Перейти к содержимому

Даргузашти раҳбари гурӯҳи Ҷамоати таблиғи Покистон

Ҳоҷӣ Абдулваҳҳоб, раҳбари гурӯҳи Ҷамоати таблиғи Покистон, дар синни 95-солагӣ дар бемористони Лоҳур, маркази иёлати Панҷоб, дори фониро тарк ба дори бақо шитофт.

Ба гузориши расонаҳои покистонӣ, маросими дафни ӯ бо ширкати садҳо ҳазор нафар аз мусалмонон дар минтақаи Ройванд, наздики Лоҳур баргузор шуд.

* * *

Ҳоҷӣ Абдуваҳҳоб кист?

Ҳоҷӣ Абдулваҳҳоб дар соли 1923 дар шаҳри Деҳлӣ ба дунё омад. Дар айёми навҷавонӣ ба узвияти гурӯҳи “Аҳрори ислом” даромад. Вай дар ҷавонӣ таҳти таъсири шеваи таблиғии Мавлоно Муҳаммад Илёс Кондеҳлиёнавӣ, амири Ҷамоати таблиғ қарор гирифт ва дар соли 1944 ба ин гурӯҳ пайваст.

Вай, пас аз истиқлоли Покистон дар соли 1947, ба ин кишвар муҳоҷират ва таҳсилоти худро дар риштаи илоҳиёт дар Донишгоҳи Лоҳур ба поён расонд.

Абдулваҳҳоб як мадрасаи динӣ бо номи “Арабия”-ро наздики истгоҳи роҳи оҳани минтақаи Ройванд бунён ниҳод ва барои фаъолияти бештар барои Ҷамоати таблиғ шуғли давлатии худро канор гузошт.

Ҳоҷӣ Абдулваҳҳоб дар соли 1992 ҷонишини Ҳоҷӣ Муҳаммад Башир, амири Ҷамоати таблиғ шуд ва то поёни умр ба фаъолият дар ин гурӯҳ идома дод. Вай севвумин амири Ҷамоати таблиғ дар Покистон ба ҳисоб меояд.

* * *

Ҷамоати таблиғ чӣ гурӯҳе аст?

Ҷамоати таблиғ аз ҷунбишҳои исломӣ аст, ки дар соли 1926 мелодӣ Мавлоно Муҳаммад Илёс ин ҷунбишро ба манзури таблиғи ислом, аз минтақае дар наздикии Деҳлии Ҳинд оғоз кард. Ҳадаф аз Ҷамоати таблиғ дар ибтидо он буд, ки мусалмонони аҳли Ҳиндустон ба далели ҳамзистӣ бо ҳиндуҳо, ки бо дину аҳкоми исломӣ ва шариат фосила гирифта буданд ва фарҳангу одоби ҳинду дар онон ривоҷ ёфта буд, бо исломи воқеӣ ошно шаванд.

Дар ин ҷунбиш ҷавонон дар масоҷид номнависӣ мекарданд ва баъд ба гурӯҳҳои чанднафара тақсим мешаванд ва пас аз 3 рӯз аз сабти ном, тибқи қуръа ҳар гурӯҳ раҳсипори як минтақа мешуд, ки дар он ҷо бо мардуми бумӣ табодули назар мекарданд ва худи аъзоъи гурӯҳ дар муҳите қарор мегирифтанд, ки тамоми вақт ба масоили динӣ ва исломӣ маътуф мешуд ва аз зиндагии рӯзмарра раҳоӣ меёфтанд ва ба навъе тамрине буд барои исломӣ зиндагӣ кардан. Ба раҳбари гурӯҳ дар Ҷамоати таблиғ амир гуфта мешавад.

Ба тадриҷ ҷунбиши Ҷамоати таблиғ аз шибҳиқорраи Ҳинд ба саросари минтақа ва баъдҳо ба саросари ҷаҳон густариш ёфт. Ҷамоати таблиғ дар 160 кишвари дунё марокиз доранд. Ҷамоати таблиғ эълом кардаанд, ки бо сиёсат коре надоранд ва ҳадафашон фақат таблиғи ислом аст.

Ҷамоати таблиғ аз аҳли суннати девбандӣ ҳастанд, ки ба таблиғ бо сафар ба нуқоти дурафтода эътиқод доранд.

Пас аз фурӯпошии Шӯравӣ, дар кишварҳои мусалмоннишини пасошӯравӣ назири Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва ҳатто Русия ва Қафқоз низ ин гурӯҳ тарафдорони зиёде пайдо карда ва ба таблиғи ислом мепардохтанд. Онҳо ҳаргиз ба умури сиёсӣ дахолат накардаанд, ва дахолат накардан ба сиёсат, аз усули ин ҷунбиш ба шумор меояд. Аммо бо ин ҳама, дар Тоҷикистон ин гурӯҳ мамнӯъ ва ба унвони гурӯҳи теруристӣ эълом шудааст; дар ҳоле, ки ҳеч далеле барои мамнӯъ кардани он вуҷуд надошт.

Маросими ташйеъи ҷанозаби Ҳоҷӣ Абдулваҳҳоб:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: