Перейти к содержимому

Руҳонӣ хитоб ба мақомоти Арабистон: “Лоақал тавҳинҳоро аз арбоб напазиред!”

Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, дар ифтитоҳияи 32-умин Конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ, хитоб ба мақомоти Арабистони Саудӣ, бо баёни ин ки “450 милёрд дулор ҳадия додед, то амнияти шумо таъмин шавад ва 110 милёрд дулор аслиҳа харидед, то амнияти шумо таъмин шавад. Ба шумо гуфта шуд, шири ин гови ширдеҳро менӯшем ва мебарем. Ба шумо гуфт, агар мо набошем, шумо ду ҳафта давом намеоваред. Лоақал тавҳинҳои мустамирро аз арбоб напазиред” гуфт: “Шумо чӣ ниёзе ба Омрико доред, ки манобеи худро ба ӯ ҳадия мекунед?! Мо ҳозирем бо ҳамаи тавон аз манофеи мардуми Арабистон дар баробари абарқудратҳо дифоъ кунем. Ҳамон тавр, ки ба кӯмаки мардуми Ироқ, Сурия, Афғонистон ва Яман шитофтем. 450 ҳазор дулор ҳам намехоҳем ва ба шумо иҳонат намекунем.”

Ба гузориши хабаргузории Тақриб, 32-умин Конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ бо шиори “Қудс; меҳвари ваҳдати уммат”, субҳи имрӯз бо суханронии Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, дар Теҳрон оғоз шуд. Дар ин конфронс беш аз 300 андешаманд, сиёсатмадор ва ҳунарманди барҷаста аз 100 кишвари ҷаҳон ҳузур доранд.

Ҳасани Руҳонӣ дар суханронии ифтитоҳии ин маросим, зимни табрики вилодати босаодати Паёмбари Акрам (с), гуфт: “Ин иҷтимоъи шукӯҳманд ба номи Паёмбар (с) ва барои байъати дубора бо Паёмбари ислом ва идомаи роҳи вай аст.”

Вай, бо баёни ин ки Паёмбари ислом бетардид масири нуру ҳидоятро барои ҳамаи ҷаҳониён ба армуғон овард, афзуд: ”Дуруст аст, ки Паёмбар барои мусалмонон бародарӣ овард, аммо барои ҷаҳониён низ ҳамзистии мусолиматомезро ба армуғон овард. Ислом дини эҳтиром ба ҳамаи инсонҳо ва арзишҳои волои инсонӣ аст.”

Раисиҷумҳури Эрон, бо таъкид бар ин ки “имрӯз ифтихори мо, мусалмонон ин аст, ки аз хулқи некӯи Паёмбар ва каломи волои ӯ пайравӣ мекунем”, идома дод: “Шароити имрӯзи минтақаи мо, шароити сахту ногуворе аст. Авзоъи кишварҳое монанди Фаластин, Либӣ, Сурия, Яман, Ироқ, Покистон ва Афғонистон чизе нест, ки мавриди интизори ҷомеаи исломӣ бошад.”

Вай, бо баёни ин ки мантиқи ислом ва Паёмбар, озодии инсонҳо ва уммати исломӣ будааст, афзуд: “Он чи имрӯз Омрико аз ин минтақа мехоҳад, ихтилоф аст. Таслим шудан дар баробари Омрико, ба маънои хиёнат ба худ ва наслҳои оянда аст.”

Руҳонӣ изҳор дошт: “Омрико мегӯяд, манофеи мо бояд дар ҳама ҷо аслу асос бошад. Миллатҳое, ки бар хилофи манофеи ӯ ҳаракат мекунанд, аз онҳо даъват мекунад ба роҳе, ки худ тарсим карда бозгарданд. Мо мегӯем, роҳи инсонҳоро Худо, паёмбарон, хирад таъйин карда ва қулдурҳо наметавонанд роҳи инсонро таъйин кунанд.”

Руҳонӣ дар бахше аз суханони худ таъкид кард: “Имрӯз дунёи ислом танҳост ва мо мусалмонон бояд дасти ҳамро бигирем. Такя ба бегона, аз бузургтарин иштибоҳот аст.”

Вай дар ҳамин росто хитоб ба мақомоти Арабистони Саудӣ хотирнишон кард: “450 милёрд дулор ҳадия додед, то амнияти шумо таъмин шавад ва 110 милёрд дулор аслиҳа харидед, то амнияти шумо таъмин шавад. Ба шумо гуфта шуд, шири ин гови ширдеҳро менӯшем ва мебарем. Ба шумо гуфт, агар мо набошем, шумо ду ҳафта давом намеоваред. Лоақал тавҳинҳои мустамирро аз арбоб напазиред.”

Руҳонӣ идома дод: “Шумо чӣ ниёзе ба Омрико доред, ки манобеи худро ба ӯ ҳадия мекунед?! Мо ҳозирем бо ҳамаи тавон аз манофеи мардуми Арабистон дар баробари абарқудратҳо дифоъ кунем. Ҳамон тавр, ки ба кӯмаки мардуми Ироқ, Сурия, Афғонистон ва Яман шитофтем. 450 ҳазор дулор ҳам намехоҳем ва ба шумо иҳонат намекунем. Мо шуморо бародари худ ва ҳамчунин мардуми Мадина ва Маккаро бародари худ медонем. Эрон, ҳаросе надорад ва ислом, ҳаросе надорад. Барои мо ранҷовар аст, ки ҷиноятҳое дар минтақа рух медиҳад ба номи мусалмонон ва мутаассифем иддае ба дасти касоне, ки иддаои ислом доштанд, кушта шуданд. Эй кош ҳодисаи Истонбул рух намедод ва инсоне қитъа-қитъа намешуд! Мо намехостем даст ба ин ҷиноят зада шавад. Ин боиси шарм барои мо мусалмонон аст, ки шумо, мардуми Ямани фақирро ҳар рӯз бомбборон мекунед.”

Вай изҳор дошт: “Агар мо мусалмонон муттаҳид шавем, дар баробари саҳюнист ва Омрико бетардид ба пирӯзӣ мерасем. Бо сухани муҳкаму устувор ҷавонони ҷаҳони исломро фаро бихонем. Агар дар роҳи Худо ҳаракат кунем, Худо, Паёмбар ва фариштагон моро танҳо намегузоранд ва моро ёрӣ мекунанд.”

Руҳонӣ таъкид кард: “Бо шиори ваҳдат ба ҷойе намерасем ва душман аз шиори мо наметарсад, балки бояд дар амал бо якдигар муттаҳид шавем. Аввалин қадами иттиҳод ин аст, ки ҳамдигарро ба расмият бишносем. Тамоми мазоҳиби исломӣ расмият доранд. Намешавад мани шиъа шиъаро ба расмият бишносам ва ҳанафӣ, моликӣ, шофеӣ ва ҳанбалиро ба расмият нашносам. Бояд ҳамдигарро ба расмият бишносем ва якдигарро бародар бидонем.”

Раисиҷумҳури Эрон афзуд: “Бо забон ба расмият шинохтан ва дар дил бародар набудан, моро ба ҷойе намерсонад. Агар мани шиъа дар бораи касоне, ки дар Афғонистон ва Покистон кушта мешаванд, бипурсам шиъа буданд ё суннӣ. Агар суоли аввали ман ин шуд, маълум аст мо ваҳдат надорем ва набояд шиъа ва суннӣ барои мо фарқе кунад. Як бегуноҳ агар мусалмон ҳам набошад агар хунаш бирезад, мо нороҳат мешавем.”

Руҳонӣ хотирнишон кард: “Ба номи мазҳаб ҷойи динро танг накунем ва ба номи шиъа нахоҳем минтақаи исломро тасарруф кунем ва ба номи суннӣ нахоҳем минтақаи исломро тасарруф кунем. Мазҳаб зайли дин таъриф мешавад. Мазҳаб сарчашма нест ва ҷӯйбор аст ва чашма, ислом аст. Ҷойгоҳи исломро фарох бидонем ва ҷойгоҳи мазҳабро маҳдуд, набояд ба соири мазоҳиби исломӣ тавҳин шавад. Ҳадду марзи дину мазоҳибро ба хубӣ бишносем.”

Вай изҳор дошт: “Ҳама чиз тавҳид аст ва мо бар ду калима устуворем; калимаи тавҳид ва тавҳиди калима, даъвои мо бо дунё бар сари калимаи тавҳид аст. Дунё мехоҳад мо мушрик бошем. Мо дар баробари ҳеч касе таслим намешавем илло Худо. Тавҳид, маъод, нубувват, Қуръон, паёмбар ва қибла асос аст. Мумкин аст ихтилофи назарҳое бошад, вале чаро муштаракотро намебинем?! Душман мехоҳад моро ба мавориде бибарад, ки дар фурӯъ ихтилоф дорем ва мо бояд ҷавонҳоро ба сӯи иштирокот савқ бидиҳем.”

Раисиҷумҳури Эрон дар бахши дигаре аз суханони худ хотирнишон кард: “Исроил” зулму ҷинояти бузурге бар Фаластин раво медорад. Омрико фикр мекунад бо интиқоли як сохтмон метавонад Қудси шарифро аз мо бигирад. Имрӯз вазифаи иттиҳоду ваҳдат дорем ва медонем ваъдаи Худо ҳақ аст ва моро пирӯз хоҳад кард.”

Тасовире аз маросими ифтитоҳи 32-умин Конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ ба нақл аз хабаргузории Ирно:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: