Перейти к содержимому

Мавлавӣ Абдулҳамид: “Кишварҳои исломӣ бояд мазоҳибро ба расмият бишносанд”

Мавлавӣ Абдулҳамид Исмоилзиҳӣ, руҳонии аҳли суннати Эрон, аз кишварҳои исломӣ хост, ки ақвом ва мазоҳибро дар ҳар кишваре ба расмият бишносанд. Вай афзуд: “Шиъа дар ҳар кишваре, ки дар ақаллият қарор дорад, бояд ба расмият шинохта шавад ва ҳуқуқаш риоят шавад, аз озодии комил бархӯрдор бошад ва адолат дар ҳаққаш иҷро шавад. Аҳли суннат низ дар ҳар кишваре, ки дар ақаллият ҳастанд, бояд ба расмият шинохта шаванд, ҳуқуқашон муроъот шавад, адолат дар ҳаққашон иҷро шавад ва озодиҳои мазҳабии онон таъмин шавад.”

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии Мавлавӣ Абдулҳамид Исмоилзиҳӣ, вай дар 32-умин Конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ, ки дирӯз (шанбе, 24 ноябр) дар маҳалли солуни иҷлоси сарон дар Теҳрон оғоз шуд, ибтидо ба меҳмонони ин конфронс ба вежа меҳмонони хориҷӣ хайрамақдам гуфт ва дар идома хотирнишон кард: “Мо дар шароите даври ҳам гирд омадаем, ки ҷаҳони ислом бо чолишҳои гуногуне мувоҷеҳ аст; тафриқа, ихтилоф, ифротгароӣ, даргирӣ, таҳдид ва таҳқир муҳимтарин мушкилот ва чолишҳое ҳастанд, ки мусалмонон ва ҷаҳони ислом ба онҳо гирифтор ҳастанд.

Вай дар идома аз “адами осебшиносии чолишҳо” изҳори таъассуф кард ва гуфт: “Мутаассифона мушкилот ва чолишҳои ҷаҳони ислом осебшиносӣ намешаванд ва иллати бурузи ин падидаҳо мавриди баррасӣ қарор намегирад.”

Мавлавӣ Абдулҳамид хотирнишон кард: “Бисёре аз кишварҳои исломӣ монанди Сурия, Яман ва Ироқ, ки замоне орому обод будаанд, имрӯз бо муъзали ҷанг ва гуруснагӣ мувоҷеҳанд. Мо ин масоилро осебшиносӣ намекунем, ки ин мушкилот аз куҷо сарчашма мегиранд. Муборизоте, ки имрӯз бо чолишҳо сурат мегиранд, дар воқеъ мубориза бо маълул аст, дар ҳоле ки бояд иллатҳоро пайдо ва бо онҳо мубориза шавад.”

Вай афзуд: “Мо мусалмонон аз сармояҳои бузургу арзишманде ҳамчун Қуръон, Паёмбари Акрам ва ислом бархӯрдорем, ки бисёре аз урупоиҳо ва омрикоиҳо ва миллатҳои дунё ин сармояҳоро дар ихтиёр надоранд. Бо вуҷуди доштани чунин сармояҳое, чаро боз ҳам мусалмонон бо мушкилот ва чолиш мувоҷеҳ ҳастанд?!

Мавлавӣ, дурӣ аз Қуръон ва суннатро далели аслии чолишҳои мусалмонон донист ва хотирнишон кард: “Далели аслии мушкилоти мусалмонони имрӯзӣ дурӣ аз таълимоти Қуръон ва суннат аст. Бисёре аз мо мусалмонон ба Қуръон, ислом ва ҳазрати Муҳаммад (с) ифтихор мекунем, аммо амал ба дастуроти Қуръон ва суннат ва пайравӣ аз аҳкоми шариати ислом дар зиндагии мо нест.”

Мавлавӣ Абдулҳамид, иҷрои адолатро аз пояҳои муҳимми дини ислом баршумурд ва изҳор дошт: “Имрӯз амал ба аркони муҳимми ислом дар байни мусалмонон камранг аст ва намоз, закот, рӯза ва соири аркони дини ислом дар ҷомеаҳои исломӣ зойеъ мешаванд. Иҷрои адолат, ки аз пояҳои муҳимми дини ислом ба шумор меравад, дар кишварҳои исломӣ вуҷуд надорад.”

Вай дар идома афзуд: “Ваҳдат яке аз дастурот ва таъкидоти дини ислом аст, ки мутаассифона ин маврид ҳам дар кишварҳои исломӣ бо чолиш мувоҷеҳ шудааст. Аз ин рӯ тамоми ин маворид натиҷаи фосила гирифтани мусалмонон ва кишварҳои исломӣ аз дастуроти Қуръону суннат аст.”

Мавлавӣ Абдулҳамид уламо ва андешамандонро ба чораандешӣ дар ин хусус тавсия кард ва гуфт: “Тамоми уламо ва андешамандон бояд барои баргардондани мусалмонон ба амал ба дини ислом ва таъолими Қуръону суннат чораандешӣ кунанд. Бояд ба тамоми мусалмонони ҷаҳон фарохон дода шавад, ки роҳи наҷот аз мушкилот ва чолишҳо тавба ва бозгашт ба Қуръону суннат аст.”

Мавлавӣ дар идомаи суханонаш зимни ибрози хурсандӣ аз изҳороти дуктур Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, дар хусуси ба расмият шинохтани мазоҳиб дар кишварҳои исломӣ, ин изҳоротро “коршиносона ва ҳушмандона” донист ва гуфт: “Шиъа дар ҳар кишваре, ки дар ақаллият қарор дорад, бояд ба расмият шинохта шавад ва ҳуқуқаш риоят шавад, аз озодии комил бархӯрдор бошад ва адолат дар ҳаққаш иҷро шавад. Аҳли суннат низ дар ҳар кишваре, ки дар ақаллият ҳастанд, бояд ба расмият шинохта шаванд, ҳуқуқашон муроъот шавад, адолат дар ҳаққашон иҷро шавад ва озодиҳои мазҳабии онон таъмин шавад.”

Вай тасреҳ кард: “Кишварҳои исломӣ набояд байни озодии мазҳабии шиъа ва суннӣ ва ҳар гароиши исломии дигаре тафовут қоил бошанд; ин тафовутҳо бояд бардошта шаванд. Танаввӯъи қавмӣ ва мазҳабӣ, ки дар кишварҳои исломӣ вуҷуд дорад, бояд дида шуда ва ба онҳо эҳтиром гузошта шавад ва ҳуқуқашон ба расмият шинохта шавад.”

Мавлавӣ Абдулҳамид кишварҳои исломиро ба ваҳдат тавсия кард ва гуфт: “Кишварҳои исломӣ набояд дар муқобили якдигар қарор гиранд, балки бояд канори ҳам бошанд. Кишварҳое монанди Ҷумҳурии Исломии Эрон, Туркия ва Арабистон, ки аз кишварҳои муҳим ва таъсиргузори минтақа ба шумор меоянд, бояд канори ҳам қарор гиранд. Мо ба шиддат афсӯс мехӯрем, ки чаро ҷаласаи сарони кишварҳои исломӣ ба хотири ихтилофоте, ки байни ин кишварҳо вуҷуд дорад, баргузор намешавад.”

Мавлавӣ, бар лузуми ваҳдати амалӣ таъкид кард ва гуфт: “Дини ислом дини амал аст. Агар мо ба ҷойи шиор, амалгаро бошем, тамоми мушкилот ҳал мешаванд.”

Вай дар идома афзуд: “Агарчӣ ин конфронс, ки Маҷмаъи тақриб баргузор кардааст ихтиёроти иҷроии чандоне надорад, аммо бояд аз ин конфронси байналмилалӣ ба тамоми давлатҳо ва ҳукуматҳо паём бидиҳем, ки ҳуқуқи ақвому мазоҳибро риоят кунанд. Агар ингуна шавад, мо ба ваҳдат ва ҳамгароии сад дар садӣ мерасем.”

Мавлавӣ Абдулҳамид дар поёни суханоншон аз Оятуллоҳ Арокӣ, дабири кулли Маҷмаъи ҷаҳонии тақриб ва соир дастандаркорон ба хотири баргузории ин конфронсҳо ва фароҳам кардани заминаи гуфтумон ташаккур кард.

Тасовире аз ширкати Мавлавӣ Абдулҳамид дар 32-умин Конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ дар Теҳрон:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: