Перейти к содержимому

“ДОЪИШ хатаре барои Тоҷикистон набуда ва танҳо абзоре барои ҷалби таваҷҷӯҳ аст”

Муҳаммадиқболи Садриддин, фаъоли тоҷик ва масъули сомонаи “Ислоҳ”, дар бахши дуввуми гуфтугӯи худ бо хабаргузории Тасним, бо баёни ин ки “ДОЪИШ ба Тоҷикистон ҳеч таваҷҷӯҳе надорад” гуфт: “Ин Тоҷикистон аст, ки тавассути ДОЪИШ таваҷҷӯҳи оламро ба худ ҷалб мекунад.”

Машрӯҳи ин гуфтугӯ:

— Ахиран шоҳиди он будем, ки Тоҷикистон эълом кард қарор аст бо FBI дар бораи ҳодисаи дучархасаворон (ки қаблан наҳзат ва Эронро дар он муттаҳам карда буд) ҳамкории таҳқиқотӣ кунад. Додситони Тоҷикистон ҳам сафаре дар ин бора ба Омрико дошт; масъалае, ки ки ҳатто мавриди интиқоди омрикоиҳо ҳам қарор гирифт. Таҳлили шумо дар ин бора чист?

— Ҳодисае, ки дар тобистони имсол дар ноҳияи Данғара дар ҷануби Тоҷикистон сурат гирифт, хеле мармуз буд. Ҳодисаро агар дақиқтар баррасӣ карда бошем, бидуни ин ки таҳқиқот дар ин қазия оғоз шавад, мақомоти амниятии кишвар бевақфа ангушти ишора ё иттиҳомотро ба сӯи Ҳизби наҳзати исломӣ гирифтанд. Дар чанд соат чандин бор ҳолатҳо тағйир мекунад ва намедонистанд чӣ бигӯянд ва чӣ касеро муттаҳам кунанд. Албатта ин иттиҳомоти мақомоти Тоҷикистонро ҳамон давлатҳое, ки туристҳояшон дар ҳамлаи мазкур кушта шуда буданд низ бовар накарда ва онро тақаллубӣ номиданд ва дасти Ҳизби наҳзатро аз он дур медонистанд. Пас аз чанд рӯз ин ҳамларо ҳам ДОЪИШ ба ӯҳда гирифт. Ин масъала нафаси тозае ба ҳукумати Тоҷикистон бахшид, чаро ки дигар намедонистанд ба сӯи чӣ касе ангушти иттиҳомро ишора кунанд.

Он рӯзҳо наздик ба баргузории Конфронси созмони амният ва ҳамкории Урупо дар Варшава буд. Метавонад ин қатлро худи давлат сурат дода бошад, то дар ин конфронс Ҳизби наҳзатро ба ин ҷиноят муттаҳам карда ва онро аз ширкат дар ин конфронс маҳрум созад. Аммо ин нақша ҳам бармало шуд ва танҳо коре, ки режимро наҷот дод, ДОЪИШ буд, ки масъулияти ин ҷиноятро бар ӯҳда гирифт. Бибинед, дар ҳар куҷо ҳукумати Тоҷикистон ба бунбаст расидааст, сареъан сару каллаи ДОЪИШ онҷо пайдо шуда ва ҳукуматро аз посухгӯӣ наҷот медиҳад.

Дар мавриди сафари додситони Тоҷикистон ба Омрико аммо бояд ишора кунам, ки мақомоти кишвар ҳар сафаре мераванд, як мавзӯъро баррасӣ мекунанд; он ҳам Ҳизби наҳзати исломӣ аст. Маъмулан ҳам барои имзои як тафоҳумнома пофишорӣ мекунанд ва он ҳам ҳамкории амниятӣ аст. Метавонед ҳар сафари раисиҷумҳури Тоҷикистонро пайгирӣ кунед, яке аз муҳимтарин асноде, ки имзо мешавад, пеш аз ҳама амниятӣ ва пас аз он қарзҳои дарозмуддат ва сармоягузорӣ аст. Манзур аз имзои ин санад ин аст, ки шумо мухолифони сиёсии моро таслим кунед ва ба мо пул бидиҳед. Дигар ҳеч чизе барои ҳукумати имрӯзини Тоҷикистон муҳим нест. Аммо то ба имрӯз бо ин амалкардаш дар муқобили давлатҳои ҷаҳонӣ шарманда ва беобрӯ шудааст. Албатта ин мавзӯъ моро нигарон кардааст. Ин аст, ки мо нигаронии худро дар хориҷ аз кишвар баён мекунем. Дар дохили кишвар наздикони мо вахимтарин вазъиятро барои сухан гуфтан аз ҳақиқат мутаҳаммил мегарданд.

— Ҳукумати Тоҷикистон ахиран теъдоди ҷангҷӯёни ДОЪИШ-ро 1900 нафар эълон карда, ки бисёр бештар аз оморҳои қаблӣ аст. Иллати ин мавзӯъ чист? Ба назари шумо оё воқеан теъдоди ҷангҷӯён афзоиш ёфта ё ангезаҳои сиёсӣ пушти он аст?

— Иллати аслии гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав ва хусусан ДОЪИШ, маҳдудияти фаъолиятҳои динӣ дар кишвар аст. То соли 2015 танҳо ҳизби исломӣ дар Тоҷикистон ва ҳам кишварҳои муштаракулманофеъ, Ҳизби наҳзати исломӣ буд. Ин ҳизб монеъи асосии гароиши ҷавонон ба аҳзоб ва ҳаракатҳои тундрав буда ва дар ин масир ҳамеша дар канори ҳукумат қарор дошт. Ин буд, ки бисёре ин ҳизбро “ҳизби собирон” ҳам мегуфтанд ва ба таҳаммули беш аз ҳадд дар баробари маҳдудиятҳои динӣ ва озодиҳои инсонӣ низ муттаҳам мекарданд.

То баста шудани Ҳизби наҳзати исломӣ шумори ҷавонони тоҷик дар нерӯҳои ДОЪИШ, ҳудуди 300 нафар тахмин зада мешуд. Аммо баъд аз мамӯъ эълом шудани фаъолияти ин ҳизб дар Тоҷикистон, умеди ҳама барои ояндаи демукросӣ дар Тоҷикистон аз байн рафт. Чун наҳзат ҳизбе буд, ки дар таҳаммулпазирӣ ва мудоро ҳамто надошт. Дар айни ҳол илова бар мамнӯъ шудан ва мавриди таъқиб қарор гирифтани аъзояш, Ҳизби наҳзатро фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба он муттаҳам мекарданд, ки дар баробари зулму истибдодҳо фақат мусолиҳа ва мудоро пеша кард ва ин сиёсати мулоими наҳзат шуҷоати мақомотро барои саркӯби мардум бештар намуд.

Мардум, ки саркӯб шуданд ва ҳамаи роҳҳои мусолиматомези дифоъ аз ҳуқуқи худ низ баста шуд, ҳатман роҳҳои дигаре, ки тунду хашин ҳастандро пеша мекунанд. Ин буд, ки баъд аз соли 2015 теъдоди тундравон бо бастани Ҳизби наҳзати исломӣ на ин ки кам шуд, балки афзоиш ёфт. Аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик ба ҷойи он ки баъд аз поёни фасли корӣ ба ватан баргарданд, гурӯҳ-гурӯҳ ва ҳатто ба сурати хонаводагӣ ба ДОЪИШ пайвастанд. Бино бар баъзе гузоришҳо, на 1900 нафар, балки то 5000 нафар тоҷик ба ДОЪИШ пайвастаанд, ки имрӯз мақомоти кишвар танҳо аз марги беш аз 1000 хабар додаанд.

Бо ин ҳол ман ҳеч хатареро аз тарафи ДОЪИШ барои Тоҷикистон намебинам ва ин суханон танҳо барои дархости пул аз кишварҳои дӯст аст. Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад худро ҳомӣ ва муҳофизи дарвозаҳои кишварҳои пасошӯравӣ муаррифӣ кунад ва барои ҳимоят аз марзе, ки тӯли он бо Афғонистон наздик ба 1400 километр аст, мехоҳад маболиғеро талаб кунад. Аммо ба эътирофи худи ӯ, сарони он кишварҳо ҳам дурӯғ будани ин матолибро медонанд ва ба ӯ чизе намедиҳанд. Ҳоло маҷбур аст чунин бозиҳоеро барои ҷалби таваҷҷӯҳ ба роҳ андозад.

— Гуфтед, ки маҳдудиятҳои ҳукумати Тоҷикистон алайҳи диндорон бо мамнӯъ эълон кардани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ ташдид шуд. Ҳамон тавр, ки шумо ҳукумат ва ДОЪИШ-ро ду рӯи як сикка унвон кардаед, мақомоти давлатӣ низ Ҳизби наҳзатро ба ҳамин минвол ташбеҳ мекунанд ва кудетои Абдулҳалим Назарзодаро ба ин ҳизб муртабит медонанд. Назари шумо дар ин бора чист?

— Агар диққат карда бошед, гуфтем, ки бештарин афзоиши гароиши ҷавонон ва шаҳрвандони кишвари мо ба ДОЪИШ пас аз сентябри 2015 аст. Дақиқан аз ҳамон мазҳакаи ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода, муовини вазири дифоъи кишвар буд. Бо ин баҳона беш аз 1000 нафарро зиндонӣ карданд ва қариб ба 200 нафарро ба қатл расонданд. Ҳатто барои ин ки нақшро ба хубӣ ифо кунанд, аз бархе афроди олирутбаи худ ҳам гузаштанд ва онҳоро ҳам куштанд, то намоиши ҷолибе ба даст биёяд ва онро филм кунанд. Дар ҳоле, ки аслан ҳеч ошӯбе набуд.

Бо фарзияҳои зиёде, Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода аслан ошӯб накарда буд ва ӯро боздошт карда, дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба қатл мерасонанд ва пас аз чанд рӯз тирандози ӯро бо чанд ҳамроҳаш, ки аз қабл кушта шуда буданд, ба дараи Ромит мебаранд ва филм мегиранд. Дар ҳоле, ки филмҳо то имрӯз вуҷуд доранд ва метавонед мушоҳида кунед, ки риши шахсе, ки барои 10 рӯз дар як дара ҷанг мекунад тарошидааст.

Муҳим ин аст, ки ин намоиш барои саркӯби онҳое буд, ки аз вуҷудашон тарсу ҳарос доштанд. Чанд баёния барои мушорикати Ҳизби наҳзати исломӣ дар ин ошӯб доданд ва беш аз 200 нафар аз аъзо ва 15 нафар узви Риёсати Шӯрои олии онро бо аҳкоми тӯлонӣ ба зиндон андохтанд. Пас аз он, онҳое, ки тавонистанд, фавҷ-фавҷ ба хориҷ аз кишвар фирор карданд, онҳое ҳам, ки натавонистанд ва боқӣ монданд, дар ниҳоят боздошт шуда ва бо тӯҳматҳои воҳӣ ба дурӯғ равонаи зиндон шуданд. Боқӣ қазоват бо шумо.

— Гуфта мешавад тарроҳони ҳамла ба пойгоҳи 201 Русия ҳам, ки ахиран сурат гирифт боздошт шудаанд. Оё ин ҳамла ҳам тавассути ДОЪИШ созмондиҳӣ шудааст? Чӣ иттилооте дар ин бора то кунун мунташир шуда?

— Агар ба баёнияҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ки дар ин авохир мунташир шуд диққат карда бошед, комилан режими кунунӣ ва мақомоти амниятии кишварро мефаҳмед. Аввал эълом карданд мо як гурӯҳро, ки марбут ба ДОЪИШ аст, боздошт кардаем. Боз дар баёнияи дигаре онро такзиб карданд ва гуфтанд, на, мо чунин коре анҷом надодаем ва ин як иштибоҳ аст. Боз муовини Кумитаи давлатии амнияти миллӣ эълон кард, ки бале, мо чунин гурӯҳеро, ки тарҳи амалиёти ҳамла ба пойгоҳи низомии 201 Русияро доштаанд, дастгир намудаем. Охир инҷо магар теруристистон аст ва ё бозори ваҳшатафканон аст, ки як дастгоҳи амниятӣ, ки қариб ба 50 дарсад сармояи давлат сарфи он мешавад, барои бақояш чунин масхарабозиҳоеро дарбиёварад?

Бо эълони ин хабар мехоҳанд назари Русияро ҷалб кунанд, то маблағе гиранд. Аммо Русия аз вазъияти Афғонистон хеле огоҳ аст ва онҳое, ки дар он сӯи марзи Ому қарор доранд, чанд рӯз қабл дар Кремлин буданд. Масъалаи дигар ҷалби таваҷҷӯҳ дар ин қазия ин аст, ки агар ДОЪИШ хатаре барои кишвари мо бошад, чаро Русия аслан ба он таваҷҷӯҳ намекунад? Магар Русия, ки давлати сохтаи онҳоро нобуд намуд, аз онҳо ҳарос надорад? Мақомоти мо мехоҳанд бо расонаӣ кардани номи ДОЪИШ ва куштани дигарандешон ва зиндониён ба баҳонаи ДОЪИШ, даҳони ҷаҳониёнро бибанданд. Ҳатто ин иттиҳом дар Конфронси Созмони амният ва ҳамкории Урупо аз забони мақомоти омрикоӣ ва ғарбӣ низ матраҳ шуда буд, ки мақомоти тоҷик ба баҳонаи мубориза бо ДОЪИШ ва гурӯҳҳои теруристӣ, дигарандешонро маҳву зиндонӣ кардааст. Ин худ аз дурӯғ будани ин масъала ва фазосозии мақомоти қудратии кишвар ҷуз барои ба даст овардани манофеъ чизе дигар нест.

— Дар маҷмӯъ ин рӯзҳо исми ДОЪИШ-ро дар Тоҷикистон зиёд мешунавем. Амалиётҳои зиёде ҳам тавассути ДОЪИШ сурат гирифтааст. Дар ҳоле, ки дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ шоҳиди чунин ҳаҷме аз ҳамалот нестем. Иллати ин мавзӯъ ба назари шумо чист? Оё воқеан ДОЪИШ нигоҳи вежатаре ба Тоҷикистон дорад ва бояд онро ҷиддӣ гирифт ё таҳлилҳои дигаре ҳам вуҷуд дорад?

— Қабл аз ин ки ба ин суоли шумо посух диҳам, мехоҳам инро беафзоям, ки тақрибан ҳамаи суолоти шумо марбут ба ДОЪИШ буд ва аслан дар ҳеч кадом аз суолҳо ҳатто яке ҳам бо ин ном анҷом нашуданд. Аммо ДОЪИШ як гурӯҳи воқеан ваҳшатафкан аст, ки мехост чеҳраи исломи нобро ба ҷаҳониён манфур нишон диҳад ва исломи азизро як дини хашин ва марбут ба қатлу куштор муаррифӣ кунад. Аммо ман аз оғози пайдоиши ин гурӯҳ хуб мутаваҷҷеҳ будам, ки сохти касоне аст, ки ба баҳонаи ҷанг бо ин гурӯҳ, метавонанд мусалмононро бикушанд ва сарзаминҳои мусалмононро харобу валангор кунанд. То ҷое ҳам, ки ба аҳдофи шуми худ ноил гаштанд, вале алҳамду лиллоҳ доманаи ин харобӣ ва талафот аз ду кишвар густурдатар нашуд. Яъне Сурия ва Ироқ, ки комилан хароб шуданд ва ин дуро дар ихтиёри аҷнабиён қарор доданд.

ДОЪИШ ба Тоҷикистон ҳеч таваҷҷӯҳе надорад, вале ин Тоҷикистон аст, ки тавассути ДОЪИШ таваҷҷӯҳи оламро ба худ ҷалб мекунад, то маболиғе аз он ба даст оварад. ДОЪИШ дигар тамом шуд ва аз он ҷуз ном ва як расона, ки намедонем аз кадом кишвар хабарҳои дурӯғ мунташир мекунад, дигар чизе намондааст. Дар Афғонистон, ҳамсоякишвари мо гурӯҳе, ки мавриди назар боқӣ мондааст, Толибон мебошад, ки дар ҳоли музокира аст. Дар қазияи Толибон Русия аз Тоҷикистон огоҳтар аст. Чун медонем онҳо бо ҳукумати Ашраф Ғанӣ ба Кремлин даъват шуда буданд, ва ин аз он хабар медиҳад, ки Русия ҳаргиз бо як гурӯҳе, ки қудрат надошта бошад сари мизи музокирот намешинад. Пас доъише дар миён нест ва ҳеч таҳдиде ҳам вуҷуд надорад.

Бо ин авсоф агар абарқудратҳо барои ба хоку хун кашидани як кишвар ба хусус дар Осиёи Марказӣ гурӯҳи ҷадиди дигаре (ҳамчун) таъсис накунад, дигар ман ҳеч хатари ҷиддиро дар минтақа ҷуз ин ҳукумати диктотур намебинам. Агар ин ҳокимон ислоҳ шаванд ва барои қавонини кишварҳояшон арзиш қоил шаванд ва зулму ситамро канор гузоранд, ба шаҳрвандонашон озодӣ диҳанд, ҳеч касе ва гурӯҳе ҳеч ғалате наметавонад бикунад.

Як чизи дигарро дар мавриди Гулмурод Ҳалимов, масъули собиқи нерӯҳои вокуниши сареъи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон (ОМОН) зикр намоем. Гоҳе, ба мақоми раиси ҷанг ё дифоъи гурӯҳи ДОЪИШ расидани ӯ, моро ба фикр водор мекунад.

Ин шахс дар Омрико тамриноти низомии худро гузаронда буд ва бо шумори зиёде аз ҷавонон озодона ба онҳо пайваста ва мақоми волоеро дар ин гурӯҳ соҳиб шуд. Агар ӯ воқеан мухолифи ин режим мебуд, дар дохили кишвар ҳама навъ силоҳу муҳиммот ва нерӯе таҳти фармонаш қарор дошт. Пас аз расидан ба ин гурӯҳ низ, эълон карда буд, ки барои фидо шудан ба хотири дифоъ аз кишвар омадааст. Чаро дар Тоҷикистон коре накард ва худро ба ин гурӯҳ расонд? Дар ҳоле ки корҳоеро метавонист ин сарҳанги Вазорати умури дохила анҷом диҳад, ки дигарон аз он оҷизанд. Чандин фарзия ва ҳадсу гумон меравад, ки Гулмурод Ҳалимов барои адои маъмурияте онҷо ирсол шуда буд ва мумкин аст мақомоти кишвар аз он барои истифода дар ростои манофеъи худ дар оянда истифода кунанд.

Инҷо боз як суол пеш меояд, ки чаро наздикони ӯро дар Тоҷикистон куштанд? Посухи ин суол осон аст. Раҳмон барои расидан ба манофеъаш омодааст ҳамаро қурбонӣ кунад. Мо аз гузаштаи сиёҳи ӯ хуб огоҳӣ дорем ва медонем наздиктарин афроди худро ба қатл расонд ва зиндонӣ кард. Барои ин ки ин тарҳ ба ҳақиқат наздик кунад, наздикони Гулмурод Ҳалимовро кушт, то ӯро дар миёни гурӯҳи ДОЪИШ бообрӯ кунад ва худашро аз ангуштҳои ишорат ва ҳадсу гумонҳои давлатҳои дигар дур кунад, ки дидед ман ҳамаи наздиконашро ба қатл расондам! Қатли наздикони Гулмурод Ҳалимов ба нафъи режим буд ва чунин ҳам карданд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: