Перейти к содержимому

Туркия: Фойлҳои савтии қатли Хошуқҷӣ ба зудӣ расонаӣ мешавад // Кори Бен Салмон тамом аст

Як рӯзномаи туркияӣ бо баёни ин ки фойлҳои савтии қатли рӯзноманигори мунтақиди саудӣ имрӯз ё дар ҳамин ҳафта мунташир мешавад, таъкид кард, ки кори валиҳади саудӣ дигар тамом шуда ва Муҳаммад бен Салмон бо сар ба замин хоҳад хӯрд.

Рӯзномаи Яни Шафақ дар ёддоште ба қалами Иброҳим Корогул, сардабири худ, эълом кард, ки фойлҳои савтии қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди саудӣ дар консулгарии Истонбул, имрӯз (душанбе) ё ниҳоятан дар ҳафтаи ҷорӣ дар дастраси умум қарор мегирад.

Дар ибтидои ин ёддошт омадааст, эҳтимолан раванди интишори бахшҳои ин фойлҳои савтӣ ба сурати “қатрачаконӣ” аз имрӯз оғоз шавад. Яни Шафақ эҳтимол дод, ки фойлҳое, ки қарор аст мунташир шавад, шомили гуфтугӯҳо байни қотилони Хошуқҷӣ ва муколимоти онҳо бо Риёз баъд аз иҷрои ҷиноят аст; гуфтугӯҳое, ки исбот мекунад Муҳаммад бен Салмон, валиҳади саудӣ, мустақиман дастури иҷрои ин қатлро дода.

Сардабири ин рӯзнома бо баёни ин ки интишори фойлҳои савтӣ аз ҳодисаи қатли Хошуқҷӣ “зилзилае дар кохи Оли Сауд” бапо хоҳад кард, навишт: “Борҳо гуфта шудааст, ки Муҳаммад бен Салмон дар паси ин ҷиноят аст ва шахсан дастури иҷрои онро содир карда ва Муҳаммад бен Зоид, валиҳадии Абӯзабӣ низ шарики ин ҷурм аст… Дигар наметавон валиҳади саудиро бо лопӯшониҳо наҷот дод.”

Корогул, бо баёни ин ки ҳатто аъзои созмони Фатҳуллоҳ Гулен, воизи туркияии омриконишин, барои наҷоти Бен Салмон вориди амал шудаанд, тавзеҳ дод: “Агар онҳо шикаст бихӯранд, тарҳи бузурге, ки барои Ховари Миёнаи ҷадид доштанд, нақши бар об мешавад. Тамоми парвандаҳои касиф ва маҳрамонаи онҳо — аз Яман гирифта то Ироқ ва Сурия, аз Миср то Сумолӣ, аз Эрон гирифта то Туркия — ошкор хоҳад шуд. Он замон аст, ки мебинем мавзӯъ фақат қатли Хошуқҷӣ нест… Инки онҳо пружаи вайронгари бузурге доштанд, ки мунҷар ба нобудии тамоми минтақаи мо мешуд.”

Яни Шафақ зимни ишора ба тарҳи саудӣ-аморотӣ барои кашондани ғарби Осиё ба як ҷанги тамомаёр, афзуд: “Онҳо ба дунболи эҷоди ҷанги дохилӣ дар бархе кишварҳои минтақа ҳастанд; онҳо мехоҳанд нақшаҳои омрикоӣ-исроилӣ-ангилисиро дар минтақа иҷро кунанд ва қасд доранд, ҳар касеро, ки сари роҳашон қарор гирад аз байн бибаранд.”

Ин рӯзнома дар тавзеҳи далели нигаронии Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико аз ифшо шудани нақши Бен Салмон дар қатли Хошуқҷиро ингуна тавсиф мекунад: “Зеро севвумин унсур дар робита байни валиҳадҳои Арабистони Саудӣ ва Абӯзабӣ, Ҷоред Кушнер, домоди ӯст. Ин се нафар буданд, ки махфиёна музокирот барои фурӯши Қудс ба исроилиҳоро пеш бурданд… Қатли Хошуқҷӣ, дигар ба як масъалаи дохилӣ барои омрикоиҳо табдил шудааст. Мухолифони Тромп нақши домоди ӯ дар ин ҳодисаро ҳис карда ва бо тамоми қудрат дар ҳоли ҳамла ба онҳо ҳастанд.”

Корогул, бо ҳаётӣ донистани ҳафтаи ҷорӣ барои тамоми тарафҳои даргир дар ин масъала, навишт: “Агар Туркия шурӯъ ба интишори фойлҳои савтӣ кунад, сароғозе бар поёни Муҳаммад бен Салмон хоҳад буд. Агар ҳам давлати саудӣ баъд аз тамоми ин шароит, ӯро аз валиҳадӣ канор нагузорад, зарари бузургеро ба унвони як кишвар мутаҳаммил мешавад.”

Дар поёни ин ёддошт ҳамчунин таъкид шудааст, ки то замоне, ки Муҳаммад бен Зоид аз валиҳадии Абӯзабӣ соқит нашавад, ҳеч мушкиле дар минтақа ҳал нашуда ва чизе тағйир нахоҳад кард.

Гуфтанист, баъд аз наздик ба се ҳафта аз вуруди бебозгашти ин рӯзноманигори саудӣ ба дохили консулгарии Риёз дар Истонбул, мақомоти ин кишвар бо интишори баёнияе эътироф карданд, ки Хошуқҷӣ дар пайи даргирии дохили ин сохтмон кушта шудааст. Додситони кулли саудӣ дар се ҳафта пеш барои дидор бо додситони Истонбул ва ҳамчунин боздид аз консулгарӣ ва иқоматгоҳи сарконсули саудӣ дар ин шаҳр, ба Туркия сафар карда буд. Бархе манобеъ мегӯянд, ки парвандае 150-сафҳаӣ аз ёфтаҳои пулиси Туркия дар бораи қатли Хошуқҷӣ дар ихтиёри вай қарор гирифтааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: