Перейти к содержимому

Аз Роғунсозии Кабирӣ то Роғунсозии Раҳмон; воқеъият ва худнамоӣ

Ба қалами яке аз рӯзноманигорони ширкаткунанда дар ҷаласоти пеш аз интихоботии ИНИТ, ки хоҳиш кард номаш зикр нашавад

Ба кор даровардани чархаи аввалини нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун, аз ҳама бештар ҷанбаи намоишӣ ва ҷашнӣ дошт. Дар он президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва духтару писараш бештар худро реклама ва таблиғ карданд. Дастоварди беш аз 50-солаи мардумро шабакаҳои давлатӣ ва иддае аз маддоҳу хушомадгӯён ба номи оилаи Раҳмон сабт карданӣ шуданд. Ҳамон оилае, ки саҳмашон ба мисли як омӯзгор ё деҳқоне, ки саҳмияи ин нерӯгоҳро харидааст ва дар бунёди он саҳм дорад бештар нест.

Аммо ин ҳодисаро тамоми мардуми Тоҷикистон чӣ мухолифони ҳукумат ва чӣ ҷонибдорону бетарафон ҳамагӣ истиқбол намуда онро бо ҳамдигар табрик кардаанд. Худо кунад ин нерӯгоҳ сабаби рушду пешрафти Тоҷикистон ва боиси беҳбудии вазъи зиндагии мардум гардад. Зеро бо доштани ширкатҳо ва корхонаҳои бузурге мисли “Заводи алюминӣ”, “Барқи Тоҷик” ва чанде дигар, ки аз ҷониби оилаи Президенти Тоҷикистон идора мешаванд, на танҳо онҳо дар рушди иқтисод ва беҳбудии зиндагии мардум саҳме надоранд, балки ин корхонаҳо дар қарзҳои бузург ғӯтавар буда баръакс дар баъзе ҳолатҳо омили ақбимонии иқтисоди Тоҷикистон, бебарқӣ ва фасод дар кишвар гаштаанд. Умедоварам, ки Роғун ҳам дар қарзҳои бузург ғарқ намешавад.

Зеро дар дунё давлатҳое вуҷуд доранд, ки бо доштани корхонаҳои азим ва чоҳҳои нафт, мардумашон дар сатҳи поинтар аз кишварҳое зиндагӣ мекунанд, ки чунин корхонаҳо надоранд. Покистон дорои яроқи ҳастаӣ мебошад, аммо Итолиё онро надорад, вале зиндагии мардуми Итолиё садҳо маротиб беҳтар аз зиндагии мардуми Покистон аст. Зеро ҳама чи бармегардад ба мудирият ва идораи давлат, ки он дар Тоҷикистон ба бӯҳронҳои фарогире рӯз ба рӯз наздик мешавад.

Ҳамин кушодашавии нерӯгоҳи Роғун низ ин ҳолатро ба намоиш гузошт. Президенти Тоҷикистон дар ифтитоҳи он болои аввалин чарха бо духтару писараш чунон аксбардорӣ мекард, ки гӯё он моли шахсии худ ва авлодаш бошад. Ин кор ва ин манзара бисёр шармовар буд, ки тамоми бузургони ин миллатро канор гузошта, шабеҳи кӯдакон болои ин чарха он тарафу ин тараф медавид, воқеан шармовар буд. Мардум ва онҳое, ки тӯли ин 50 сол аз Роғун ҳимоят мекарданд ва барои сохтани он талош мекарданд, фаромӯш шуда буданд.

Аз тарафи дигар, Эмомалӣ Раҳмонро бунёдгузори ин нерӯгоҳ муаррифӣ мекарданд, ки он комилан нодуруст ва ғайримантиқист. Зеро он тарҳи замони Шӯравӣ буда то расидани Раҳмон ба қудрат, аллакай сохтмони ин нерӯгоҳ шурӯъ шуда буд. Дар баробари харидории саҳмияҳо бо пули ҳангуфт аз ҷониби мардуми кишвар инчунин аз буҷети бисёр заъифи Тоҷикистон ҳамасола маблағҳои бузурге ҷудо мегардид. Аммо Ҳукумати Тоҷикистон ва ниҳодҳои молиявии кишвар то кунун ҳисобот барои мардум пешниҳод накардаанд, ки то ҳол чӣ қадар пули мардум дар сохтмони ин нерӯгоҳ масраф шудаву баъди фаъол шудан баргардонда мешавад ва чӣ фоидаҳое ба иқтисоди мамлакат меоварад. Чун ҳамеша бо рақсу суруд ва шиорҳои пучу бемаънӣ ҳадафҳои асосӣ пинҳон гардида, ҳамин тавр мардумро гӯл мезананд, ки он дар ояндаҳо вазъияти бӯҳрониро ба вуҷуд меоварад.

Ман мӯътақидам, ки як рӯз мардум дарк мекунанд ин ҳама ҳамосаофариниҳои дурӯғин афсонае беш набудааст.

Ёдам ҳаст, соли 2013 вақте Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон таъсис дода шуд ва дар он Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон инчунин чеҳраҳои шинохта ва рӯзноманигорону нависандагонро ба ҳам оварда буд. ИНИТ бояд масъалаи номзад ва барномаи ӯро ба интихоботи президентии соли 2013 омода карда аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳзоби сиёсии мухолифи ҳукумат номзади ягонаи худро пешниҳод мекард. Яке аз бахшҳои ин барнома таъмини истиқлоли энергетикии кишвар буд.

Онҷо онҳое, ки ин барномаро омода карда буданд, дар мавриди НБО Роғун ба ин назар буданд, ки баъди пирӯз шудани номзадашон, дар зарфи шаш моҳ ду чархаи ин нерӯгоҳро ба истифода медиҳанд. Ин банд дар ҷаласаи васеъи ИНИТ, ки дар он мардуми зиёде ҳузур дошт, баҳси гармеро ба вуҷуд овард. Танҳо шахсе, ки дар он аз ҳама зиёд пойфишорӣ мекард, раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ буд.

Кабирӣ далелҳо пеш меовард ва бо сароҳат элом кард, ки ин кор мумкин аст ва танҳо ҳукумати имрӯза онро кашол медиҳад ва он муомилаву омилҳои сиёсие дорад, ки то ин муддат ба ҳар баҳонае мардумро фиреб медиҳанд. Кабирӣ гуфта буд, тибқи иттилоти ӯ, соле пеш тамоми қисмҳои ду чархаи аввалӣ аз Украина оварда шудаву тамоми шароит барои насби он фароҳам аст. Профессор Иброҳим Усмонов дар ин масъала шадидан пойфишорӣ мекард, ки агар он омода бошад, чаро ҳукумати феълӣ онро намесозад ва ин кор ғайри имкон аст ва он шояд солҳои тӯлониро дарбар гирад. Ҳатто баъзе рӯзноманигороне, ки онҷо ҳузур доштанд, дар ин масъала бо тамасхур мегуфтанд, ки муллоҳои наҳзат ҳамин қадар фаҳмишҳои иқтисодӣ доранд!

Худо шоҳид, он вақт касе ба ин тарҳи Кабирӣ бовар надошт. Кабирӣ гуфт, афсонаро ба воқеъият табдил медиҳем, шумо каме мантиқӣ ва заминӣ фикр кунед!

Ҳамин банди барнома бисёр ҷанҷолбарангез буд. Иддае пешниҳод карданд, ки барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун мӯҳлат пешниҳод накунем. Шояд сабти ин ҷаласот дар дасти наҳзатиҳо мавҷуд аст. Баъдан дар ҳамин банд тағйирот ворид карда шуд.

Ба эҳтимоли зиёд, ин барнома назди иштирокдорони он бошад. (Аз наҳзатиҳо хоҳиш мекунам он барномаро агар доранд нашр кунанд.) Бо гузашти замон ва ҳодисаҳои пешомада дар масъалаи Роғун нишон дод, ки Муҳиддин Кабирӣ ва тарҳи ӯ комилан дуруст аст.

Агар рӯзноманигорон ва инсонҳое, ки онҷо ҳузур доштанд, ҳамин ҳодисаро пайгирӣ кунанд, воқеан таҳлили аҷибе дошт он замон раҳбари наҳзат. Инки баъдан Раҳмон бо ҷалби як ширкати итолиёвӣ, ки муомилоташ то ҳол шубҳабарангез аст, дар зарфи беш аз як сол чархаи аввали нерӯгоҳи Роғунро ба кор андохт, ин дар сурате буд, ки Кабирӣ тарҳи сохтмони сареъи онро панҷ сол пеш пешниҳод карда буд ва барномаи амалии онро ИНИТ рӯи даст дошт.

Таҳлилҳо нишон медиҳад Роғунсозии Кабирӣ ғайри шиориву намоишист ва тиҷориву манфиатовар буд, амо Роғунсозии Раҳмон ҷашниву намоишист.

Гузашти вақт нишон медиҳад, ки Роғунсозии мо як афсонаи бузург ва мифе беш набудааст.

Аз Худои бузург умед дорам, ки миллати шарифи Тоҷик рӯзе ҳақиқатҳоро мефаҳмад ва ба ин гуна ҳаводис бархӯрди мантиқӣ менамояд на бо суруду мусиқиву эҳсос.

Аллакай ҷашни Роғуну, Рӯзи Президенту, Меҳргону Харбузаву Каду гузашт, аммо зиндагии мардум ҳамоне аст, ки буд.

Махсус барои Кимиёи саодат

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: