Перейти к содержимому

Тромп имшаб дар мавриди парвандаи Хошуқҷӣ чӣ гуфт?

Раисиҷумҳури Омрико як моҳу ним баъд аз тикка-тикка шудани Хошуқҷӣ, мегӯяд, шояд Муҳаммад бен Салмон аз моҷарои қатли фаҷеъи Ҷамол Хошуқҷӣ иттилоъ дошта бошад.

Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико дар баёнияе эътироф кард: “Эҳтимолан Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди саудӣ аз моҷарои қатли фаҷеъи Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақид дар Истонбул хабар доштааст.”

Ин мавзеъи ҷадиди Тромп дар қиболи қатли Хошуқҷӣ, дар як баёнияи расмӣ мунъакис шуд. Тромп то кунун исрор дошт, ки ривояти расмии саудиҳо аз моҷаро саҳеҳ будааст.

Саудиҳо мегӯянд, як тим барои розӣ кардани Ҷамол Хошуқҷӣ барои бозгашт ба кишвараш, роҳии Истонбул шуда буд. Ин ривоят меафзояд, ки тими мазбур дар ҳини розӣ кардани Хошуқҷӣ, контроли худро аз даст медиҳанд ва ба ҷойи розӣ кардан, вайро хафа кардаанд.

Додситони кулли Арабистони Саудӣ бидуни ном бурдан аз муҷримин, гуфтааст, ки дастгоҳи қазоии саудӣ дар ин моҷаро барои 5 нафар дархости қасос кардааст.

Аҷиб он аст, ки Тромп дар ин баёния, ба Эрон ҳамла кардааст. Дар баёнияи Тромп омадааст: “Дунё ҷойи хатарноке аст. Кишвари Эрон масъули як ҷанги ниёбатии хунбор алайҳи Арабистони Саудӣ дар Яман аст; эрониҳо талош доранд, ки талоши ироқиҳо барои расидан ба демукросиро ноком бигузоранд… Эрониҳо бисёре аз шаҳрвандони омрикоӣ ва дигар инсонҳои бегуноҳро дар Ховари Миёна ба коми марг кашондаанд.”

Раисиҷумҳури Омрико ба шиори маъруфи “Марг бар Омрико!” ишора кард ва гуфт: “Давлатҳои Эрон бо садои баланд мегӯянд: Марг бар Омрико ва марг бар Исроил! Эрон дар заминаи ҳимоят аз теруризм, пешрав аст.”

Раисиҷумҳури Омрико дар идома ба тафовутҳои Эрон ва Арабистон пардохта ва навишта: “Дар сӯи дигар аммо Арабистон аст, ки агар эрониҳо ризоят бидиҳанд ва аз Яман берун биёянд, Арабистон ҳам бо ризоят аз Яман ақибнишинӣ мекунад.”

Раисиҷумҳури Омрико аз далоили наздикии Вошингтун ва Риёз ҳам сухан гуфта ва афзуда: “Пас аз сафари соли гузаштаи ман ба Арабистони Саудӣ, ин шоҳнишин бо сармоягузории 450 милёрд дулорӣ дар Иёлоти Муттаҳида мувофиқат кард. Ин як рекурд аст ва ҳазорон шуғл дар Омрико эҷод мекунад.”

Тромп пас аз ҳамла ба эрониҳо ва тамҷид аз саудиҳо, суроғи парвандаи Ҷамол Хошуқҷӣ рафта ва навишта: “Ҷинояте, ки дар ҳаққи Ҷамол Хошуқҷӣ рӯй дод, ваҳшатнок буд ва мо ин моҷароро лопӯшонӣ нахоҳем кард. Мо дар амал, иқдоме бузург алайҳи касоне, ки дар ин қатл даст доштаанд, анҷом додаем.”

Раисиҷумҳури Омрико афзуда: “Намояндагони Арабистони Саудӣ мегӯянд, Ҷамол Хошуқҷӣ душмани кишвараш ва аз аъзои Ихвонулмуслимин буда, вале тасмими ман дар хусуси ин масъала, аслан бар мабнои чунин қазоватҳое нест. Ин як ҷинояти даҳшатнок ва ғайриқобили қабул аст. Малик Салмон ва валиаҳд Муҳаммад бен Салмон қавиян ҳар гуна иттилоъ аз барномарезӣ ё иҷрои барномаи қатли оқои Хошуқҷиро рад мекунанд. Созмонҳои иттилоотии мо ба арзёбии ҳамаи иттилооти мавҷуд идома медиҳанд, вале бисёр эҳтимол дорад, ки валиаҳд Бен Салмон аз ин воқеаи таассурбарангез иттилоъ доштааст. Шояд иттилоъ дошта ва шояд ҳам иттилоъ надошта.”

Тромп пас аз гуфтани ҳамаи ин маворид, натиҷагирии худро низ арза карда ва навишта: “Ба ҳар сурат, робитаи мо бо подшоҳии Арабистони Саудӣ барқарор аст. Онҳо дар муборизаи бисёр муҳимми мо бо Эрон, муттаҳиди бузург барои Иёлоти Муттаҳида ба шумор меоянд.”

Раисиҷумҳури Омрико, аъзои Кунграро ҳам ба хотири талош барои маҳкум кардани Муҳаммад бен Салмон дар моҷарои Хошуқҷӣ, хитоб қарор дода ва навишта: “Мефаҳмам, ки бархе аъзои Кунгра, ки ба далоили сиёсӣ ё далоиле дигар, мехоҳанд масири мутафовитро тай кунанд ва албатта онҳо озоданд, ки чунин кунанд… Пас аз Иёлоти Муттаҳида, Арабистони Саудӣ бузургтарин тавлидкунандаи нафти дунё аст.

* * *

Зариф баёнияи Тромпро “шармовар” хонд

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, баёнияи Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико дар бораи терури Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди саудиро “шармовар” тавсиф кард.

Зариф дар ҳисоби корбариаш дар Твиттер навишт: “Оқои Тромп дар иқдоме аҷиб аввалин банди баёнияи шармовараш дар бораи ҷиноятҳои саудиро ба муттаҳам кардани Эрон ба анвоъи шароратҳое, ки дар тасаввураш мегунҷад, ихтисос додааст. Шояд муқассири оташсӯзии Колифурниё ҳам мо ҳастем, чун ба ҷору кардани ҷангал бо чангак кӯмак накардем.”

Гуфтанист, Тромп, ки мудирияти нодурусти нигаҳдории ҷангалҳоро омили аслии оташсӯзиҳои ахир дар Колифурниё медонад, ахиран гуфта буд, ки раисиҷумҳури Фанлонд ба ӯ гуфтааст, ки дар кишвараш замони зиёдеро сарфи “ҷору кардани ҷангал бо чангак” мекунанд.

Раисиҷумҳури Фанлонд суханони Тромпро такзиб карда ва гуфта, ки ҳаргиз бо раисиҷумҳури Омрико дар бораи ин мавзӯъ сӯҳбат накардааст. Ин мавзӯъ боиси роҳ афтодани мавҷе аз тамасхур алайҳи Тромп шудааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: