Перейти к содержимому

Ҷумъаи сиёҳи Тромп: нафт, силоҳ ва ахлоқ

Ёддошти Тумос Фридман (Thomas L. Friedman) дар рӯзномаи New York Times

Ман воқеан бо ин суол каланҷор меравам, ки: бадтарин чиз дар мавриди рӯйкарди Тромп дар сиёсати хориҷӣ чист? Оё бадтарин рӯйкард ин аст, ки ӯ комилан фоқиди ҳисси масъулияти ахлоқӣ аст ё ин ки ӯ фарде бешуъур ва аҳмақ аст? Аммо агар ӯ таркибе аз ҳар ду бошад, фарди ваҳшатноке мешавад — раисиҷумҳуре, ки аҳмақ ва бемасъулият аст бадтарин чиз аст. Ӯ арзишҳои омрикоиро мефурӯшад, аммо ҳеч арзише ба ҷойи онҳо пас намегирад.

Тумос Фридман (Thomas L. Friedman), назарияпардоз ва сутуннависи маъруфи рӯзномаи The New York Times

Тромп худро ба унвони як муомилагари сахтгиру боҳуш муаррифӣ мекунад, ва сипас ба ин раҳбарон иҷоза медиҳад ӯро ба бозӣ бигиранд. Дар хиёбон шунида мешавад, ки мегӯянд: “Баччаҳо, огоҳ бошед! Тромп аҷносу хадамоти ройгон ироа медиҳад! Фақат кофист ба ӯ бигӯед, ки шумо дар ҳоли мубориза бо Эрон ё Ихвонулмуслимин ҳастед. Ба ӯ бигӯед, дӯсти Шелдон Оделсун, сармоядори яҳудии омрикоӣ ҳастед, то ройгон аз хадамот баҳраманд шавед!

Моҳи майи гузашта, иди яҳудиён зудтар фаро расид, зеро Тромп эълом кард сафораташро аз Телавив ба Уршолим (Қудс) мунтақил мекунад — руъёи солиёни соли нахуствазири ин режим, ки ройгон муҳаққақ шуд. Тромп ба Натонёҳу гуфт: “Ман руъёи туро муҳаққақ мекунам, аммо дар иваз ту бояд шаҳраксозиҳо дар қалби каронаи Бохтариро мутаваққиф кунӣ!” Сипас Тромп ба фаластиниҳо гуфт: “Ман бар хилофи майли шумо, сафоратро ба Уршолим (Қудс) мунтақил кардам, аммо дар иваз чизе ба шумо додам, ки руасои ҷумҳури пешин надода буданд: таваққуфи шаҳраксозиҳо.” Бинобарин ӯ ба таври ройгон ба Телавив имтиёз дод. Дар ивази ин кор, ӯ аз Шелдон Оделсун милюнҳо дулор кӯмаки молӣ барои ҷумҳурихоҳон гирифт. Бинобар ин, Тромп чизе оидаш шуд, аммо омрикоиҳо бенасиб монданд.

Ҳол навбати Арабистон аст. Крисмаси Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ, зудтар аз замонаш фаро расидааст, зеро Тромп ба ӯ чароғи сабз нишон дода, ки ба рағми дахолаташ дар қатли Ҷамол Хошуқҷӣ дар консулгарии Арабистон дар Истонбул, хабаре аз муҷозот нахоҳад буд. Гузориш шуда, ки Хошуқҷӣ тавассути тими саудӣ дар консулгарӣ кушта шуда, ҷасадаш тикка-тикка ва дар асид об шудааст.

Саудиҳо иддао мекарданд ин амалиёт худсарона буда ва танҳо муҳофизон ва дастёрони валиаҳд дар ҷараёни он будаанд. Аммо чунин иттифоқе дар Арабистон ғайримумкин аст. Дастур аз боло содир шудааст.

Аммо чун ҳеч кас наметавонад собит кунад, ки фармони қатл аз ҷониби валиаҳд содир шуда, Тромп ҳам тарҷеҳ дода бо ҳамон забоне, ки ӯ дар қиболи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ба кор бурд, ба фирори валиаҳд аз ин парванда кӯмак кунад. Вақте Путин дар интихоботи 2016-и мо дахолат кард, Тромп гуфт, ки Путин ин корро анҷом надодааст. Путин танҳо гӯшмолии ҷузъие дода шуд — эъмоли таҳримҳои кучак — аммо ӯ ба воситаи осебе, ки бо дахолаташ дар интихобот ба мо зада буд, ҳеч муҷозоте нашуд.

Ва мардуми Омрико чӣ баҳра бурданд? Ҳеч — ба истиснои суханронии Тромп дар мавриди ин ки чаро мо ба кӯмаки Русия дар саросари ҷаҳон ниёз дорем. Ва боз ҳам гарчӣ худи Тромп мумкин аст чизе ба даст оварда бошад.

Дар мавриди саудиҳо ҳам Тромп дишаб баёнияи расмие содир кард: “Созмонҳои иттилоотии Омрико ба баррасии ҳамаи иттилоот идома медиҳанд, аммо ин эҳтимол комилан вуҷуд дорад, ки валиаҳди Арабистони Саудӣ аз ин воқеаи ғамангез иттилоъ дошта — шояд дошта ва шояд ҳам надоштааст!

Тромп мумкин аст ба Бен Салмон гуфта бошад: ман медонам, ки шумо имтиёзи ройгони худро нагирифтаед. Шумо дар Яман оташбас кунед, агар лозим бошад ман аз ҳаминҷо худам ба онҷо ҳамла мекунам.

Дар иваз Тромп аз масъалаи қатли Хошуқҷӣ гузашта ва дар оянда ҳам ба Арабистон силоҳ медиҳад.

Ин мумкин аст бадтарин навъи бетаваҷҷӯҳии раисиҷумҳури Омрико ба усули ин кишвар дар таърихи Омрико бошад; ба вежа ба ин далел, ки онҳо дар ҷиҳати манофеъи мо нестанд. Аммо ҳатто агар Арабистон ҳам ба хариди силоҳ аз мо идома диҳад, осеби ҷиддие ба имиҷи мо дар саросари ҷаҳон ворид хоҳад шуд, зеро мо хунро бо силоҳ муомила кардем.

Боз ҳам такрор мекунам, мардум ба гунае ҳарф мезананд гӯё интихоби Омрико дар Ховари Миёна миёни “муттаҳидони хуб назири Арабистон” ва “душманони бад монанди Эрон” аст. Аммо Арабистон ҳам рафтори ваҳшатноке дорад.

Ба ҷойи интихоби байни дӯсту душмани бад, бояд бо фикри таъмини манофеъи амниятӣ, манофеъи молӣ ва манофеъи ахлоқии худ бошем. Биёед ба фикри пружаи Манҳетен бошем, то битавонем то соли 2025 нафти Омрикоро таъмин кунем.

Ин эътиёди мо ба нафт аст, ки моро маҷбур карда чашмонамонро ба рӯйи чунин қатли возеҳе бибандем. Ва ҳамин эътиёди мо ба нафт аст, ки боис мешавад фикр кунем метавонем дархост барои иҷрои адолатро бо суфориши хариди таслиҳот муомила кунем.

The New York Times

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: