Перейти к содержимому

Пайдову пинҳони моҷарои женерол (5)

Бахши панҷум (поёнӣ)

Моҷарои женерол Абдуҳалим Назарзода дар сентябри соли 2015-ро метавон яке аз калидитарин таҳаввулоти таъсиргузор бар равандҳо ва рӯйкардҳои сиёсии дохилӣ ва ҳатто мавозеъи байналмилалии Тоҷикистон дар назар гирифт.

Пас аз ин воқеа бисёре аз фаъолони сиёсӣ ва аҳзоб ва гурӯҳҳои дохилии Тоҷикистон ё дастгир шуда ё аз тарси шиканҷаву зиндону қатл, ба хориҷ аз кишвар муҳоҷират карданд ва як фазои такқутбии бесобиқа дар ин кишвар шакл гирифт.

Дар арсаи байналмилалӣ низ талошҳои ҳукумати Тоҷикистон барои таҳти таъқиб қарор додани мухолифон ва теруристӣ эълон кардани гурӯҳҳои мухолиф назири Ҳизби наҳзати исломӣ ба баҳонаи ин моҷаро, нақше таъйинкунанда дар рафтори сиёсати хориҷии ин кишвар доштааст. Илова бар ин, тағйири улгуҳои дӯстӣ ва душмании Тоҷикистон бо такя ба моҷарои Назарзода сурат гирифтааст, ки наздикӣ ба Арабистони Саудӣ ва сардии равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин росто будааст.

Ҳукумати Тоҷикистон дар ривояте, ки дар расонаҳо ва маҳофили расмӣ ироа дода, женерол Абдуҳалим Назарзодаро ба унвони як кудетогар муаррифӣ кардааст. Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, Назарзода пас аз ҳамла ба сохтмони Вазорати умури дохилӣ ва Вазорати дифоъи ин кишвар, бо куштани 9 нафар аз нерӯҳо ва мақомоти давлатӣ даст ба кудетои нофарҷом зада ва дар натиҷаи адами муваффақият, бо нерӯҳояш ба дараи Ромит дар 110-километрии шаҳри Душанбе мегурезад. Дар Ромит аммо пас аз 10 рӯз даргирӣ ва замоне, ки Назарзода ва нерӯҳояш ҳозир ба таслим намешаванд, нерӯҳои амнияти давлатӣ вай ва шуморе аз нерӯҳояшро дар даргирӣ ба қатл мерасонанд.

Абдуссаттор Бобоев, аз дӯстони қадимии Ҳоҷӣ Ҳалим аммо дар баёни вежагиҳои шахсиятии Назарзода, ӯро шахсе ватанпараст, мӯътақид ба мабонии динӣ, мардумдор ва бисёр мавриди эътимод мехонад. Вай, дар баёни хотироти як рӯз қабл аз вақойеъи 5 сентябри 2015, бо оддӣ хондани риволи зиндагии Назарзода, эҳтимоли барномарезишуда будани кудетои мавриди иддаое ҳукуматро мавриди интиқод қарор медиҳад. Бобоев ҳамчунин бо изҳори сарнавишти хонаводаи Назарзода, ки мунҷар ба кушта шудани се тан аз бародарони ӯ тавассути ҳукумати Тоҷикистон ва зиндонӣ шудани як бародар ва писари бузурги ӯ бидуни ин ки онҳо кучактарин дахолате дар моҷарои мазкур дошта бошанд, ҳукуматро мавриди интиқод қарор медиҳад.

Ҳамчунин ривояти Муҳиддин Кабирӣ аз моҷарои сентябри соли 2015 дарбардорандаи нукоти бисёр ҷадидтаре буд, ки суолоти мутаъаддидеро барои таҳлилгарон ва коршиносон ба вуҷуд овард. Кабирӣ бо баёни ин ки моҷарои Назарзода шабеҳ ба ҳеч кудетои дигаре дар таърих набудааст, ӯро фарде мехонад, ки дар натиҷаи муқовимат дар баробари хостаҳои номашрӯъ ва ғайриқонунии ҳукумат, ба шаҳодат мерасад. Кабирӣ ҳамчунин бо баёни ин ки моҷарои Назарзода як сенориюи тарроҳишуда тавассути ҳукумат будааст, муқовимати вай дар баробари хостаи ҳукумат перомуни теруристӣ эълон кардани ҲНИТ ва сипас талоши нерӯҳои амниятӣ барои дастгирии Назарзода ва ба қатл расондани ӯро омили аслии даргириҳо матраҳ мекунад. Раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчунин зимни бозхонии таҳаввулоти пеш аз вақойеъи сентябри 2015, соли 2010 ва тасвиби Протоколи маҳрамонаи 32-20-ро решаи аслӣ ва омили калидии рӯй додани таҳаввулоти пас аз он дар кишвар унвон мекунад.

Тамоми ин ривоятҳо таҳлилгарон ва коршиносони ин ҳавзаро бо суолот ва ибҳомоти ҷиддие мувоҷеҳ сохтааст. Ибҳомоте, ки шояд дар суолоти зайл битавон онҳоро хулоса кард:

1) Мантиқӣ аст агар Назарзода дар тарроҳии кудетои мазкур, хонавода, атрофиён ва тамоми наздиконашро пеш аз он огоҳ сохта ва бо шинохт аз фазои амниятии Тоҷикистон онҳоро ба макони амне мунтақил мекард. Бо ин вуҷуд, шоҳиди он ҳастем, ки фарзандон ва бародарони ӯ як рӯз баъд аз ин воқеа ва аз тариқи телевизиюн мутаваҷҷеҳи моҷарои рӯйдодашуда мешаванд. Ҳатто наздиктарин афрод ва дӯстони Назарзода ҳам аз ин тасмими ӯ изҳори беиттилоӣ карда ва барояшон чунин моҷарое таъаҷҷуббарангез буд. Беиттилоии хонавода ва атрофиёни Назарзода аз иқдомоти ӯро чӣ гуна метавон таҳлил ва арзёбӣ кард?

2) Назарзода яке аз фармондеҳони ботаҷриба ва коркуштаи тоҷик буд, ки тайи солҳои пас аз ҷанги дохилӣ маъмуриятҳои муваффақи ӯ дар даргириҳои марзӣ забонзади хоссу омм буд. Аз ин рӯ ба хубӣ медонист, ки ба лиҳози низомӣ даргирӣ дар минтақае ҳамчун дараи Ромит, он ҳам замоне, ки тарафи муқобил як нерӯи низомии бархӯрдор аз таҷҳизоте ҳамчун нерӯи ҳавоӣ ва таҷҳизоти зиреҳӣ аст, як иштибоҳи маҳз аст. Табиатан дар даст гирифтани сохтмонҳои давлатӣ ва кашондани даргириҳо ба даруни шаҳр метавонист имтиёзоти бешумореро дар ихтиёри нерӯҳои чарикии ӯ қарор дода ва ба мантиқи кудето наздиктар буд. Чароии интихоби Ромит аз сӯи Назарзода ҳамчунон мавриди пурсиши бисёре аз коршиносони масоили низомӣ аст.

3) Ҳукумати Тоҷикистон бо муртабит кардани моҷарои Назарзода ва мамнӯияти фаъолияти ҲНИТ, талош карда ин дуро мутародиф ва дорои робита нишон диҳад. Бо ин ҳол Муҳиддин Кабирӣ гуфта буд, пеш аз рӯй додани моҷарои Ҳоҷӣ Ҳалим, Вазорати додгустарии Тоҷикистон дар номае, 10 рӯз ба ин ҳизб мӯҳлат медиҳад, то ҳизбро баста эълом кунад. Аз ин рӯ ин пурсиш аз ҳукумати Тоҷикистон матраҳ мешавад, ки бо вуҷуди барномаи аз пеш таъйиншудаи ҲНИТ, чӣ гуна моҷарои перомуни Ҳоҷӣ Ҳалимро ба ҲНИТ нисбат дода ва аъзои онро ба ин баҳона таҳти таъқиб қарор дода ва онро баста эълон кардааст?

4) Гуфта мешавад, ки дар рӯзи 3 сентябри соли 2015, яъне як рӯз пеш аз вуқӯъи моҷарои Назарзода, нерӯҳои амниятии тоҷик бо ҳуҷум ба манзили яке аз фармондеҳони собиқ вайро ба қатл мерасонанд. Бархе таҳлилҳо ҳокӣ аз он дорад, ки ин иқдом бо ҳадафи таҳрики Назарзода ва водор сохтани вай ба хуруҷ аз шаҳр сурат гирифтааст. Бо ин ҳол, то кунун изҳорот ва мустанадоти шаффофе дар ин бора ироа нашудааст.

5) Яке аз мавзӯъҳои калидии фазои сиёсии Тоҷикистон тайи солҳои ахир Протоколи 32-20 будааст, ки аввалин бор тавассути русҳо мунташир шудааст. Тайи солҳои пас аз ифшои он, шоҳиди мустанадоти бисёре мабнӣ бар пайгирии он будаем ва дар соли 2015 низ гузориши ниҳоии ин Протокол, яъне бастани ҲНИТ сурат гирифтааст. Ҳукумати Тоҷикистон дар радди ин иддаоҳо ва истидлоли адами иртиботи таҳаввулоти рӯйдода дар сентябри 2015 бо ин протокол то кунун тавзеҳоте ироа надодааст.

6) Беҳтарин санади иддаоҳои матраҳшуда дар хусуси Ҳоҷӣ Ҳалим метавонад интишори аснод ва мадорики ироашуда дар додгоҳи муҳокимаи чеҳраҳои марбут ба ин моҷаро мебошад. Табиатан бо гузашти беш аз 3 сол метавон ин таваққӯъро аз ҳукумати Тоҷикистон дошт, ки бо интишори ин аснод, посух ба бисёре аз ин пурсишҳоро ироа диҳад. Бо ин ҳол, ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аз ин амр худдорӣ варзидааст. Иллати ин амр ва адами шаффофият ва таҳқиқоти бетарафонаи хабарнигорон ва таҳлилгарон перомуни ҳаводиси сентябри 2015, мавзӯе аст, ки мебоист ба он посух дода шавад.

Tasnimnews

* * *

Бахши аввал

Бахши дуввум

Бахши севвум

Бахши чаҳорум

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: