Перейти к содержимому

Ҳомид Карзай: “Ваҳдат, танҳо роҳи ҳалли мушкилоти ҷаҳони ислом аст” (видео)

Раисиҷумҳури собиқи Афғонистон ваҳдатро танҳо роҳи ҳалли масъалаи Фаластин ва ҷаҳони ислом донист ва гуфт: “Ихтилофоти мусалмонон сабаби ҷангу вайронӣ шуда ва ин амр симои ғалате аз ислом ба ҷаҳон муаррифӣ мекунад. Бояд бо ваҳдат, симои воқеии исломро ба дунё муаррифӣ кунем.”

Ба гузориши хабаргузории Тақриб, Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури собиқи Афғонистон, тайи суханоне дар 32-умин Конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ, тамаддуни исломро тамаддуне сарбаланд дар дили таърих баршумурд ва гуфт: “Ин тамаддун баъд аз гузарондани сахттарин озмунҳои таърихӣ сарбаланд берун омада ва имрӯз ҳам мушкилот ва сахтиҳои дунёро пушти сар хоҳад гузошт, ба шарти ин ки иттиҳоди мусалмонон заъиф нашавад ва бародарии мо густурдатар шавад.”

Вай, дурии мусалмонон аз якдигар ва ихтилофотро сабаби осебпазирии ҷаҳони ислом донист ва гуфт: “Имрӯз мероси истеъмор сабаб шуда дар бахшҳое аз ҷаҳони ислом шоҳиди ҷангу вайронӣ бошем ва ифротигарӣ боиси куштори мусалмонон дар кишварҳои мухталиф шуда ва ин иттифоқот симои ғалате аз ислом ба ҷаҳониён арза мекунад. Бояд бо ваҳдат ҷилави ин иттифоқотро бигирем ва чеҳраи нуронии исломро ба дунё муаррифӣ кунем.”

Карзай, мусалмононро намунаи меҳрубонӣ ва зиндагии мусолиматомез дар таърих донист ва гуфт: “Дар ҳар куҷои дунё аз Андалус то Болкон, ки мусалмонон ҳоким буданд, нишонаҳое аз зиндагии мусолиматомез ва зебо вуҷуд дорад ва имрӯз агар шоҳиди мушкилоте дар ҷаҳони ислом ҳастем, ба далели тафриқае аст, ки истеъмор миёни мусалмонон афкандааст. Бояд бо ваҳдат ҷилави ин иттифоқот ва ихтилофотро бигирем ва чеҳраи нуронӣ ва воқеии исломро ба дунё муаррифӣ кунем.”

Раисиҷумҳури собиқи Афғонистон бо баёни ин ки дар баробари мардуми Фаластин масъулияти динӣ ва ахлоқӣ дорем, гуфт: “Фаластин сарзамини се дини иброҳимӣ аст ва бояд ин сарзамин барои мардумонаш амн бошад ва мо наметавонем аз ин сарзамин ва зулм ба мардумони он чашмпӯшӣ кунем, зеро доштани зиндагии ором ва пешрафт ҳаққи ҳамаи фарзандони Одам аз ҷумла фаластиниён аст.”

Вай, ваҳдати мусалмононро танҳо роҳи ҳалли масъалаи Фаластин баён кард ва гуфт: “На танҳо дарду ранҷи мардуми Фаластин, балки мушкилоти ҷаҳони ислом поён намеёбад магар ин ки мо мавзӯи ваҳдатро аз шиор ба амал табдил кунем, дар ин сурат аст, ки ҷаҳони ислом шоҳиди оромишу амният хоҳад буд.”

Ҳомид Карзай, таваҷҷӯҳ ба донишҳои имрӯзиро роҳи дигари пешрафти кишварҳои исломӣ донист ва гуфт: “Маҳрумияти фарзандони мо аз таҳсили дониш, аз ҷумлаи авомили ақибмондагии ҷомеаҳои исломӣ аст, албатта ин амр дар бархе аз кишварҳои исломӣ аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон бартараф шуда ва шоҳиди пешрафти ин кишвар ҳастем ва умедворам мавзӯи таҳсили илму дониш дар ҳамаи кишварҳои исломӣ муҳаққақ шавад, то аз ин тариқ чархи тамаддуни исломӣ дар ҷаҳони ислом ба ҳаракат дарояд.”

Вай, таъмини адолат ва бародарӣ байни мазоҳиби исломиро амре муҳим ва ҳаётӣ донист ва гуфт: “Таҷрибаи кишвари Афғонистон нишон медиҳад, ки мавзӯи адолат ва бародарӣ байни мазоҳиб бисёр метавонад муҳим бошад ва мо дар Афғонистон шоҳид будем душманон натавонистанд ваҳдати мазоҳиб дар кишвари моро барҳам бизананд ва ҳатто дар қонуни асосӣ ҳам ҳуқуқи пайравони мазоҳиби мухталифи исломӣ баробари адолат баён шудааст.”

Раисиҷумҳури собиқи Афғонистон бо ишора ба талошҳои ин кишвар мабнӣ бар ҳифзи ваҳдат дар ҷаҳони ислом гуфт: “Эҷоди робита бо ҳамаи кишварҳои исломӣ аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Арабистони Саудӣ аз ҷумлаи аҳдофи мо буда ва мо барои бозсозии кишварамон аз ҳамаи зарфиятҳо аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон истифода кардаем ва дар ин замина равобитамонро бо кишвари Омрико ҳам тақвият кардем, албатта нагузоштем аз ҳузури Омрико дар Афғонистон ҳамсоягон осеб бибинанд, ҳамчунин нақши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бозсозии Афғонистон нақши пурранге аст, ки аз раҳбарӣ ва мардуми Эрон барои ин амр тақдиру ташаккур мекунем.”

Вай, мудохила дар умури кишварҳои исломӣ ба баҳонаи ислоҳотро сабаби вайронии онҳо баён кард ва гуфт: “Имрӯз вайронии кишвари ободи Сурия ва ҷанг дар Яман, мояи нигаронии мост. Мо фарзандони тамаддуне ҳастем, ки донишу ҳунарҳои зиёде ба ҷаҳон ироа карда ва метавонем бо такя бар нерӯи мардумони сарзаминамон ва сарватҳои азими кишварҳоямон, ба қудрати азим даст ёбем ва ин амр рух намедиҳад магар ин ки ҳувияти динии худро пос бидорем ва дар айни ҳол бо санъату текнулужии рӯз ҳам ошно бошем.”

Карзай, дар поён бо даъват аз кишварҳои исломӣ барои кӯмак ба сулҳи Афғонистон гуфт: “Конфронси сулҳи Маскав барои Афғонистон мӯҷиботи умедвории мо шуда ва аз кишварҳои исломӣ мехоҳам аз ин амр ҳимоят кунанд, то кишвари Афғонистон шоҳиди сулҳу субот бошад. Мутаассифона чанд рӯз пеш дар ҷашни мелоди Паёмбар (с) шоҳиди ҳодисае хунин будем ва ҷамъе аз уламои мо кушта шуданд ва умедворам сулҳу оромиш дар кишвари Афғонистон бо кӯмаки дигар кишварҳои исломӣ фароҳам шавад.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: