Перейти к содержимому

Тромп: “Исроил бидуни Арабистони Саудӣ дар мушкилот гирифтор мешавад”

Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, шомгоҳи панҷшанбе гуфт, бидуни кӯмаки Арабистони Саудӣ, “Исроил” ба мушкилоти бузурге бармехӯрад ва бояд аз минтақа рахт барбандад.

Тромп дар гуфтугӯ бо хабарнигорон баъд аз тамоси телефонӣ бо фармондеҳони артиши Омрико, тавзеҳ дод: “Арабистони Саудӣ барои Ховари Миёна бисёр муфид аст. Агар Арабистони Саудиро надоштем, он гоҳ як пойгоҳи бузург ҳам (дар минтақа) надоштем.”

Ба навиштаи пойгоҳи Times of Israel, Тромп бо баёни ин ки “Исроил” бидуни Арабистони Саудӣ дар мушкили бузурге хоҳад буд, афзуд: “Ин чӣ маъное дорад. Ин ки Исроил (бидуни саудиҳо) маҷбур буд (минтақаро) тарк кунад.”

Раисиҷумҳури Омрико Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди саудиро “муттаҳиди бисёр қавӣ” барои Кохи сафед тавсиф карда ва муддаӣ шуд: “Валиаҳд ва шоҳи саудӣ ин ҷиноятро (қатли Хошуқҷиро) анҷом надодаанд.”

Тромп ҳамчунин дар бахши дигаре аз сӯҳбатҳояш, бо ишора ба мушкилоти амниятӣ дар марзи Омрико бо Мексик, ҳушдор дод, ки эҳтимоли таътилии муҷаддади давлати федероли ин кишвар вуҷуд дорад.

Ба навиштаи хабаргузории Reuters, Тромп бо эъломи эҳтимоли таътил шудани давлати Омрико ба хотири адами такмили девори марзӣ бо Мексик ва наздик шудани корвони муҳоҷирон ба ин кишвар, гуфт, ки агар аз Вошингтун ё Мексикоситӣ будҷаи сохти девор таъмин нашавад, ӯ муноқисае барои таъмини молии он ба роҳ меандозад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: