Перейти к содержимому

Оё хуни Хошуқҷӣ сари Тромпро низ мехӯрад?

Ёддошти Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюл-явм

Мавзеъи ниҳоии Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, дар бораи ҷинояти терури Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори арабистонӣ, барои мо ғайримунтазира набуд, агарчӣ барои бисёреҳо, ки хостори масъул донистани Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ ба таври комил ва эъмоли таҳримҳо алайҳи Арабистони Саудӣ буданд, шоковар буд.

Аз ҳамон лаҳзаи нахуст, Тромп ба дунболи касби замон ва фирор аз ҳар гуна иттихози тасмими сарнавиштсоз дар ин масъала шуд. Тромп ҳозир нашуд фойлҳои савтие, ки Ҷино Ҳоспел, раиси Созмони иттилооти Омрико (CIA) аз Туркия бо худ оварда буд гӯш диҳад ва ҳатто ҳозир нашуд, ки натоиҷи ниҳоиеро, ки Созмон CIA ба он расид ва таъкид кард, ки шоҳзода Муҳаммад бен Салмон масъули ин ҷиноят аст бипазирад. Вай ба таъмини чатри ҳимоятӣ барои валиаҳди Арабистон ва дифоъ аз вай ва талош барои табриъааш таҳти унвони ҳифзи равобити мутамойиз миёни Риёз ва Вошингтун идома дод ва таъкид кард, ки иҷоза намедиҳад ҷинояти терури Хошуқҷӣ ин равобитро аз масираш хориҷ кунад.

Тромп дар конфронси матбуотиаш, ки рӯзи сешанбе баргузор кард, эътироф кард, ки “шоҳзода бен Салмон аз қабл аз қатли Хошуқҷӣ иттилоъ дошт”, аммо таъкид кард, ки вай қасд дорад равобит бо Арабистон барои ҳимоят аз манофеъи кишвараш ва режими Исроилро идома диҳад.

* * *

Ин иборат яъне “ҳимоят аз манофеъи Омрико ва Исроил” – ки муҳимтарин чизе аст, ки ба назари мо дар конфронсаш ба забон овард — чӣ маъное дорад ҷуз ин ки шоҳзода Муҳаммад бен Салмон чӣ басо бо Тромп ва Ҷоред Кушнер, домодаш, барои додани имтиёзҳои бузург дар парвандаи Фаластин, ки унвони барҷастааш таъйиди “Муомилаи қарн” аст, муомилае карда, ки ҷавҳараи онро Кушнер бо дастуроти Бенёмин Натонёҳу дар муқобили ҳимояти ду тарафи омрикоӣ ва исроилӣ ва лоббиҳои сиёсӣ ва расонаӣ, ки таҳти ливои он фаъолият мекунанд, барои расиданаш ба подшоҳии Арабистони Саудӣ ба унвони ҷойгузини Малик Салмон бен Абдулазиз тадвин кардааст. Малик Салмон низ кохи муҷаллале дар минтақаи Ниём дар шимоли Арабистони Саудӣ барои худаш сохт, то охирин рӯзҳои худро дар он сипарӣ кунад ва бисёре аз гузоришҳои хабарӣ аз вахомати ҳоли ҷисмиаш хабар додаанд.

Чанд бор гуфтаем ва боз ҳам мегӯем, ки Тромп ба чизе ҷуз қарордодҳо, чӣ барои ширкатҳояш ва чӣ барои ширкатҳои домодаш ё қарордодҳои силоҳ, ки арзиши охирини онҳо 110 милёрд дулор аст фикр намекунад ва ин воқеиятро пинҳон накард замоне, ки дар конфронси матбуотии мазкур гуфт: “Лағви қарордодҳои дифоъии Омрико бо Арабистони Саудӣ, ба нафъи Русия ва Чин аст.”

Мо бар ин боварем, ки ҳар касе подшоҳи Арабистон шавад, чӣ шоҳзода Муҳаммад бен Салмон бошад, чӣ амуяш Аҳмад бен Абдулазиз, ки номаш бо қудрат ба унвони номзади хонадони ҳоким ба унвони ҷонишини Малик Салмон, бародараш, бар сари забонҳо афтода, ҷуръат намекунад, ки Иёлоти Муттаҳидаи Омрикоро ба чолиш бикашад ва қарододҳои силоҳ бо ин кишварро лағв кунад ва ба суроғи Чин ё Русия биравад, зеро ин гуна иқдоме ба маънои заволаш яъне заволи хонадони ҳоким аст. Магар Тромп чанд бор нагуфт, ки ҳокимони кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс бидуни ҳимояти Омрико ду ҳафта ҳам давом намеоваранд? Ва магар чанд бор такрор накард, ки худи Арабистон чанд дақиқа дар баробари ҳар гуна ҳамлаи Эрон давом намеоварад?

Тромп бо таҳрики Кушнер, домодаш ва Натонёҳу, бар широкат бо Арабистони Саудӣ ва ҳимоят аз Муҳаммад бен Салмон исрор мекунад, ҳатто агар ин амр мунҷар ба бархӯрд бо ҷумҳурихоҳон ва демукротҳо дар Кунграи Омрико шавад ва инро ба сароҳат гуфт замоне, ки тасреҳ кард: “Кунграи Омрико дар ин ки масири мутафовитеро дар бораи Арабистон интихоб кунад озод аст, аммо ӯ (яъне Тромп) фақат афкореро баррасӣ мекунад, ки бо амнияти Омрико ҳамоҳанг бошад.”

* * *

Мухтасару муфид ин ки Омрико дар остонаи рӯёрӯии шадид ва хашине миёни Кунгра ва Тромп аст ва чӣ басо фатилаи он дар рӯзҳои оянда шӯълавар шавад ба вежа дар сояи эътилофи нерӯҳое дар миёни қонунгузорон ва расонаҳои коғазӣ ва дидории Омрико ба хусус рӯзномаҳои “Вошингтун пост” ва рақибаш “Ню-йорк Тоймз”.

Барои мо бисёр душвор аст, ки дар бораи табиати ин набард ва барандаи ниҳоии он ҳукмҳои пешине содир кунем, зеро ҳама чиз дар ибтидои роҳ аст, вале бо таваҷҷӯҳ ба набардҳои собиқ ва мушобеҳ, бар ин бовар нестем, ки раисиҷумҳури Омрико аз он пирӯз берун биёяд ва таъаҷҷуб намекунем сарнавишти вай ба монанди сарнавишти Ричорд Никсун бошад. Мо дар баробари як “расвоӣ”-и ҷадиде ҳастем, ки “Хошуқҷӣ гейт” ном дорад ва ба монанди як гулӯла барфе шудааст, ки ба мурури замон бузургу бузургтар мешавад ва ҳозир ба нопадид шудан аз садри ановини хабарӣ намешавад.

Бисёре аз раҳбарон ба вежа дар минтақаи арабӣ ба далели писарон ё домодҳояшон курсиҳои қудрати худро аз даст доданд. Ба ҳамин далел баъид намедонем, ки Тромп, ки шабоҳатҳои зиёде бо раҳбарони араб дорад, ки дар садри ин шабоҳатҳо тақаддуми қарордодҳо бар усул ва ҳуқуқи башар аст қарор дорад.

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: