Перейти к содержимому

Темурмалик ба ривояти Хондамир дар “Ҳабибус-сияр”

Ғиёсуддин Хондамир (1475-1535), таърихнигори эронии давраи темуриён, китобе дорад ба номи “Ҳабибус-сияр фи ахбори афродил-башар” (бо номи кӯтоҳи “Ҳабибус-сияр”). Ин китоб, ки ба форсӣ нигошта шуда, ҳодисаҳои ҳамлаи муғул ба Фарорӯд ва Эронро тақрибан ба тафсил ривоят кардааст. Дар ин навиштори кӯтоҳ, он қисмат аз ин китоб, ки дар бораи Темурмалик аст, барои хонандаи азиз айнан меоварем:

“… (Сипоҳи муғул) ба шаҳри Хуҷанд онгаҳе рӯ ниҳод, мудорову озарм (рифқу мудоро) як сӯ ниҳод ва баъд аз он ки ба он балда (шаҳр) расид, волии он ҷо Темурмалик, ки дар мулки Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ аз ӯ мардонатаре набуд, бо ҳазор марди номдор, ки ҳар як худро солиси (севвуми) Рустаму Исфандиёр медонистанд, дар қалъа, ки ба миёни оби Хуҷанд сохта буданд паноҳ бурданд ва муддате бо муғулон кӯшиш намуда, бисёре аз эшонро ба қаъри ҷаҳаннам фиристоданд.

Ва чун кораш ба изтирор анҷомид, хавоссу мутаъаллиқонро дар ҳафтод киштии сарпӯшида, ки беруни онҳоро ба гилу сирка андуда буданд нишонд ва худ низ ба сафина (киштӣ) даромада монанди бод бар рӯйи об равон гашт.

Ва лашкари муғул бар фирори Темурмалик мутталеъ (огоҳ) шуда ҷангкунон канори об мерафтанд ва Темурмалик ба тири дилдуз (дилхарош), ки ҳаргиз хато намекард куффорро бозмедошт, то он ки ба соҳил расида аз об берун омад ва муғулон дар пайи ӯ буданд. Темурмалик ҳар соат меистод ва ҷанг мекард, то аҳмолу асқолаш (борҳояш) пешӣ мигирифтанд.

Охируламр, атбоъи (пайравони) ӯ кушта гашта амволро аъдо (душманон) бозситонданд ва ӯ бо се чӯбаи тир, ки яке аз онҳо пайкон надошт асб меронд ва се муғул аз ақиб мешитофтанд. Темурмалик атфаи ъиноне карда тири бепайконро бар чашми як муғул зад, ки кӯр шуд ва ду нафари дигар сари хеш гирифтанд. Темурмалик ба Хоразм рафта аз он ҷо ба Ироқ шитофт ва аз Ироқ ъинони азимат ба Шом тофт.

Чун фитнаҳо ором ёфт, ӯро ҳубби ватан бар муроҷиат боис гашт ва ба Фарғона хиромида гоҳе ба Хуҷанд мерафт ва истикшофи аҳвол менамуд. Дар он асно шунид, ки писараш ба ҳукми Боту ибни Ҷучихон ибни Чингизхон ба Хуҷанд омада ва мутасаррифи амлоку асбобаш шуда. Лоҷарам бо писар мулоқот намуда ва гуфт: агар падари худро бибинӣ, мешиносӣ? Ҷавоб дод, ки: ман тифли ширхора будам, ки аз падар дур афтодам, аммо ғуломе ҳаст, ки ӯро баҷо меоварад. Ва он гоҳ ғуломро ҳозир сохта ва ғулом Темурмаликро шинохта хабари вусулаш дар Туркистон шуюъ ёфт.

Ва ӯ ба ҷониби урдуи Угедойхон, ки баъд аз Чингизхон бар тахти салтанат нишаста буд равон шуд. Дар аснои роҳ Қадқон Уғлон ба вай дучор хӯрд ва фармуд, то дастҳои ӯро бастанд ва аз муҳориботе, ки карда буд оғози тафтишу тафаҳҳус намуд ва Темурмалик суханони ӯро ҷавоб мегуфт. Дар он ҳин, ба ҳасби тақдир, муғуле, ки ба захми тири бепайкони Темурмалик кӯр шуда буд, ба он маҷлис расид ва аз вай суханон пурсид ва Темурмалики далер дар мақоми гуфту шунуд баромада, Қадқон дар ғазаб рафт ва тире ҷонгазое бар Темурмалик зад, ки дигар нафас аз вай барнаёмад…”

(Ҳабибус-сияр, сс.1363-1364)

* * *

Он чи нақл шуд, фақат ривояти кӯтоҳи Хондамир буд, на тамоми достони Темурмалик, вагарна Темурмалик пас аз расидан ба Хоразм, сипоҳиёни Хоразмшоҳиро аз нав муттаҳид намуда, дубора алайҳи муғулон ҷангид ва дар чандин набард онҳоро шикаст дод.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: