст.

Бинобар ин, адолат дар тамоми замонҳо яке бештар нест ва ин ки мегӯянд адолат як амри нисбӣ аст, ҳарфи дурусте нест.

Имшаб ароизамро дар ҳамин ҷо хотима медиҳам.

Худоё моро ба ҳақоиқи дини муқаддаси ислом ошно бифармо!

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: