Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (340)

Рафтани гург ва рӯбоҳ дар хидмати шер ба шикор (2)

* * *

Чунки рафтанд ин ҷамоат сӯйи кӯҳ,

Дар рикоби шер бо фарру шукӯҳ.

Гови кӯҳиву бузу харгӯши зафт

Ёфтанду кори эшон пеш рафт.

Вақте ки ин гурӯҳ рӯ ба сӯйи кӯҳ ниҳоданд, яъне гургу рӯбоҳ ҳамроҳ бо шер бо шукӯҳу азамат роҳии кӯҳ шуданд, дар он ҷо гове кӯҳӣ ва бузе кӯҳӣ ва харгӯше бас дурушт ёфтанд ва корашон рӯ ба сомон буд.

Зафт: бузург.

Ҳар кӣ бошад дар пайи шери ҳироб,

Кам наёяд рӯзу шаб ӯро кабоб.

Ҳар касе, ки дар пайи шери ҷангӣ бошад ва аз ӯ пайравӣ кунад, рӯзу шаб кабобаш қатъ намешавад.

Ҳироб: ҷангӣ.

Нукта: Ҳамин тавр, ҳар кас, ки дар сӯҳбату хидмати шерони бешаи тариқат ва орифони комил бошад, аз улуму маориф, ки рӯзиву ризқи осмонӣ ва қути руҳонӣ аст, бенасиб намедонад. (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с. 229)

Чун зи кӯҳ дар беша овардандашон,

Куштаву маҷрӯҳу андар хун кашон.

Гургу рӯбаҳро тамаъ буд андар он,

Ки равад қисмат ба адли хусравон.

Ҳамин, ки шеру ҳамроҳонаш шикорҳояшонро аз кӯҳ ба сӯйи ҷангал кашон-кашон оварданд, дар ҳоле, ки он шикорҳо ҳама куштаву захмӣ буданд, гургу рӯбоҳ дар ин ҳадд тамаъ доштанд, ки шикорҳо мутобиқи адолати шоҳона тақсим шавад.

Акси тамъи ҳардушон бар шер зад,

Шер донист он тамаъҳоро санад.

Тамаъи гургу рӯбоҳ бар дили шер мунъакис шуд ва ҳақиқати ҳоли онон ба ӯ маълум гашт ва шер сабабу иллати тамаъи гургу рӯбоҳро донист. Шер бо яқину фиросат, решаи тамаъи ононро эҳсос кард.

Задани акс: мунъакис шудан, маълум шудан. Санад: чизе, ки бад-он эътимод кунанд, такягоҳ, дар ин ҷо ба маънии маншаъ ва сарчашма.

Нукта: Орифи комил низ ниҳониҳои афродро дармеёбад ва ҳеч кас наметавонад аҳволи дарунии худро аз онон махфӣ кунад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.881)

Ҳар кӣ бошад шери асрору амир,

Ӯ бидонад, ҳар чӣ андешад замир.

Ҳар кас шери асрор ва солори ҳақоиқи нуҳуфта бошад, ҳар чӣ дар замири дигарон бигзарад, ӯ бад-он воқиф мешавад.

Нукта: Орифи комил низ аз даруни мардум огоҳ аст, ҳарчанд ки аҳволи ботинии худро аз ӯ пинҳон бидоранд. Аз ин рӯст, ки бад-онон “ҷавосисул-қулуб” гӯянд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.881)

Ҳин, нигаҳ дор, эй дили андешахӯ,

Дил зи андешай баде дар пеши ӯ.

Эй дили андешахӯ! Огоҳ бош ва дилатро аз андешаи баду қабеҳ дар маҳзари ӯ ҳифз кун.

Андешахӯ: дорои табъу сиришти андеша ва фикр, касе ки пайваста дар фикр аст, аммо на фикри дуруст, балки хаёлоти воҳӣ!

Нукта: Пас, агар мебинӣ, ки авлиёуллоҳ асрору макнуноти нуҳуфати дигаронро фош намекунанд, ба ин далел нест, ки воқиф нестанд, балки вуқуф доранд, вале ба иқтизои исми мубораки “саттор”, он андешаҳо ва макнунотро ифшо намесозанд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.882)

Донаду харро ҳамеронад хамӯш,

Дар рухат хандад барои рӯйпӯш.

Ӯ тамоми афкору андешаҳои ботинии туро медонад, ва харро сокиту ором медонад, яъне мумошот мекунад ва барои пӯшондани асрорат ҳатто ба рӯят лабханд низ мезанад. Яъне дар воқеъ бино ба маслиҳат, тағофулу таҷоҳул мекунад.

Харро хамӯш рондан: киноя аз мумошот кардан.

Шер чун донист он васвосашон,

Во нагуфту дошт он дам посашон.

Шер бо ин ки васвасаҳои дарунии он дуро дарёфта буд, вале чизе нагуфт ва он дам риояти ҳоли эшонро кард ва ҳурмати ононро нигаҳ дошт.

Васвос: андешаи бад, ки бар дил мегузарад. Пос доштан: ҳурмат нигоҳ доштан.

Лек бо худ гуфт: бинмоям сазо,

Мар шуморо, эй хасисони гадо!

Аммо пеши худ гуфт: эй фурӯмоягони гадосифат! Ман сазои шуморо хоҳам дод ба наҳве, ки шоистаи шумо бошад.

Хасис: фурӯмоя, паст.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: