Перейти к содержимому

Ислом ва талаботи замона (24)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Масъалаи насх ва хотамият

مَّا كَانَ مُحَمَّدٌ أَبَا أَحَدٍ مِّن رِّجَالِكُمْ وَلَكِن رَّسُولَ اللَّهِ وَخَاتَمَ النَّبِيِّينَ

Муҳаммад падари ҳеч як аз мардони шумо нест, вале фиристодаи Худо ва хотами паёмбарон аст…” (Сураи Аҳзоб, ояти 40)

Яке аз мабоҳиси бисёр асосии муқтазаёти замон, масъалаи насх ва хотамият аст. Дар ин ҷо ду матлаб аст. Яке ин ки насхи аҳкоми Худои Таборак ва Таъоло рӯи чӣ ҳисобе аст? Маънои насх ин аст, ки ҳукмеро вазъ кунанд ва баъд, он ҳукмро бардошта, ба ҷойи он, ҳукми дигаре бигузоранд. Афроди башар дар қонунҳое, ки вазъ мекунанд, носиху мансух зиёд доранд, ва ин барои афроди башар монеъе надорад, зеро мумкин аст қонунеро вазъ кунанд, баъд аз муддате, ба иштибоҳи худашон пай бибаранд ва он қонунро ислоҳ ё иваз кунанд. Вале қонуне, ки аз тарафи Худо вазъ мешавад чӣ тавр? Дар бораи Худо ҳеч тасаввур намеравад, ки Худо қонунеро ба василаи яке аз пайғамбарон вазъ кунад ва баъд аз муддате ба иштибоҳи худ пай бибарад ва бихоҳад он қонунро ислоҳ кунад. Ин бо худоии Худо мунофот дорад. Лозимаи насх ба ин маънӣ, ҷаҳолати қонунгузор аст. Пас, иллати насх ба таври қатъ ин нест.

Вале аз тарафи дигар, мо мебинем “насх” дар қонунҳои илоҳӣ ҳаст, барои ин ки пайғамбаре меояд ва шариате меоварад, пас аз муддате, пайғамбари дигаре меояд ва шариати он пайғамбарро насх мекунад ва шариати дигаре меоварад, чунонки аз замони Одам то замони Нӯҳ шариате будааст, ҳазрати Нӯҳ меояд ва шариати ҳазрати Одамро насх мекунад, баъд ҳазрати Иброҳим меояд ва шариати ҳазрати Нӯҳро насх мекунад, Мӯсо меояд шариати ҳазрати Иброҳимро насх мекунад. Исо меояд шариати ҳазрати Мӯсоро насх мекунад (1), дини муқаддаси ислом меояд ва тамоми шариатҳоро насх мекунад. Насх дар қонуни илоҳӣ вуҷуд дорад. Иллати насх ҳам — ҳамон тавр, ки арз кардам — он иллате нест, ки маъмулан дар қонунҳои башарӣ ҳаст, яъне пай бурдан ба нақси қонун. Ин, дар улуми ноқиси башар содиқ аст, вале дар илми илоҳӣ содиқ нест. Пас, чаро насх мешавад?

Аз лиҳози муқтазаёти замон аст. Қонуне, ки ба василаи пайғамбари собиқ омадааст, аз аввал маҳдуд ба замони муайян будааст, яъне Худованди Таборак ва Таъоло аз аввале, ки ин шариатро нозил кардааст, барои ҳамеша нозил накардааст, ки баъд пушаймон шуда бошад, балки аз аввал барои як муддати муваққат нозил кардааст, то баъд аз он ки он муддат мунқазӣ шуд, шариати дигаре биёварад. Пас, чаро аз аввал барои ҳамеша вазъ накард? Мегӯем, ҳар замоне як иқтизое дорад. Қонуни Нӯҳ (а) ё қонуни Иброҳим (а) барои ҳамон замон хубу муносиб буд, аммо замони баъд қонуни дигареро эҷоб мекард.

* * *

Фалсафаи хотамият

Ин ҷо як суол ва як ишколи хеле муҳимтаре ба вуҷуд меояд, ва он ин аст, ки агар биност шариатҳо ба мӯҷиби тағйироте, ки дар замон пайдо мешавад насх бишавад, пас ҳеч шариате набояд шариати хотам бошад, яъне то абад бояд ҳар пайғамбаре, ки меояд қонуни пайғамбари пешинро насх кунад, чун замон мутаваққиф намешавад. Ва ба иборати дигар, иллати насх дар қонуни илоҳӣ пай бурдан ба нақси қонуни қаблӣ нест, балки фақат замон аст, замон ҳам, ки мутаваққиф намешавад, пас ҳар пайғамбаре, ки мабъус мешавад, бояд илзоман ва иҷборан қонуни ӯ барои замони маҳдуде бошад ва он замон, ки мунқазӣ шуд, боз як пайғамбари нав ва шариати нав.

Ин худаш як суоле аст, ки махсусан баҳоиҳо ин суолро зиёд матраҳ мекунанд, на барои ин ки далеле ба нафъи худашон оварда бошанд, балки барои ин ки иддаои хотамияти шариати исломиро мутазалзил кунанд. Ҳоло мо мехоҳем бибинем, чӣ гуна аст, ки шариатҳо ба як нуқта, ки мерасад, дар он ҷо мутаваққиф мешавад, яъне дигар шариате баъд аз он нозил намешавад.

Ин матлаб, ки дини ислом ва шариати исломӣ шариати хотам аст яъне баъд аз Пайғамбари муқаддаси ислом дигар пайғамбаре ҳаргиз нахоҳад омад, ҷузъи заруриёти дини ислом аст. Агар касе мункири хотамият бишавад, мункири ислом шудааст. Аз аввале, ки Пайғамбар мабъус шуд, аз он нафари аввале, ки ба Пайғамбар имон овард, на фақат ба ин унвон буд, ки ӯ пайғамбар аст, балки ҳамчунин ба ин унвон буд, ки вай пайғамбари хотам аст. Ҳар мусалмоне дар садри аввал, ба Пайғамбар бар ҳамин асос имон дошт, ки ӯ пайғамбари хотам аст. Пайғамбари Акрам ҳам худаш фармуд:

لا نبيّ بعدي

Баъд аз ман пайғамбаре нест…” Ин ҷумла, ки Пайғамбар (с) ба Алӣ (а) хитоб мефармояд:

أنت منّي بمنزلة هارون من موسى الاّ أنّه لا نبيّ بعدي

— аз ҷумлаҳои мутавотир ва марбут ба ғазваи Табук аст. Дар ин ҷанг, Пайғамбари Акрам Алиро бо худ набурд ва ӯро ба ҷойи худаш гузошт. Амирулмӯъминин, ки марди ҷиҳоду мубориза буд, изҳори иштиёқ кард, ки дар рикоби Расули Акрам бошад. Фармуд: маро бо худ намебаред? Расули Акрам ин ҷумларо фармуд:

أنت منّي بمنزلة هارون من موسى الاّ أنّه لا نبيّ بعدي

(“Ту нисбат ба ман, ба манзилаи Ҳорун нисбат ба Мӯсо ҳастӣ, бо ин тафовут, ки пас аз ман дигар паёмбаре нест.”) Чун дар ин ҷанг воқеан эҳтиёҷе ба сарбозу ҷанганда набуд. Як маневре буд ва зарурате ҳам набуд, ки Амирулмӯъминин дар он ширкат кунад, ва он ширкат накардан сабаб шуд, ки Паёмбар ин ҷумлаи таърихиро — ки миёни аҳли тасаннун ва шиъа мутавотир аст — зикр кунад. Марҳум Мирҳомид Ҳусайн як ҷилд аз ҷилдҳои “Абақот”-ро ихтисос додааст ба матни ривоятҳои мутаъаддиде, ки аз тарафи аҳли тасаннун ҳамин ҳадисро зикр кардаанд.

Ба ҳар ҳол масъалаи хотамият ҷузъи заруриёти дини ислом аст. Яҳудиҳо асосан мункири насх мебошанд; мегӯянд, насхи шариат имкон надорад. Ин ҳарф, ҳарфи дурусте нест, зеро агар насхи шариат имкон надорад, пас худи шариати Мӯсо чӣ кора аст?! Ва бояд ҳамон шариате, ки ибтидо зуҳур кардааст, барои ҳамеша боқӣ бошад.

* * *

Хотамият аз назари овардани маорифи илоҳӣ

Ин матлабро мо аз ҷанбаҳои мухталиф бояд баррасӣ кунем. Аввалан, эҳтиёҷ ба пайғамбари ҷадид танҳо аз назари қонунгузорӣ нест. Пайғамбар дар дараҷаи аввал маорифи илоҳӣ меоварад, яъне ҳақоиқе, ки муаррифи аволими ғайб аст: Худошиносӣ, сифоти илоҳӣ, маодшиносӣ ва он чи ки марбут ба сайри инсон ба ҷаҳони дигар аст. Ҳар пайғамбар, гузашта аз муқаррароту қонунҳое, ки барои башар овардааст, як силсила маориф ҳам барои башар овардааст. Агар масъалаи хотамиятро аз ҷанбаи он маориф дар назар бигирем, ба ин сурат аст:

Ҳар кадом аз пайғамбарон ба истилоҳ як ҳадде доранд, як мақоме доранд, маорифи илоҳиро мутаносиб бо дараҷаи сайру сулуки худашон яъне то ҳадди уруҷи худашон баён мекунанд. Ба иборати дигар, ҳар пайғамбаре, аз маорифи илоҳӣ он миқдор, ки тавонистааст кашф кунад ва ба истилоҳи урафо дар ҳадде, ки мукошифааш расидааст, баён мекунад. Бештар наметавонад баён кунад, қодир нест. Ночор баъд аз ӯ агар мукошифи дигаре як қадам аз ӯ ҷилавтар рафта бошад, қаҳран ӯ маъмурият дорад, ки маорифу ҳақоиқро барои мардум шарҳ бидиҳад. Мукошифаи маориф мумкин аст ноқис бошад ва мумкин аст як дараҷа комилтар бошад. Вале як ҳадде аз мукошифа аст, ки охирин ҳадди он аст ва ба истилоҳ мегӯянд хитом, яъне инсоне аз маорифи илоҳӣ он чиро, ки барои башар мақдур аст ва имкон дорад, ки дарёбад, дарёбад агар инсони комил бошад ба тавре, ки он чи аз маорифи илоҳӣ, ки мумкин аст кашф кунад, кашф карда бошад. Дар ин сурат ин башар, дигар замина барои ҳеч пайғамбаре баъд аз худаш боқӣ намегузорад. Яъне охирин ҳадди маориф ҳамон аст, ки ӯ баён кардааст. Дигар моварои он, маорифе аз маорифи илоҳӣ вуҷуд надорад, ки дигаре баъд аз ӯ биёяд ва баён кунад. Ба истилоҳ, ӯ ба Лавҳи маҳфузи илоҳӣ иттисоли комил пайдо кардааст. Ҳоло касе, ки баъд аз ӯ меояд, ё ба дараҷаи ӯ расидааст ё на. Агар ба дараҷаи ӯ нарасидааст, ки камтар аз ӯ кашф кардааст, пас он чи ки ӯ гуфтааст, комилтар аст. Ва агар ба дараҷаи ӯ расида бошад ва ҳатто фаразан аз ӯ ҳам болотар бошад, дигар чизе нест, ки моварои онро кашф кунад. Охираш ҳам вақте бирасад ва баргардад, ҳамон ҳарфи ӯро мезанад.

Мисли ин аст, ки шумо мехоҳед бибинед дар кураи моҳ чӣ хабар аст. Аввал як мушак меравад аксбардориҳое мекунад ва хабарҳое медиҳад, иттилооте ба даст меоварад. Баъд мушаки дигаре мефиристанд, ки аз он комилтар бошад. Иттилооти бештаре медиҳад ва ҳамин тавр. Вале билохира ба ҷойе мерасад, ки он чиро, ки барои башар аз кашфи иттилоот мақдур бошад, кашф карда ва дигар чизе намондааст, ки кашф накарда бошад. Агар ҳам чизе мондааст, дар ҳадди башар нест. Дигар баъд аз он ҳар чӣ мушак ё инсон бифиристанд, агар хабаре дорад, ҳамон хабаре аст, ки ӯ қаблан дода, дигар хабаре нест.

Хотамият аз назари маорифи илоҳӣ яъне хитом, тамом, фасли комил. Фасли комил, ки сурат гирифт, дигар фасли дигаре, ки муғойир бо он бошад маънӣ надорад. Фарз кунед, ки баъд аз Паёмбари хотам ҳам паёмбаре биёяд ва дар ҳадди ӯ бошад, айни ҳарфи ӯро такрор мекунад…

* * *

Хотамият аз назари овардани қонунҳо

Аммо аз назари қонунҳо, ки масъалаи муқтазаёти замон бо қонунҳо иртибот дорад, на бо маориф. Арз кардам чун муқтазаёти замон тағйир мекунад, шариатҳо иваз мешавад. Дар ин ҷо бояд ин матлабро тавзеҳ бидиҳем: агар мақсуд аз муқтазаёти замон чизе бошад, ки имрӯз пешрафти тамаддун ё тағйири тамаддун мегӯянд, ҳамеша ниёз ба дини ҷадид ҳаст. Тамаддун марбут ба зиндагии иҷтимоӣ аст, ки баргашташ ба васоил яъне осори илму санъат аст. Он чи дар замони Нӯҳ (а) буд бо он чи, ки дар замони Иброҳим (а) буд фарқ дошт. Башар дар замони Иброҳим (а) аз як тамаддуни комилтаре бархӯрдор буд, дар замони Мӯсо (а) аз тамаддуни комилтаре, дар замони Исо (а) аз тамаддуни комилтаре ва дар замони Хотамуланбиё (с) аз тамаддуни комилтаре. Ҳамчунин баъд аз замони Хотамуланбиё масалан дар қарнҳои чаҳоруму панҷум исломе, ки авҷи тамаддуни исломӣ аст, мусаллам тамаддуни башар хеле комилтар аз замони зуҳури Хотамуланбиё буд, ва акнун асри мо қарни бистум тамаддуни бисёр комилтаре дорад аз қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ то чӣ расад ба замони Хотамуланбиё. Вале он муқтазаёте, ки мӯҷиб мешавад шариат иваз бишавад, тағйироти тамаддун нест, пешрафти тамаддун ба маънои мазкур нест, чизи дигаре аст.

Башар ба ҳукми фитрат ва ба ҳукми он чи ки пешвоёни дин гуфтаанд, ду ҳуҷҷат дорад, ду пайғамбар дорад: яке, пайғамбари ботин, ки номаш ақл аст, ва дигар пайғамбари зоҳир, ки ҳамон пайғамбар аст. Инсон эҳтиёҷ ба ҳидоят дорад. Ҳамин фикре, ки ба инсон дода шуда худаш пайғамбаре аст барои инсон, яъне василае аст, ки лутфи Худо иқтизо кардааст, ки ба инсон дода шавад, то роҳашро пайдо кунад. Аммо паймудани он роҳе, ки инсон бояд пайдо кунад, василае мехоҳад. Ҳавоҳо ҳар кадомашон дар вуҷуди инсон, ҳокиме ҳастанд. Ғариза худаш ҳокиме аст дар вуҷуди инсон. Хеле аз роҳҳо ҳаст, ки инсон бояд онҳоро ба ҳукми ғариза бипаймояд. Ғариза ҳанӯз ҳақиқаташ кашф нашудааст, як дастгоҳи худкоре аст дар вуҷуди инсон. Масалан, дар ҳамин гулӯи инсон як чаҳорроҳ вуҷуд дорад, ду роҳ аз хориҷ ва ду роҳ аз дохил. Инҳо дар охири ҳалқ як чаҳорроҳ ташкил медиҳанд. Як роҳ аз бинӣ, як роҳ аз даҳон, як роҳ аз рия ва як роҳ ҳам аз меъда меояд, чаҳорроҳ ба вуҷуд меояд ва инсон аслан хабар надорад, ки якчунин чаҳорроҳе ҳаст. Дар ҳоли оддӣ аз ин чаҳор роҳ ду роҳаш боз аст: роҳи бинӣ ва роҳи рия, ки ҳамеша инсон озод танаффус мекунад. Вале ҳеч таваҷҷӯҳ доред, ки вақте як луқмаро ба даҳон мегузоред ва меҷавед, баъд, ки ҷавида шуд, дигар ихтиёри он аз дасти шумо берун рафта, беихтиёр фурӯ меравад ва балъида мешавад? Вақте, ки мехоҳад фурӯ биравад, се роҳ аз ин чаҳор роҳ ба таври худкор баста мешавад: яке роҳе, ки аз он луқма ворид шуда, дигар роҳи бинӣ, ки агар боз бошад, ғизо меравад дар маҷрои бинӣ ва асбоби заҳмат мешавад, ва севвум роҳе, ки ба рия меравад ва агар боз бошад, хеле хатарнок аст. Фақат роҳи марӣ ва меъда боз мемонад ва луқма ба меъда мерасад. Ин дастгоҳ ба таври худкор ин корро мекунад, роҳи худашро медонад. Ин ҳам як навъ ҳидоят аст. Билохира бояд луқма ба меъда бирасад. Худи луқма, ки намедонад чӣ бикунад, вале дастгоҳ медонад.

Ақли инсон ҳодии (роҳнамои) дигаре аст дар вуҷуди инсон. Хеле аз масоил аст, ки инсон онҳоро ба ҳукми ақл кашф мекунад. Инсон маслиҳатҳои худашро ба ҳукми ақл дарк мекунад. Масалан, як вақт ба ӯ ду кор арза мешавад, фикр мекунад ва якеро интихоб мекунад. Ин, фақат кори ақл аст. Одамҳои девона ғаризаашон ба андозаи одами оқил ҳаст, ҳиссашон ҳам ба андозаи одами оқил кор мекунад, вале ақлашон кор намекунад, ин ҳодӣ дар вуҷудашон нест. Минтақаи ин ҳодиҳо бо ҳам фарқ мекунад. Минтақаи ғариза маҳдуд аст. Он ҷо, ки минтақаи ғариза аст, минтақаи фикр нест. Минтақаи ҳисс ҳам минтақаи дигаре аст. Минтақаи ақл низ ғайр аз минтақаи ҳисс аст.

Як ҳодии (роҳнамои) чаҳорум вуҷуд дорад, ва он “ваҳй” аст. Вале ин ҳидоят ин тавр нест, ки ба таври комил дар вуҷуди ҳар касе бошад. Нерӯи ваҳйи ноқис дар ҳар касе ҳаст, илҳомоти ҷузъӣ дар ҳар касе ҳаст, вале ваҳйи комил дар ҳар касе нест. Худованд афроди лоиқро мабъус ва бар онҳо ваҳй нозил мекунад, ки як силсила ҳақоиқу роҳҳое аст, ки инсон ба онҳо эҳтиёҷ дорад. На ғариза ба он ҳақоиқу роҳҳо роҳнамоӣ мекунад, на ҳисс, ва на ақл метавонад роҳнамоӣ кунад. Ин ҷост, ки ваҳй ба кӯмаки инсон меояд ва ӯро роҳнамоӣ мекунад.

Пас, сирри ин ки инсон эҳтиёҷ ба пайғамбар дорад ин аст, ки инсон ба як силсила масоил эҳтиёҷ дорад, ки баровардани онҳо кори ваҳй ва дин аст. Масъалаи ваҳй ба ҳасби замонҳо фарқ намекунад, вале ба ҳасби истеъдодҳо фарқ мекунад, на ба ҳасби дараҷаи тамаддун. Ин тавр нест, ки чун тамаддун иваз мешавад, қонун иваз мешавад ва дар натиҷа пайғамбар ҳам иваз мешавад, яъне дараҷаи тамаддун боло меравад, пас қонуни ҷадиде мехоҳад. На. Тағйири ваҳй ба ҳукми ин аст, ки дараҷаи тамоюли худи башар яъне истеъдоди худи башар барои фаро гирифтани қонунҳои илоҳӣ тағйир мекунад. Иҷтимоъи башарӣ монанди фард аст; давраи кӯдакӣ дорад, давраи рушд дорад, наздик ба марҳилаи булуғ дорад, давраи булуғ дорад. Башарият дар ибтидо ҳолати як кӯдакро дорад, яъне асосан қудрати дарёфташ заъиф ва кам аст. Ҳар чи ки пеш меравад ва рушдаш бештар мешавад, истеъдоди бештаре пайдо мекунад. Монанди дастуруламале, ки ба бачча медиҳед: дастуруламалҳои шумо собит аст, вале бачча қобил нест, ки тамоми дастуруламалҳои шуморо анҷом бидиҳад. Баъд, ки миқдоре истеъдод пайдо мекунад, шумо миқдоре аз дастуруламалҳоро ба ӯ медиҳед ва миқдори дигарро сарфи назар мекунед ё худатон ба ҷойи ӯ амал мекунед, то мерасад ба сарҳадди булуғ (яъне ҷойе, ки ақлаш комил аст ва шумо ҳар чӣ дастуруламал дошта бошед, метавонед ба ӯ бидиҳед) ва тамоми роҳу усулро ба ӯ меомӯзед, ки то охири умр ба онҳо амал кунад.

Усул ва куллиёт ва қонунҳои куллие, ки башар эҳтиёҷ дорад, ки аз тариқи ваҳй ба ӯ гуфта шавад, номаҳдуд нест, балки маҳдуд аст. Ин ки тамоми дастурҳо ба башари аввалӣ дода нашудааст, барои ин буда, ки башар давраи кӯдакиро тай мекардааст. Қонунҳои куллӣ дар тамоми асрҳо як ҷур аст, вале башар он истеъдодеро, ки тамоми аҳком ба ӯ гуфта шавад надоштааст, ва агар ҳам мегуфтанд, наметавонист ба кор бандад. Ҳамон миқдоре ҳам, ки мегуфтанд, мебоисте баъд аз он барояш сарпараст бифиристанд, ки онҳоро ба кор бандад. Вақте, ки башар ба давраи булуғи худаш расид, ба давраи ақли комил, ба даврае, ки дар он истеъдоди дарёфти қонунҳоеро, ки усули низоми иҷтимоӣ ва фардии ӯст дорад, дар ин ҳангом бояд он қонунҳоро ба ӯ гуфт. Он вақт ба ӯ мегӯянд, тамоми ваҳй, ки бояд башарро ҳидоят кунад, ҳамин аст. Ақлат ба он ҷо расидааст, ки он чиро, ки аз тариқи ваҳй эҳтиёҷ дорӣ, ки ба ту бигӯянд ва ту бояд ба кор бандӣ, мо ба ту мегӯем. Ту онҳоро ҳифз кун ва то абад зиндагиятро бо онҳо татбиқ бидеҳ.

Маънои давраи хотамият ин нест, ки яке аз давраҳои тамаддун исмаш давраи хотамият шудааст. Давраҳои тамаддун милоки хотамият нест. Давраи хотамият яъне даврае, ки башарият расидааст ба ҳадде, ки агар қонунро ба ӯ талқину таълим кунанд, метавонад онро забт кунад ва баъд бо нерӯи ақли худаш аз ҳамин қонунҳо барои ҳамеша истифода кунад. Мисли ин мемонад, ки аз хоссиятҳои бачча, китоб пора кардан аст. Дар қадим, ки баччаҳо “ҷузъи Амма” доштанд, то як бачча як ҷузъи Амма мехонд, ҳафт-ҳашт то ҷузъи Аммаро тикка-тикка мекард. Ҳоло ҳам, ки ҷузъи Амма намехонанд, бо ҳамаи муроқибате, ки аз баччаҳо мешавад, соле ду се навбат бояд барояшон китоб харид. Бачча қудрат надорад, ки китоби худашро ҳифз кунад. Башарҳои давраҳои собиқ қудрати инро, ки китоби осмонии худашонро нигаҳ бидоранд надоштанд, тикка-тикка ва гум карданд. Куҷост Суҳуфи Иброҳим? Куҷост Тавроти Мӯсо? Куҷост Инҷили Исо? Агар Зардушт пайғамбар бошад, куҷост Авасто? Ин далел бар адами булуғи башарият аст, яъне агар дар он замонҳо ҳамин Қуръон нозил мешуд, аз Қуръон ҳам аслан хабаре набуд. Ва мо дидем, ки башар ба ҷойе расид, ки китоби осмониеро, ки барояш нозил карданд нигоҳ дошт, дигар бачча набуд, ки китобашро тикка-тикка кунад. Қуръон маҳфуз аст ва ин худаш далел бар булуғи башарият аст. Ваҳй вазифа дорад дар ҳудуде, ки ақл ноқис аст, ҷуброн кунад; мукаммилу мутаммими ақл аст, яъне дар он ҷойе, ки ақл қодир нест, ваҳй ҷуброн мекунад. Замоне, ки башар расид ба он ҷо, ки метавонад он чиро, ки бояд, аз ноҳияи ваҳй бигирад ва нигаҳ дорад ва истеъдодаш расидааст ба он ҷо, ки ин усули собит (-и ваҳй)ро ҳифз кунад ва ҳамчунин қувваи татбиқу иҷтиҳод дар ӯ бошад, яъне ҳар ҳодисаеро, ки барояш пеш меояд, бо як силсила усули куллӣ татбиқ бидиҳад ва он усули куллиро миқёс қарор бидиҳад, он замон мешавад давраи хотамият.

* * *

Хотамият ба дараҷаи тамаддун марбут нест

Пас, хотамият ба дараҷаи тамаддун марбут нест, ки бигӯянд, чӣ тавр шуда баъд аз Нӯҳ Иброҳим меояд ва шариате меоварад ва баъд аз ӯ Мӯсо ва баъд аз ӯ Исо меояд ва баъд аз ӯ Хотамуланбиё, вале баъд аз Хотамуланбиё паёмбаре намеояд? Оё баъд аз Хотамуланбиё дигар замон мутаваққиф шуд, ки набояд шариат биёяд? Замон, ки мутаваққиф намешавад ва тағйироте, ки аз замони Хотамуланбиё то кунун рӯй додааст, чандин баробари тағйироте аст, ки аз замони Нӯҳ то замони Хотамуланбиё рух додааст.

Ин амр аслан бастагӣ ба дараҷаи тамаддун надорад. Пайғамбарон барои чӣ омадаанд? Аслан эҳтиёҷи башар ба ваҳй чист? Пайғамбар, ки намеояд то ҷонишини фикру ақли башар бошад. Пайғамбар наомадааст, ки тамоми қувваҳои вуҷуди башарро муъаттал кунад, бигӯяд шумо фикр накунед, истидлол накунед, иҷтиҳод накунед, тамоми корҳоро мо ба ҷойи шумо анҷом медиҳем. Ин амр хилофи назми олам аст. Пайғамбарон мегӯянд: эй башар! Ҳар чӣ аз ту сохтааст, худат анҷом бидеҳ. Корҳоеро, ки дар ҳудуди фикру ақлу истидлол аст, бояд худат анҷом бидиҳӣ. Ҷойе, ки аз қувваи ту хориҷ аст, мо ба василаи ваҳй туро дастгирӣ мекунем. Мисли ин ки агар баччае ҳамроҳи шумо бошад, муроқиби ӯ ҳастед. То он ҷо, ки худаш метавонад роҳ биравад, мегузоред худаш роҳ биравад. Вақте, ки ба он ҷо мерасад, ки дигар наметавонад роҳ биравад, ӯро бағал мекунед. Ваҳй чунин аст, мунтаҳо он чизҳое, ки башар дар онҳо эҳтиёҷ ба ваҳй доштааст, аз аввал то охири олам маҳдуд будааст. Аз замони ҳазрати Одам то замони Хотамуланбиё миқдоре, ки башар эҳтиёҷ ба ваҳй доштааст, маҳдуд буда, вале ҳамон амри маҳдудро қобил набуда, ки ба худаш бисупоранд ва бигӯянд Худо ҳофизи шумо! Аз ин рӯ давра ба давра пайғамбар мефиристанд, доиман муроқиб, то мерасад ба он ҷо, ки ба ӯ месупоранд, ва онҳое, ки дар замонҳои баъд ҳастанд, муваззафанд, ки муроқибат кунанд. Шумо дар кори табибҳо мулоҳиза кардаед, ки онҳо бо беморонашон дугуна рафтор мекунанд. Барои беморҳои хеле содда ва авомм, табиб илова бар ин ки нусха медиҳад, соири корҳоро худаш муроқибат мекунад. Аммо дар мавриди беморе, ки таҳсил кардааст, кори дуктур хеле осон аст; фақат ду калима ҳарф мезанад ва ба баёни як амри куллӣ қаноат мекунад.

Пас, маълум шуд, масъалаи хотамият ҳал шудааст ва ин ки мегӯянд агар адён бояд ба ҳасби замон насх бишаванд, хотамияте набояд бошад, ва агар набояд насх бишаванд, шариате набояд носихи шариати пешин бошад, саҳеҳ нест. Ҳисоби хотамият ҳисоби дигаре аст, ки арз кардам. Хаёл мекунам ҳамин матлаб, имшаб кофӣ бошад ва ман ҳам хаста шудаам, дигар беш аз ин наметавонам сӯҳбат кунам. Ҳамин ҷо дуо мекунем…

* * *

Понавишт:

(1) Албатта ҳазрати Исо (а) тақрибан қонунҳояш шариате надорад, вале дар ин ки филҷумла носих ҳаст, баҳсе нест.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: