Перейти к содержимому

Ислом ва талаботи замона (25)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Хотамият

مَّا كَانَ مُحَمَّدٌ أَبَا أَحَدٍ مِّن رِّجَالِكُمْ وَلَكِن رَّسُولَ اللَّهِ وَخَاتَمَ النَّبِيِّينَ

Муҳаммад падари ҳеч як аз мардони шумо нест, вале фиристодаи Худо ва хотами паёмбарон аст…” (Сураи Аҳзоб, ояти 40)

Баҳси дишаби мо ба муносибати баҳсе, ки роҷеъ ба муқтазаёти замон мекардем, дар атрофи хотамият буд. Арз шуд, ки асосан масъалаи хотамият худ як масъалае аст, ки бо замон иртибот дорад. Насх шудани як шариат ва омадани шариати дигар ба ҷойи он, фақат ва фақат ба замон бастагӣ дорад, вагарна ҳеч далели дигаре надорад. Ҳамаи уламо инро қабул доранд, ки рамзи ин ки як шариат то як мавқеъи муайяне ҳаст ва баъд аз тарафи Худо насх мешавад, тағйир пайдо кардани авзоъи замон ва ба истилоҳи имрӯз муқтазаёти замон аст. Баъд, ин суол пеш меояд, ки агар ин тавр бошад, пас бояд ҳамеша бо тағйири муқтазои замон, шариати мавҷуд тағйир кунад. Бинобар ин, ҳеч шариате набояд шариат хатмия бошад ва нубувват набояд дар як нуқтаи муайян хатм бишавад.

Ҷавоби ин суолро дишаб арз кардем, ки касоне, ки ин суолро мекунанд, дар воқеъ ду чизро бо якдигар махлут мекунанд. Хаёл мекунанд маънои ин ки муқтазаёти замон тағйир мекунад, фақат ва фақат ин аст, ки дараҷаи тамаддуни башар иваз мешавад ва аз ин рӯ бояд пайғамбаре мабъус бишавад мутаносиб бо он дараҷа аз тамаддун яъне пешрафти илму фарҳанги башар. Дар сурате, ки ин тавр нест; муқтазаёти замон ба сирфи ин ки дараҷаи тамаддун тағйир мекунад, сабаб намешавад, ки қонун ҳатман тағйир кунад. Иллати умдаи ин ки шариате меояд шариати қаблро насх мекунад ин аст, ки дар замони шариати пеш, мардум истеъдоди фаро гирифтани ҳамаи ҳақоиқеро, ки аз роҳи фаҳм бояд ба башар иблоғ бишавад, надоранд. Тадриҷан, ки дар мардум рушде пайдо мешавад, шариати баъдӣ дар сурати комилтаре зоҳир мешавад ва ҳар шариате аз шариати қаблӣ комилтар аст то билохира ба ҳадде мерасад, ки башар аз ваҳй бениёз мешавад, дигар чизе боқӣ намемонад, ки башар ба ваҳй эҳтиёҷ дошта бошад, яъне эҳтиёҷи башар ба ваҳй номаҳдуд нест, маҳдуд аст; ба ин маънӣ, ки чӣ аз лиҳози маорифи илоҳӣ ва чӣ аз лиҳози дастурҳои ахлоқӣ ва иҷтимоӣ, як силсила маориф, матолиб ва масоил ҳаст, ки аз ҳудуди ақлу таҷрибаву илми башар хориҷ аст, яъне башар бо нерӯи илм наметавонад онҳоро дарёбад. Чун илму ақл қосир аст, ваҳй ба кӯмак меояд. Лозим нест, ки бениҳоят масоил аз тариқи ваҳй ба башар илқо бишавад. Ҳаддиаксари он миқдоре, ки башар ба ваҳй эҳтиёҷ дорад, замоне ба ӯ илқо мешавад, ки аввалан қудрат ва тавоноии дарёфти онро дошта бошад, ва сониян битавонад онро ҳифз ва нигаҳдорӣ кунад.

* * *

Таҳрифи шариати пешин, яке аз иллатҳои насх

Ин ҷо масъалае ҳаст, ки бояд онро дар дунболи ин матлаб арз бикунам, ва он ин аст, ки яке аз ҷиҳоти эҳтиёҷ ба шариати ҷадид ин аст, ки миқдоре аз ҳақоиқи шариати қаблӣ дар дасти мардум таҳриф шуда ва ба шакли дигаре даромадааст. Дар ҳақиқат яке аз корҳои ҳар пайғамбар эҳё ва зинда кардани таълимоти пайғамбари гузашта аст, яъне қисмате аз таълимоти ҳар пайғамбаре ҳамон таълимоти пайғамбари пешин аст, ки дар тӯли таърих дар дасти мардум масх шудааст. Ва ин тақрибан мешавад гуфт, ки лозимаи табиати башар аст, ки дар ҳар таълиме, ки аз ҳар муаллиме мегирад, каму зиёд мекунад, нақсу изофа эҷод мекунад, ва ба иборати дигар, онро таҳриф мекунад.

Ин масъаларо Қуръони Карим қабул дорад, таҷориби башар ҳам ба дурустии он шаҳодат медиҳад. Масалан, худи Қуръони Карим, ки омад, Тавроту Инҷилро насх кард, вале қисмате аз таълимоти онҳоро эҳё ва зинда намуд. Яъне баъд аз он, ки ба дасти мардум масх шуда буд, Қуръон гуфт, он ки Таврот ё Инҷили воқеӣ гуфтааст ин нест, ки дар дасти ин мардум аст, ин аст, ки ман мегӯям, ин мардум дар он даст бурдаанд. Ё ҳамин мавзӯи миллати Иброҳим, тариқаи Иброҳим, ки дар Қуръон омадааст; Қурайш худашонро тобеъи Иброҳим ҳисоб мекарданд, вале чизе, ки тақрибан боқӣ намонда буд, таълимоти аслии Иброҳим буд, иваз карда буданд, даст бурда буданд, як чизи мандаровардӣ шуда буд. Қуръон ин тавр баён мекунад:

وَمَا كَانَ صَلاَتُهُمْ عِندَ الْبَيْتِ إِلاَّ مُكَاء وَتَصْدِيَةً

(“Ва намозашон дар хона (-и Худо), ҷуз сут кашидан ва каф задан набуд…” Сураи Анфол, ояти 35)) Иброҳим намозро воҷиб карда буд. Намози ӯ воқеан ибодат будааст. Ибодат яъне хузӯъ дар назди Парвардигор, тасбеҳу танзеҳу таҳмиди Парвардигор. Ҳоло агар намози Иброҳим аз лиҳози шакли зоҳир бо намози мо фарқе дошта бошад муҳим нест, вале мусаллам намози Иброҳим намоз будааст, яъне он чи ки дар намоз ҳаст, навъи азкор, навъи ҳамдҳо, навъи саноҳо, ситоишҳо, хузӯъҳо, изҳори зиллатҳо, тасбеҳҳо ва тақдисҳо дар он будааст. Ин қадр дар ин ибодат дахлу тасарруф карда буданд, ки дар замони нузули Қуръон, намозро ба шакли сут кашидан ё каф задан дароварда буданд.

Пас, яке аз корҳое, ки ҳар пайғамбаре мекунад, эҳёи таълимоти пайғамбарони пешин аст. Аз ин рӯ Қуръон роҷеъ ба Иброҳим (а) мегӯяд:

مَا كَانَ إِبْرَاهِيمُ يَهُودِيًّا وَلاَ نَصْرَانِيًّا وَلَكِن كَانَ حَنِيفًا مُّسْلِمًا

(Сураи Оли Имрон, ояти 67) Яҳудиҳо мегуфтанд: ҳамин тариқае, ки мо дорем ва исмаш яҳудигарӣ аст, Иброҳим дошт. Насрониҳо мегуфтанд: тариқаи Иброҳим ҳамин аст, ки мо алъон дорем. Яъне ин ки мо дорем ҳамон аст, мунтаҳо комил шудааст ва насхкунандаи тариқаи Иброҳим аст. Дар ояти дигар мегӯяд:

شَرَعَ لَكُم مِّنَ الدِّينِ مَا وَصَّى بِهِ نُوحًا

Ташреъ кард барои шумо динеро, ки дар замони Нӯҳ ба он тавсия шуда буд…”

وَالَّذِي أَوْحَيْنَا إِلَيْكَ وَمَا وَصَّيْنَا بِهِ إِبْرَاهِيمَ وَمُوسَى وَعِيسَى

Ин дине, ки барои шумо тавсия шудааст, ҳамон аст, ки ба Нӯҳ тавсия шуда ва ҳамон аст, ки ба ту ваҳй шуда ва ҳамон аст, ки ба Иброҳим ва Мӯсо ва Исо тавсия шудааст…”

أَنْ أَقِيمُوا الدِّينَ وَلَا تَتَفَرَّقُوا فِيهِ كَبُرَ عَلَى الْمُشْرِكِينَ مَا تَدْعُوهُمْ إِلَيْهِ

(“… ки ин динро барпо доред ва дар он тафриқаандозӣ макунед! Бар мушрикон он чи ки эшонро ба сӯи он фаро мехонӣ, гарон меояд…” (Сураи Шӯро, ояти 13)) Яъне, тавсия шуд, ки ҳамин динро иқома кунед (яъне дин ҳамон дин аст, як роҳ аст). Ташаттут пайдо накарданд магар баъд аз он ки медонистанд, вале рӯи ҳавопарастӣ ин тафриқаҳоро эҷод карданд. Яъне ин риштаҳои мухталифро дасти мардум эҷод кардааст. Агар сохтаҳои мардумро ҳазф кунед, мебинед тамоми инҳо як дин аст, як моҳият аст, як тариқат аст.

Ғараз ин ҷиҳат аст, ки яке аз корҳои анбиё эҳёи асли дин аст, ки асли дин аз Одам то Хотам яке аст. Албатта фурӯъ мухталиф аст. Ҳар пайғамбаре, ки меояд, яке аз корҳояш пироиш аст, яъне изофат ва таҳрифоти башарро мушаххас мекунад.

Ҳоло ин ҷо як суол пеш меояд: оё ин хоссият (таҳрифи дин) аз мухтассоти башарҳои қабл аз Хотамуланбиё аст ё башарҳои давраҳои баъд ҳам ин табиатро доранд? Яъне дар дини худашон дахлу тасарруф мекунанд, хурофот изофа мекунанд? Мусаллам табиати башар, ки иваз нашудааст. Баъд аз Пайғамбари Хотам ҳам ҳамин тавр аст. Он шеъри маъруф — ки мегӯянд аз Низомӣ аст ва аз ӯ нест — мегӯяд:

Дини туро дар пайи ороишанд,

Дар пайи ороишу пироишанд.

Баски бибастанд бар ӯ баргу соз,

Гар ту бибинӣ, нашиносиш боз.

Агар ин тавр набуд, ин ҳама фирқаҳо аз куҷо пайдо шуд? Маълум аст, ки бидъат дар дини хотам ҳам имконпазир аст; чунонки мо, ки шиъа ҳастем ва ба вуҷуди муқаддаси ҳазрати Ҳуҷҷат ибни Алҳасан эътиқод дорем, мегӯем, эшон, ки меоянд,

يأتي بدينٍ جديدٍ

Тафсираш ин аст, ки он қадр тағйироту изофат дар ислом пайдо шуда, ки вақте ӯ меояд ва ҳақиқати дини ҷаддашро мегӯяд, ба назари мардум мерасад, ки ин дин ғайр аз дине аст, ки доштаанд ва ҳол ин ки исломи ҳақиқӣ ҳамон аст, ки он ҳазрат меоварад. Дар ахбору ривоятҳо омадааст, ки вақте эшон меояд, хонаҳое ва масоҷидеро хароб мекунад, корҳое мекунад, ки мардум фикр мекунанд дини ҷадиде омадааст.

* * *

Хотамият аз назари ислоҳи дини собиқ

Ҳол оё аз ин назар, ки ҳар пайғамбар муслиҳи дини собиқ ҳам ҳаст, аз назари эҳтиёҷ ба муслиҳ — на аз назари истеъдоди башар барои дарёфти комили ҳақоиқи лозим аз тариқи ваҳй — масъалаи хотамият чӣ гуна тавҷеҳ мешавад?

Ин ҷо боз ду матлаб аст. Як матлаб ин аст, ки дар ин ки эҳтиёҷ ба муслиҳ ва ислоҳ ҳамеша ҳаст ва дар дини хотам ҳам ҳаст, баҳсе нест. Худи амр ба маъруф ва наҳй аз мункар ислоҳ аст. Имомон фармудаанд:

إنّ لنا في كلّ خلَفٍ عدولاً ينفون عنّا تحريفَ الغالين وانتحالَ المبطلين

Дар ҳар замоне, дар ҳар асре, афроде ҳастанд, ки таҳрифи ғулувкунандагон ва нисбатҳои дурӯғи мардумеро, ки ҳадафашон хароб кардани дин аст ислоҳ мекунанд.” Дар ин ки эҳтиёҷ ба ислоҳ ва муслиҳ ҳаст, баҳсе нест, вале тафовут дар ин ҷиҳат аст, ки дар замони шариатҳои собиқ, мардум ин миқдор қобилияту истеъдодро надоштаанд, ки афроде аз миёни онҳо битавонанд ҷилави таҳрифотро бигиранд ва бо таҳрифот мубориза кунанд, бояд пайғамбаре бо маъмурияти илоҳӣ меомад ва ин корро анҷом медод. Аз мухтассоти давраи хотамият, қувваи ислоҳ ва вуҷуди муслиҳин аст, ки метавонанд ислоҳ кунанд, илова бар ин ки мутобиқи ақидаи мо, шиъаён, як захираи ислоҳӣ ҳам вуҷуд дорад, ки ҳазрати Ҳуҷҷат ибни Алҳасан аст ва ӯ ҳам эҳтиёҷе нест, ки ба унвони пайғамбар ислоҳ кунад, балки ба унвони имом ислоҳ мекунад. Имом яъне касе, ки таълимот ва ҳақоиқи исломиро аз тариқи виросат, хуб медонад. Яъне Пайғамбар он чиро медонистааст ба Амирулмӯъминин гуфтааст, холиси ислом дар дасти ҳазрати Амир буда ва баъд аз ӯ ба дасти имомони мо расидааст. Эҳтиёҷе ба ваҳйи ҷадид нест, имом ҳамон чизеро, ки аз тариқи ваҳй ба Пайғамбар расидааст баён мекунад.

* * *

Хурофае дар масъалаи эҳёи дин

Ин ҷо матлабе ҳаст, ки бояд арз бикунам. Яке аз масоиле, ки дар атрофи он, хурофа ба вуҷуд омадааст, худи масъалаи эҳёи дин аст. Ман як вақте дар Анҷумани моҳонаи динӣ як суханронӣ кардам таҳти унвони “Эҳёи фикр динӣ”. Он ҷо гуфтам, барои дин монанди ҳар ҳақиқати дигар, аворизе пайдо мешавад. Дар ҳамин шабҳои аввали суханронӣ дар ин ҷо арз кардам, дин монанди обе аст, ки дар сарчашма соф аст, баъд, ки дар бистар қарор мегирад, олудагӣ пайдо мекунад ва бояд ин олудагиҳоро пок кард. Вале мутаассифона дар ҳамин замина, афкори каҷе пайдо шудааст. Хушбахтона аз хусусиёти дини хотам аст, ки миқёсе дар дасти мо ҳаст, ки инҳоро бифаҳмем ва ташхис бидиҳем.

Роҷеъ ба масъалаи таҷдид ва эҳёи дин аз ҳамон қарни дуввум ва севвуми ҳиҷрӣ дар миёни мусалмонон (албатта аввал дар аҳли тасаннун ва баъд дар шиъаён) фикре пайдо шудааст, ки чун дар тӯли замон барои дин бидъат пайдо мешавад ва дин шакли кӯҳнагӣ пайдо мекунад, эҳтиёҷ ба як ислоҳу таҷдид дорад, монанди худрав, ки таъмир мешавад, ё хона, ки соле як мартиба таконда мешавад ва масалан рангашро иваз мекунанд. Ин хоссияти замон аст, ки динро кӯҳна мекунад. Гуфтанд, барои ин кор Худованд дар сари ҳар чанд сол як нафарро мефиристад, ки динро таҷдид кунад, чун кӯҳна мешавад, гарду ғубор мегирад ва эҳтиёҷ ба пок кардан дорад. Худо дар сари ҳар чанд сол эҳтиёҷ дорад, ки динро нав кунад. Инро ман дар китобҳое медидам, ва медидам, ки иддае аз уламои моро дар китобҳо ба номи “муҷаддид” исм мебаранд. Масалан, мегӯянд Мирзои Шерозӣ муҷаддиди дин аст дар аввали қарни чаҳордаҳум (20 милодӣ), марҳум Ваҳиди Беҳбаҳонӣ муҷаддиди дин аст дар аввали қарни сездаҳум, марҳум Маҷлисӣ муҷаддиди дин аст дар аввали қарни дувоздаҳум, Муҳаққиқи Каракӣ муҷаддиди дин аст дар аввали қарни ёздаҳум. Ҳамин тавр гуфтаанд муҷаддиди дин дар аввали қарни дуввум Имом Боқир (а) аст, муҷаддиди дин дар аввали қарни севвум Имом Ризо (а) аст, муҷаддиди дин дар аввали қарни чаҳорум Кулайнӣ аст, муҷаддиди дин дар аввали қарни панҷум Табарсӣ аст ва ғайра… Мо мебинем уламои мо ин матлабро дар китобҳояшон зиёд зикр мекунанд, монанди Ҳоҷӣ Нурӣ, ки дар аҳволи уламо зикр кардааст ё соҳиби китоби “Равзотул-ҷаннот”, ки ҳамин муҷаддидҳоро ном бурдааст.

Дар вақте, ки мехостам он суханронии “Эҳёи фикр динӣ”-ро анҷом бидиҳам, ба ин фикр афтодам, ки ин мавзӯъро пайдо кунам. Ҳар чӣ ҷустуҷӯ кардам, дидам дар ахбору ривоятҳои мо чунин чизе вуҷуд надорад ва маълум нест мадраки ин мавзӯъ чист. Ахбори аҳли тасаннунро гаштам, дидам дар ахбори онҳо ҳам вуҷуд надорад. Фақат дар Сунани Абӯдовуд як ҳадис бештар нест, он ҳам аз Абӯҳурайра нақл шудааст ба ин иборат:

إنّ الله يبعث لهذه الأمّة على رأس كلّ مائةٍ مَن يجدّد لها دينَها

Пайғамбар фармуд: “Худо барои ин уммат дар сари ҳар сад сол касеро мабъус мекунад, то дини ин умматро тоза кунад.” Ғайр аз Абӯдовуд каси дигаре ин ривоятро нақл накардааст. Ҳоло чӣ тавр шуд, ки шиъа инро қабул кардааст?

Ин ривоят аз он ривоятҳои хушшонс ва аз аҳли тасаннун аст. Онҳо дар ин фикр рафтаанд ва роҷеъ ба ин мавзӯъ дар китобҳо зиёд баҳс кардаанд. Масалан, мегӯянд, ин ки Пайғамбар гуфтааст дар сари ҳар сад сол як нафар меояд, ки динро таҷдид кунад, оё ӯ барои тамоми шуъуни динӣ аст ё ин ки барои ҳар шаънаш як нафар меояд? Яке аз уламо меояд, ки дар корҳои илмӣ ислоҳ кунад, яке аз халифаҳо ё салотин меояд, ки динро ислоҳ кунад (1). Масалан, дар аввали қарни дуввум Умар ибни Абдулазиз буд, дар аввали қарни севвум Ҳорунуррашид буд ва ғайра… Аз қарни ҳафтум ба баъд, ки чаҳормазҳабӣ шуданд, гуфтанд оё барои ҳар як аз ин мазоҳиб бояд як муҷаддид биёяд ё барои ҳар чаҳор мазҳаб як муҷаддид? Гуфтанд, барои ҳар як аз мазоҳиб як муҷаддид, ба ин тартиб, ки сари ҳар сад сол, мазҳаби Абӯҳанифа муҷаддиди алоҳида, мазҳаби шофеӣ муҷаддиди алоҳида, мазҳаби ҳанбалӣ муҷаддиди алоҳида ва ғайра… Баъд, роҷеъ ба соири мазоҳиби исломӣ баҳс шуд. Гуфтанд, мазҳаби шиъа ҳам яке аз мазоҳиб аст. Билохира Пайғамбар фармуда муҷаддид ҳаст, бояд барои ҳамаи мазоҳиб бошад, он ҳам яке аз мазоҳиби исломӣ аст, хориҷигарӣ ҳам аз мазоҳиби исломӣ аст. Бибинем дар мазҳаби шиъа чӣ касоне муҷаддид будаанд? Ҳисоб карданд, гуфтанд, Муҳаммад ибни Алӣ (Имом Боқир) муҷаддиди мазҳаби шиъа аст дар аввалҳои қарни дуввум, Алӣ ибни Мӯсо (Имом Ризо) муҷаддиди мазҳаби шиъа аст дар аввали қарни севвум , Шайх Кулайнӣ муҷаддиди мазҳаби шиъа аст дар аввали қарни чаҳорум. Инро барои ҳар мазҳабе тавсиъа доданд ва ҳатто барои салотин ҳам дар сари ҳар сад сол як муҷаддид ҳисоб кардаанд.

* * *

Сирояти ин хурофа ба шиъа

Ин фикр ба шиъа сироят кардааст. Ман китобҳоро хеле гаштам. Ба назари ман, аввалин касе, ки ин фикрро дар шиъа ворид кард, Шайх Баҳоӣ буд, на ба унвони ин ки инро як ҳақиқат бидонад ва бигӯяд, ки ин ҳадис дуруст аст, балки дар рисолаи кучаке, ки дар “Риҷол” дорад, вақте, ки роҷеъ ба Шайх Кулайнӣ баҳс мекунад, мегӯяд, Шайх Кулайнӣ чӣ қадр марди боазамате аст, ки уламои аҳли тасаннун ӯро муҷаддиди мазҳаби шиъа донистаанд! Шайх Баҳоӣ як марди мутабаҳҳир буд, аз ҳарфҳои аҳли тасаннун иттилооте дошт, хост инро ба унвони фазилате аз Шайх Кулайнӣ зикр кунад, на ин ки бигӯяд, ин ҳадис ҳадиси дурусте аст. Гуфтааст, Шайх Кулайнӣ он қадр азамат дорад, ки аҳли тасаннун ба ҳарфаш эътимод доранд ва ӯро муҷаддиди мазҳаби шиъа донистаанд. Дигарон ҳам, ки “Риҷол” навиштаанд, ҳарфи Шайх Баҳоиро нақл кардаанд. Кам-кам худи шиъа ҳам бовараш омада, ки ин ҳарф ҳарфи дурусте аст. Баъд дар давраҳои сад сол ва дивист сол баъд аз Шайх Баҳоӣ, дар қарнҳои дувоздаҳум ва сездаҳум — ки ба ақидаи ман, мо даврае мунҳаттар аз ин ду қарн надорем, яъне агар бихоҳем бидонем, ки маорифи шиъа ва китобҳое аз шиъа дар чӣ замоне аз ҳама вақт бештар инҳитот дошта яъне сатҳаш поинтар буда, қарни дувоздаҳум ва сездаҳум аст — афсонасозҳо ин ҳадисро ба сурати як ҳадиси воқеӣ дар назар гирифта ва бидуни ин ки худашон бифаҳманд, ки решаи ин ҳадис куҷост, нишастаанд бақия (-и мисдоқҳо)-ро дуруст кардаанд. Аҳли тасаннун то Шайх Кулайнӣ омада буданд. Инҳо ҳамин тавр омадаанд то расидаанд ба аввали қарни чаҳордаҳум. Гуфтанд, Мирзои Шерозӣ муҷаддиди мазҳаби шиъа аст дар аввали қарни чаҳордаҳум. Ҳоло ин мадракаш чист, маълум нест. Аз ҳама музҳиктар ин аст, ки Ҳоҷ Мир Мулло Ҳошими Хуросонӣ дар китоби “Мунтахабут-таворих” ҳамин мавзӯъро нақл кардааст ва муҷаддидҳои мазҳаби шиъаро қарн ба қарн зикр мекунад. Ӯ ҳам ҳар чӣ нигоҳ мекунад, мебинад ҷур дарнамеояд, барои ин ки афроде будаанд, ки воқеан метавон исмашонро муҷаддид гузошт аз баски хидмат кардаанд, вале иттифоқан дар сари сад сол набудаанд, мисли Шайх Тӯcӣ (2), аммо олими дигареро, ки дар дараҷаи бисёр поинтаре аст муҷаддид ҳисоб кардаанд. Ҳоҷ Мулло Ҳошим мисли уламои тасаннун гуфтааст, уламо ҳисобашон ҷудост, салотин ҳам ҳисобашон ҷудост. Муҷаддидҳо дар миёни халифаҳо ва салотин киёнанд? То он ҷо, ки шиъа подшоҳ надоштааст, аз сунниҳо гирифтаанд: Умар ибни Абдулазиз ва Маъмун ва ғайра… Аз он ҷо, ки худи шиъа подшоҳ доштааст, омадаанд суроғи подшоҳони шиъа: Азудуддавлаи Дайламӣ ва ғайра… Кам-кам расиданд ба Нодиршоҳ. Ин марде, ки аз каллаҳо минораҳо месохт, шудааст муҷаддиди мазҳаби шиъа! Баъд мегӯяд, Нодиршоҳ аҳаммияташ ин буд, ки сипаҳсолори хубе буда, як қулдури баҳодури хубе будааст. То рӯзе, ки мутаваҷҷеҳи душманони Эрон буд, хуб кор мекард, душманони Эронро берун кард, Ҳиндустонро фатҳ кард. Вале баъд дигар кораш хунрезӣ буд, доим одам кушт, то он ҷо, ки баъзе мӯътақиданд, ин мард дар охири умраш девона шуд. Ин марди девона меояд мешавад муҷаддиди мазҳаби шиъа! Бибинед кори мо ба куҷо расидааст! Бибинед молиёт гирифтанаш чӣ гуна будааст. Истилоҳоте худаш вазъ карда буд, масалан мегуфт, ман аз фалон ҷо як “алф” (ҳазор) мехоҳам. Дигар як зарра ҳисоб дар кораш набуд, ки ин алф, ки мегӯяд, мусовии масалан як тумон аст ё алф каллаи одам?! Ба унвони мисол мегуфт: ман аз Варомин як алф мехоҳам. Охир ин Варомин ин қадр сарват дорад ё надорад?! Даврае аз чандсолаи охири умри Нодир, ки ба дохили Эрон пардохта буд, асафовартар вуҷуд надорад.

Таваҷҷӯҳ дошта бошед, ки гоҳе дар ин ҳарфҳо решаҳое аз мазҳабҳои дигар вуҷуд дорад. Аҳли мазҳабҳои дигар омадаанд мӯътақадоти худашонро дохил кардаанд. Ин фикр, ки дар ҳар ҳазор сол як бор як муҷаддиди дин меояд, марбут ба қабл аз ислом аст. Ин ҳарф аз ислом нест. Боботоҳир мегӯяд:

Ба ҳар алфе алифқадде барояд,

Алифқаддам, ки дар алф омадестам.

Як фикр дар Эрони қадим буда ва аз зардуштиҳост, ки ҳар ҳазор сол як бор муслиҳе меояд. Як вақт дар китоби зардуштиҳо хондам, ки “Ҳушидер” лақаби он касе аст, ки бояд раъси ҳар ҳазор сол биёяд дар Эрон як эҳёе бикунад. Дар ҳазораи Фирдавсӣ, Маликушшуарои Баҳор қасидае гуфтааст, мегӯяд: ин ҳазораи ту ҳамоно ҷунбиши Ҳушидер аст.

Фарде аст, ки афкори зардуштигариро хеле дар Эрон роиҷ кардааст ва ба қавли марҳум Қазвинӣ, бо араб ва ҳар чи, ки аз ноҳияи араб бошад яъне ислом душман аст. Дар китобе, ки ӯ роҷеъ ба зардуштигарӣ навишта ва ду ҷилд аст, он ҷо, ки шарҳи ҳоли Яъқуби Лайси Саффориро зикр мекунад, ӯро яке аз он муҷаддидҳое, ки ҳазораро ба вуҷуд овардааст тавсиф мекунад.

Бинобар ин, он сухан аз ҳарфҳои дурӯғе аст, ки бо руҳи ислом ҷур дарнамеояд ва аз ноҳияи дигарон омадааст.

Китоби “Фароид”-и Абулфазли Гулпойгонӣ, мубаллиғи забардасти баҳоиҳоро мутолеа мекардам, дидам дар он ҷо ҳадисеро аз ҷилди сездаҳуми “Биҳор” нақл мекунад, ки Пайғамбари Акрам фармуд:

إن صلحت أمّتي فلها يومٌ وإن فسدت فلها نصْفُ يومٍ

Яъне “Агар уммати ман солеҳ бошанд, як рӯз мӯҳлат доранд, ва агар фосиқ бошанд, ним рӯз мӯҳлат доранд.” Баъд мегӯяд, рӯзе, ки Пайғамбар баён карда, ҳамон аст, ки дар Қуръон аст:

وَإِنَّ يَوْمًا عِندَ رَبِّكَ كَأَلْفِ سَنَةٍ مِّمَّا تَعُدُّونَ

Як рӯз дар назди парвардигори ту, мусовӣ бо ҳазор сол аст.” (Сураи Ҳаҷ, ояти 47) Пас ин ки Пайғамбар фармуд: агар уммати ман солеҳ бошанд, як рӯз мӯҳлат доранд, ва агар фосиқ бошанд, ним рӯз, яъне агар солеҳ бошанд ҳазор сол боқӣ хоҳанд буд, ва агар фосиқ бошанд, понсад сол. Ин Абулфазли Гулпойгонӣ, ки аз он шайёдҳои дараҷаи аввал аст, баъд мегӯяд: ин ҳадиси Пайғамбар рост аст, чаро? Барои ин ки ин уммат, ки фосиқ шуд, солеҳ буд, ва ҳазор сол ҳам бештар умр накард, зеро то санаи 260 — ки соли реҳлати ҳазрати Имом Ҳасани Аскарӣ аст — давраи нузули ваҳй аст, чун имомон ҳам ҳамон ваҳйро баён мекарданд. Ин давра, ба истилоҳ ҳамон давраи инбисоти ислом аст. Аз замони вафоти Имом Ҳасани Аскарӣ бояд гуфт, ки умри уммат шурӯъ мешавад; ҳамон сол, соли таваллуди уммат аст. Аз соли 260, ки оғози умри уммат аст, ҳазор сол бигузарад, чӣ қадр мешавад? 1260, соли зуҳури “Боб”. Пас Пайғамбар фармуд, ки агар уммати ман солеҳ бошад, ҳазор сол умр мекунад (яъне баъд аз ҳазор сол каси дигаре дине оварда дини маро мансух мекунад) ва агар фосиқ бошад, понсад сол.

Барои ин ки ин ҳадисро пайдо кунам, аввал худам “Биҳор”-ро гаштам, пайдо накардам. Дидам оқо Мирзо Абӯтолиб ду се варақ дар бораи ин ҳадис тавҷеҳ мекунад ва мехоҳад ба Гулпойгонӣ ҷавоб бидиҳад. Бовар карда, ки чунин ҳадисе вуҷуд дорад. Чун дар китоби Гулпойгонӣ дида, бовар накарда, ки инро Гулпойгонӣ аз худаш ҷаъл карда бошад. Ман ҳар чӣ гаштам, дидам, чунин чизе пайдо намешавад. Як чизе дидам дар “Биҳор” аз Каъбулаҳбор на аз Пайғамбар, он ҳам ба як иборати дигар, ки: дар замони Маҳдӣ (а), дар замони раҷъат, афроди мардум агар одамҳои хубе бошанд, ҳар кадом ҳазор сол умр мекунанд, ва агар одамҳои баде бошанд, понсад сол. Ин ҳадисро Каъбулаҳбор гуфта ва дар бораи одамҳо ҳам гуфтааст. Абулфазли Гулпойгонӣ гуфта инро Пайғамбар гуфтааст, на Каъбулаҳбор. Аз бас ин мавзӯъ аҷиб буд, ман ба оқои дуктур Тавоно — ки иттилооти зиёде дар бораи баҳоиҳо доранд — телефон кардам, гуфтам: якчунин ҷараёне аст, ин китоби Абулфазли Гулпойгонӣ ин тавр мегӯяд ва китоби Мирзо Абӯтолиб ин тавр мегӯяд, шумо дар ин замина мутолеа доред, ман ҳар чӣ дар “Биҳор” гаштам, чизе пайдо накардам ҷуз ҳамин ҳадис. Гуфт: рост мегӯед, ҷуз ин ҳадиси Каъбулаҳбор тамом аз маҷъулот аст.

Инҳо мерасонад, ки мусомиҳакорӣ дар кори дин чӣ қадр бад аст. Он ҳадиси Сунани Абӯдовуд чӣ ғавғое дар аҳли тасаннун эҷод карда! Баъд уламои шиъа онро дар китобҳои худашон зикр карданд ва барояш ҳисоб боз карданд ва кашиданд ба он ҷо, ки Нодир яке аз муҷаддидини мазҳаб шуд. Ин ҷо як шайёде ба номи Абулфазли Гулпойгонӣ шайёдӣ мекунад ва олиме мисли оқо Мирзо Абӯтолиб бовараш мешавад, ки чунин чизе вуҷуд дорад, намеравад “Биҳор”-ро нигоҳ кунад, бибинад дар он ҳаст ё нест. Баъд садҳо нафари дигар меоянд китоби Мирзо Абӯтолибро мехонанд ва ин ҳадисро қабул мекунанд.

Дар дини ислом муслиҳ ҳаст, вале ба ин сурат, ки як ислоҳи куллӣ дорем, ки ба ақидаи мо, мутаъаллиқ ба ҳазрати Ҳуҷҷат аст, ки муслиҳи ҷаҳонӣ аст. Ин ислоҳ, ҷаҳонӣ ва умумӣ аст ва рабте ба баҳси мо надорад. Ва як ислоҳи хусусӣ аст, ки мубориза кардан бо бидъатҳои бахусусе аст. Ин, вазифаи ҳамаи мардум аст ва дар ҳамаи қарнҳо ҳам афроди муслиҳ (ба маънии мазкур) пайдо мешаванд. Худо ҳам шарт накарда (ки зуҳури ин афрод) ҳар сад сол ба сад сол бошад ё дивист сол ба дивист сол ё понсад сол ба понсад сол ё ҳазор сол ба ҳазор сол. Ҳеҷ кадом аз инҳо нест. Дар мавриди адёни дигар, пайғамбаре бояд меомад, то дини собиқ эҳё бишавад ва ин амр ҷуз аз роҳи нубувват имкон надошт. Вале барои эҳёи ислом илова бар ислоҳоти ҷузъӣ, як ислоҳи куллӣ ҳам тавассути васии Пайғамбар сурат мегирад. Ин ҳам як фасл роҷеъ ба хотамият.

* * *

Понавишт:

(1) Ҳарчанд дар ин ҷо манофеъи хусусӣ ба миён омадааст, ки вақте дар ҳар қарне яке аз уламоро муҷаддид ҳисоб кардаанд, барои ин ки халифаҳоро розӣ кунанд, гуфтаанд ӯ вазифаи дигаре дорад, дар ҳар қарне як халифа ҳам меояд, ки динро ислоҳ кунад.

(2) Шояд олиме пайдо нашавад, ки ба андозаи ӯ ба шиъа хидмат карда бошад, вале гуноҳи ӯ ин буда, ки дар байни ду садсола қарор гирифтааст ва намешавад ӯро муҷаддид ҳисоб кард.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: