Перейти к содержимому

Бахшҳое аз фойли савтии қатли Хошуқҷӣ расонаӣ шуд

Як шабакаи хабарии Туркия бахши кӯтоҳе аз фойли савтии ҳафт дақиқаӣ аз кашмакаши Хошуқҷӣ бо муҳоҷимон дар консулгарии Истонбулро пахш кард.

Ҳамон тавр, ки вазири дифоъ ва расонаҳои Туркия ваъда дода буданд, бахшҳое аз фойли савтии марбут ба рӯзи қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди саудӣ дар консулгарии Истонбул расонаӣ шуда ва дар дастраси умум қарор гирифт.

Бахшҳои мунташиршуда албатта дарбардорандаи савти замони қатли вай нест ва фақат чанд ҷумла аз кашмакашҳои лафзӣ байни Хошуқҷӣ ва афроде, ки ба назар мерасад қасди куштани вайро доранд, мебошад.

Дар ин бахши кӯтоҳ аз фойли савтӣ, ки тавассути сойти шабакаи Haber Turk мунташир шуда, шунида мешавад, ки Хошуқҷӣ дар “Бахши А”-и консулгарӣ мегӯяд: “Дасти манро раҳо кунед! Чӣ мекунед?” Ин бахши судури визои консулгарӣ аст, ки ҳафт дақиқа аз фойли савтӣ дар он ҷо забт шудааст.

Бар ин асос, билофосила баъд аз вуруди Хошуқҷӣ ба бахши судури визои консулгарӣ, чаҳор нафар ба самти вай ҳуҷум оварда ва бо гирифтани дастони Хошуқҷӣ, саъй дар кашондани вай ба бахши дигаре аз консулгарӣ доштанд.

Он чаҳор нафар Хошуқҷиро ба “Бахши В”-и консулгарӣ, ки маҳалли анҷоми корҳои идорӣ аст мебаранд. Се нафари дигар низ дар ин бахш ба самти вай ҳуҷум меоваранд.

Тибқи гузориши Haber Turk, яке аз онҳо Моҳир Абдулазиз Алмутриб, раҳбари тими терури 15-нафара буд. Нафари дигар Муҳаммад Алутайбӣ, сарконсули саудӣ будааст. Ин дар ҳоле аст, ки пештар Алутайбӣ дар нишасти хабарӣ, ки дошт, ҳар гуна ҳузур дар ин воқеаро такзиб карда буд.

Дар идомаи ин фойли савтӣ шунида мешавад, ки Алмутриб бо фарёд кашидан бар сари Хошуқҷӣ мегӯяд: “Эй хиёнаткор! Туро ба сазои аъмолат мерасонем!

Haber Turk гузориш медиҳад, ки дар идомаи ин фойли савтӣ, кашмакашҳои лафзӣ ва садои даргирии муҳоҷимон бо Хошуқҷӣ шунида мешавад.

Бар ин асос, баъд аз қатли Хошуқҷӣ, 19 тамос аз “Бахши С”-и консулгарӣ – ки дафтари сарконсул дар он ҷо воқеъ шуда – бо шуморае дар Арабистони Саудӣ гирифта мешавад. Дар ин фойли савтӣ мушаххас аст, ки чаҳор тамоси барқароршуда байни Алмутриб ва Сауд Алқаҳтонӣ, мушовири дарбори салтанатӣ ва аз наздикони Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди саудӣ аст.

Гуфтанист, Хошуқҷии 59-сола, дар таърихи 3 октябр барои умури издивоҷи худ ба консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истонбул муроҷиа кард, аммо дигар аз он хориҷ нашуд. Дар пайи фишорҳои Туркия ва ифшои қатрачаконии иттилоот аз наҳваи ба қатл расидани вай, додситони кулли Арабистони Саудӣ баъд аз тағйири чандбораи иддаоҳои худ дар ин бора, ниҳоятан дар таърихи 15 ноябр эътироф кард, ки ин рӯзноманигори мунтақид дар дохили консулгарӣ тикка-тикка шудааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: