Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (339)

Рафтани гург ва рӯбоҳ дар хидмати шер ба шикор (1)

* * *

Хулосаи достон

Шере ҳамроҳи гургу рӯбоҳе ба шикор рафтанд ва як гови ваҳшӣ ва як бузи кӯҳӣ ва як харгӯш шикор карданд. Он гоҳ шер ба гург дастур дод, то ҳайвоноти сайдшударо миёни худ тақсим кунанд. Гург гуфт: гови ваҳшӣ саҳми шер бошад, бузи кӯҳӣ саҳми худам ва харгӯш низ саҳми рӯбоҳ. Шер ногаҳон барошуфт, зеро дид, ки гург дар маҳзари шоҳонаи ӯ, ҳарф аз “ман”-у “ту” ва “қисмати ман”-у “қисмати туву ӯ” мезанад; дар ҳоле, ки ин сайдҳо фақат бо ҳузури нерӯманди шер ҳосил шудааст. Аз ин рӯ, барои уқубати гург, панҷае қавӣ бар ӯ зад ва дар дам ҳалокаш намуд.

Сипас рӯ ба рӯбоҳ кард ва гуфт: сайдҳоро ту тақсим кун! Рӯбоҳ, ки сарнавишти ногувори гургро дида буд, дучори бим шуд ва гуфт: тақсим дар ин ҷо маъно надорад, ҳамаи ин сайдҳо ба ҳазрати султон таъаллуқ дорад ва моро дар он баҳра ва саҳме нест. Ин гови танӯманд чошти ҳазрати султон аст ва он буз саҳми миёнаи рӯз ва ин харгӯш саҳми шоми ӯ.

Шер вақте ки дид, рӯбоҳ монанди гург аз “ман”-у “ту” ҳарфе назад ва изҳори вуҷуд нанамуд, хушҳол шуд ва сайдҳоро бад-ӯ бахшид ва гуфт: ту дигар рӯбоҳ нестӣ, балки худи манӣ. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.877)

* * *

Аммо маъхази ин ҳикоят, китоби “Насруд-дурр” аз Абӯсаъиди Обӣ ва “Муҳозаротул-удабо” (ҷ.1, с.417) ва “Китобул-азкиё” таълифи Абулфараҷ Абдурраҳмон ибни Ҷавзӣ (с.157) аст. (Маъохизи қисас ва тамсилоти Маснавӣ, с.28)

* * *

Дар ин ҳикоят, ду манзури аслӣ нуҳуфта аст. Яке, фонӣ кардани вуҷуди мавҳуми худ дар вуҷуди ҳақиқӣ, ва дигар, ибрат гирифтан аз ҳаводис. Агар одамӣ аз худбинӣ даст кашад ва ба ҳастии ҳақиқӣ бипайвандад, ҷовидона шавад. Ва низ агар аз ҳаводиси таърих ибрат гирад, аз табоҳӣ ва суқут дар амон монад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.878)

* * *

Шеру гургу рӯбаҳе баҳри шикор

Рафта буданд аз талаб дар кӯҳсор.

То ба пушти ҳамдигар бар сайдҳо,

Сахт барбанданд банду қайдҳо.

Ҳар се бо ҳам андар он саҳрои жарф

Сайдҳо гиранд бисёру шигарф.

Шеру гургу рӯбоҳе барои шикор ба кӯҳсор рафта буданд, то бо ёриву кӯмаки якдигар, домҳо ва бандҳои шикорро устувору муҳкам бибанданд, то сайдҳоро гирифтор созанд. Ҳар се бо якдигар дар он саҳрои паҳновару азим, сайдҳои зиёду хушоянде бигиранд.

Шигарф: некӯ ва хушоянд, аҷиб.

Гарчи з-эшон шери нарро нанг буд,

Лек кард икрому ҳамроҳӣ намуд.

Шери нар агарчӣ аз он ду ор дошт, вале нисбат ба онон бузургворӣ кард ва рафоқат нишон дод.

Икром: гиромӣ доштан.

Инчунин шаҳро зи лашкар заҳмат аст,

Лек ҳамраҳ шуд, ҷамоат раҳмат аст.

Барои ин гуна шоҳ, лашкар сабаби заҳмат мегардад, вале бо онон ҳамроҳ шуд, зеро ҷамоат мояи раҳмат аст.

Нукта: Ишора аст ба ҳадиси:

الْجَمَاعَةُ رَحْمَةٌ وَالْفُرْقَةُ عَذَابٌ

Дар ҷамоат раҳмат аст, ва дар ҷудоӣ ва тафриқа, азоб.” (Ривояти Аҳмад (4/278) ва писараш Абдуллоҳ дар “Завоид” (4/375)

Инчунин маҳро зи ахтар нангҳост,

Ӯ миёни ахтарон баҳри сахост.

Ин гуна моҳ аз ситорагон ор дорад, вале он моҳ миёни ситорагон буд, то ба рафиқону ҳамроҳони худ караму бузургворӣ кунад.

Сахо: бахшишу ҷавонмардӣ.

Амри “шовирҳум” Паямбарро расид,

Гарчи ройе нест рояшро надид.

Ба унвони мисол, Ҳақ Таъоло бо ояти шарифаи 159 сураи Оли Имрон ба Паёмбар (с) дастур медиҳад, ки:

وَشَاوِرْهُمْ فِي الأَمْرِ

Дар корҳо бо асҳоби худ машварат кун…” Гарчӣ ҳеч раъю назаре наметавонад бо раъю назари Паёмбар (с) баробарӣ ва ҳамонандӣ кунад.

Дар тарозу ҷав рафиқи зар шудаст,

На аз он ки ҷав чу зар гавҳар шудаст.

Мисоли дигар, дар тарозу ҷав ҳамроҳу мулозими тилои гаронқимат аст, вале ин ҳамроҳӣ ва мулозимат, далел бар он намешавад, ки ҷав арзише ҳамонанди тило дошта бошад.

Нукта: Ҷав миқёсе будааст барои филизоти қиматӣ назири тилову нуқра. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.880)

Руҳ қолабро кунун ҳамраҳ шудаст,

Муддате саг ҳориси даргаҳ шудаст.

Мисоли дигар, руҳ инак ҳамроҳи колбад аст чунонки муддате низ саг нигаҳбони даргоҳ шуда буд, монанди саги асҳоби Каҳф, вале ин ҳамроҳӣ ва мулозимат, далел бар он нест, ки руҳ монанди колбад бошад ва саг ба мақоми асҳоби Каҳф восил шуда бошад.

Ҳорис: нигаҳбон, ҳиросаткунанда.

Нукта: Мисроъи дуввум ишора аст ба ояти 18 сураи Каҳф:

وَكَلْبُهُم بَاسِطٌ ذِرَاعَيْهِ بِالْوَصِيدِ

Ва саги онон бозувони худ гушуда буд бар даргоҳ…”

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: