Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (341)

Рафтани гург ва рӯбоҳ дар хидмати шер ба шикор (3)

* * *

Мар шуморо бас наёмад ройи ман?

Заннатон ин аст дар эътои ман?

Шер ба он ду (гургу рӯбоҳ) гуфт: оё раъю андешаи ман барои шумо басанда ва кофӣ нест? Оё инчунин дар мавриди ману бахшиши ман гумон мекунед?

Эъто: бахшидан.

Эй уқулу роятон аз ройи ман,

Аз атоҳои ҷаҳонорои ман.

Эй гургу рӯбоҳе, ки андеша ва хиради шумо ҷумлагӣ аз раъйи ман ношӣ шуда ва ҳамаи онҳо бар асари бахшишҳои ҷаҳонгустари ман падид омадааст!

Ҷаҳоноро: ороишдиҳандаи ҷаҳон.

Нақш бо наққош чӣ-с-голад дигар?

Чун сиголиш ӯ-ш бахшиду хабар.

Ба унвони мисол: нақш чӣ арзише дорад, ки андеша кунад ва эроде ба наққош бигирад? Зеро ки ин наққош аст, ки андеша ва огоҳиро ба вай додааст. Яъне вуҷуди нақшу нигор нишоне аст аз эъмоли фикру назар. (Ҳамин тавр бандаро нарасад, ки бо Ҳақ биситезад.)

Сиголидан: андешидан ва фикр кардан, ба хусус андешаи бад.

Инчунин занни хасисона ба ман,

Мар шуморо буд? Нангони заман!

Оё дар ҳаққи ман ин гуна гумони паст доред? Дар ҳоле, ки мардуми замона аз вуҷуди шумо нанг доранд.

Заман: замон, рӯзгор.

Зоннин биллоҳи заннас-савъро

Чун мунофиқ сар бияндозам ҷудо.

Онон, ки нисбат ба Худованд гумони бад баранд, бояд ҳамонанди мунофиқон сарашонро қатъ кунем.

Нукта: Мисроъи аввал ишора аст ба қисмате аз ояти 6 сураи Фатҳ:

وَيُعَذِّبَ الْمُنَافِقِينَ وَالْمُنَافِقَاتِ وَالْمُشْرِكِينَ وَالْمُشْرِكَاتِ الظَّانِّينَ بِاللَّهِ ظَنَّ السَّوْءِ

Ва то ин ки мардону занони мунофиқ ва мардону занони мушрикро, ки ба Худо гумони бад мебаранд, азоб кунад…”

Вораҳонам чархро аз нангатон,

То бимонад дар ҷаҳон ин достон.

Ҷаҳонро аз нангу ори шумо раҳо созам, то ин ҳикоят дар дунё боқӣ бимонад ва ҷаҳониён аз ин моҷаро ибрат гиранд.

Шер бо ин фикр мезад ханда фош,

Бар табассумҳои шер эмин мабош!

Шер, бо ин ки ин фикрҳо ва андешаҳоро мекард, бо ин ҳол, ошкоро лабханд мезад, аммо бидон, ки набояд бар табассуми шер осуда ва эмин бошӣ!

Нукта: Зеро мумкин аст дар паси ин ҳолати ханда ва табассум, хашме оташину ҷонгазо нуҳуфта бошад. Шер, ҳангоми хашм, дандонҳои худро намоён мекунад ва шахси нодон дучори хаёли хом мешавад ва ба ғалат гумон мекунад, ки шер дар ҳоли табассуму нишот аст, аз ин рӯ, фориғу осуда ба кори худ машғул мешавад, дар ҳоле, ки шер дар ин ҳолат, қасди ҳуҷуму даридани ӯро дорад:

إذا رأيت نيوب الليث بارزة

فلا تظونن أن الليث يبتسم

Ҳар гоҳ дандонҳои пешини шерро дидӣ, гумон мабар, ки механдад.”

(Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.884)

Моли дунё шуд табассумҳои Ҳақ,

Кард моро масту мағруру халақ.

Моли дунё табассуму лабханди Ҳақ Таъолост, ва ҳамин ҳол, моро масту ғофилу жандаву пӯсида кардааст.

Халақ: жанда, кӯҳна, пӯсида.

Фақру ранҷурӣ беҳ астат, эй санад,

К-он табассум доми худро барканад.

Эй шахси мавриди эътимод! Бидон, ки туршрӯии дунё яъне фақру ранҷуриву тиҳидастӣ барои ту беҳтар аст, зеро он лабханд яъне хушии дунё саранҷом доми худро ошкор месозад.

Нукта: Пас, моли дунё ва мақоми зоҳирӣ дар воқеъ навъе ва ҷилвае аз табассуми илоҳӣ аст, ва шахси ҷоҳил намедонад, ки дар ботини ин табассум хашме оташину ҳалокатбор нуҳуфтааст, пас мафтуну фирефтаи он мешавад ва дил бад-он мебозад ва саранҷом ба доми ҳалок дармеафтад. Дар ояти 182 сураи Аъроф Худованди Ҳаким ин ҳолро “истидроҷ” ном додааст:

وَالَّذِينَ كَذَّبُواْ بِآيَاتِنَا سَنَسْتَدْرِجُهُم مِّنْ حَيْثُ لاَ يَعْلَمُونَ

Онон, ки ба такзиби оёти мо мепардозанд, ба истисдроҷ гирифторашон созем аз он ҷо, ки ҳеч надонанд.” Ва истидроҷ дар луғат ба маънии ин аст, ки шахс ба тадриҷ ва дараҷа-дараҷа ба сӯи амре макрӯҳу бадфарҷом кашида шавад; дуруст монанди он, ки аз ибтидои соҳили дарё худро ба об мезанад ва ин амр боиси нишоту сархушии ӯ мешавад ва бо иштиёқу сармастӣ андак-андак ҷилавтар меравад ва он қадр пеш меравад, ки ногаҳон худро дар нуқтаи амиқу пурмавҷи дарё эҳсос мекунад, ҳар чи дасту по мезанад, камтар натиҷа мегирад ва саранҷом ғариқи амвоҷи хурӯшони дарё мешавад.

Шахси табаҳкору бадрафтор низ дар дунё ба комрониву айшу ҳавасронӣ машғул мешавад, бехабар аз ин ки тадриҷан рӯ ба сӯи сиёҳбахтӣ ва бадфарҷомӣ пеш меравад ва билохира тозиёнаи ҷонситони рӯзгор бар гурдааш фуруд меояд ва ӯро табоҳу сияҳгилем месозад ва бар хоки бадбахтияш менишонад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.884-885)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: