Перейти к содержимому

Маҷмаъи “фейкҳо” ё Окодемӣ? // Номаи саргушода ба Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ, раиси Окодемии улуми Тоҷикистон. Акс аз пойгоҳи интернетии Родию Озодӣ

Ҷаноби Фарҳод Раҳимӣ, раиси мӯҳтарами Окодемии улуми Тоҷикистон!

Хитоби инҷониб дар ин нома, ба Фарҳод Раҳимӣ ба унвони як донишманди тоҷик ва физикдон ва дуктурои физику риёзӣ нест, чун шумо дар ин чеҳра, мавриди эҳтироми ҳар тоҷикистонӣ аз ҷумла банда ҳастед, балки хитобам ба Фарҳод Раҳимӣ ба унвони раиси Окодемии улуми Тоҷикистон аст; ниҳоде, ки раисаш на танҳо дар баробари инҷониб, балки дар баробари як-яки шаҳрвандони Тоҷикистони азизамон, масъул ва посухгӯст.

Ароизамро дар чанд нукта хулоса мекунам:

1) Пеш аз ҳар чиз, шоиста аст ёдоварӣ намоям, ки ҷойгоҳе, ки ҷанобашон дар он қарор доред, ҷойгоҳест, ки устодоне чун: Садриддин Айнӣ (1951-1954), Султон Умаров (1957-1964), Муҳаммади Осимӣ (1965-1988), Собит Неъматуллоев (1988-1995), Ӯлмасҷон Мирсаидов (1995-2005) ва Мамадшо Илолов (2005-2013) дар он қарор доштанд; ва Окодемии улум ба унвони як ниҳоди илмӣ, ҳамвора мояи ифтихору мубоҳоту боландагии тоҷикистониён будааст. Ва то ҷойе, ки медонам, ин ниҳоди илмӣ, аз замони таъсисаш то чанд соли ахир, ҳатто дар сахттарин шароит ва замони ҷанги шаҳрвандӣ, мавриди суистифода ва баҳрабардориҳои сиёсии ҳоким ва дастгоҳи ҳокима ба ин сурате, ки дар чанд соли ахир шоҳидаш ҳастем, қарор нагирифтааст, балки ҳамеша ва дар ҳар шароите, ифокунандаи нақшу рисолати худ будааст.

Бо камоли таассуф аммо аз замоне, ки сарпарастии ин ниҳоди муқаддас ба дасти шумо афтод, ин маркази илмӣ, беш аз ин ки маҳалли таҷаммӯи донишмандон ва тавлиду густариши илм бошад, марказе гардида, ки рисолати худро на танҳо дар тавҷеҳи сиёсатҳои дурусту нодуруст ва саҳеҳу ғалати ҳоким ва дастгоҳи ҳокима хулоса карда, балки болотар аз он, “ҷанги нарм бо мухолифони сиёсӣ ва расонаҳои мунтақид”-ро муҳимтарин рисолати худ қарор додааст.

Ва ин дар ҳолест, ки марокизи илмии ҳар кишваре, ба хусус Окодемии улум, ҳамеша (ва бояд) фароҷиноҳӣ буда ва қатъи назар аз ин ки ҳукумати кишвар дар ихтиёри чӣ касе ва дар дастони чӣ гурӯҳу ҳизбе аст, ба рисолати худ амал кунанд. Зеро ҳукуматҳо меоянд ва мераванд, аммо ниҳодҳо ва марокизи илмӣ — мисли Окодемии улум ва донишгоҳҳову донишкадаҳо — мемонанд ва ба кори худ идома медиҳанд.

Ва ҳамчунин, вуҷуди мухолифи ҳукумат дар ҷомеа (ҳар ҷомеае) ва низ расонаҳои мунтақид, на ин ки мояи нороҳатӣ ва нигаронии Окодемии улум аст, ки алайҳи ӯ мавзеъ бигирад, балки бояд мояи хушҳолии ӯ бошад, зеро ки яке аз асбоби пешрафту тавсиъаи кишвар ва ҷомеа, вуҷуди мухолифи сиёсӣ ва расонаҳои мунтақид аст, ки вақте беморие пайкари ҷомеа ва ҳукуматро фаро мегирад, ин мухолифон ва расонаҳои мунтақид ҳастанд, ки бо эъломи вуҷуди он беморӣ ва ҳушдорҳои худ, ҳоким ва ҳукуматро водор ба ислоҳ менамоянд.

* * *

2) Инки арз шуд Окодемии улуми Тоҷикистон имрӯзҳо “ҷанги нарм бо мухолифони сиёсӣ ва расонаҳои мунтақид”-ро яке аз муҳимтарин рисолатҳои худ қарор додааст, инро беҷиҳат ва бедалел нагуфтам; ин тӯҳмат нест, балки як воқеияти бисёр талх аст, ки баъзе аз кормандони дилсӯзу миллатдӯсти ин ниҳод ба инҷониб расонданд, ки феълан намехоҳам аз ӯ ном бибарам ва барояш дарди сар дуруст кунам.

Ӯ бароям навишт, бо дастури ниҳодҳои қудратии кишвар, дар Окодемии улум гурӯҳе таъсис гардида, ки кораш фақат ин аст, ки ба номҳои мустаъор (фейк), дар фазои маҷозӣ ба навиштани матолиб алайҳи мухолифон ва рӯзноманигорони мунтақид машғул аст. Ва ҷойи бас таассуф ин ҷост, ки дар байни ин “фейкҳо” ҳатто номзадҳои илм ҳам будаанд. Ва аммо ин ки муҳтавои ин матолиб чист, дигар барои касе пӯшида нест; ҳама дурӯғу ифтиро ва дашному таҳқиру тавҳин аст, ки инсон ҳатто аз овардани намунаҳое аз он барои исботи муддао, хиҷолат мекашад.

Шумо худатон, ҷаноби Фарҳод Раҳимӣ – агар огоҳ нестед — метавонед саре ба фазоҳои маҷозӣ ва сойтҳои вобаста ба ҳукумат (тақрибан ҳамаи сойтҳо ва пойгоҳҳои вобаста ба ҳукумат) бизанед ва бибинед, ки кормандони таҳти амратон чӣ ифтизоҳе роҳ андохтаанд!

* * *

3) Мухолифи сиёсӣ ва рӯзноманигори мунтақид, ҳар касе бошад, дар дараҷаи аввал ӯ як шаҳрванди ин кишвар аст ва ҳақ дорад рафторҳо ва сиёсатҳои ғалати ҳукумат ва мақомотро ба чолиш бикашад. Агар интиқодҳояш ба назари касе нодуруст бошанд, ӯ метавонад бо далелу бурҳон нодуруст будани онҳоро собит кунад, вале ҳаргиз – на қонунан ва на аз рӯи инсоният – ҳақ надорад мухолифу мунтақидро “хоин”, “ватанфурӯш”, “душмани миллат” ва ғайра аз ановини зишту нописанд бихонад.

Тоза, агар бидонед ин “фейк” номзади илм ва корманди Окодемии улум будааст, он вақт мусибат дучандон аст. Зеро, оё барозандаи номзади илм ва корманди Окодемии улум аст, ки ба ҷойи ҷавоби мантиқӣ, кораш гузоштани алқоби бисёр зишту нораво барои мухолифу мунтақид ва вуруд ба ҳарими шахсии ӯ бошад?!

* * *

4) Ҷаноби Фарҳод Раҳимӣ! Агар шумо чорае ҷуз анҷоми дастури ниҳодҳои қудратӣ надошта ва қодир ба ҷилавгирӣ аз машғул шудани кормандони таҳти амри худ ба ин амалҳои бемаънӣ набошед – ки албатта ин қобили фаҳм аст – пас, лутф кунед ва ба онҳо дастур бифармоед, ки аз ин ба баъд:

— аввалан, ба номи худашон матлаб бинависанд, на ба номҳои мустаъор ва дар чеҳраи “фейк”;

— сониян, ёдовариашон намоед, ки муҳтавои матолибашон барозандаи унвонашон — ки номзадии илм ва корманди Окодемии улум ҳастанд — бошад, вагарна бо ин корҳои худ, асбоби обрӯрезӣ ва беэътибории ин ниҳоди илмиро фароҳам кардаанд, ки ин беэътиборӣ на танҳо домани худи онҳоро, ки домани кулли тоҷикистониёнро хоҳад гирифт;

— солисан, дастурашон бифармоед, ки ҳаргиз вориди ҳарими хусусӣ ва шахсии мухолифон ва мунтақидони ҳукумат нашаванд, ки нишонаи аҷзу нотавонии онҳост ва балки нишонаи нотавонии кулли Окодемии улуми Тоҷикистон аст;

— робеъан, тавсияашон намоед, то бидонанд, ки чулоқ будан, кар будан, нобино ва кӯр будан, барои инсонҳо ҳаргиз айб гирифта намешавад. Ба кормандони таҳти амри худ ин ҳақиқати аз хуршед равшантарро тафҳим кунед агар надонанд, ки кӯру кару чулоқ будан, дасти худи инсон нест; ё Худованд чунинаш офарида ва ё дар натиҷаи садама ва расидани осебе чунин шуда, аз ин рӯ айб донистани ин сифот, аломати ниҳояти ҷаҳолат ва нодонии касе аст, ки ин сифотро ба унвони айб барои соҳибонаш унвон мекунад. Ва бадтар аз ин замоне аст, ки ба инсоне ин сифотро бичаспонанд, ки аслан чунон нест.

Умедворам, Окодемии улуми Тоҷикистон ба рисолати аслии худ бипардозад ва даст аз умуре, ки барозандаи он нест, бардорад!

Муваффақу комёб бошед!

Бо эҳтиром Сайидюнуси Истаравшанӣ

20.11.2018

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: