Перейти к содержимому

Садриддин: “Оё нафту пул аз хуни инсон боарзиштар аст?”

Муҳаммадиқболи Садриддин, фаъоли тоҷик ва мудири сойти Ислоҳ, бо ишора ба хомӯшии ҳомиёни ҳуқуқи башари дохилӣ ва хориҷӣ дар баробари кушта шудани беш аз 50 нафар зиндонии тоҷик, хитоб ба онҳо гуфтааст: “Оё нафту пул аз хуни инсон боарзиштар аст барои муассисаҳои ҳомии ҳуқуқи башар? Ё ин ки тоҷикро дар олами ҳастӣ ҳамчун инсон намешуморанд ва ҳеч парвое надоранд?”

Вай, дар ёддоште дар сафҳаи корбарии худ дар Фейсбук, бо баёни ин ки ба хотири кушта шудани як журналист Ҷамол Хошуқҷӣ, Муҳаммад бен Салмон, ки то шоҳ шуданаш фақат чанд қадам монда буд, бо чӣ чолишҳое рӯ ба рӯ шуд, ёдовар шудааст: “Дар кишвари мо бошад, 50 зиндонӣ бо ваҳшонияттарин ҳолат кушта мешаванд, омилони ин қатли омм ва олам хомӯш аст.”

Дар идома бо тарҳи ин суол, ки “сабаби ин хомӯшии олам дар мавриди тоҷики мазлуми мақтул ва дорои хуни арзон доштаро дар чӣ мебинед?” пурсидааст: “Оё нафту пул аз хуни инсон боарзиштар аст барои муассисаҳои ҳомии ҳуқуқи башар? Ё ин ки тоҷикро дар олами ҳастӣ ҳамчун инсон намешуморанд ва ҳеч парвое надоранд? Ё ин ҷо паси парда чизҳои дигарест, ки мо аз онҳо огоҳӣ надорем?

Мудири сойти Ислоҳ дар идома назари худро дар ин мавзӯъ чунин баён доштааст: “Ман як тоҷики зиндониеро, ки мазлумона ва бо ваҳшонияттарин ҳолати фаҷеъ аз тарафи гурӯҳи Алфаи КДАМ ба қатл расидааст, ба ҳазор шоҳу шоҳзода баробар намедонам. Омилони ин қатлро ваҳшӣ ва ғайриинсонӣ дониста, шадидан маҳкум мекунам. Агар тоҷик дар назди ҳукумат ё режими кунунии мо арзиш надошта бошад ва дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ беарзиш бошад, ман аз ҳамаи онҳо безорам ва нафрин ба он ҳама мехонам!

Вай, дар идома ёдовар шудааст: “Инчунин аз онҳое, ки худро зиёӣ, донишманд, фаъоли сиёсӣ, фаъоли иҷтимоӣ ва ҳарчӣ худро медонанд, даъват менамоям, дар ин қазия бетараф набошанд. Агар оддитарин шарофату каромати инсонӣ дар инҳо бошад.”

Садриддин дар поёни ёддошти худ афзудааст: “Магар зиндонӣ инсон нест ва дар ҳоле хуб медонед 80 дарсади зиндониён бо тӯҳмат зиндонӣ шудаанд. Фаромӯш набояд кард, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро зиндон интизор аст агар ин режим бошад. Агар ба хотири ин мазлумон парвое надоред, барои худатон ва наздиконатон, ки дар оянда ин зиндонҳо онҳоро интизор аст бетараф набошед. Воқеан хеле мутаассифам ба ҳоли ҷомеаи шаҳрвандии кишварам!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: