Перейти к содержимому

Ислом ва талаботи замона (23)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Баррасии назарияи нисбияти ахлоқ

إِنَّ اللّهَ يَأْمُرُ بِالْعَدْلِ وَالإِحْسَانِ وَإِيتَاء ذِي الْقُرْبَى وَيَنْهَى عَنِ الْفَحْشَاء وَالْمُنكَرِ وَالْبَغْيِ

Дар ҳақиқат Худо ба адлу эҳсону бахшиш ба хешовандон фармон медиҳад ва аз кори зишту пописанду ситам бозмедорад…” (Сураи Наҳл, ояти 90)

Баҳсҳои ду се шаби пеши мо роҷеъ ба адолат буд ва хулосаи ҳарф ин шуд, ки адолат бар пояи ҳаққу истеҳқоқ бино шудааст ва умуми истеҳқоқҳои инсон ҳамеша собиту якнавохт ва мутлақ аст, пас адолат ҳам амре мутлақ аст ва нисбӣ нест. Имшаб мехоҳам роҷеъ ба нисбияти ахлоқ, ки чанд шаб қабл ишорае ба он шуд баҳс кунам ва баҳси нисбият дар ахлоқу адолатро хотима бидиҳам.

Арз шуд, ки баъзе мӯътақиданд, ки ахлоқ нисбӣ аст, бад-ин маънӣ, ки чизеро наметавон гуфт, ки барои ҳама вақт ва барои ҳама ҷо ахлоқи хуб аст ва низ чизеро намешавад дар ҳама вақт ва ҳама ҷо ахлоқи бад донист. Ҳар хулқе дар як ҷо хуб аст, дар ҷойи дигар бад, дар як замон хуб аст ва дар замони дигар бад. Пас, ахлоқ амре нисбӣ аст ва чун нисбӣ аст, наметавонад як дастуруламали куллӣ ва ҳамешагӣ ва ҳамаҷоӣ дошта бошад, балки дар ҳар замон дастури ахлоқ бояд як ҷур бошад. Ин матлабро мо бояд баҳс кунем, то маълум шавад, ки оё саҳеҳ аст ё на?

Ин ҳарф дуруст нест. Ба касоне, ки ин ҳарфро задаанд, мегӯем, чизе, ки иҷтимоъ онро хуб медонад ва чизе, ки иҷтимоъ онро бад медонад, яъне чӣ?

* * *

Масъалаи ҳусну қубҳи ақлӣ

Масъалае аст, ки шояд унвонкунандаи аввалии он мусалмонон будаанд, ва он, масъалаи ҳусну қубҳи ақлӣ аст. Ҳусн яъне некӯӣ, зебоӣ, ва қубҳ яъне бадӣ ва зиштӣ. Ҳусну қубҳи ақлӣ дар муқобили ҳусну қубҳи ғайриақлӣ яъне чӣ? Мо як зиштиву зебоӣ дорем, мисли ин ки сурати инсонеро мегӯянд сурати зебое аст, ва сурати инсони дигарро мегӯянд сурати зиште аст. Фалон кас дорои чашмони зебое аст, фалон кас дорои чашмони зиште аст. Дар миёни ҳайвонот, фалон ҳайвон масалан оҳу, ҳайвони зебое аст, аммо масалан кулоғ ҳайвони зиште аст. Ҳусну қубҳ ба ин сурат, имрӯз яке аз илмҳои дунёст. Мегӯянд, шинохти зебоӣ, илми зебоӣ.

Ҳусну қубҳи ақлӣ яъне зиштиву зебоии чизҳое, ки ба чашм дида намешаванд. Худи он чизҳоро ақл дарк мекунад ва қоъидатан зиштиву зебоии онҳоро ҳам ақл дарк мекунад. Масалан, шахсе дар биёбоне ғариб аст ва дар ҳоли ғурбат бемор мешавад. Баъд як одами ношиносе, ки аслан ӯро намешиносад, ҳамин қадр эҳсос мекунад, ки ин одам ғарибу бемор аст. Бидуни ин ки ҳеч гуна таваққӯъе дошта бошад, фавран ӯро ба бемористон бурда, васоили муолиҷаи ӯро фароҳам ва худаш мураттабан аз ӯ иёдат мекунад ва пас аз ин ки он ғариб аз бемористон хориҷ мешавад, ҳамин қадр, ки эҳсос мекунад, ки ӯ пул надорад, то ба ватани худаш баргардад, фавран аз ҷайби худаш барои ӯ билет харида ва ӯро ба ватанаш мефиристад. Ҳоло ин одам масалан аҳли Ироқ аст ва он одам аҳли яке аз кишварҳои офриқоӣ аст, ки аслан эҳтимоли ин ки ин ду то охири умр ҳамдигарро як мартиба бибинанд, вуҷуд надорад. Аз шумо мепурсам, оё ин коре, ки он шахс нисбат ба ин фард кард, кори хубе аст ё на? Ҳамаи мо мегӯем, кори хубе аст, кори неке аст, кори қашанге аст. Аммо оё қашангии ин кор аз навъи қашангие аст, ки метавон онро бо чашм дид? На. Қашангии ин корро бо чашм наметавон дарк кард, ҳамин тавр, ки чашм қашангии садоро дарк намекунад. Вале дар айни ҳол виҷдони инсон дарк мекунад, ки ин кор кори хубе аст, кори қашанге аст. Ақли мо хубии онро дарк мекунад.

Нуқтаи муқобил, касе ба касе хубӣ мекунад. Иттифоқ меафтад ҳамон одаме, ки ба ӯ хубӣ шудааст, он касеро, ки ба ӯ хубӣ кардааст, дар хиёбон мебинад. Ҳоло барои ин ки нахоҳад ҷуброни хубиҳои ӯро бикунад ва масалан ӯро ба хона бибарад ва аз ӯ пазироӣ кунад, бо вуҷуде, ки имконот ҳам барояш фароҳам аст, фавран худашро махфӣ мекунад, то он шахс ӯро набинад. Мо ба ин кор чӣ мегӯем? Мегӯем, кори баде аст, ин одам одами баде аст, кори зиште кард. Вале зиштии ин кор чӣ гуна зиштие аст? Оё ҳамон зиштии сурат аст, ки инсон метавонад бо чашм бибинад? На. Худо ба инсон виҷдону ақле додааст, ки ба ҳукми он виҷдону ақл, зиштии ин корро дарк мекунад. Инро ҳусну қубҳи ақлӣ, зиштиву зебоии ақлӣ меноманд. Мегӯянд, тамоми корҳои ахлоқӣ ҳамон корҳое аст, ки ақлан зебост ва корҳои зидди ахлоқӣ корҳое аст, ки ақлан нописанд аст. Дидаед, ки дар китобҳои ахлоқӣ менависанд: “сифоти ҳамида ва ахлоқи писандида”, нуқтаи муқобили сифоти разила ва ахлоқи нописандида. Сифоти ҳамида яъне сифоте, ки қобили ситоиш аст ва ахлоқи писандида яъне ахлоқе, ки ақл онро меписандад. Ахлоқи писандида аз назари ақл писандида аст, ахлоқи нописандида аз назари ақл нописандида аст. Мегӯянд, пояи ахлоқ бар писанду нописанд аст, бар зиштиву зебоии ақлӣ аст. Ин як муқаддима.

Муқаддимаи дигар ин ки мегӯянд, зиштиву зебоӣ аз назари ақл, писанду нописанд, дар шароити мухталиф фарқ мекунад. Ақли мардум як чизро дар як замон нек медонад ва дар замони дигар бад. Як корро дар як ҷо мардум хуб медонанд ва дар ҷойи дигар бад медонанд. Пас, ҳусну қубҳи ақлӣ, ки пояи ахлоқ аст, вазъаш собиту якнавохт намебошад, дар ҳамаи замонҳо як ҷур нест, дар ҳамаи маконҳо як ҷур нест. Масалан, куштани ҳайвонот ва махсусан куштани гов дар Ҳиндустон, ҷузъи корҳои зишт ва аз зишттарини корҳост. Ҳамон тавр, ки дар миёни миллатҳои дигар куштани инсонҳо зишт аст, дар миёни онҳо куштани ҳайвонот зишт аст. Вале аз Ҳиндустон, ки ба ин тараф биёед, дар Покистон, Эрон, Афғонистон, Туркия, Ироқ ва ғайра мебинед ҳайвонотро забҳ мекунанд, гов ҳам зиёд мекушанд ва гӯшташро мехӯранд. Як миллат ин корро зишт медонад, миллати дигар зишт намедонад.

Мисоли дигар: дар мавриди масъалаи ҳиҷоб ва беҳиҷобии зан, завқҳо ва салиқаҳои миллатҳо фарқ мекунад. Миллате, ки аз аввал тарбияташон ин тавр буда, ки занҳояшон боҳиҷоб бошанд, беҳиҷобиро зишт медонанд ва агар духтаре аз духтаронашон ё зане аз занонашон рӯяшро боз бигузорад, мегӯянд, кори зиште муртакиб шудааст. Худи ҳамин занҳо ҳам мегӯянд, ин кор, кори зиште аст. Миллати дигар, миллате, ки аз аввал аслан ҳиҷобро надидааст ва занҳои он дар ҳоли беҳиҷобӣ бузург шудаанд, агар касе баданашро бипӯшонад, эҳсоси зиштӣ мекунанд. Дар асл, онҳо ҳиҷобро амри зиште медонанд ва агар зане бихоҳад худашро бипӯшонад, ин амал як амри зишту баду мустаҳҷане ба шумор меравад. Яъне дар маконҳои мухталиф фарқ мекунад ва ҳамин тавр дар замонҳои мухталиф.

Мисолҳои дигаре ҳам зикр мекунанд. Масалан, таъаддуди заваҷот (бисёрҳамсарӣ) дар назди баъзе аз миллатҳо мисли мусалмонон кори зиште шумурда намешавад, вале дар миёни миллатҳои дигар ҷузъи корҳои зишт аст. Пас, маълум мешавад, ки ҳусну қубҳ, ки пояи ахлоқ аст субот надорад, якнавохт нест, мутағайир аст, нисбӣ аст, дар маконҳои мухталиф фарқ мекунад, дар замонҳои мухталиф фарқ мекунад. Зиштиву зебоии ақлӣ, як пояи қотеъе надорад.

Бинобар ин, як муқаддима ин буд, ки ба ақидаи бархе, пояи ахлоқ ҳусну қубҳ аст, зебоиву зиштӣ аст. Муқаддимаи дуввум ин буд, ки зиштиву зебоӣ ҷузъи мафоҳими нисбӣ аст.

Аз ин ду муқаддима, ҳеч кадом дуруст нест, махсусан муқаддимаи аввал. Ибтидо бояд бибинем, пояи ахлоқ ҳамон зиштиву зебоӣ аст ё на. Агар пояи ахлоқ зиштиву зебоӣ буд, он вақт бояд баҳс кунем, ки зиштиву зебоӣ нисбӣ ҳаст ё нест.

* * *

Фикри суқротӣ

Асосан, ин ҳарф ғалат аст, ки ахлоқ бар пояи ҳусну қубҳ аст. Ин, ҷузъи афкори исломӣ нест. Дар калимоти уламои исломӣ ин ҳарф хеле зиёд аст, вале дар худи ислом чунин ҳарфе нест. Ин фикр, фикре аст, ки аз Юнон ба мусалмонон расидааст, фикри суқротӣ аст. Ин ҳарф моли Суқрот аст, ки пояи ахлоқ зиштиву зебоӣ аст, он ҳам зиштиву зебоии ақлӣ. Суқрот як мактаби ахлоқӣ дорад ва мегӯянд мактаби ахлоқии Суқрот, мактаби ақлӣ аст. Иллати ин ки мегӯянд мактаби ахлоқии ӯ мактаби ақлӣ аст, ин аст, ки ба ақидаи Суқрот, ахлоқи хуб корҳое аст, ки ақл онҳоро зебо медонад, ва ахлоқи бад, ки инсон набояд онро дошта бошад, корҳое аст, ки ақл онҳоро нозебо медонад. Суқрот мактаби ахлоқашро бар асоси ақл гузоштааст, он ҳам зебоӣ ва зиштии ақлӣ. Он касоне ҳам, ки китобҳои ӯро тарҷума кардаанд, ҳамин фикри суқротиро пазируфтаанд ва албатта уламои исломӣ, ки рӯи он баҳс мекарданд, ин мавзӯъро дарк карданд, ки ҳусну қубҳ пояи собите нест ва мутағайир аст. Вале матлаб ин аст, ки мо чаро пояи ахлоқро зиштиву зебоии ақлӣ бидонем, то баъд ҷавоби онро бидиҳем?

На, ин ҷур нест. Ҳамон тавр, ки арз кардам, маънои ахлоқ, низом додан ба ғароиз аст. Чунонки тиб низом додани қувваҳои баданӣ аст, ахлоқ низом додани қувваҳои руҳӣ аст. Пояи тибб бар ҳусну қубҳи ақлӣ нест. Пояи ахлоқ ҳам бар ҳусну қубҳи ақлӣ нест. Яъне чӣ?

Қаблан ин матлабро арз кардам, ки инсон аз лиҳози руҳӣ дорои нерӯҳое аст, дорои ғароизе аст. Ҳар як аз ин нерӯҳо таколифе ба ӯҳдаи инсон доранд, яъне инсон бояд ҳадди ҳар нерӯеро нигоҳ бидорад ва бифаҳмад, ки он қувва ва нерӯ чӣ миқдор лозим дорад, на бештар бидиҳад ва на камтар, чунонки роҷеъ ба бадан қазоват мекунад. Агар инсон ба қувваҳо ва нерӯҳои руҳии худаш нарасад, яъне ба баъзе зиёдтар бирасад ва ба баъзе дигар камтар ва онҳоро гурусна нигаҳ дорад, дар қувваҳо ва нерӯҳои руҳӣ ихтилоф пайдо мешавад, беназмӣ ва ошуфтагӣ пайдо мешавад. Инро бемории руҳӣ мегӯянд, яъне зиёдтар аз ҳадд ба қуввае расондан, ӯро сарсахт мекунад, авоқибе эҷод менамояд. Ва агар ба қуввае камтар аз он чи ки эҳтиёҷ дорад бидиҳанд, ӯ ҳам сарсахт хоҳад шуд ва авоқиби номатлубе эҷод мекунад. Масалан, агар инсон ба қувваи ғизо хӯрдан беш аз ҳадд расидагӣ кунад, нозпарвардааш кунад, доим ба фикри шикам бошад, ин қувваро фосид мекунад, балки тамоми вуҷуду ахлоқашро фосид мекунад. Ва агар ба ҳадди кофӣ ба он нарасад, як навъ авоқиби дигар эҷод мекунад. Ин дигар рабте ба ин надорад, ки ин кор ақлан хуб бошад ё бад. Асоси ахлоқ, саломати равон аст. Саломати равон мисли саломати бадан, рабте ба ҳусну қубҳ надорад. Равон бояд саломатӣ дошта бошад. Ҳамон тавр, ки бадан эҳтиёҷ ба варзишу тақвият дорад, равони инсон ҳам эҳтиёҷ ба тақвияту варзиш дорад. Яъне инсон метавонад бо бархе аъмол ҳатто фикри худашро тарбият кунад. Дар китоби Эмил, нависанда ин нуктаро хеле хуб ва олӣ зикр кардааст. Китобро ба сурати румон навиштааст. Кӯдакеро ба равиши хоссе бузург мекунанд, масалан корҳоеро ба ӯ пешниҳод мекунанд, ки ба ҳукми он корҳо руҳи ӯ қавитар мешавад.

Фикр гоҳе дақиқ аст ва гоҳе нест. Яъне инсон гоҳе дар фикри худаш диққат дорад ва гоҳе надорад. Чӣ тавр? Мову шумо мумкин аст сад бор ба ин масҷид биёему биравем, вале вақте, ки хориҷ аз он ҳастем, агар аз мо бипурсанд, ки вазъи ин масҷид чӣ гуна аст, масалан чӣ қадр иртифоъ дорад, паҳнояш чӣ миқдор аст, чӣ тоблуҳое дар он насб кардаанд, бо ин ки сад бор омадаему рафтаем, дар айни ҳол наметавонем ташреҳ кунем. Вале агар ҳамин суолро аз як нафар наққош, ки ба ҳар чизе, ки нигоҳ мекунад, ба он дақиқ мешавад бипурсанд, метавонад шарҳ бидиҳад. Мегӯянд, чашми ӯ тарбият шудааст, ба ин маънӣ, ки дили ӯ рӯи мубсироташ дақиқ шудааст. Дар масмуъот ҳам ҳамин тавр аст. Касе, ки бо олоти мусиқӣ ошноӣ дошта бошад, аз садо ташхис медиҳад, ки ин чӣ садое аст. Дар малмусот низ ҳамин гуна аст, чунонки табиб аз набзи бемор марази ӯро ташхис медиҳад. Агар бихоҳед бифаҳмед ломиса то чӣ ҳадд дақиқ мешавад, метавонед дар кӯрҳо дақиқ бишавед, махсусан кӯрҳои модарзод. Мебинед ломиса кори ағлаби нерӯҳоро мекунад.

* * *

Ахлоқ яъне варзишу тақвияти қувваҳои руҳӣ

Ғараз ин ҷиҳат аст, ки тамоми қувваҳои баданиро бояд варзиш дод. Қувваҳои руҳӣ ҳам ҳамин тавр, махсусан қувваҳои олии инсониро; қувваи иродаро, қувваи ақлро, фикрро, тамаркузи фикрро, инҳоро бояд тақвият кард. Инҳо ахлоқ аст. Пояи ахлоқ ин аст, ки иродаи инсон қавӣ ва нерӯманд бошад, яъне иродаи инсон бар шаҳваташ ҳукумат кунад, бар одоташ ҳукумат кунад, бар табиаташ ғолиб бошад. Чӣ тавр? Яъне шахс ончунон боирода бошад, ки агар ташхис дод, ки бояд ин корро кард, тасмим бигирад ва ҳеч табиате натавонад ҷилави ӯро бигирад. Масалан, ҳамон аввале, ки намоз бар шахсе таклиф мешавад ва ё ташхис медиҳад, ки намоз барои ӯ хуб аст ва баъд аз ин бояд саҳарҳо ҳаракат кунад намоз бихонад, дуо кунад, истиғфор кунад, аз Худованд истионат биҷӯяд ва кӯмак бигирад, ҳангоми хоб якдафъа баланд мешавад. Табиаташ ба ӯ мегӯяд бихоб, истироҳат кун. Дилаш мехоҳад бихобад, хобаш ҳам меояд ва аз хобидан лаззат мебарад. Дар ин ҷо агар ирода қавӣ ва нерӯманд бошад, бар табиат ғалаба мекунад, фавран аз ҷо бармехезад ва намоз мехонад. Ё агар эҳсос кард, ки кам хӯрдан хуб аст, вақте сари суфра менишинад, миқдоре, ки мехӯрад, мебинад боз ҳам иштиҳо дорад, эҳсос мекунад, ки ҳанӯз гурусна аст ва боз ҳам майл дорад. Ақл ба ӯ ҳукм мекунад дигар нахӯр, ҳамин миқдор, ки хӯрдӣ кофӣ аст. Табиат мегӯяд бихӯр! Ирода қавӣ аст, намегузорад бихӯрад. Ё дар мавриди одатҳо, мефаҳмад, ки сигор кашидан барояш бад аст, зарари баданӣ дорад, зарари ахлоқӣ дорад, зарари молӣ дорад. Агар боирода бошад, тасмим мегирад, ки дигар сигор накашад ва намекашад, яъне ирода бар одат ғалаба мекунад. Аммо агар ирода надошта бошад, одат ғалаба мекунад.

Ахлоқ маънояш ин аст, ки инсон иродаи худашро бар одот, бар табиатҳо ғалаба бидиҳад. Яъне иродаро тақвият кунад ба тавре, ки ирода бар онҳо ҳоким бошад. Ҳатто ирода бояд бар одоти хуб ҳам ғолиб бошад, чун кори хуб агар касе ба он одат пайдо кард, хуб нест. Масалан, мо бояд намоз бихонем, аммо набояд намоз хондани мо шакли одат дошта бошад. Аз куҷо бифаҳмем, ки намоз хондани мо одат аст ё на? Бояд бибинем оё ҳамаи дастуроти Худоро мисли намоз хондан анҷом медиҳем? Агар ин тавр аст, маълум мешавад, ки кори мо ба хотири амри Худост. Аммо агар риборо мехӯрем, намозро ҳам бо нофилаҳояш мехонем, агар хиёнат ба амонати мардум мекунем, вале зиёрати Ошуроямон ҳам тарк намешавад, мефаҳмем, ки инҳо ибодат нест, рӯи одат аст. Аз Имом ривоят шудааст:

لا تنظروا الى طول ركوعِ الرجل وسجوده

Ҳеч вақт ба тӯл додани рукӯъу суҷуди шахс нигоҳ накунед.” Яъне рукӯъҳои тӯлонӣ ва суҷудҳои тӯлонӣ шуморо гӯл назанад, мумкин аст ин аз рӯи одат бошад ва агар тарк кунад, ваҳшат кунад. Агар мехоҳед бифаҳмед ин шахс чӣ гуна одаме аст, дар ростиҳо ва амонатҳо имтиҳонаш кунед, чун амин будан одатбардор нест, рост гуфтан одатбардор нест монанди намоз хондан.

Пас, ирода ва ахлоқи инсон бояд он қадр қавӣ ва нерӯманд бошад, ки бар табиати инсон ғолиб бошад, бар одати инсон ғолиб бошад, ки ҳар кореро, ки инсон мекунад, рӯи ирода бошад. Ҳатто гӯё фуқаҳо инро нақл мекунанд (ахлоқиюн ҳам гуфтаанд), ки агар мустаҳабберо ҳамеша анҷом медодем, муддате онро тарк кунем, бигузорем аз сарамон хориҷ бишавад, баъд анҷом бидиҳем, ки аз рӯи одат анҷом надода бошем, балки аз рӯи ирода анҷом дода бошем.

Ғаразам ин ҷиҳат аст, ки вақте ҳақиқати ахлоқ ин бошад, ки ҳар сифате аз сифоти инсон, ҳар нерӯе аз нерӯҳои инсон ҳаққе дорад, ки бояд ба он дода шавад ва инсон вазифае дар қиболи он дорад, вақте маънои ахлоқ ин бошад, ки ҷанбаҳои инсонии вуҷуди инсон махсусан ақлу иродаро бояд он қадр тарбият кард ва ба он нерӯ дод, ки соири қувваҳо таҳти сайтарааш бошад, дигар наметавон гуфт, ки ахлоқ дар замонҳо ва маконҳои мухталиф фарқ мекунад, ман бояд як ҷур ахлоқ дошта бошам ва шумо ҷури дигар, як замон як ҷур ахлоқ дошта бошам, замони дигар ҷури дигар.

Инҳо, ки фикр кардаанд ахлоқ нисбӣ аст, суқротӣ фикр кардаанд. Хайр. Аввалан, пояи ахлоқ зиштиву зебоӣ нест. Сониян, ин матлаб, ки зиштиву зебоӣ тағйирпазир аст яъне дар замонҳо ва маконҳои мухталиф фарқ мекунад, ҳам дуруст аст ва ҳам дуруст нест. Дар ин замина як таҳқиқе Алломаи Таботабоӣ дорад ва назари эшон ин аст, ки усули зебоиҳои ақлӣ ва усули зиштиҳои ақлӣ собит аст, фурӯъаш мутағайир аст.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: