Перейти к содержимому

Садриддин: “Ҳукумат тафовути зиёде бо ДОЪИШ надорад”

Муҳаммадиқболи Садриддин, фаъоли тоҷик ва масъули бахши расонаи “Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониҳои сиёсии Тоҷикистон”, дар гуфтугӯ бо хабаргузории Тасним, бо баёния ин ки “ҳукумати имрӯзини кишвар, ки дар раъси он ашхоси хеле хатарнок қарор доранд, тафовути зиёде бо ДОЪИШ ва доъишиҳо надоранд” гуфт: “Агар ДОЪИШ бо чеҳраи ошкор ба қатлу ваҳшатафканӣ дар олам машҳур шудааст, ҳукумати имрӯзини мо бо либоси демукросӣ ва узвият дар Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони амният ва ҳамкории Урупо ингуна ваҳшигарӣ мекунад.”

Инак, бахши аввали гуфтугӯ:

— Ахиран шоҳиди шӯрише хунин дар зиндони Хуҷанд будем, ки гуфта мешавад ДОЪИШ онро созмондиҳӣ кардааст. Чӣ иттилооте дар бораи нақши ДОЪИШ дар он шӯриш мунташир шуда?

— Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон. Бале, дар таърихи 7 ноябр, дақиқан як рӯз пас аз баргузории ҷашни Қонуни асосӣ – ки бар асоси манофеъи як хонавода даст хӯрдааст — дар зиндони шумораи 3/3 шаҳри Хуҷанд як қатли омм аз тарафи гурӯҳи вежаи Алфа вобаста ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) сурат гирифт. Ин қатли омм мунҷар ба кушта шудани беш аз 50 зиндонӣ ва маҷрӯҳ шудани беш аз 180 зиндонии дигар гардид.

Ҷузъиёти ин ҳодиса аз сӯи мақомоти ҳукуматӣ дар расонаҳои умумӣ пӯшиш дода нашуд. Аммо аввалин бор тавассути сомонаи Ахбор ин воқеа расонаӣ шуда ва ҷаҳон аз он бохабар гашт. Фарзияе, ки ҳукумат ба сурати нимарасмӣ онро таъйид кард, ин буд, ки гӯё як нафар аз аъзои ДОЪИШ ин амалро анҷом додааст; ё ин ки ӯ боис ва бонии қатли омм дар зиндон шуда бошад.

Аммо бояд гуфт, ки дар ин қазия то ин ки расонаи ДОЪИШ ба номи “Аъмоқ” хабаре мабнӣ бар даст доштан дар он мунташир накарда буд, ҳеч сару садое дар ин замина вуҷуд надошт. То замоне, ки расонаи гурӯҳи теруристии ДОЪИШ масъулияти ин ҳодисаро бар ӯҳда нагирифта буд, аслан чунин баҳсҳое дар миён набуд. Пас аз интишори ин хабар буд, ки ҳамаи ангуштҳо ишораи худро тарафи ДОЪИШ гирифтанд ва гӯӣ гурӯҳи вежаи КДАМ бо номи Алфа бо шӯриши рӯйдода тавассути ДОЪИШ бархӯрд кардааст.

Бо ин вуҷуд, ин ҳодисаро ман ҷуз як қатли омми зиндониёни ба сутӯҳомада, чизи дигаре намебинам. Ин ҳодиса пас аз озору азиятҳо аз тарафи зиндонбонҳо сурат гирифтааст, ки дар натиҷаи он зиндониён ба ҷон расида ва дар тангно қарор гирифта, танҳо аз худ дифоъ кардаанд. Аз сӯҳбати ҳамсари зиндонбоне, ки дар зиндон кор мекунад, расонаӣ шуда буд, ки зиндониҳо силоҳ надоштанд ва бо дастҳояшон ба шавҳараш ҳамла карда ва ӯро куштаанд. Ин худ далолат аз зулму ситам мекунад, ки дар он зиндон вуҷуд доштааст. Вазъияти ҳамаи зиндониҳои Тоҷикистон дар кулл хеле вахим ва тоқатфарсо аст. Каромат ва шарофати инсонӣ ба таври комил салб шуда ва инҷониб бар ин назарам, ки зиндагӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон барои инсон маҳол аст.

— Бо ин ҳол бархе шубҳаҳое дар бораи нақши ДОЪИШ дар он матраҳ шудааст. Иддае мегӯянд, гурӯҳҳои вобаста ба ҳукумат барои пӯшиши заъфҳо, онро ба ДОЪИШ нисбат доданд, ва иддае ҳам заъфи ДОЪИШ ва талошаш барои худнамоиро дар ин бора матраҳ карданд. Оё метавон ин таҳлилҳоро пазируфт?

— Иддае аз зиндониҳои кишвар бо ман тамос доранд. Иттилоотеро ҳам дар даст дорем. Чун ман узви “Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон” ҳастам ва бахши флэшмоби ин кумитаро бар ӯҳда дорам. Чандин флэшмоб низ барои озодии зиндониёни сиёсии кишвар то ба ҳол анҷом додаем ва ҳама онро шоҳиданд. Чунонки пештар ҳам гуфтам, вазъияти зиндониёни кишвар дар умум хеле вахим ва тоқатфарсо аст. Ҳар зиндонӣ, ки хориҷ мешавад ва бо ӯ сӯҳбат мекунем, вазъиятро хеле риққатбор тавсиф мекунад, ки ман ҳам аз баёни он ҳама зулму шиканҷаҳо оҷизам.

Ман барои шиносондани ин режим чунин мегӯям: ҳукумати имрӯзини кишвар, ки дар раъси он ашхоси хеле хатарноку ваҳшатафкан қарор дошта ва онро бо панҷаи оҳанин нигаҳ медоранд, тафовути зиёде бо ДОЪИШ ва доъишиҳо надоранд, ва ба иборати дигар, доъишиҳо дар пеш зулму ситаму қатли ин тӯда ҳечанд. Агар ДОЪИШ бо чеҳраи ошкор ба қатлу ваҳшатафканӣ дар олам машҳур шудааст, ҳукумати имрӯзини мо бо либоси демукросӣ ва узвият дар Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони амният ва ҳамкории Урупо ингуна ваҳшигарӣ мекунад. Аммо дар асл аз он ваҳшатафкании доъишӣ ҳеч фарқе надорад. Он чи дар кишвар ба сари шаҳрвандон, сиёсатмадорон, озодандешон, олимони динӣ, равшанфикрон ва ҳамаи ақшори огоҳу фаҳмидаи миллат сурат мегирад, агар огоҳӣ медоштед, ҳаргиз номи ДОЪИШ-ро бар забон намеовардед.

Афсӯс аз он чи дар кишвари мо мегузарад, касе огоҳии комил надорад. Чун танҳо ҳудуди 20 дарсади он расонаӣ мешавад. Агар ҳамаи ҷинояти ин режим расонаӣ мешуд, пас аз соли 2015 ин кишварро дар радифи кишварҳои мустабид қарор дода ва ҳамаи ҳокимон онро дар листи сиёҳ мегузоштанд ва мақомотро мамнуъулхуруҷашон мекарданд.

Ба сароҳат мегӯям, он чи дар зиндони 3/3 шаҳри Хуҷанд гузашт, як қатли омм ва як паём буд барои дигар озодандешон: мо шуморо зиндонӣ мекунем ва дақиқан ба ҳамин шева қатли омматон мекунем ва касе ҳам наметавонад моро гуноҳкор кунад, чун қудрат дар дасти мост.

Аммо мо мутмаиннем, ки додгоҳи ҷинояти ҷангӣ дар Гаага дар интизор мусаббибони ин ҷиноятҳост ва он рӯзи бузург мерасад ва барои ин ҷиноятҳояшон посух медиҳанд чунонки бо Милошевичи серб рух дод.

— Гуфта шуда, ки раиси зиндон, ки нисбате ҳам бо раисиҷумҳур дорад, боздошт шуда. Иллати боздошти ӯ чӣ буда? Оё иртиботе байни ӯ ва ДОЪИШ вуҷуд дошта?

— Раиси зиндони 3/3 шаҳри Хуҷанд як шахси золим ба номи Файзуллоҷон Сафаров буд. Ӯ шахсан мавриди эътимоди раиси кулли зиндонҳои кишвар ба номи Иззатулло Шарифзода бо тахаллуси “Зорро” аст. Ин мард дар ҷамъ кардани маблағ аз зиндониён ва наздикони онҳо хеле моҳир буд. Иззатулло Шарифзода нафаре аст, ки бо хонум Азизмо Раҳмонова, ҳамсари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, наздик аст ва зери ҳимояти ӯ қарор дорад. Ба ҳамин далел аст, ки касе наметавонад ӯро аз ин симат барканор кунад. Қудрат дар кишвар дар дасти фарзандон ва наздикони ин хонум аст ва ҳатто Эмомалӣ Раҳмон аз муқобила бо ин ҳама оҷизу нотавон аст.

Он қатли омме, ки дар зиндони шаҳри Хуҷанд сурат гирифт ҳеч иртиботе ба ДОЪИШ надорад. Доъишиҳо худи ин режим ва онҳое, ки ин мазлумонро ба ин ҳол ворид намудаанд ва муддати 30 дақиқа дар зиндон қатли оммро иҷро намуданд, ҳастанд.

— Шунидаем, ки пеш аз ин низ иттифоқоти мушобеҳе дар сутӯҳи бисёр кучактар дар ин зиндон иттифоқ афтодааст. Аммо боз ҳам тағйире дар риёсати он иттифоқ наафтода. Иллати ин амр чӣ буда?

— То ин қазияи кушта шудани 50 нафар ва захмӣ шудани болиғ бар 180 нафар дар 7 ноябр, ду ҳодисаи фирор ва чандин қатлҳои мармуз дар ин зиндон иттифоқ афтодааст. Аммо ба хотир ин ки ин мард маблағи хубе барои риёсати кулли зиндонҳои кишвар, Иззатулло Шарифзода ва вазорати адлия, ки зиндонҳои кишвар дар идораи он мебошад интиқол медодааст, боис шуда буд Файзулло Сафаров дар мақомаш боқӣ бимонад ва барканор нашавад.

Дар мавриди шахсияти Иззатулло Шарифзода, раиси кулли зиндонҳои Тоҷикистон ва муовини вазири адлияи кишвар, мақолаҳои таҳқиқотии муфассале омода шудааст ва рӯзҳои наздик дар сомонаи “Ислоҳ” мунташир хоҳад шуд. Дар ин таҳқиқоте, ки дар мавриди ин шахс анҷом додаем, мӯшикофона аз таърихи ба ин вазифа расиданаш то ба ин рӯз ҳамаро баён хоҳем кард. Агар имкон дошта бошед, метавонед барои хонандагони Тасним баргардон ва тақдим кунед.

Идома дорад

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: