Перейти к содержимому

Вилодати Паёмбари Акрам (с) бузургтарин иттифоқи мубораки таърихи инсоният аст

Мавлавӣ Абдулҳамид Исмоилзиҳӣ, руҳонии машҳур, дар намози ҷумъаи гузаштаи Зоҳидон, бо баёни ин ки “вилодати Паёмбари ислом (с) бузургтарин иттифоқи муборак дар таърихи инсоният аст”, он ҳазратро паёмовари “ваҳдат, ухувват, ҳидоят ва мусовот” донист ва бар лузуми пайравӣ аз суннат ва сираи эшон таъкид кард.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии Мавлавӣ Абдулҳамид, ӯ пас аз тиловати ояти “Ва мо арсалнока илло раҳматан лилъоламин” (Анбиё/107) изҳор дошт: “Вилодати Расули Акрам (с) вилодати нур, раҳмат, дироят, ахлоқ, имон, амалкарди солеҳ ва ибодат буд. Вилодати он ҳазрат (с), беъсат ва ҳиҷрати эшон ҳар кадом иттифоқи бузург ва таҳаввуле азим дар таърихи инсоният ба шумор мераванд.”

Мавлавӣ Абдулҳамид бо тавсифи шароити ҷаҳон дар замони вилодати Паёмбари Акрам (с), иброз дошт: “Вилодати он ҳазрат дар воқеъ дафни осори шуми ҷаҳолат буд. Паёмбар (с) дар шароите ба дунё омаданд, ки инсоният аз лиҳози ахлоқ, эътиқод ва амалкард суқут карда буд, мардум бутҳоро ибодат мекарданд, инсонҳо ба ҳайвонҳои дарандае табдил шуда буданд, ки ба якдигар таҷовуз мекарданд, моли занон, ятимҳо ва заъифон ҳайфу майл мешуд, қавмгароӣ, лашкаркашӣ, зулм ва торикӣ ҳама ҷоро фаро гирифта буд, Аллоҳ Таъоло дар чунин авзоъе, ки лояҳои торикӣ ҷаҳонро пӯшонда буд, нури раҳматро ба ҷаҳониён арза кард.”

Вай, Расули Акрам (с)-ро “мояи раҳмат барои ҷаҳониён” донист ва хотирнишон кард: “Он ҳазрат (с) барои ҳамаи ҷаҳониён раҳматанд, чунонки Худованд мефармояд:

وَ ما أَرْسَلْناکَ إِلاَّ رَحْمَةً لِلْعالَمینَ

(Анбиёъ/107) Расули Худо (с) роҳҳои расидан ба Худоро ба башар нишон доданд ва мардумро ба беҳтарин эътиқод, ахлоқ ва амалкард роҳнамоӣ карданд.”

Мавлавӣ Абдулҳамид идома дод: “Он ҳазрат (с) бо фуқаро ва қишри заъифи ҷомеа нишастанд, худашон рӯйи замин нишастанд ва бақияро ҳам канори худ поин нишонданд. Тарафдори мусовот буданд, таҳқири инсонҳо ва фосилаи табақотиро аз байн бурданд. Ашрофи қавм барои худ айб медонистанд, ки бо Паёмбар дар радифи заъифон биншинанд, аз ин рӯ дархост карданд, ки он ҳазрат заъифонро аз канори худ дур кунад. Худованд он ҳазратро аз ин кор манъ кард ва фармуд:

وَ لا تَطْرُدِ الَّذينَ يَدْعُونَ رَبَّهُمْ بِالْغَداةِ وَ الْعَشِيِّ

(Анъом/52). Худованд зимни дастури Паёмбар ба ҳамнишинӣ бо фуқаро мефармояд:

وَ اصْبِرْ نَفْسَکَ مَعَ الَّذينَ يَدْعُونَ رَبَّهُمْ بِالْغَداةِ وَ الْعَشِيِّ يُريدُونَ وَجْهَهُ وَ لا تَعْدُ عَيْناکَ عَنْهُمْ

(Каҳф/28). Раҳмати Аллоҳ бо фуқаро ва заъифон аст; ҳимоят аз фуқаро сабаб шуд, ки онҳо қабл аз ҳама имон биёваранд ва маҳбубияти Расули Худо бештар шавад.”

Вай дар идома хотирнишон кард: “Он ҳазрат барои худ имтиёзе қоил набуданд; амиру ғариб, қавию заъиф ҳамаро канори ҳам қарор доданд. Дар тамаддуни Мадинаи Мунаввара, ки он ҳазрат бунён ниҳод, худӣ ва ғайри худӣ, бумӣ ва ғайри бумӣ вуҷуд надошт, ҳама худӣ ва наздик буданд, он ҳазрат (с) ҳазрати Салмони Форсӣ (р)-ро, ки бумӣ набуд, бештар икром карданд.”

* * *

Ваҳдат ва ухувват аз армуғонҳои Паёмбари Акрам (с) ҳастанд

Мавлавӣ Абдулҳамид дар идома, ваҳдат ва ухувватро аз дигар армуғонҳои Паёмбар донист ва изҳор дошт: “Паёмбари ислом (с) ваҳдат, ухувват ва бародарӣ оварданд. Ба сабаби он ҳазрат (с) ҷангҳои 120-солаи мардуми Мадина ба чунон ухуввате табдил шуд, ки Худованд мефармояд: “Агар шумо ҳамаи хазонаҳои рӯйи заминро ҳазина мекардед, наметавонистед байни қалбҳои онҳо ин қадр пайванду муҳаббат эҷод кунед…” Он ҳазрат (с) қавмҳоро бо ҳам муттаҳид карданд.”

Вай, ҷоҳилияти имрӯзро натиҷаи фосила гирифтан аз Қуръон ва сира донист ва иброз дошт: “Мутаассифона имрӯз, ки мусалмонон аз ислом, Қуръон ва сираи он ҳазрат фосила гирифтаанд, ҷоҳилият муҷаддадан ба ҷомеа баргаштааст; машруботи алкулӣ, маводди мухаддир, қимор, мафосид, ғафлат аз Худо, уфти ахлоқиёт, ҳасад, кина, зино, сеҳр, поймол кардани ҳаққи ятиму заъиф, қавмгароӣ ва табъиз, ки аз осори ҷоҳилиятанд, муҷаддадан дар байни мардум ва ҷомеаи мо шуюъ пайдо кардааст.”

Мавлавӣ Абдулҳамид зимни баршумурдани бархе аз дастовардҳои ислом, гуфт: “Ислом беҳтарин дастовардҳоро дорад; дини ислом бо зуҳури худ ахлоқи зебое ҳамчун: тавозӯъ, таваккул ба Худо, ихлос, дӯстӣ, садоқат, ҳаё ва соири ахлоқи писандидаро овард. Аз ин рӯ барои расидан ба саодати дунё ва охират, бояд ба ислом ва сира ва суннати Расули Худо (с) баргардем ва исломро ба таври комил дар зиндагии худ пиёда кунем.”

* * *

Монеъаҳои ваҳдат

Мавлавӣ Абдулҳамид дар бахши дигаре аз суханонаш, бо ишора ба фаро расидани моҳи Рабиъулаввал ва номгузории як ҳафта аз ин моҳ ба унвони “Ҳафтаи ваҳдат”, хотирнишон кард: “Ваҳдат масъалаи бисёр хуб ва муҳимме аст, аммо мутаассифона мо натавонистем ваҳдатро амалан пиёда кунем. Агар мо ваҳдатро амалан пиёда мекардем, дунё бештар аз он истиқбол мекард. Мо барои расидан ба ваҳдат, фурсатҳои зиёдеро аз даст додем.”

Вай, ҳифзи ҳурмат ва каромати якдигар, нигоҳи яксон ва иҷрои адолатро аз муҳимтарин авомил барои расидан ба ваҳдати амалӣ баршумурд ва гуфт: “Беҳтарин масъала барои расидан ба ваҳдат, эҳтиром, ҳифзи ҳурмат ва нигаҳ доштани каромати якдигар аст. Аз беҳтарин авомиле, ки сабаби ниҳодина шудани ваҳдат дар ҷомеа мешавад, нигоҳи яксони масъулони амр ва иҷрои адолат миёни тамоми ақвом ва пайравони мазоҳиб аст. Иҷрои адолат ва нигоҳи яксон метавонад ҷомеаи моро бо якдигар наздик кунад.”

Мавлавӣ Абдулҳамид дар идома бо таъкид бар лузуми расидан ба ваҳдати воқеӣ ва амалӣ изҳор дошт: “Имрӯз душманон мехоҳанд тафриқа эҷод кунанд, истикбори ҷаҳонӣ ва мустакбирон ба хотири манофеъи худашон кишварҳоро ба ҷони ҳам андохтаанд, дар миёни мазоҳиб ва миллатҳо ихтилоф ба вуҷуд овардаанд. Аз ин рӯ, ваҳдат муҳим ва ниёз аст ва барои расидан ба ваҳдати амалӣ бояд талош шавад.”

Вай афзуд: “Умедворем ҳама ба ваҳдати амалӣ ва воқеӣ баргарданд, нигоҳро ислоҳ кунанд, адолатро иҷро кунанд ва дидгоҳҳоро тағйир бидиҳанд.”

Мавлавӣ Абдулҳамид бо таъкид бар лузуми баррасии монеъаҳои ваҳдат ва парҳез аз онҳо баён дошт: “Агар мо ваҳдатро ниёзи худ медонем, бояд имрӯз баъд аз 40 сол баррасӣ кунем, ки чӣ чизе “монеъ”-и ваҳдат будааст ва чӣ чизҳое метавонанд ваҳдатро беҳтар дар ҷомеа ниҳодина кунанд. Дар амри ваҳдат мо бояд бисёре аз сиёсатҳо ва масоилро тағйир бидиҳем. Бояд дидамонро васеътар кунем ва сиъаи садр дошта бошем.”

Вай, бо баёни ин ки “ваҳдат ниёз ба фидокорӣ дорад” хотирнишон кард: “Ваҳдат чизи бисёр арзишманде аст. Ҳамаи мусалмонон бояд рӯйи калимаи тавҳид ва муштаракот муттаҳид бошанд. Ваҳдат ҳазина мехоҳад ва мо бояд ҳазинаи ваҳдатро пардохт кунем, то ин ки ба ваҳдати воқеӣ бирасем. Бояд фидокорӣ кунем, то мусалмонон ба ваҳдат бирасанд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: