Перейти к содержимому

Оё Омрико барои барканории Бен Салмон ҷиддӣ аст?

Ёддошти Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюл-явм

Паёмадҳои терури рӯзноманигори саудӣ дар консулгарии ин кишвар дар Истонбул, танҳо домангири Муҳаммад бен Салмон, муттаҳами аслии ин парванда нашуд, балки истротежии Омрико дар Ховари Миёна аз ҷумла “муомилаи қарн” дар хусуси Фаластин ва муҳосираи иқтисодии Эронро низ бо зарар мувоҷеҳ сохт.

Иштибоҳи аслие, ки Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико ва Ҷоред Кушнер, домод ва мушовири вай ба унвони таҳиякунандагони ин истротежӣ муртакиб шуданд, ин буд, ки Муҳаммад бен Салмон, шоҳзодаи саудиро меҳвари аслии ин истротежӣ қарор доданд ва бо наздик шудани таноби маҳкумият ба гардани Муҳаммад бен Салмон, ин истротежӣ низ бо фурӯпошии комил мувоҷеҳ шудааст.

Гузоришҳое, ки ин рӯзҳо аз Вошингтун мунташир мешавад ва рӯзномаҳо ва ожонсҳои хабарӣ назири Reuters ва Washington Post ва Wall Street Journal гузориш медиҳанд, нишон аз он дорад, ки сервисҳои ҷосусии марказии Омрико (CIA) ба ин натиҷа расидаанд, ки Муҳаммад бен Салмон дастури терури Ҷамол Хошуқҷиро содир кардааст. Ин натиҷагирӣ баргирифта аз фойлҳои савтие аст, ки Туркия ба он даст пайдо кардааст. Ин таҳаввулот боис шуда Тромп ва домодаш, ки ба дунболи ҳифзи ҳокимияти Муҳаммад бен Салмон ҳастанд, ба дарди сар биафтанд. Онҳо дар ҳамин робита ривояти расмии Арабистон мабнӣ бар адами нақш доштани валиаҳди Арабистон дар ин терурро дунбол мекарданд ва саъй доштанд тими терурро ба танҳоӣ ва бидуни дарёфти дастур аз мақомоти мофавқ, омили ин ҷиноят муаррифӣ кунанд.

* * *

Туркия ин ҷиноятҳоро ҳамчунон зинда нигаҳ дошта ва онро ҷузъи асосии расонаҳои хабарӣ қарор дода ва онро ба як мавзӯъи омрикоӣ-байналмилалӣ табдил додааст. Онҳо ин истротежиро ба сурати ҳадафманд ва бо ҳушмандии боло дунбол карда ва навори забтшуда ва савтӣ дар бораи чигунагии вуқӯъи амалиёти терурро ба Ҷино Ҳоспел (Gina Haspel), раиси сервиси ҷосусии марказии Омрико (CIA) таҳвил доданд. Бар асоси ин фойл, амалиёти терур дар дафтари Муҳаммад Алутейбӣ, консули Арабистон дар Истонбул анҷом шуда ва вай аз тими иҷрои амалиёт мехоҳад ба суръат ҷанозаро аз байн бибаранд ва дафтари консулгариро аз сарнахҳои эҳтимолии ҷиноят поксозӣ кунанд. Ӯ чанд рӯз баъд аз анҷоми терур, Истонбулро тарк кард ва ба Риёз баргашт, чаро ки аз боздошт ва бозҷӯӣ метарсид, аммо дар ҳар сурат аз муҳокима ва муҷозот наҷот пайдо нахоҳад кард.

Касоне, ки аз авзоъ ва шароити Арабистони Саудӣ ва бисёре аз кишварҳои арабии минтақа иттилоъ дошта бошанд, ба хубӣ медонанд, ки иҷрои амалиёт бо равише, ки гуфта шуд ва ирсоли тими терури 15-нафара — шомили пизишки қонунӣ ва коршиноси саммшинос бо ду ҳавопаймои ихтисосӣ бо таҷҳизоте назири маводди беҳушкунанда ва асид ва арраи барқӣ — наметавонад бидуни барномарезии пешин ва дастуроти ошкор аз сӯи шахсияти олирутбае назири Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди кунунии Арабистон сурат гирад.

Чунин амалиёте ҳатто агар дар кишварҳои муддаии демукросӣ назири кишварҳои урупоӣ низ иттифоқ меафтод, наметавонист бидуни мувофиқати нахуствазир ё имзои расмии вай иҷро шавад, чӣ бирасад ба ин ки дар кишваре анҷом шавад, ки ҳокимияти он дар дасти як нафар аст ва ин фард тамоми ихтиёрот ва муассисоти қудратро дар дасти худ дорад ва ба дунболи интиқом гирифтан аз мухолифони худ дар дохилу хориҷи кишвар аст. Ӯ дар ин шароит худро фарде фароқонунӣ ва бидуни муҳокима ва муҷозот қаламдод мекунад, чаро ки пулу қудрат дар даст дорад.

Мо эътиқод надорем, ки талошҳои густурдаи Дунолд Тромп барои сафед кардани Муҳаммад бен Салмон муваффақияте дошта бошад, ба вежа ки ин парванда ба сурати комил ба Кунгра рафта ва сервисҳои ҷосусии Омрико низ мавзеъе мустақил аз Кохи сафед иттихоз кардаанд. Ба ин тартиб, ба назар мерасад мавзӯъи ҳузури раиси сервиси ҷосусии марказӣ дар Маҷлиси намояндагони Омрико барои ироаи гузориши худ ҳатмӣ аст.

Мӯътадиқем, ки дӯстони Муҳаммад бен Салмон ба сурати мустақим ё ғайримустақим алайҳи ӯ вориди амал хоҳанд шуд. Гуфта шудааст, ки Шайх Муҳаммад бен Зоид, валиаҳди Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, дар ҷараёни сафари ахири худ ба Риёз, ки ҳафт рӯз тӯл кашид, бо Муҳаммад бен Салмон дидор накард ва Муҳаммад бен Салмон низ бар хилофи гузашта ҳеч зиёфатеро бо ҳамроҳии Салмон бен Абдулазиз барои вай баргузор накард. Ин мавзӯъ қобили таваҷҷӯҳ аст, чаро ки иттиҳоди вежа ва мустаҳкаме байни ду нафар дар гузашта вуҷуд доштааст.

Илова бар инҳо, Абдуллоҳи дуввум, подшоҳи Ӯрдун низ дуктур Босим Ивазуллоҳ — фиристодаи ин кишвар дар Арабистонро аз симати худ барканор кард. Ивазуллоҳ яке аз муҳимтарин мушовирони Муҳаммад бен Салмон дар заминаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ ба шумор мерафт ва аз дӯстони наздики вай буд.

Дафтари подшоҳии Ӯрдун ҳеч далеле барои барканории дуктур Ивазуллоҳ ироа накардааст. Аммо манобеъи мутаъаддид таъкид доранд, ки дар сурате, ки подшоҳи Ӯрдун эътиқод дошт, ки валиаҳди Арабистон аз моҷарои терури Хошуқҷӣ ҷони солим ба дар хоҳад бурд ва дар мансаби худ боқӣ хоҳад монд, чунин тасмиме иттихоз намекард. Нуктаи муҳимтар ин ки ин тасмим билофосила баъд аз бозгашти Абдуллоҳи дуввум аз Вошингтун ва дидор бо масъулони сатҳи болои омрикоӣ аз ҷумла Мойк Помпео, вазири хориҷаи ин кишвар гирифта шуд.

* * *

Эътирофи мақомоти Арабистони Саудӣ ба тикка-тикка кардани ҷасади Ҷамол Хошуқҷӣ ва таҳвил додани он ба як ҳамкори маҳаллӣ ва таҳмил кардани масъулияти қатл ба одамоне назири сартип Аҳмад Алъасирӣ, муовини раиси истихбороти Арабистон ё Муҳаммад Алутейбӣ, консули ин кишвар дар Истонбул ва ё ҳатто сарпарасти тими терур, нишон медиҳад, ки тамоми иттилооти дарз пайдо кардаи гузашта аз сӯи Туркия дақиқ будааст ва тамоми ривоятҳои мутаноқиз ва мутаъаддиде, ки Арабистони Саудӣ ба сурати расмӣ матраҳ карда буд, бо тазалзул ҳамроҳ буд ва Арабистон аз тариқи ин иддаоҳо талош дошт аз масъулияти худ дар заминаи ин қатл шона холӣ кунад.

Эҳтимолан парвандаи ҷинояти Арабистон дар терури Хошуқҷӣ ҳамчунон тайи ҳафтаҳо ва моҳҳои оянда боз хоҳад монд ва фишорҳо бар Муҳаммад бен Салмон афзоиш пайдо хоҳад кард. Ин дар ҳоле аст, ки Одил Алҷубайр, вазири хориҷаи Арабистон ҳамчунон исрор дорад, ки ин як иқдоми ҷиноӣ аст ва набояд сиёсӣ шавад. Суол ин ҷост, ки агар ин терурро сиёсӣ фарз накунем, дар чӣ қолабе хоҳад гунҷид? Оё Хошуқҷӣ як сабзифурӯш ё моҳифурӯш дар бозори Риёз буд, ки дар як амалиёти сирқати мусаллаҳона кушта шуда бошад ё дар натиҷаи ихтилоф бо қассоби маҳал ҷони худро аз даст дода бошад?

Дар сурате, ки Муҳаммад бен Салмон аз ҳокимияти Арабистон канор гузошта шавад, муносиботи Арабистон ва Омрико дучори таниш нахоҳад шуд, дар миёни хонадони ҳокими Арабистон ҳеч шоҳзодае вуҷуд надорад, ки ба дунболи қатъи муносиботи ин кишвар бо Омрико бошад. Мавзӯе, ки дар ин ҷо матраҳ аст, пайдо кардани ҷойгузинҳои дигар аст, чаро ки дар ҳоли ҳозир чунин ҷойгузине вуҷуд надорад. Илова бар ин, ки ҳазинаҳои чунин иқдоме метавонад барои хонадони ҳокими Арабистон бисёр гарон тамом шавад.

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: