Перейти к содержимому

Ин модарони доғдида ҳам шоистаи як “изҳори таслият” буданд, ҷаноби Президент!

Руқия Исмоилова, модари Баҳром Исмоилови 23-сола ва наздикони ӯ, ки дар зиндони рақами 3-и шаҳри Хуҷанд кушта шуд. Акс аз пойгоҳи интернетии Родию Озодӣ.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ду рӯз пеш, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, барқияи таслияте ба Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон, ба хотири ҳодисаи асафангези Кобул фиристод; ҳодисае, ки дар он, ҳудуди 50 нафар аз ҷамъомадагон дар ҷашни мавлуди ҳазрати Паёмбар (с) дар пайи ҳамлаи интиҳорӣ, ба шаҳодат расиданд.

Шакке нест, ки ин ҳодисаи ғамангез дили ҳар инсони бовиҷдонро доғдор кардааст ва аз ин рӯ кори ҷаноби Раҳмон шоистаи тақдир аст, дар ин тардиде нест.

Ду ҳафта пеш аммо дар Тоҷикистони худамон – кишваре, ки ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури он ва ба таъбири ҳаводоронаш, пешвои он ба шумор меояд – ҳодисаи мушобеҳе рух дод; ҳодисае, ки дар он, бино бар омори ҳарчанд ғайрирасмӣ вале мувассақ, беш аз 50 нафар кушта ва ҳудуди 180 захмӣ гардиданд. Бале, фарқе, ки байни ин ду ҳодиса вуҷуд дорад ин аст, ки дар ҳодисаи Кобул, як мушт аблаҳ ва терурист ба одамони бегуноҳ ҳамла ва қатли омм роҳ андохтанд, вале дар ҳодисаи зиндони Хуҷанд, маъмурони давлатӣ – ОМОН ва Алфа – ба зиндониён ҳамла ва муртакиби қатли омм шуданд.

Вале то ҳанӯз, ҷаноби Раҳмон, ба унвони раисиҷумҳури кишвар, на барқияи таслият, ки ҳатто як изҳори таслият ба хонаводаҳои ин кушташудаҳо ба хусус модарони доғдидаи ин ҳодисаи дилхарош, нафиристод.

Оё ин модарон шоистаи таслият гуфтан ва дилбардорӣ аз сӯи раисиҷумҳурашон набуданд?!

Шояд гуфта шавад, зиндониҳо доъишӣ ва таҳрирӣ ва ансорӣ ва ғайраву ҳоказо буданд ва сазовори таслият гуфтан нестанд!

Аммо, аввалан, дар ин ҳодиса, на танҳо “зиндониҳо”, ки чанд корманди зиндон ҳам кушта шуданд.

Ва сониян, ҳамаи зиндониҳои кушташуда ҳам, ки доъишӣ ва таҳрирӣ набуданд, балки бисёре аз онҳо, на иртиботе ба ДОЪИШ доштанд ва на бо Таҳриру ғайри он, балки фақат зиндонӣ буданд ва ба тасреҳи ҷаноби Сироҷуддин Муҳриддин (Аслов), вазири хориҷаи кишвар, “шаш нафари боқимонда маҳкум ба ҷиноятҳои вазнине ба мисли роҳзаниву куштор ва қочоқи маводи мухаддир буданд.” (Албатта, ҳанӯз ба таври дақиқ шумори кушташудаҳои ғайридоъишӣ маълум нашудааст, ки ба эҳтимоли зиёд, шумори онҳо бештар аз ин аст, ки вазири умури хориҷа мегӯяд.)

Ва робеъан, гирам (бар фарзи маҳол), ки тамоми кушташудаҳо “доъишӣ” ва “таҳрирӣ” бошанд, аммо баҳси мо, ки худи онҳо нестанд, балки хонаводаҳои онҳо — падару модаронашон, ҳамсару фарзандонашон, хоҳару бародаронашон аст. Фарзанд барои модар, фарзанд аст, чӣ ӯ доъишӣ бошад ва чӣ таҳрирӣ ва чӣ қочоқчии маводди мухаддир… Вақте ҷигаргӯшааш мемирад ва ё кушта мешавад, ӯ ғамгин аст, андӯҳгин аст, дунё барояш торик аст, ниёз ба дилбардорӣ ва таслият дорад. Ӯ, ки муқассир нест агар он фарзанд “доъишӣ” ва ё қочоқӣ гардида.

Дар пайи ин ҳодисаи дилхарош, имрӯз, ҳудуди 300 хонаводаи тоҷик (кушташудаҳо ва захмиҳо) мотам доранд. Оё ин бандаҳои Худо шоистаи дилбардорӣ ва изҳори таслият нестанд, ҷаноби Президент?! Ба хусус бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ҷанозаи фарзандон ва азизонашон ба гунае дафн шуда, ки бар доғи ин модарон афзуда. Ба онҳо ҳатто иҷоза дода нашуд бо ҷасади кушташудаи фарзанди худ дуруст худоҳофизӣ кунанд.

Ҷо дорад ин ҷо як нуктаро ёдовар шавам, ва он ин ки: як тасаввур ва як фарҳанги бисёр пурғалату пуриштибоҳ дар миёни мақомоти Тоҷикистон — ва чи басо бисёре аз шаҳрвандон — ҳоким аст. Ва он ин ки: вақте як нафар муртакиби ҷурму ҷинояте бишавад (албатта ҷиноят аз назари мақомот, онҳо мухолиф буданро ҳам “ҷиноят” мешуморанд), тамоми хонаводаи ӯро — аз падару модараш бигир то хоҳару бародару ҳатто фарзандонашро – шарики “ҷурми” ӯ мешуморанд ва озору азияташон мекунанд, ки масалан чаро писари ту ё падари ту ё хоҳар ва ё бародари ту, чунину чунон аст?! Ҳатто агар “муҷрим” синнаш 50-60 сол ҳам, ки бошад, падару модари 90-солааш пеши инҳо бояд посухгӯи амалкардҳои фарзанди 50-сола бошад. Шояд дар ҳеч ҷое аз дунё якчунин фарҳанги музахрафе дида нашавад.

Падару модарони ин кушташудаҳо ҷурме муртакиб нашудаанд, ки пеши шумо аз ҷумлаи “одамон” хатт зада шуда бо онҳо рафтори ғайриинсонӣ бишавад. Инҳо одаманд, дил доранд, аз отифа ва эҳсосоти инсонӣ бархӯрдоранд. Инҳо шоистаи дилбардорӣ ва таслият буданд, ҷаноби Президент!

Як матлабро ҳам бигӯям ва ин ёддошти кӯтоҳро ба поён бирасонам. Оё азизон медонанд, чаро вақте дар кишваре мисли Афғонистон ё кишваре шабеҳи он, иттифоқи нохушоянде рух бидиҳад ва шуморе аз шаҳрвандон кушта шаванд, тамоми руасову подшоҳони дунё ба раисиҷумҳураш барқияи таслият мефиристанд ва изҳори ҳамдардӣ мекунанд, аммо вақте дар кишваре мисли Тоҷикистон (ё шабеҳи он) ҳодисаи мушобеҳе рух диҳад ва даҳҳо ва балки садҳо одам кушта шавад, на аз барқияи таслият хабаре ҳаст ва на изҳори ҳамдардӣ?! Медонед иллаташ чист?

Сабабаш ин аст, ки дар кишваре мисли Афғонистон, шаҳрвандонаш пеши мақомоти ин кишвар қадр доранд ва ҳуқуқашон мӯҳтарам шумурда мешавад, ва чун пеши мақомоти худ мӯҳтарам ҳастанд, аз ин рӯ вақте ҳодисае рӯй диҳад, аввал ин мақомоти он кишвар – аз раисиҷумҳураш бигир то поинтарин мақомоти давлатӣ – ҳастанд, ки тамоми таваҷҷӯҳашон ба қурбониҳо ва доғдидаҳо равона мешавад ва рӯзеро рӯзи мотам эълон мекунанд ва расонаҳояшон, бидуни истисно, бо даъват аз масъулон, онҳоро мавриди бозпурсӣ қарор медиҳанд, ки чаро чунин шуда, чаро шумо бетаваҷҷӯҳӣ кардед, муқассир кист…

Шумо нигоҳе ба расонаҳои Афғонистон пас аз ҳамин ҳодисаи ахир биандозед, ки чӣ гуна пайгирӣ мекунанд! Бе ҳеч тарсу ҳарос ин расонаҳо ва рӯзноманигорон шахси Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури ин кишварро муқассири ҳодиса эълон мекунанд ва аз ӯ тафсиру тавзеҳ мехоҳанд ва ӯ (Ашраф Ғанӣ) ҳам бо камоли тавозӯъ ва фурӯтанӣ ба посухи ин суолҳо мепардозад.

Ин аст, ки дунё ҳам ба онҳо эҳтиром қоил аст ва “барқияи таслият” мефиристад.

Аммо дар кишваре мисли Тоҷикистон, вақте иттифоқи нохушоянде рӯй медиҳад ва шуморе аз шаҳрвандон кушта ва ё захмӣ мешаванд, мижае такон намехӯрад. На раисиҷумҳур ҳарфе мезанад ва на ҳатто як мақоми масъул чизе ба даҳон меоварад; ингор ҳеч иттифоқе рӯй надода! Дар ҳамин ҳодисаи дилхароши зиндони Хуҷанд, мақомот то ду ҳафта ҳеч ҳарфе дар бораи он ба забон наёварданд ва ба ин далел, ки чун ифтитоҳи Роғун дар пеш аст ва набояд афкори умумӣ аз он мунсариф шавад, кулӯх бар лаб ниҳоданд. Хуни шаҳрвандон пеши инҳо ҳеч қадре надорад. Ва ё дар Русия ҳамсола садҳо иттифоқи нохушоянд бо шаҳрвандони Тоҷикистон рух медиҳад, вале мақомот такон намехӯранд.

Ин аст, ки то кунун, ҳеч раисе ва ҳатто сафире, вақте ҳодисае дар мо рӯй медиҳад, на “барқияи таслият” барои раисиҷумҳур мефиристад ва на изҳори ҳамдардӣ мекунад.

Худоё! Худат ба доди ин миллат бирасӣ!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: