Перейти к содержимому

Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ

Ба баҳонаи солрӯзи даргузашти Абдурраҳмони Ҷомӣ

Тасвири Абдурраҳмони Ҷомӣ, ба қалами Камолуддини Бекзод

Нуруддин Абдурраҳмон ибни Аҳмад ибни Муҳаммад маъруф ба Ҷомӣ ва мулаққаб ба Хотамушшуъаро — шоир, мусиқидон, сӯфӣ ва адиби номдори форсизабон, дар соли 793 шамсӣ (18 августи 1414 мелодӣ) дар Харгарди Ҷом (минтақае дар Хуросони Эрон) мутаваллид ва дар 27 обони 871 шамсӣ (19 ноябри 1492 мелодӣ) дар Ҳирот (шаҳре дар Афғонистон) чашм аз дунё пӯшидааст.

Ӯ аз тарафи падар насабаш ба Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ, фақеҳи маъруфи ҳанафии садаи 2 қамарӣ мерасад. Рӯзгори кӯдакӣ ва таҳсилоти муқаддамотии Ҷомӣ дар Харгарди Ҷом, ки дар он замон яке аз манотиқи тобеи Ҳирот буд, дар канори падараш сипарӣ шуд.

Дар ҳудуди 13-солагӣ ҳамроҳи падараш ба Ҳирот рафт ва дар он ҷо иқомат гузид. Дар ҳамон ҷо ба таъаллуму таълим пардохт ва қисмати умдаи ҳаёташ низ дар ҳамон ҷо ба сар омад ва аз он замон ба Ҷомӣ шӯҳрат ёфт.

Вай, дар шеър ибтидо Даштӣ тахаллус мекард, сипас онро ба Ҷомӣ тағйир дод, ки худ иллати онро таваллудаш дар шаҳри Ҷом ва иродаташ ба Шайхулислом Аҳмади Ҷомӣ зикр кардааст.

Ҷомӣ, муқаддамоти адабиёти форсӣ ва арабиро назди падараш омӯхт ва чун хонаводааш шаҳри Ҳиротро барои иқомати худ баргузиданд, ӯ низ фурсат ёфт, то дар мадрасаи Низомияи Ҳирот, ки аз марокизи илмии мӯътабари он замон буд, машғул ба таҳсил шавад ва улуми роиҷи замони худро ҳамчун сарфу наҳв, мантиқ, ҳикмати машшоӣ, ҳикмати ишроқ, табииёт, риёзиёт, фиқҳ, усул, ҳадис, қироат ва тафсир ба хубӣ биёмӯзад ва аз маҳзари устодоне чун Хоҷа Алии Самарқандӣ ва Муҳаммади Ҷоҷармӣ истифода кунад.

Дар ин давра буд, ки Ҷомӣ бо тасаввуф ошно ва маҷзуби он шуд ба тавре, ки дар ҳалқаи муридони Саъдуддин Муҳаммади Кошғарии Нақшбандӣ даромад ва ба тадриҷ чунон ба мақоми маънавии худ афзуд, ки баъд аз марги муршидаш (860 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 1455 мелодӣ) халифаи тариқати Нақшбандия гардид.

Пас аз гузашти чанд соле, Ҷомӣ роҳи Самарқандро дар пеш гирифт, ки дар сояи ҳимояти подшоҳи илмдӯсти темурӣ, Улуғбек, ба конуни таҷаммӯъи донишмандону донишҷӯён табдил шуда буд. Дар Самарқанд низ Ҷомӣ тавонист устодонашро шефтаи заковату дониши худ кунад. Ӯ, ки сурудани шеърро дар ҷавонӣ оғоз карда ва дар он шӯҳрате ёфта буд, бо такя задан бар мақоми иршод ва ба назм кашидани таълимоти ирфонӣ ва сӯфиёна, ба маҳбубияти азим дар миёни аҳли донишу маърифат даст ёфт.

Ҷомӣ, ба афтодагӣ ва гушодарӯӣ маъруф буд ва бо ин ки зиндагие бисёр содда дошт ва ҳеч гоҳ мадҳи зӯрмандонро намегуфт, шоҳону амирон ҳамвора ба ӯ иродат меварзиданд ва худро муриди ӯ медонистанд. Ҷонишинони Улуғбек хусусан Султон Ҳусайни Бойқаро ва Амир Алишер Навоӣ, то охири умр ӯро мӯҳтарам медоштанд. Узун Ҳасан, Оқ Қуюнлу, Султон Муҳаммади Фотеҳ, подшоҳи Усмонӣ ва Маликулашроф, подшоҳи Миср, аз иродатмандони Ҷомӣ буданд.

* * *

К-омад зи низоъи сунниву шиъа қаям

Яке аз мавориди бисёр ҷолиб дар зиндагии Мавлоно Ҷомӣ ин аст, ки ӯ аз як сӯй ба далели ашъораш дар мадҳи ҳазрати Алӣ ибни Абӯтолиб (а) ва имомони хонадони нубувват, мавриди сарзаниши шадиди ноаҳлону мутаъассибҳои суннӣ қарор гирифтааст, ва аз сӯйи дигар, ба хотири порае дигар аз ашъор, бо маломати сахти гурӯҳе аз мутъассибҳои шиъа рӯ ба рӯ шуда.

Аз ҷумлаи ашъори ӯ дар расои Алӣ (а) — ҳангоме ки ба зиёрати қабри он ҷаноб дар Наҷафи Ашраф мушарраф шуд — ин аст:

“Асбаҳту зоиран лака ё шаҳнатан Наҷаф!”

Баҳри нисори марқади ту нақд ҷон ба каф.

Ту қиблаи дуойиву аҳли ниёзро

Рӯйи уммед сӯйи ту бошад зи ҳар тараф.

Мебӯсам остонаи қасри ҷалоли ту,

Дар дида ашки узр зи тақсири “мо салаф”.

Гар пардаҳои чашми мурассаъ ба гавҳарам,

Фарши ҳарими қабри ту гардад зиҳӣ шараф.

Хушҳолам аз талоқии худдоми равзаат,

Бошад кунам талофии умре, ки шуд талаф.

Рӯ кардаам зи ҷумлаи акноф сӯйи ту,

То гириам зи ҳодисаи даҳр дар канаф.

Дорам таваққӯъи ин ки мисол раҷои ман,

Ёбад зи килки фазли ту тавқеъи “ло тахаф”.

Маҳ ба калаф надида касе в-ин аҷаб, ки ҳаст,

Хуршедвор моҳи ҷамоли ту бе калаф.

Бар рӯйи орифон зи ту мафтуҳ гаштааст,

Абвоби “кунту канз” ба мифтоҳи “ман араф”.

Ҷуз гавҳари валои туро парвариш надод

Ҳар кас, ки бо сафои дарун зод чун садаф.

Хасми ту сӯхт дар таби “таббат” чу Бӯлаҳаб,

Нодида аз забонаи қаҳрат ҳанӯз таф…

Рафт аз ҷаҳон касе, ки на пай бар пайи ту рафт,

Лаб пур нафир ё асафо дил пур аз асаф.

Авсофи одамӣ набвад дар мухолифат,

Сирри падар, ки ёфт зи фарзанди нохалаф…

Ҷоме з-остони ту к-онҷо пайи суҷуд

Ҳар субҳу шом аҳли сафо мекашанд саф…

* * *

Ва ҳамчунин вақте ба Карбало расид, машҳади ҷигаргӯшаи Паёмбар (с) Ҳусейн ибни Алӣ ибни Абӯтолиб (к)-ро зиёрат кард ва дар васфи ӯ суруд:

Кардам зи дида пой сӯйи машҳади Ҳусайн,

Ҳаст ин сафар ба мазҳаби ушшоқ фарзи айн.

Худдоми марқадаш ба сарам гар ниҳанд пой,

Ҳаққо, ки бигзарад сарам аз фарқи фирқадайн…

Ҷомӣ, гадои ҳазрати ӯ бош то кунад,

Бо роҳати висол мубаддал азоби байн…

* * *

Аҷиб он ки ин орифи барҷаста чунон ки гуфтем, на танҳо аз сӯйи мутаъассибҳои аҳли суннат ба хотири ин ашъор ба шиъа будан муттаҳам шуд, балки тавассути мутаъассибҳои шиъа низ мавриди сарзаниш ва маломат қарор гирифта. Аз ҷумла, Мирҳусайни Яздӣ ӯро бо Абдурраҳмон ибни Мулҷами Муродӣ, қотили Алӣ, қиёс кардааст, он ҷо, ки мегӯяд:

Он имоми ба ҳақ, валии Худо,

К-Асадуллоҳи ғолибаш номӣ.

Ду кас ӯро ба ҷон биёзурданд,

Яке аз аблаҳӣ, як аз хомӣ.

Ҳар дуро ном Абдурраҳмон аст,

Он яке Мулҷам, ин яке Ҷомӣ.

* * *

Ҳамин вижагии Ҷомӣ буд, ки ҳар ҷо пой мегузорд, аввал аз мазҳаби ӯ мепурсиданд, ки шиъа ҳастӣ ё суннӣ? Агар суннӣ ҳастӣ, ин ашъори шиъагуна чаро? Ва агар шиъа ҳастӣ, ку бароат аз аъдо ва душманони хонадони Алӣ ва аз ӯ вало? Ва Мавлоно Ҷомӣ ба қадре аз ин пурсиданҳо хаста шуда буд, ки гуфтааст:

Э муғбаччаи даҳр бидеҳ ҷоми маям,

К-омад зи низоъи сунниву шиъа қаям.

Гӯянд, ки Ҷомӣё, чӣ мазҳаб дорӣ?!

Сад шукр, ки сагсунниву харшиъа наям.

* * *

Осори Ҷомӣ

Марқади Абдурраҳмони Ҷомӣ дар Ҳироти Афғонистон

Аз Ҷомӣ даҳҳо китобу рисола аз назму наср ба забонҳои форсӣ ва арабӣ ба ёдгор мондааст, ки баъзе аз онҳо бад-ин шарҳ:

Ҷомӣ ашъори худро дар ду маҷмӯаи бузург гирдоварӣ кардааст:

* Девонҳои сегона шомили қасоид, ғазалиёт, муқаттаъот ва рубоиёт.

Ҷомӣ девони худро дар охирҳои умр ба тақлид аз Амир Хусрави Деҳлавӣ дар се қисмати зер мудавван намуд:

а) Фотеҳатуш-шабоб (Даврони ҷавонӣ);

б) Воситатул-ъақд (Миёнаҳои зиндагӣ);

в) Хотиматул-ҳаёт (Охирҳои зиндагӣ).

Қасоиди Ҷомӣ дар тавҳид ва наъти Паёмбари ислом (с) ва саҳоба ва аҳли байт ва низ матолиби ирфонӣ ва ахлоқӣ аст. Ғазалиёти Ҷомӣ ғолибан аз ҳафт байт таҷовуз намекунад ва аксаран ошиқона ё орифона аст.

Аз Ҷомӣ муқаттаъот ва рубоиёте низ боқӣ мондааст, ки ё дарбардорандаи масоили ирфонӣ аст ва ишора ба ҳақоиқи сӯфиёна дорад ё нуктаи латифи ошиқонае дар он нуҳуфтааст. Девоне низ ба номи “Девони бенуқот” аз Ҷомӣ ба ҷой монда, ки дар тамоми вожаҳои он ҳеч ҳарфи нуқтадоре истифода нашудааст.

* “Ҳафт авранг”, ки худ муштамил бар ҳафт китоб дар қолаби маснавӣ аст.

Маснавии аввалСилсилатуз-заҳаб” ба сабки ”Ҳадиқатул-ҳақиқа”-и Саноӣ суруда шудааст. Дар ин Маснавӣ аз шариат, тариқат, ишқ ва нубувват аз дидгоҳи ирфонӣ сухан рафтааст.

Маснавии дуввумСаломон ва Обсол”, ки ба номи Султон Яъқуб Оқ Қуюнлу таълиф шудааст. Ҳикояти “Саломон ва Обсол” нахустин бор дар шарҳи “Ишорот”-и Хоҷа Насируддини Тӯсӣ ва “Асрори ҳикма”-и Ибни Туфайл омада буд, ки Ҷомӣ онро ба назми форсӣ даровард.

Маснавии севвумТуҳфатул-аҳрор” нахустин маснавии таълимии Ҷомӣ аст, ки ба сабку сиёқи “Махзанул-асрор”-и Низомӣ суруда шудааст. Дар ин китоб ишоратҳое ба офариниш, ислом, намоз, закот, ҳаҷ, узлат, тасаввуф, ишқ ва шоирӣ омадааст. Дар интиҳои ин маснавӣ Ҷомӣ ба фарзанди худ Зиёуддин Юсуф пандномае нигоштааст, ки дар он аз ҷавонии худ ёд кардааст.

Маснавии чаҳорумСубҳатул-аброр” ва он низ маснавии таълимӣ аст ва дар он таълимоти ахлоқӣ ва ирфонӣ дар боби тавба, зуҳд, фақр, сабр, шукр, хавф, раҷо, таваккул, ризо ва ҳубб омадааст.

Маснавии панҷумЮсуф ва Зулайхо” маснавии ишқӣ ба сабки “Хусрав ва Ширин”-и Низомӣ ва “Вис ва Ромин”-и Фахри Гургонӣ аст, ки ба ному ёди Паёмбар ва баёни Меъроҷ ва мадҳи Султон Ҳусайни Бойқаро оғоз мешавад. Дар ин китоб Ҷомӣ аз сураи Юсуф дар Қуръон ва низ аз ривоятҳои Таврот дар сифри “Пайдоиш” баҳра бурдааст.

Маснавии шашумЛайлӣ ва Маҷнун” маснавии ишқӣ аст, ки ба вазни “Лайлӣ ва Маҷнун”-и Низомӣ ва Амир Хусрави Деҳлавӣ сохта шудааст.

Маснавии ҳафтумХирадномаи Искандарӣ”, ки маснавии таълимӣ дар ҳикмату ахлоқ аст ва дар он аз ҳакимони Юнон аз Суқрот, Афлотун, Арасту, Буқрот, Фисоғурис ва Искандар сухан рафтааст.

Баҳористон” аз дигар осори Ҷомӣ аст.

* * *

Манобеъ:

Донишномаи ҷаҳони ислом, Ҷомӣ

Донишномаи Википедия

Ҷомӣ, Алиасғари Ҳикмат

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: